Таъмини хизматрасонии босифати тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз масоили муҳими рӯз ба шумор меравад. Ба ин хотир, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, тибқи Низомномаи Хадамот, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.17, 597 тасдиқ гардидааст, дар соли 2019 корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

 Назорати давлатии фаъолияти тиббӣ

Дар давоми соли 2019 дар 1309 адад муассисаҳои тандурустӣ санҷишҳо гузаронида шудаанд. Аз инҳо 647 адад санҷишҳои нақшавӣ, 574 адад санҷишҳои ғайринақшавӣ ва 88 адад санҷишҳои такрорӣ мебошанд.

Вобаста ба камбудиву норасоиҳои ошкоргардида ҳангоми гузаронидани санҷишҳои болозикр чораҳои мушаххас андешида шудаанд. Аз ҷумла:

– нисбати 420 нафар кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҷозоти маъмурӣ ба маблағи умумии 325155 сомонӣ тариқи ҷаримабандӣ татбиқ карда шудааст;

– барои номуносиб будан ба вазифаи ишғолнамуда нисбати 77 нафар корманди роҳбарикунанда ба унвонии вазорат пешниҳодҳо манзур гардидаанд;

– барои андешидани чораҳои интизомӣ нисбати 352 нафар кормандони тандурустӣ пешниҳодҳо манзур карда шудаанд;

– барои боздиди дараҷанокии тахассусии 50 нафар кормандони соҳаи тиб ба унвонии вазорат пешниҳодҳо манзур гардидаанд;

– фаъолияти 124 адад муассисаҳо то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан боздошта шудааст.

Дар маҷмуъ, дар рафти санҷишҳои гузаронидашуда 153600 сомонӣ кӯмакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ дастраси ниёзмандон гардонида шудааст. Инчунин, 22640 сомонӣ маблағгузорӣ нагардидан барои пардохти кӯмакпулиҳо ба мактаббачагон аз ҷониби Раёсати молияи ноҳияи Варзоб, ба маблағи 94175 сомонӣ кам маблағгузорӣ намудан барои пардохти кӯмакпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пардохти кӯмакпулӣ ба 118 нафар бинобар пешниҳод намудани маълумотҳои бардурӯғ қатъ гардонида шудааст. Ҳамзамон, 1551 сомонӣ аз ҳисоби беасос расонидани хизматрасонии тиббии ройгон ба хазинаи муассисаи ба санҷиш фарогирифташуда барқарор карда шудааст.

Таҳлили фавти модарӣ

Дар давоми 12 моҳи соли 2019 ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 70 ҳодисаи фавти модарӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз 70 ҳодисаи фавти модарӣ аз ҷониби Хадамот 50 адад мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шудааст. Дар 8 ҳолат ташхиси патологоанатомӣ гузаронида шудааст, аз он ҷумла, 1 ҳодиса дар ноҳияи Восеъ, 1 ҳодиса ноҳияи Данғара, 2 ҳодиса дар шаҳри Ваҳдат, 2 ҳодиса дар шаҳри Хуҷанд, 2 ҳодиса дар шаҳри Истаравшан.

Нисбати 11 адад ҳодисаи фавти модарӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаҳои тафтишотӣ оғоз карда шудаанд.

Баррасии иштибоҳҳои тиббӣ

Дар давраи ҳисоботӣ 10 ҳодисаи иштибоҳҳои тиббӣ ошкор ва мавриди таҳлил қарор дода шудаанд. Вобаста ба ҳар як ҳодисаи иштибоҳи тиббӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал бо пешниҳоду таклифҳои мушаххас ирсол гардидааст.

Танзими фаъолияти хусусии тиббӣ

Айни ҳол 702 адад муассисаҳои хусусии тиббӣ (343 адад шахсони ҳуқуқӣ бо 61 филиал ва 299 адад шахсони воқеӣ) фаъолият мекунанд. Тибқи ҷадвали воҳидҳои корӣ дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 1596 нафар табибон, 1500 нафар кормандони миёнаи тиб ва 860 нафар кормандони ёрирасон, ҷамъ 3956 нафар кормандон кор ва фаъолият менамоянд.

Айни замон дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 20 нафар мутахассисони бурунмарзӣ ба фаъолиятҳои гуногуни тиббӣ машғул мебошанд: 5 нафар аз Ҷумҳурии исломии Эрон, 3 нафар табиб ва 1 нафар фелдшер аз Ҷумҳурии халқии Чин, 6 нафар аз Ҷумҳурии Ҳиндустон, 2 нафар аз ИМА ва 2 нафар аз Федератсияи Россия.

Ҳуҷҷатҳои 1520 нафар мутахассисон ба Комиссияи маркази аттестатсионӣ барои гирифтани сертификат пешниҳод гардида, 894 нафар мутахассисон яъне 27,6% (655 нафар табибон (41,2 %), 239 (14,9 %) нафар кормандони миёнаи тиб) аз санҷиши тахассусӣ гузашта, дорои сертификати мутахассис гардидаанд.

Дар давоми соли гузашта аз ҷониби довталабон барои машғул шудан ба фаъолияти тиббии хусусӣ 115 адад дархостҳо ба унвонии Хадамот ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ

Дар соли 2019 Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мутобиқи нақшаҳои тасдиқшуда корҳои омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содирот, назорати фаъолияти фармасевтӣ, сертификатсиякунонӣ, стандарткунонӣ, бақайдгирӣ ва ташхиси маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишӣ-гигиенӣ, ғизои кӯдакон ва ғайраро идома додааст.

Ба гуфтаи сардори шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ Сафарализода Камолиддин Сафар, “Пешвои муаззами миллат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро афзалиятнок шуморида, сол аз сол маблағгузории давлатиро ба ин соҳа зиёд намуда, баҳри саломатии мардум хизмати басо арзанда намуда истодаанд. Мо низ дар навбати худ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба боварии Пешвои миллат содиқ монда, нагузорем доруворӣ ва молҳои пастсифати ғайристандартӣ ба бозори истеъмолии ҷумҳурӣ роҳ ёбанд”.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Хадамот аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои лозима барои аз қайди давлатӣ гузаштани маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ, иловагиҳои ғизоӣ ва маводҳои косметикӣ пешниҳод карда шудаанд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда таҳти омӯзиш ва таҳлил қарор гирифта, ба 772 номгӯи онҳо шаҳодатномаи сабти давлатӣ супорида шудааст, ки аз он 610- то шаҳодатномаи сабти давлатӣ барои маводи доруворӣ, 89-то шаҳодатномаи сабти давлатӣ барои молҳои тиббӣ, 67-то шаҳодатномаи сабти давлатӣ барои иловаҳои фаъоли биологӣ, воситаҳои гомеопатӣ, 6 воситаҳои косметикӣ, синтетикӣ, шустушӯй ва безараркуниро ташкил медиҳад.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2532 муассисаи фармасевтӣ фаъолият менамояд, ки аз ин дар шаҳри Душанбе 507 муассисаҳои фармасевтӣ, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 332 муассисаҳои фармасевтӣ, дар вилояти Хатлони минтақаи Бохтар 410 муассисаҳои фармасевтӣ, дар вилояти Хатлони минтақаи Кӯлоб 302 муассисаҳои фармасевтӣ, дар вилояти Суғд 910 муассисаҳои фармасевтӣ, дар ВМКБ 71 муассисаҳои фармасевтӣ рост меояд.

Мувофиқи мактубҳои КВД «ЭОМФТ»-и Хадамот бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба ҳуҷҷатҳои меёрию техникӣ (ҲМТ) дар вақти воридот 19 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 156563 адад ва аз муомилот 2 номгӯй маводи доруворӣ ба миқдори 87920 адад тибқи санад  гирифта шудаанд. Аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ бошад, 581 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 15231 адад аз муомилот гирифта шудаанд, ки аз ин 499 номгӯй маводҳои дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 13974 адад, 82 номгӯй маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 1257 адад, дар асоси санади гирифт аз муомилот гирифта шудаанд.

Дар соли равон дар ҷумҳурӣ ҳангоми санҷишҳо аз нуқтаҳои савдо ва анборҳои маводҳои ороишию гигиенӣ 671 номгӯй маводҳои ороишию гигиении муҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ба миқдори 21015 адад аз муомилот дар асоси санад бозпас гирифта шудаанд. Инчунин, аз тарафи ширкатҳои воридотии маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдакона 324 номгӯй маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 67907 адад барои нобудсозӣ ба Хадамот супорида шудааст.

Дар соли 2019 аз тарафи шуъбаҳои назоратии Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 503 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводҳои ороишию гигиенӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 1 357 025 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд.

Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ» ва корхонаҳои воҳиди давлатии дар вилоятҳо будаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар соли 2019-ум 37723 адад маводи дорувориро аз санҷиш гузаронидаанд, ки аз онҳо 31746 адад аз воридот, 2915 адад аз муассисаҳои фармасевтӣ аз муомилот гирифта шудаанд. Маҳсулоти аз ташхис гузашта 1186 намуна истеҳсоли ватанӣ (20-тояш барои содирот), 1229 бақайдгирӣ, 1753 намуна аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 555 адад ёрии башардӯстонаро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор маводи зери ташхис қарор додашуда ба 37694 адад сертификатҳои мутобиқат ва 2086 протоколи санҷиш дода шуда, 513 намунаи онҳо бошад, ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯй набудаанд, ки аз ин 243 намунаашон дар вақти воридот (27 намуна дар вақти воридот аз тарафи Хадамот), 264 намунаашон аз муомилот ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 6 намуна истеҳсоли дохилӣ будааст.

Ғайр аз ин, 38067 адад маводи ороишӣ ва маҳсулоти табобатию профилактикӣ низ зери ташхис қарор дода шудаанд, ки аз онҳо 36091 адад аз воридот, 1789 адад аз муомилот ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 211 адад истеҳсоли дохилӣ гирифта шудаанд. Аз ин миқдор маводи ороишии зери ташхис қарор додашуда ба 36827 адад сертификати мутобиқат ва 743 протоколи санҷиш дода шудааст. 586 намунаи онҳо бошад, ба меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯй набудаанд, ки аз ин миқдор 543 намуна аз муомилот аз нуқтаҳои фурӯш, 39 воридот, 4 истеҳсоли ватанӣ пешниҳод шудааст.

Назорати санитарию эпидемиологӣ

Омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ дар давоми соли 2019 нишон медиҳад, ки бемориҳои вараҷа, сироятҳои ниҳоят хавфнок ба монанди вабо ва тоун ба қайд гирифта нашудаанд.

Инчунин, бемориҳои домана 11 ҳодиса (2018-19; 2019-8), исҳоли хунин 56 ҳодиса (2018-385; 2019-329), зардпарвини вирусии намуди “В” 88 ҳодиса (2018-236; 2019-148), зардпарвини вирусии “С” 33 ҳодиса (2018-59; 2019-26), кабудсулфа 59 ҳодиса (2018-172; 2019-113), сӯхтанӣ 25 ҳодиса (2018-41; 2019-16), ҳорӣ 2 ҳодиса (2018-10; 2019-8), буғумдард 5 ҳодиса (2018- 730; 2019-725), осеббинӣ аз газидани ҳайвонҳо 109 ҳодиса (2018- 13455; 2019-13346), зуком 239 ҳодиса (2018-239; 2019-0), табби хунин 4 ҳодиса (2018-15;2019-11) нисбат ба соли 2018 камтар ба қайд гирифта шудаанд.

Дар баробари ин ҷамъи бемориҳои шадиди рӯда 706 ҳодиса (2018- 41006; 2019- 41712), бемориҳои шадиди роҳҳои нафас 2046 ҳодиса (2018- 169160; 2019- 171206), илтиҳоби шуш 193 ҳодиса (2018- 3847; 2019- 4040), сил 83 ҳодиса (2018- 4103; 2019- 4186), сурхча 13 ҳодиса (2018-0; 2019-13), зардпарвини вирусии намуди “А” 642 ҳодиса (2018- 5986; 2019- 6628), БШФК 2 ҳодиса (2018-70; 2019-72) зиёдтар ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хадамот дар давоми соли ҷорӣ ҳамагӣ 836 мактуб ворид шудааст, ки аз ҷумла 277 мактуб аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Инчунин, 552 мактубҳо ба дигар вазорату идораҳо равон карда шудаанд.

Баҳри амалӣ гардидани Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” аз тарафи озмоишгоҳи МД “Озмоишгоҳи санитарию эпидемиологӣ”-и Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хадамот ва озмоишгоҳҳои Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар давраи соли 2019 ҷиҳати таҳлили нишондодҳои физикию кимиёвӣ аз шабакаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 10114 намунаҳои оби нӯшокӣ озмоиш карда шудаанд, ки 1820 намунаҳои об ба талаботҳои ҚМС – қоидаю меъёрҳои санитарии 2.1.4.004-07 ҷавобгӯ нестанд.

Чунин озмоишҳо оид ба нишондодҳои бактериологӣ ва микробиологӣ аз шабакаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар давоми соли 2019 гузаронида шудааст, ки 9125 намунаҳои оби нӯшокӣ озмоиш карда шудаанд, ки 1118 намунаҳои об ба талаботҳои ҚМС – қоидаю меъёрҳои санитарии 2.1.4.004-07 ҷавобгӯ нестанд. Натиҷаи ташхисҳои оби ошомиданӣ аз ҳолати ғайриқаноатбахши системаҳои мутамаркази таъминоти оби нӯшокӣ шаҳодат медиҳад. Яке аз омилҳои пастшавии сифати об, куҳнаю фарсуда будани шабакаҳои об ва миқдори зиёди садама дар хатҳои интиқоли об ва корношоямии таҷҳизоти обтозакунӣ, номунтазам безраргардонии об бо маводи хлор, инчунин риоя накардани раванди безараргардонии оби нӯшокӣ мебошад. Новобаста аз ин, тибқи маълумотҳои оморӣ, дар ҷумҳурӣ бемориҳои тавассути об паҳншаванда ба қайд гирифта нашудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар иншооти зериназоратӣ оид ба риояи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ 32446 санҷишҳои санитарию эпидемиологӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла, 19418 адад санҷишҳои нақшавӣ, ки аз ин 11509 санҷиш дар иншооти хусусӣ мебошад, 11294 адад ғайринақшавӣ, ки аз ин 8032 санҷиш дар иншооти хусусӣ мебошад ва 1734 адад санҷишҳои такрорӣ, ки аз ин 954 санҷиш дар иншооти хусусӣ мебошад. Барои риоя нагардидани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ба 14403 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз ин 10920 протокол дар иншооти хусусӣ (соли 2018 ба 13352 нафар) тартиб дода шуда, ба маблағи умумии 2110535 сомонӣ, ки аз ин 1363465 сомонӣ дар иншооти хусусӣ (соли 2018 ба маблағи 1824220 сомонӣ) ҷарима баста шудааст. Инчунин, фаъолияти 5040 иншоот, ки аз ин 2504 ададаш дар иншоотҳои хусусӣ (соли 2018-ум 2672 иншоот) бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботҳои санитарию гигиенӣ муваққатан аз фаъолият боздошта шуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 691 мавод ирсол гардидааст, ки аз ҷумла 157 парванда барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ пешниҳод гардидааст. Инчунин, барои нагузаштан аз муоинаи ҳатмии тиббии профилактикӣ 1655 нафар муваққатан аз кор барканор карда шудаанд.

Баҳри иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №539 аз 31-уми октябри соли 2012 “Дар бораи тасдиқи Тартиб ва мунтазамии гузаронидани муоинаҳои ҳатмии пешакӣ ва давравии тиббӣ” дар миқёси ҷумҳурӣ 466344 нафар (соли 2018-ум 424870 нафар) аз муоинаҳои ҳатмии пешакӣ ва давравии тиббӣ гузаронида, ба буҷа 25252129 сомонӣ (соли 2018-ум 18315194 сомонӣ) ворид гардидааст, ки ин шумора 96,3% нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Аз тарафи марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон №751 аз 2-юми августи соли 2011 «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №139 аз 31-уми марти соли 2004 «Дар бораи тасдиқ намудани тартиби барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ ва додани хулосаи санитарию эпидемиологӣ» дар давоми соли 2019-ум 25680 адад хулосаи санитарию эпидемиологӣ дода шудааст, ки аз ҷумла 21910 адад барои фаъолият, 3751 адад маҳсулоти воридотӣ, 19 адад маҳсулоти содиротӣ буда, маблағи умумии онҳо 4111324 сомонӣ (соли 2018-ум 23957 адад ба маблағи 3593550 сомонӣ) ба буҷети давлат ворид карда шудааст.

Дар рафти санҷишҳо аз дӯкону мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, бозорҳо ва нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мутахассисон тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2012, № 890 “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” дар сатҳи ҷумҳурӣ маҳсулоти хӯроквории ба талабот ҷавобгӯй набуда, муҳлати истифодабариашон гузашта ва маҳсулоти шубҳанок ба миқдори 721162 (соли 2018-ум 1015000) кг аз муомилот гирифта шудаанд, ки маблағи умумии он 8477200 (соли 2018-ум 12579419) сомониро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, тухми мурғ 67587 (соли 2018-ум 311900) дона ба маблағи 40552 (соли 2018-ум 218337) сомонӣ аз муомилот гирифта шудааст.

Инчунин, 23796 адад бозичаҳои пастсифату ба талаботҳо ҷавобгӯ набуда ба маблағи 15454 сомонӣ аз муомилот гирифта шудааст.

Дар сатҳи ҷумҳурӣ барои риоя накардани қоидаҳои зиддиэпидемикӣ ба 103 нафар шахсони масъули муассисаҳои стоматологӣ, ба 135 нафар шахсони масъули сартарошхонаҳо ва ба 192 нафар шахсони масъули иншооти кошонаҳои ҳусн протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба таври умум ба маблағи 111995 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд.

Инчунин, фаъолияти 129 муассисаҳои стоматологӣ, 87 адад сартарошхонаҳо ва 163 иншооти кошонаҳои ҳусн бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботҳои санитарию гигиенӣ муваққатан аз фаъолият боздошта шудаанд.

Аккредитатсияи муассисаҳои тандурустӣ

Маркази аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2019 дар асоси нақшаи кории худ корҳои муҳимро ба анҷом расонидааст. Дар 12 муассисаи тиббии сатҳи ҷумҳуриявии кишвар корҳои омодагии пеш аз аккредитатсионӣ оғоз карда шудааст. Расмиёти аккредитатсионӣ дар 20 адад муассисаҳои тандурустии шакли моликият ва тобеияти идоравии гуногун гузаронида шудааст, аз ҷумла, дар 2 беморхонаи сатҳи вилоятӣ (шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд). Мониторинги пас аз аккредитатсионии 10 муассисаҳои давлатӣ гузаронида шудааст.

Ҳуҷҷатҳои 14 муассисаҳои дар соли 2018 аз аккредитатсияи тиббӣ гузаронидашуда барои баррасӣ ба Шӯрои аккредитатсионии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд. Ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи фаъолият дар самти аккредитатсияи муассисаҳои стоматологӣ (марказҳои стоматологӣ) таҳия карда шудаанд.

Бо мақсади баланд бардоштани дониш ва малакаи кордонии кормандони марказ ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷии мустақар дар кишвар идома дода шудааст.

Баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

Дар давраи ҳисоботӣ ба Хадамот дар умум 3368 муроҷиат ворид гардидааст: 3027 адад аз шахсони ҳуқуқӣ ва 341 адад аз шахсони воқеӣ.

Аз 3027 адад муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ:

– 2221 адад барои гирифтани рухсатномаи якдафъагӣ барои воридоти маводи доруворӣ;

– 117 адад барои гирифтани хулосаи санитарию эпидемиологӣ;

– 689 адад барои гирифтани сертификати бино.

Аз инҳо 3357 муроҷиат пурра баррасӣ гардида,боқимонда 11 адад бо  сабаби нарасидани ҳуҷҷатҳои лозимӣ бозпас гардонида шудаанд.

Дар 341 муроҷиати шахсони воқеӣ (297 хаттӣ ва 44 адад тавассути телефони боварӣ) бошад, асосан масъалаҳои зерин барои баррасӣ пешниҳод карда шудаанд:

– вобаста ба ташхис ва табобати нодуруст;

– вайрон кардани Кодекси меҳнати ҶТ аз ҷониби роҳбарони МТП;

– муносибати дағалонаи кормандони соҳаи тандурустӣ;

– кӯмак барои табобат ва дастгириҳои иҷтимоӣ;

– оид ба бозпас гардонидани маблағ барои табобат аз ҷониби муассисаҳои табобатӣ;

– равон намудани маводи доруворӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ;

– ташхиси маводи доруворӣ.

Аз 341 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ низ 328 муроҷиат пурра баррасӣ гардида, шумораи боқимонда дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.

Бино ба гуфтаи сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султонмурод Бекмуродзода, “Пешвои муаззами миллат дар паёми солонаи худ зикр намуданд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ бо саъю кӯшиши соҳибкорон зиёда аз 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 марказҳои саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёду азнавсозӣ карда мешаванд. Танҳо соли 2019 дар ҷумҳурӣ 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд. Танҳо давоми ду соли охир 320 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияи навтарин барои истеҳсоли доруворӣ дар ҳаҷми 950 миллион сомонӣ ворид карда шуда, 150 воситаҳои нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст. Буҷаи соҳаи тандурустӣ бошад, дар ҳафт соли охир аз 716 миллион сомонӣ ба 1 миллиарду 740 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбати соли 2013-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Буҷети соҳа барои соли 2020 бошад, ба 2 миллиард сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати соли 2019-ум 6 % зиёд мебошад. Ин рақамҳо гувоҳ бар онанд, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи саломатии мардум диққати басо ҷиддӣ медиҳанд”.

Бо зикри нуктаҳои муҳими нишондодӣ аз ҷамъбасти соли 2019, муҳтарам Султонмурод Бекмуродзода дар фароварди суҳбат иброз дошт, ки вазъ дар соҳа нисбати солҳои пешин хеле тағйир ёфта, рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Мавсуф ҳамаи ин пешравиҳоро аз шарофати истиқлолияти комил, сулҳу субот ва шукуфоии кишвар медонад, ки ҳамааш аз файзу баракат, дастгириву талаботҳои қатъӣ оид ба камбудиҳои ҷиддии ҷойдошта дар самтҳои фаъолияти Хадамот, талошҳои пайваста, ташаббусу ибтикороти созандаву ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

– Мо – кормандони соҳаи тандурустии кишвар ҳамеша эҳсос менамоем, ки ҳифзи саломатии аҳолии кишвар дар мадди назари доимии Пешвои миллат қарор дорад,- афзуд ӯ.

Саидмурод САИДОВ, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь