Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Балҷувон хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сартабиби беморхонаи мазкур Ашуров Алиакбар суҳбати ихтисоси анҷом дод.

Номбурда нахуст иброз дошт, ки дар 6 моҳи соли 2024 аз тарафи кормандони табибони беморхона корҳои назарас баҳри беҳбудии саломатии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи бемориҳои сирояткунанда ва баҳри иҷроиши фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва қарорҳои мушовараи Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Барномаҳои миллии қабул намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раисони вилояти Хатлон ва Ноҳияи Балҷувон иҷро карда шудаанд. Маҷмуи дастурҳо, конунҳо, карорҳо ва фармоишҳое, ки аз тарафи сохторҳои болоӣ оид ба равнақбахшии соҳаи тандурустӣ ирсол шудаанд, барои ҳалу фасли масъалаҳои марбути соҳаи тандурустии шаҳр бешубҳа кумаки амалӣ мерасонанд.

Кормандони соҳаи тандурустӣ дар асоси дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба роҳ монда, тамоми имконот ва донишу садоқати худро баҳри беҳбудии соҳаи тандурустӣ равона карда истодаанд.

Базаи кадрӣ

Мавсуф дар хусуси сатҳи кадрӣ дар бемористон сухан карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар беморхонаи марказии ноҳияи Балҷувон дар соли 2024 бо маълумоти олии тиббӣ 26 нафар, аз ин 6 табиби ҷарроҳ, 5 табиби акушер, гиниколог, 2 табиби уролог, 1 табиби дилшнос, 2 табиби кӯдакона, 1 табиби эндокиполог, 2 табиби асабшинос, 1 табиби гушу гулӯ ва бинӣ, 2 табиби наҷот ва беҳискунӣ, 1 табиби осебшинос, 1 табиби сироятшинос, 1 вирсолог ва 1 табиби ташхиси шуоӣ кор ва фаолият мекунанд. Аз инҳо 1 нафарашон бо дараҷаи олӣ, 2 нафар дараҷаи якум, 3 нафараш дараҷаи 2 мебошанд.

Ҳайати кормандони миёнаи тиббӣ 37 нафарро ташкил мекунад. Аз шумораи умумии кормандони миёнаи тиббӣ 22 нафар дорои дараҷаи касбӣ буда, 8 нафар дараҷаи олӣ, 6 нафар дараҷаи якум ва 8 нафар дорои дараҷаи дуюм мебошанд. Айни замон дар беморхонаи марказии ноҳия шуъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллудхона, беморхонаҳои дарунӣ, кӯдакона, гӯш гӯлу ва бинӣ, шуъбаи қабул, бемориҳои дил ва шуъбаи таҳлилгоҳ фаъолият намуда, ба аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ расонида истодааст. Ҳамагӣ дар сохтори госпиталии ноҳия муаасисаҳои муолиҷавию профилактикӣ 3 ададро ташкил дода, дар онҳо 172 нафар кормандон кору фаъолият менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки сол то сол шумораи донишҷуён зиёд гардида истодааст. Инчунин 4 табиб соли 2022 ва 5 табиб соли 2023 ва дар соли ҷорӣ 3 табиб ва 14 нафар кормандони миёнаи тиб дар соли ҷорӣ дар шуъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия ба кор таъмин карда шудааст. Роҳбарияти беморхонаи ноҳия пайваста ба донишҷуӣн вохӯрӣ доир менамояд, то ки онҳо баъди хатми донишгоҳ саҳми худро дар пешравии соҳа гузоранд. Дар давоми се соли охир барои пура намудани мутахасисон, аз тарафи беморхона табибони ҷавон барои курсҳои бозомӯзӣ ба таври ройгон бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудаанд.

Хизматрасонӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда тазаккур дод, ки дар беморхонаи маркази ВНМО фаъолият мекнад. Дар давоми шаш моҳи соли 2024 дар маркази ВНМО-и ноҳияи Балҷувон 809 нафар аз ташхиси вируси норасоии маснунияти одам гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 467 нафар занони ҳомила, 80- нафар кормандони соҳаи тиб, 69 нафар шахсони никоҳшаванда, 40 нафар бемороне, ки бояд ҷароҳӣ шаванд, 37 нафар кормандони мақомоти қудратӣ, 10 нафар шахсони гирифтори бемории сил, 47 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар беморон, ки пеш аз ташхис ва баъди ташхис гузаронида мешаванд.

Сироятёфтаи вируси норасоии маснунияти одам ва сироятёбии аз модар ба кӯдак ба қайд гирифта нашудааст.

Бояд қайд намуд, ки ба ҳолати имрӯз шумораи шахсони сироятёфтагони вируси норасоии маснунияти одам дар ноҳияи Балҷувон 11 ҳодисаро ташкил дода, ки аз ин шумора 9 нафар дар байни мардон 2 нафар дар байни занон ба қайд гирифта шудааст.

Яке аз самтҳои асосии беморхонаи марказӣ таъмин намудани эҳтиёҷоти аҳолӣ ва ваксинаҳои ҳаётан муҳим ва амалгаронии ёрии ташкилию дастурӣ мебошад. Мақсади асосии марказ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ оид ба аҳамияти аммунитизасия, ки аз ягона воситаи самаранок оид ба пешгирӣ ва муҳофизат намудани кӯдак аз бемориҳои сирояткунанда, аз он ҷумла сил, гудӯзиндонак, сурхча, баногӯшак, гулафшон, кузоз, фалач, гепатит В, сирояти ротавирусӣ ва кабуд сулфа мебошад.

Дар беморхонаи марказии ноҳия Муассисаи давлатии Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар асоси қарори раиси ноҳияи Балҷувон таҳти №01 аз 06 январи соли 2024 таъсис дода шудааст. Дар давоми шаш моҳи соли 2024 дар марказ 17 бемор ба қайд гирифта шудааст. Беморони ба қайд гирифтаро 9 нафар занҳо мебошанд. Аз ҳамаи беморони ба қайд гирифта 10 нафарашон микробхориҷкунанда мебошад.

Дар беморхонаи марказии ноҳия озмоишгоҳи умумӣ ва озмоишгоҳ мавҷуд аст, ки гурӯҳои хунро бо усули Поликлон муаян менамояд. Айни замон дар ноҳия донорҳои пулакии хун супорӣ вуҷуд надорад. Дар ҳамкорӣ бо маркази трансфузионии шаҳри Кӯлоб соли 2013 ду маротиба рӯзи донорӣ ташкил карда шуд, ки барои якум 32 нафар ва бори дуюм 37 нафар одамон дар беморхона марказии ноҳия хун супориданд. Қайд кардан зарур аст, ки барои ҳар як шаҳрванд гурӯҳи хун ва резус фактории хуни худро донад, дар шиносномааш қайд гардида бошад.

Шарту шароит

Дар фарҷоми суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки Беморхонаи марказии ноҳия дорои 120 кати шабонарӯзӣ мебошад. Дар сохтори бистарии шуъбаҳои ҷарроҳӣ дорои 15 кат, шуъбаи кӯдакона 30 кат, шӯъбаи амрозӣ даруна дорои 35 кат, шӯъбаи таваллуддорои 20 кат, шуъбаи гушу гулӯ ва бинӣ дорои 5 кат, шӯъбаи бемориҳои дил 5 кат, шӯъбаи бемориҳои сироятӣ дорои 10 кат мебошад.

Ҳуҷраи гиёҳ- дармонӣ, ҳуҷраи ренгенӣ, ҳуҷраи физиотерапефтӣ ба мардум хизмат мерасонад, инчунин 4 Марказ дар дохили беморхона дар як ҳуҷрагӣ фаъолият мекунанд, ки ҳар кадомаш даҳ коргар фаъолият секунанд. Маъмурияти беморхонаи марказии ноҳия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои қонунҳои миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва ҳифзи сиҳати аҳолии ҷомеа, тамоми чораҳои профилактикиро пурзур намуда, чораҳои самарабахшро роҳандозӣ менамояд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь