Тайи солҳои охир бунёд гардидани муассисаҳои тандурустии замонавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат, ворид намудани технологияҳои муосири тиббӣ, ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тиб ба марказҳои саломатӣ муаррифгари пешрафти илми тибби тоҷик гаштааст. Дар баробари ин, бо мақсади ҳарчи беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳамакнун дар дурдасттарин минтақаҳои ҷумҳурӣ низ муассисаҳои соҳаи тандурустиву тиббӣ аз таъмиру тармими капиталӣ бароварда шуда, инчунин дармонгоҳҳо ва марказҳои саломатии замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки дар ҳоли идомаёбӣ қарор доштани сохтмони якчанд беморхонаву дармонгоҳҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ далел ба гуфтаҳои боло мебошад.
Перомуни ҳолати хизматрасонии тиббию санитарӣ дар шаҳри Панҷакент, рафти сохтмони иншоот ва сатҳи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 5500 – солагии Саразми бостонӣ мусоҳибаи хабарнигори “МТЖТ” бо сартабиби Беморхонаи марказии ин шаҳр Сафаров Маҳмадмурод Мирзоевич манзури хонандагони ҳафтаномаи “Самак” мегардад.
– Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар баробари давра ба давра рӯ ба тараққӣ ниҳодани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ, инчунин дигар самтҳои муҳими рӯзгори ҷомеаи тоҷик, соҳаи тандурустӣ низ бо талош ва назари хайрхоҳонаи давлату Ҳукумати мамлакат рушд ёфта, дар заминаи он имрӯзҳо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мутобиқ ба талаботи давр роҳандозӣ шудааст. Маҳмадмурод Мирзоевич, лутфан бигӯед, ки соҳаи тандурустии шаҳри Панҷакент дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба кадом дастовардҳо ноил гардид?
– Дар 28 соли Истиқлолият соҳаи тандурустии мамлакатамон низ дар радифи соҳаҳои дигар ба пешравиҳо ноил гаштааст. Нишондодҳои оморӣ гувоҳи ҳоланд, ки дар шаҳри Панҷакент то соли 1996 ҳамагӣ 120 адад муассисаҳои тиббиву профилактикӣ мавҷуд буданд, ки дар онҳо 224 нафар табибон ва 644 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият мекарданд. Айни замон дар шаҳри Панҷакент 136 муассисаҳои тиббӣ – профилактикӣ фаъолият мебаранд ва дар ин муассисаҳо, 2568 нафар кормандони соҳаи тиб, аз он ҷумла, 1887 нафар занон ба кори доимӣ фаро гирифта шудаанд. Дар маҷмуъ бошад, феълан дар системаи тандурустии шаҳри Панҷакент 412 нафар табибон (аз он ҷумла, 121 нафар занҳо) ва 1506 нафар кормандони миёнаи тиббӣ (аз он ҷумла, 1340 нафар занҳо) фаъолият намуда истодаанд.
Ҳамчунин, дар 28 – соли соҳибистиқлолии мамлакат бо садоқатмандиву дилсӯзӣ ва дар партави ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ, Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, Раёсати тандурустии вилояти Суғд, якчанд иншооти муҳими соҳави, аз ҷумла, Беморхонаи бемориҳои сироятӣ, Маркази дилшиносии байниноҳиявӣ, шуъбаи нейроҷарроҳӣ, шуъбаҳои эндоҷарроҳӣ, эндокринологӣ, гастроэнтерологӣ, шуъбаи чашму гулӯ ва бинии беморхонаи бемориҳои кӯдакона бунёд ва мавриди баҳрабардории корафтодагон қарор дода шуд, ки ин худ гувоҳи зоҳир шудани ғамхории доимӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим мебошад.
– Дар ҳамин ҳол, оё дараҷаҳои тахассусии табибон ба талаботи давр чавобгӯй ҳаст?
– Дар солҳои истиқлолият ба ҷоизаву унвонҳои корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 4 нафар, дорандаи медали «Шафқат» – 1 нафар, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 21 нафар, номзади илмии тиб – 1 нафар, дорандагони медали «Сино» – 7 нафар ва табибони дарҷаи олӣ -185 нафар ноил гаштанд.
– Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоиву иқтисодии Ҳукумати мамлакат ин таваҷҷуҳу ғамхории бештар зоҳир намудан ба аҳолии деҳот ва мусоидат ба сатҳи рушди онҳо мебошад. Ин аст, ки баҳри рушди деҳот барномаи чорабиниҳои махсуси ҳукумати мамлакат тарҳрезӣ гардидааст. Тайи чанд соли ахир дар деҳоти Панҷакент чӣ пешравиҳо дар соҳаи тандурустӣ ба амал омад?
– Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, 26 адад хонаҳои саломатӣ, 11 адад марказҳои саломатӣ, Беморхонаи минтақавии деҳаи Шинг, марказҳои зидди бемориҳои сил, руҳӣ ва наркологӣ сохта ба истифода дода шуда, ҳамаи 136 адад муассисаҳои тиббӣ аз таъмири асосӣ ва давравӣ бароварда шудаанд. Ҷамоатҳои деҳоти Рӯдакӣ, Ғӯсар ва Моғиён бо мошини ёрии таъҷилӣ таъмин гардиданд.
Дар арафаи ҷашни 28 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2016 бо ташабуси маъмурияти сохтори КАТС, сарварони марказҳои саломатии деҳот ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони хонаҳои саломатии деҳаҳои Баҳор, Шаршара, Авазалӣ ва Чинор ба итмом расонида шуда, сохтмони хонаҳои саломатии деҳаҳои Мармар, Ровадин, Марғузор сохта ба истифода дода шуд. Хонаҳои саломатии деҳоти Қиёклӣ, Новичомок аз биноҳои номутобиқ баъд аз таҷдид ва таъмири асосӣ аз биноҳои масҷидҳо кӯчонида шуданд. Дар соли 2018 -14 хонаҳои саломатӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар 5 моҳи соли 2019-3 хонаи саломатӣ сохта ба истифода дода шуд. Биноҳои Марказҳои саломатии деҳоти Шӯрнова, Чимқалъа, Ғӯсар, Хурмӣ, Суғдиён, Чорбоғ, Кабудсанг, Шӯрча, Саразм, Сӯҷина, Амондара, Шинг, Филмандар, Артуч, Моғиён, Ёрӣ, Миндона, Рукнобод, Кулолӣ, Вору ва хонаҳои саломатии Дашти малла, Сӯфиён, Ҷангал, Қумоқ, Боғча, Падрӯд, Моғиён, Обиборик, Зебон аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Корҳои созандагиву бунёдкориҳо дар ин самт идома доранд.
– Таъминот бо тачҳизотҳои тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии давлатӣ чӣ гуна аст?
– Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати тандурустии вилояти Суғд, баҳри мустаҳкам кардани базаи модди-техникии муассисаҳои тиббии шаҳри Панҷакент таҷҳизотҳои нави рентгенӣ: портативӣ ва статсионарӣ дар шуъбаи рентгенӣ, таҷҳизоти гемодиализ дар шуъбаи урологӣ, таҷҳизоти эндоҷарроҳӣ дар шуьбаи эндоҷарроҳӣ, 4 адад автомашинаҳои ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент ворид гардид. Генератори барқии 60 кВт дар беморхонаи марказии шаҳр ва дар таваллудгоҳи марказӣ, генератори барқии 32 кВт, таҷҳизоти ИФА ва биоанализатор дар ташхисгоҳҳо, таҷҳизоти нафаси сунъии Фаза-4 дар шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва эҳё, таҷҳизоти нафаси сунъии Ро-9 дар таваллудхона, маҷмӯи асбобҳои ҷарроҳӣ дар шуъбаи ҷарроҳии умумӣ, 3 адад дефибилятор ва 1 адад кардиоманитор аз ҳисоби маблағҳои тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 аз 2.12.2008с ва Фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1 аз 4.01.2009 сол «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ», 2 адад оксигениратор аз тарафи Раёсати тандурустии вилояти Суғд, дода шуда, 1 адад дастгоҳи ултрасадо ва 1 адад каридиомонитор аз ҳисоби маблағҳои бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 аз 2.12.2008с. ва Фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1 аз 4.01.2009 сол «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» ба тасвиб расидаву тасдиқ шуда ба Муассисаи давлатии таваллудхонаи шаҳрӣ харидорӣ карда ва мавриди истифода қарор гирифт.
-Дар арафаи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оё бунёди иншоотҳои ҷашнӣ ба назар гирифта шудаанд?
– Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент, бинои наву замонавии 4 – қабата бо назардошти таҳхона сохта шуда истодааст, ки дар гузоштани санги асоси он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуданд. Баъди ба истифодадиҳӣ, дар ин бино таҷҳизотҳои наву замонавӣ оварда шуда, мавриди баҳрабардории мардум қарор дода хоҳад шуд. Дар баробари ин, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ санги аввал барои сохтмони бинои нави Беморхонаи минтақавии деҳоти Лоиқ Шералӣ дар се қабат барои 100 кат гузошта шуд.
– Албатта дар ҷое, ки кор ҳаст, камбудӣ низ бешак ба чашм мерасад. Дар соҳаи тандурустии Панҷакент кадом камбудиҳои ҳалталаб ҷой доранд?
– Кормандони муассисаҳои тандурустии шаҳри Панҷакент фаъолияти худро дар доираи Қонунҳо, Қарорҳо, Стратегияҳо, Барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ, нақшаҳои миллии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда, татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, Паёми Пешвои миллат, фармоишу қарорҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру қарорҳои раиси шаҳри Панҷакент ба роҳ монда, талошу такопӯи ҳамешагии худро баҳри рушди саломатии аҳолӣ ва соҳа равона намудаанд. Дар идомаи раванди корҳои ободониву бунёдкорӣ, ки аз Паёми Президенти мамлакат маншаъ мегирад, муассисаҳои тиббии шаҳри Панҷакент бо назардошти он ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳанд. Натиҷаи ҷамъбасти панҷмоҳаи соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта гувоҳ аз он медиҳад, ки кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Панҷакент баҳри хизматрасониҳои сифатноки тиббӣ ба аҳолӣ талош намуда, ба як қатор нишондодҳои оморӣ ноил гардидаанд. Бо вуҷуди ин дастовардҳо як қатор камбудиҳо низ дар кори соҳа ба чашм мерасад, ки он моро ором гузошта наметавонанд. Аз ҷумла, камбудиҳо дар соҳаи тандурустии шаҳри Панҷакент ин норасоии кадр, хусусан дар деҳот норасоии табибон дида мешавад. Инчунин, набудани таҷҳизоти нави замонавӣ барои гузоштани ташхисҳо, аз қабили МРТ ва КТ талоши моро бар он равона карда, ки пайи ислоҳи ин норасоиҳо ҷадал намоем. Дар охир бо истифода аз мавриди муносиб ва минбари баланд ва озоди нашрияи “Самак” мехоҳам арзи сипоси маъмурияти Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакентро барои дастгирии ҳамаҷонибаашон баҳри рушду нумӯи соҳаи тандурустӣ ба дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Раёсати тандурустии вилояти Суғд расонам. Зеро дастгирии ҳамин мақомот ва дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар партави ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ аз тарафи намояндагии «Юнисеф» дар Тоҷикистон ба таваллудхонаи шаҳри Панҷакент таҷҳизот ва асбобҳои зарурии ҳозиразамони соҳа ба маблағи умумии 92,5 ҳазор доллари ИМА ворид гардид, ки дар ҳифзи саломатии мардуми махаллӣ мусоидат хоҳад намуд. Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шаҳрвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Дар ин замина мо – табибони шаҳри Панҷакент низ ин сиёсати Ҳукумати кишварро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш чаҳду талош хоҳем намуд.
“МТЖТ”