– Рӯзе дар ҷамъомади машваратии духтурон бояд бемореро ташхиси аниқ мегузоштанд. Марди белорусии 35 соласе сол зиёдтар аз дард азият мекашидааст. Ҳамеша ҳарораташ аз меъёр баланд, ҳолаташ ноҷӯр, аз дарди шушу гурда ва камхунӣ шикваҳо дошт. Аз рӯи санҷишҳои лабораторӣ тамоми ташхисҳоро гузарондаанд, валеҳанӯз ҳам табибон ба як хулосаи умумӣ наомадаанд. Ҳатто дар клиникаҳои шаҳрҳои Брест,  Гомел ва Гродний хобида бошадҳам, дар ягон тоаш ба дардаш ташхиси дуруст монда натавонистаанд ва ҳарорати баданаш низ ҳеҷ паст намешудааст. Вақте дар ҷамъомади калони духтурон дар бораи касал ҳамин маълумотҳоро пешкаш намуданд, профессор Шейбак аз ман пурсид, ки«фикри хатмкунандаи нави Донишгоҳи тиббӣ нисбати ҳамин бемор чист?»Холати зикршуда маро ба фикр кардан маҷбур сохт ва ба худ гуфтам, ки бемории он мард дигар ба ягон касалии рӯи дунё дуруст намеояд, магар ба вируси норасоии масъунияти бадан. Дар он давраҳо нисбати бемории ВНМО \ВИЧ СПИД\ баъзе духтурон тасаввурот доштанду аксарияташон ғофил буданд. Ман дар ҷое хонда будам, ки ин беморӣ бо аломатҳои ҳарорати дарозмуддат, харобшавӣ, арақкунӣ, умуман ҳамаи аъзои бадани инсон оҳиста – оҳиста ба дарде мубтало шудан мегирад ва сиҳат намешавӣ. Сипас, ман ба хулосае омадам, ки ин гуна беморӣ ҳамонест, ки боре надидааму дар борааш хондаам. Ва сарамро бардошта, таваккалан гуфтам, ки«аз афташ ин бемории ВИЧ СПИД аст». Бо шунидани посухи ман ҳамаи нафарони дар толорбуда хандиданд. Профессор Шейбак ҳам як каме ханда карду хомӯш шуда, ба фикр фурӯ рафт. Каме пас гуфт, таъҷилан озмоишгарро даъват кунед ва ӯ барои иммунитети ҳамон беморро санҷидан фармоиш дод. Саҳар, вақте ки дар ҳамон толори калон ҳама ҷамъ шуданд, профессор аз минбарба зал назар карда, бо нигоҳ касеро меҷуст. Чун маро дар қатори аввал дид, гуфт:

– Писарҷон,ба паҳлуи ман биё! 

Ҳол он ки то ин вақт умуман чунин муносибати дуруст надошт. Вай бо вуҷуди мутахассис ва олими хубе будан, хеле ҷиддӣ ба назар мерасид, вале ин навбат,  чеҳрааш кушода метофт. Ба тарафи росташ ишора кард, ки писарҷон, дар паҳлуи ман нишин. То ба он вақт ман дар минбар ба ҷуз худаш касеро паҳлуяш нишаста надида будам. Дар ҳамон ҳолат то ҳол баёдам ҳаст, ки бо забони русӣ ба толоррӯ оварда гуфт, ки: «Учитесь из синовья Авиценны!» Ва илова кард, ки бори нахуст Шокиров дар Клиникаи бисёрсоҳаи ҷумҳуриявии мо ташхиси дурусти ВИЧ СПИД –ро аниқ муайян кард. Хулосаи ташхисҳо ба диагнози додаи ӯ дуруст баромаданд. Ана, аз ҳамон рӯз сар карда, мо бо профессор дӯст шудем. Яъне ӯ куҷое, ки мерафт, манро мебурд, дар куҷое, ки менишаст маро дар паҳлуяш ҷой медод, – чунин оғоз кард ба суҳбат Абдукарим Шокиров, табиби шинохта, дастпарвари  Донишгоҳи тиббии осиёии шаҳри Тошканд. 

Абдукарим Шокиров зодаи ҷамоати деҳоти Зиракӣ, ноҳияи Кӯлоб  ва хатмкардаи МТМУ №15 мебошад. Аз 50 нафар донишҷӯи аз Тоҷикистон дохилшуда, дар давоми 6 соли таҳсил 29 нафарашон бо сабабҳои гуногун тарки таҳсил карданд. Дар охир 21 нафар ҷавонони тоҷик Донишгоҳи тиббии Осиёиро хатм карда тавонистанду халос. 

– Донишгоҳро соли 1988 хатм кардем. Мувофиқи тақсимот, барои мо дар тамоми қаламрави ҷумҳуриҳои шӯравӣ роҳхат мавҷуд буд. Ман он вақт метавонистам ба Тоҷикистони худамон, ба Кӯлоб биёям. Лекин барои боз бештар мутахассис шудану омӯхтан ва васеъ кардани касбам шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорусияро интихоб кардам.

Дар шаҳри Минск аз Тоҷикистон танҳо будам. Дар он ҷо ҳар як муассиса аз поликлиника сар карда, то шӯъбаҳои беморхона ҳама шароитро доро буданд. Беморхонаи бисёрсоҳа ва ҷумҳуриявӣ ҳам буд. Вақте мо ба интернатура гузаштем, 49 нафар аз тамоми шаҳру ноҳияҳои Белорусия ҳама маҳаллӣ буданд ва танҳо ман ғайри белорус будам, ҳамчунин 49 нафар ҳама духтар буданд, танҳо ман писар будам. Дар ин давра бароям як сир кушода шуд, ки дар ин кишвар бештар занҳоба тиб таваҷҷӯҳ доштаанд. Ман бо пешаи духтури кӯдакон хатм карда будам ва табиби кӯдакон низ бештар занон буданд. Муовини сартабиб, ки як зан буд, маро наздаш даъват карда, гуфт:

– Писарҷон, табиби кӯдакон дар мо пешаи мардона нест, биё, пешаи туро бо гузаштани курс тағйир медиҳем. 

Бо тавсияи ӯ ҳамон сол интернатураро гузашта, ба ҳайси анистизеолог-  реаниматолог ба кор шуруъ намудам, – нақлашро давом медиҳад.А. Шокиров.

А.Шокиров иброз медорад, ки профессори белорус Шейбак ҳамеша бо ман саволу ҷавоб мекард. Ҳамаи интернҳо аз машғулиятҳо мегурехтанд, ман танҳо  мемондам. Ба ин сабаб ман маҷбур мешудам, ки аз китобхона берун набароям. То соати 14 кор ва баъди ин фақат вақтамро дар китобхона мегузаронидам. Оиди касбу ихтисосам адабиётҳо мехондам ва ба худ мегуфтам, ки бигузор кадом вақте ки бошад, ман рӯ ба рӯи ӯ барояму ӯ маро савол диҳад ва ман ба суолҳои ӯ ҷавоб бидиҳам. Фақат ман аз суолҳои ӯ намегурехтам, баръакс ман қасдан азрӯ ба рӯи ӯ мебаромадам, то чизе пурсаду бо сари баланд ҷавоб диҳам. Ин ҳолат ба ман илҳом мебахшид, завқамро ба мутолиа меафзуд. Маро ҳамчун ассистент дар ҳамон кафедраи ДДТ шаҳри Минск ҳамчун ассистент ба кор қабул карда буд. Баъдан чун дид, ки ман каме босалиқа шудам, ҳамчун муаллими кафедра дар ДДТМ ба кор гирифт. Ман дар ДДТМ ҳамчун муаллим дарс медодам ва ҳамзамон дар беморхонаи бисёрсоҳа кор мекардам.   

– Аввали солҳои 1990, вақте давлати Шӯравиро нооромиҳову пошхӯриҳо фаро гирифтанд, аз ҳамин сабаб бо иҷозати профессор Шейбак соли 1992 ба Тоҷикистон омадам ва ҳамин ҷо зан гирифтам. Ҳамсарам Ҷамила Миралиева табиби бемориҳои пӯст, солҳост дар маркази бемориҳои пӯсти вилоятӣ кор мекунад. Соҳиби 4 нафар фарзанд ҳастем: 2 духтар, ду писар.

Ман баъди муддате дар ватан кор кардан бо сабаби мушкилоти рӯзгузаронӣ хостам боз баргашта ба Белорусия равам, вале натавонистам падару модар танҳо гузорам. Профессори белорусӣ бо як рафиқаш се маротиба (солҳои 1999, 2000, 2001)ба аёдати ман омад. Ба Сари Хосор рафтем, мазорҳоро гаштем, шикор кардем. Баъдан алоқа канда шуд. Алҳол бо писари он профессор, ки Олег ном дошта, низ профессор аст ва дар Белгия ҳамчун духтури анистизолог, реаниматолог кор ва зиндагӣ мекунад гоҳ-гоҳ дар тамос ҳастем. Баъзе чизҳоро аз ман мепурсад. Устоди касби худ профессор Шейбакро меҳисобам, – қисса мекунад Абдукарим. 

Абдукарим Шокиров ба Ватан омада, аввал дар Дармонгоҳи деҳаи Ҷерқалъа ба ҳайси табиб корро сар кард. Баъдан дар БМН Ҷерқалъа дар шӯъбаи кӯдакона ба кор гузашта, табиби кӯдакона шуда фаъолият намуд. Сипас ӯро ба беморхонаи вилоятии кӯдаконаи шаҳри Кӯлоб ба ҳайси духтури анистизолог – реаниматолог ба кор қабул намуданд. Баъдан дар ҳамин беморхона дар вазифаҳои мудири шӯъбаи наҷот, ординатори клиникӣ, мудири шӯъбаи кӯдакона кор кард. Вақте соли 1997 БВС дар шаҳри Кӯлоб ташкил мешавад, бо фармони Раёсати тандурустии вилоят Шокировро ҳамроҳи Абдураҳимов Бобохон ба шӯъбаи наҷоти он ҷо мегузаронанд. То охири соли гузашта ҳамон ҷо кор кард ва аз моҳи январи соли 2018 сардухтури беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб аст.

-Дар масъалаи мутахассисони ҷавон гуфтаниям, ки дар муддати 14 соли кориям ба беморхонаи мо ягон духтури сироятшинос ва ё анистизолог реаниматолог нафиристодаанд. Ҳарчанд ҳар сол мо ҷойҳои кории холиро пешниҳод мекунем. Дар умум дар беморхонаи мо 10 табиб намерасад, ки инҳо табибони ташхисгар, сироятшинос, анистизолог, эҳёгар мебошанд, – гуфт Абдукарим Шокиров дар фароварди суҳбат.           

С.Халилиён, «Фараж» аз шаҳри Кӯлоб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь