Имсол  дар озмоишгоҳи вирусологии  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемилогии вилояти Суғд  дастгоҳҳои муосир  ворид карда шуд. Ҳанӯз 24-уми июли соли ҷорӣ сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Шамсиддин Қурбонзода  аз кори МНДСЭ-и Суғд ва кор бо таҷҳизоти муосири он дидан карда, баҳои баланд дод.  Дар ин бора директори МНДСЭ-и вилояти Суғд Раҳмонзода Султон Давлатмурод иттилоъ дод.

Ҳадафи МНДСЭ чист?

Султон Раҳмонзода оид ба ҳадафи марказ гуфт: -Маркази назорати давлатии санитарию эпидемилогии вилояти Суғд бо мақсади расидан ба ҳадафи асосӣ, яъне пешгирии бемориҳо мувофиқи вазъияти санитарию эпидемиологӣ ва
пешгуии ҷараёни инкишоф ва тағйирёбии онҳо корбарӣ намуда истодаанд.

Харидорӣ ва насби таҷҳизотҳои нави замонавӣ аз қабили муайянкунандаи металҳои токсикологӣ муайянкунандаи антибиотикҳо дар маҳсулотҳои ширӣ ва гӯштӣ, муайянкунандаи заҳрхимикатҳо дар маҳсулотҳои хӯрока, газоанализатор барои муайянкунии формалдегид дар сехҳои пластикӣ ва мебелбарорӣ, бозичаҳои кӯдакона, инчунин  ташкили таҳлилгоҳҳои вирусологӣ дар маркази вилоят ва шаҳру
ноҳияҳои Исфара, Панҷакент ва Истаравшан аз ғамхориҳо ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти амнияти санитарию эпидемиологии вилоят  шаҳодат медиҳад.

 Пешгирӣ аз  маводи пастсифат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Яке аз сатмҳои муҳими МНДСЭ-и вилояти Суғд Пешгирӣ аз  маводи пастсифат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аст.

Дар  идомаи суҳбати худ Раҳмонзода оиди пешгирӣ аз маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолаш гузашта, ки аз тарафи МНДСЭ  ошкор шудааст чунин маълумот дод:

-Дар давоми 6 моҳи соли 2024 баҳри иҷроиши талаботҳои Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва Қонуни ҶТ “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хурокворӣ аз ҷониби мутахассисони МНДСО-и вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар якчоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ 235 тона 770 кг, маҳсулотҳои
пастсифати муҳлати истеъмолашон гузашта ба маблағи беш аз 3 миллион (3260789,15)  сомонӣ аз муомилот гирифта шуда нобуд сохта шудаанд.

Раҳмонзода гуфт, ки  молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта аз  маҳсулоти  гуштӣ, ширӣ, қаннодӣ, полезӣ, хуришҳои консервагӣ,  нушокиҳои спиртию ғайриспиртӣ ва равған иборат буда,  аксари соҳибкорон бо мақсади фоидаи бештар ба даст овардан дидаю дониста даст ба фурӯши ин гуна маҳсулот задаанд.

Дар хотир бояд дошт, ки ягон амали хилофи қонун аз чашми  МНДСЭ-и вилояти Суғд ва  мақомоти назоратию қудратӣ  дур намемонад ва ҳар соҳибкор, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагонро поймол мекунад дар назди қонун ҷавоб медиҳад.

Масалан,  дар давоми шаш моҳи имсол  нисбати 10-нафар барои вайрон намудани талаботҳои Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва  Қонуни ҶТ “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хурокворӣ” тибқи талаботи Кодекси ҷиноятии ҶТ барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ маводҳо
пешниҳод карда шуд.

 Корбарии МНДСЭ барои пешгирӣ аз  ботулизм

Ҳифзи саломатии аҳолӣ, хоса пешгирии беморихои сироятӣ аз масъалаҳои муҳимест, ки бо дастуру супоришхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Аз ин ҷост ки МНДСЭ-и вилояти Суғд  барои ҳифзи сиҳатии аҳолӣ паваста корбарӣ мекунад. Тариқи ВАО ҳамасола даҳҳои суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешавад то сатҳи огоҳии мардум баланд бардошта шавад. Зеро ҳар қадар  маърифати тиббӣ ва санитарии мардум зиёд бошад ҳамон андоза беморӣ ва сироятёбӣ кам мегардад.

Дар фасли тобистон ва оғози тирамоҳ умдатан занҳо барои зимистон консерваҳои хонагиро захира мекунанд. Аммо мутассифона на ҳамеша қоидаҳои санитарию  бехатарӣ дар ин кор риоя мегардад. Дар натиҷаи истеъмоли консерваҳои вайроншуда ва хуришҳои пастсифат, ки заҳроген мешаванд истеъмолкунандаро хавфи гирифторӣ ба бемории ботулизм  дар пай аст.

Ҳамасола МНДСЭ дар вилояти Суғд барои пешгирӣ аз бемории ботулизм корбарӣ мекунад.

Директори маркази мазкур Раҳмонзода оиди пешгирии ботузим гуфт:  -Барои таъмини бехатарии маводи хӯрока панҷ калиди асосиро бояд риоя кард:Тозагӣ, маҳсулоти  хому пухтаро дар алоҳидагӣ нигоҳ  доштан, сониян маҳсулотро хуб бирён кардан ва ё ҷӯшонидан, онро дар ҳарорати бехатар нигоҳ доштан ва истифодаи босамар аз об ва маҳсулоти тоза мебошад. Умуман, дар шароити хона консервакунонии маҳсулоти моҳӣ, замбурӯғ, гӯшт ва кабудӣ хатари зиёд дорад. Ҳангоми консервакунии маҳсулоте, ки ҷавҳари табиӣ надоранд, хатман тибқи дастурамал ҷавҳари лиму ё сирко илова кардан зарур аст.

Барои консервакунӣ ҳатман маҳсулоти тару тоза, бе ягон аломати иллатнокӣ доштаро бояд гирифт. Ҳатман пурра шустани маҳсулот, хусусан онҳоеро, ки дар замин рӯидаанд.  Дар шароити хона қоидаҳои тамизгардонии зарфҳои шишагӣ, сарпӯши он ва реҷаи коркарди термикии маҳсулот бояд риоя карда шавад. Консерваҳое, ки дар ҳарорати паст қарор доранд, варамида, тағирёфта ва ё сарпӯшаш парида аст, аз истеъмолаш даст кашанд.

Айни замон дар МНДСЭ барои таҳлилҳои лозимаро гузаронидан тамоми шароит фароҳам аст. Кормандони соҳаи санитарию эпидемиологии вилоят низ тамоми кушиши худро ба харҷ дода истодаанд то  вазъи санитарӣ хуб  бошаду ҳуқуқи истеъмолкунандагон поймол нагардад.

Фарзона МУРОДӢ, масъули бахши иттилооти МНДЭС- и вилояти Суғд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь