Омӯзгорӣ ва табибӣ  ду пешае мебошанд, ки доштани муҳаббат ба одамон сифати ҳатмии онҳост. «Чеҳраи кушодаю хурсандонаи табиб оғози сиҳатшавии бемор аст». Ин шиори ҳамешагии табибон ва кормадони миёнаи тиббии БМ ноҳияи Темурмалик аст. Онҳо нағз медонанд, ки бе саломатӣ хушбахтӣ ҳам номумкин аст. Аз ин рӯ, эшон доимо барои саломатии сокинони ноҳия талош меварзанд, то ки боварии мардумро аз даст надиҳанд. Онҳо медонанд, ки боварӣ ба табиб доруи қиматтарин аст.   

Роҳбарияти беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Темурмалик ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ монда, дар самти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар 5 моҳи  соли 2022  ҳаҷми корҳои муайяни соҳавӣ,  ободию  бунёдкориро ба анҷом расонидааст.

Бо мақсади таъмини аҳолӣ ба хизматрасонии тиббии муосир  саҳми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ва Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон басо муҳим арзёбӣ мегардад. Бояд изҳор намоем, ки солимии аҳолӣ ва ҷомеа танҳо аз соҳаи тандурустӣ вобаста набуда, фаъолияти дастаҷамъона, байнибахшӣ, сафарбаркунии тамоми  бахшҳо ва худи аҳолиро  тақозо дошта, оилаи  солим асоси бунёди ҷомеа ва давлатӣ  солим мебошад.

Кормандони соҳаи тандурустӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои доиршаванда бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию таърихӣ ва боло бурдани рӯҳияи ифтихору худшиносии миллӣ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд. Дар ин давра кормандони соҳа дар ҳашарҳои ноҳиявӣ иштирок менамоянд. Ҳамчунин, рӯзҳои шанбе доимо шанбегиҳо ташкил карда шуда, ба нарм кардани дарахтон, ба шакл даровардани онҳо ва шинонидани гулҳои мавсимӣ машғул мебошанд.

Айни замон дар беморхонаи марказии ноҳия шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллудхона,  бемориҳои дарунӣ, кӯдакона, эҳёгарӣ, шӯъбаи қабул,  бемориҳои дил,  ёрии таъҷилӣ, ва сироятӣ фаъолият намуда, ба аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ расонида истодаанд. Дар ноҳия як беморхонаи марказӣ, ду беморхонаи рақамӣ, ду муассисаи давлатии марказҳои дар алоҳидагӣ фаъолияткунанда, як ҳуҷраи  ташхиси нурҳои рентгенӣ, ду ҳуҷраи  дармонбахшӣ ба аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонанд.

Дар сохтори госпиталии ноҳия муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ дар умум се ададро ташкил дода, дар онҳо 365  нафар кормандон кору фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, табибон  27  нафар, талабот 8,3 %, дараҷанокии касбӣ 47,4%, кормандони миёнаи тиб 173  нафар, дараҷанокии касбӣ  60,2%, кормандони хурди тиб 97 нафар ва дигар кормандон 67 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар умум, дар соҳа таъминот ба табибони дорои таҳсилоти олӣ 91,7 % ва ба кормандони миёнаи тиббӣ 100%-ро дар 10 ҳазор аҳолӣ ташкил медиҳад. Ҳамчунин, 84 нафар донишҷӯ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва  16 нафар дар Донишгоҳи давлатии тибии Хатлон таҳсил менамоянд, ки ин дар умум 100 нафарро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки сол то сол теъдоди донишҷӯён зиёд гардида  истодааст. Ҳамагӣ 100  нафар донишҷӯ  ба донишгоҳҳои давлатии тиббии Тоҷикистон  дохил  гардида, таҳсилро идома дода истодаанд. Аз инҳо 39 нафар ба тариқи квота буда, буҷавӣ  24 нафар, шартномавӣ 21 нафар  мебошанд.

Роҳбарияти беморхонаи марказии ноҳия пайваста ба донишҷӯён вохӯрӣ доир менамояд, то ки онҳо баъди хатми Донишгоҳ бе ягон мушкилот ба ноҳия ба кор омада, саҳми худро дар пешравии соҳа  гузоранд. Дар  доираи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030 даври сайёри курси такмили ихтисос ташкил карда шудааст, ки дар он 60 нафар кормандони миёнаи тиббӣ  таҳсил карда истодаанд.

Солимии модар ва кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, модар ва кӯдак таҳти ҳимояи махсуси  давлат қарор дорад. Шумораи умумии аҳолии ноҳия 72081 нафар буда, аз онҳо 35102 нафарро занҳо ташкил медиҳанд, ки 18343 нафарашон занҳои қобили таваллуд мебошанд. Дар 5 моҳи соли 2022 таваллуд 443 нафар ба қайд гирифта шудааст.

Корҳои таъмиру тармим дар шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, эҳёгарӣ ва таваллудхона дар бинои беморхонаи марказӣ  бо дасгирии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки рушди Олмон дар Тоҷикистон  оғоз гардида, корҳо дар ин самт идома доранд. Дар доираи Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 оғози корҳои сохтмон дар Беморхонаи рақами №2-и ҷамоати деҳоти ба номи С. Раҳим аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар Беморхонаи рақами №1-и ҷамоати деҳоти Кангурти деҳаи Кангурт низ бо саҳмгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмир бо маром идома дорад.

“Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои рақамии №1 ва №2 шаҳрвандон бо бемориҳои гуногун муроҷиат кардаанд ва онҳо бистарӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, дар Беморхонаи марказӣ 784 нафар бемор бистарӣ шуда, 782 нафар рухсатӣ иҷозат шуданд. Дар беморхонаи рақамӣ №1  362 нафар бемор бистарӣ шуда, 345 нафар рухсатӣ иҷозат шуданд. Дар беморхонаи рақамӣ №2 бошад 188 нафар бемор бистарӣ шуда, 183 нафар рухсатӣ иҷозат шуданд. Ҳамагӣ 1375 нафар бемор бистарӣ шуда, аз онҳо1363 нафар рухсатӣ иҷозат шуданд. Ҳамчунин, дар беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои рақамии №1 ва №2  амалиёти хатна аз тарафи ҷарроҳон гузаронида шудаанд.

Дар 5 моҳи соли 2022  кормандони беморхона дар ҳашарҳои ноҳиявӣ иштирок намуда, ҳамчунин ҳар рӯзи шанбе шанбегиҳо ташкил намуда, ба нарм кардани дарахтони гирду атрофи бино ва  шинонидани гулҳои ҳархелаи мавсимӣ машғул мешаванд. Дар ин давра 100 адад гулҳои садбарг,  200 адад гулҳои рангоранг, 200 адад гулҳои мавсимӣ дар беморхона шинонида шудаанд.

Маъмурияти беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои қонунҳои миллӣ,  барномаҳои соҳавӣ ва баҳри ҳифзи сиҳатии аҳолии ҷомеа тамоми чораҳои профилактикию самарабахшро роҳандозӣ менамояд”, – мегӯяд, сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик О. Азиззода

С.Халилиён, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь