Муассисаи давлатии маркази саломатии шаҳрии №14 яке аз муассисаҳои калонтарини соҳаи тандурустӣ мебошад. Бинои он аз шаш ошёна иборат буда, дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Аз тарафи кормандони МДМСШ №14 ба 105 ҳазору 89 нафар аҳолии ноҳияи Сино хизмати тиббии профилактикӣ расонида мешавад. Сохтори Муассисаи мазкур аз роҳбарият, муҳосибот, шуъбаи кадрҳо, қисми хочагӣ, 7 шуъбаи тибби оилавӣ, шуъбаи солимии репродуктивӣ, ҷарроҳӣ, шуъбаи соҳаи маҳдуд, шуъбаи озмоишӣ, стоматологӣ ва табиатшифоӣ иборат аст.

Барои огоҳии бештар аз кору пайкори табибони Муассисаи давлатии маркази саломатии шаҳрии №14 хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо директори он Ҳамидзода Ҳомидҷон суҳбат анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат кулли ҷавонмардони шуҷоъи Ватан, бахусус афсарону сарбозонеро, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии хешро адо карда истода, барои таъмини сулҳу суботи сартосарии Ватан-Модар ва ҳифзу ҳимояи якпорчагии марзу буми Меҳан ҷон ба каф ниҳодаанд, ба муносибати 31-солагии Артиши миллии кишвар, ки ҳамсола рӯзи 23-юми феврал бо тантана ҷашн гирифта мешавад, самимона шодбош гуфт.

 Муроҷиат ба Маркази саломатӣ

Тибқи маълумот, кормандони МДМСШ № 14 ба 105 089 нафар аҳолии минтақаҳои зертобеъ хизмати тиббии профилактикӣ мерасонанд.

-Дар як соли гузашта дар умум 310 085 нафар ба Маркази саломатӣ муроҷиат карда, ба хизматрасонии тиббӣ фаро гирифта шуданд, ки назар ба соли 2022 беш аз чор ҳазор камтар аст. Дар ин давра табибон ба аёдати 156 922 (соли 2022-163838) нафар ба хонаҳо рафта, даъвати духтурон ба хона 60 755 (соли 2022-58117) маротибаро дарбар мегирад. Ба дандонпизишкон (стоматологҳо)-и марказ давоми соли 2023-юм 4969 (соли 2022-5427) нафар муроҷиат кардаанд. Барои фаъолияти марказ дар 12 моҳи соли 2023-юм 10 628 615 (даҳ миллиону шашсаду бистуҳашт ҳазору шашсаду понздаҳ) сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки амалан ба маблағи 10 624 282 (даҳ миллиону шашсаду бисту чорҳазору дусаду ҳаштоду ду) сомонӣ ба андозаи 99,9 дарсад аз худ карда шуд. 99,9 % маблағҳои ҷудогардида барои музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоии кормандон равона карда шудааст. Барои хизматрасонии коммуналӣ (барқ, гармдиҳӣ, партов, об) 326 253 сомонӣ (3,07 %),таъмири бино 300 000 (2,8 дарсад), техника, таъҷизот ва инвентар 880 932 (8,3%) боқӣ барои доруворӣ ва воситаҳои ҷароҳатбандӣ, масолеҳи хоҷагидорӣ, коргузорӣ, хароҷоти комиссияи бонк ва дигар масрафҳо сафарбар гардидаанд. Зарур аст бигӯем, ки дар соли 2023 бинои марказ пурра аз таъмир барварда шуда, барои фаъолияти кории кормандон таҷҳизотҳои зарурӣ дастрас гардонида шудаанд, ки имрӯзҳо мавриди истифода қарор дошта, шароити кории кормандон беҳтар гардида истодааст,-иброз дошт директори МДМСШ №14 Ҳомидҷон Ҳамидзода.

Дараҷанокии табибон

Ба иттилои директор, дараҷанокии табибон дар марказ 100 % ва ҳамшираҳои тиббӣ 97,5 %-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳисоботи миёнаи шаҳри Душанбе хуб аст. Маркази саломатӣ бо табибон 99 дарсад ва бо кормандони миёнаи тиб 100 % таъмин мебошад. Ҳамаи бастҳои корӣ 499,75 (соли 2022-499,45) буда, 498,75 (соли 2022-497,5) басти корӣ банд мебошад. Шумораи кормандон дар соли 2023-юм 526 тан (соли 2022-524)-ро дарбар гирифта, аз онҳо 158 табиб ( соли 2022-155), кормандони миёнаи тиб 293 нафар (2022-293) мебошанд. Дараҷанокии кормандон соли 2023 98,5 %, ки аз онҳо табибон 100 дарсад ва кормандони миёнаи тиб 97,56 дарсадро ташкил медиҳанд.

– Бо нишони “Аълочиёни тандурустӣ” соли гузашта 15 табиби маркази саломатӣ сарфароз гардонда шуд. Дар марказ аз 52 табиби оилавӣ 44 нафарашон фаъолият карда истодаанд. Аз ин ҳисоб 6 нафарашон дар рухсатии нигоҳубини кӯдак қарор доранд. МДМСШ №14 дар 12 моҳи соли 2023, тибқи нақшаи тасдиқгардида, доир ба паст намудани сатҳи нишондодҳои беморшавии модарону кӯдакон, маъюбшавӣ ва фавти онҳо як қатор корҳоро ба сомон расонида истодааст. Дар минтақаҳои зертобеи Маркази саломатӣ 27 942 зани қобили таввалуд ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 13 524 зани қобили таваллуд аз маводҳои контрасептивӣ истифода мебаранд. Дар як соли гузашта дар минтақаҳои хизматрасонии марказ 2 243 тифл ба дунё омадааст. Ин нишондод дар 12 моҳи соли 2022-юм 2 182 нафарро ташкил медод. Дар самти кам кардани никоҳи хешу таборӣ ва оқибатҳои он моро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо табибони оилавӣ, табибони занона ва мутахассисони ташаккули тарзи ҳаёти солим сари ин масъала корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоем. Соли 2023 ҳамагӣ 3 ҳодисаи таваллуд дар шароити хона ба қайд гирифта шуд. Яке аз роҳҳои барқароркунии солимии репродуктивии занон ин риоя намудани фосилаи байни таваллуд мебошад. Омӯзиш нишон дод, ки дар давоми 12 моҳи соли 2023 фосилаи байни таваллуди занон то 2 сол буда, фоизнокӣ афзоиш наёфтааст.

Баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳи солимии модару кӯдак мо кормандони маркази саломатиро зарур аст, ки мунтазам миёни аҳолӣ ташвиқоту тарғиботро ба роҳ монда, оид ба самти асосии демографӣ-ба нақша даровардани танзими оила, баланд бардоштани нишондодҳои солимии репродуктивӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоем. Беҳтар намудани вазъи солимии репродуктивии занони қобили таваллуд аз вазифаҳои асосӣ ва ҷонии мо мебошад,-гуфт директори МДМСШ №14 Ҳамидзода Ҳомидҷон.

 Пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ

Масъалаи сиҳатии кӯдакон зери назорати доими кормандони тиббии маркази мазкур қарор дошта, дар ин самт нақша-чорабиниҳо дар асоси расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола барои паст намудани фавти кӯдакони синни то 5-сола таҳия гардидааст.

-Шумораи умумии кӯдакони аз то 18-сола дар минтақа 34 610 ё 32,9%-и аҳолиро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, кӯдакони то синни 1-сола 2 255 ва то 4-сола 10 141 нафар мебошанд. Барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ аз ҷумла, доманаи шикам, вараҷа, сурхча ва бемории сил дар Маркази саломатӣ ситод ташкил ёфта, нақшаю чорабиниҳо оид ба паст кардани сатҳи бемориҳои сирояткунанда тасдиқ гардидааст. Оид ба иҷроиши нақшаҳои мазкур мудирони шуъбаҳо ва табиби сироятшинос ҳар рӯз ахборот пешниҳод мекунанд. Вобаста ба ин масъала дар байни аҳолӣ 44 табиби оилавӣ, мудирони шуъбаҳо табиби силшинос, шахси мутассадии тарзи ҳаёти солим ва табиби сироятшинос фаъолият менамоянд.

Дар минтақаҳои зертобеъи Марказ аз шумораи умумии аҳоли 1256 нафар маъюб зиндагӣ доранд. Аз шумораи умумии маъюбон 955 калонсол (76%) ва 301 кӯдак (24%)-ро ташкил медиҳанд,-иброз намуд мавсуф.

 Ғамхорӣ ва аёдати маъюбон

Иттилоъ дода шуд, ки дар 12 моҳи соли 2023 барои муайян намудани гуруҳи маъюбӣ ба Хадамоти ташхиси тиббӣ-иҷтимоӣ 78 нафар равон карда шудааст, ки 7 калонсол ва 31 кӯдак мебошанд. Ба ҳамаашон маъюбӣ муқарар карда шудааст. Аз дигар минтақа ба минтақаҳои хизматрасонии Маркази саломатӣ 18 нафар кӯчида омадааст, ки 16 маъюби калонсол, 2 кӯдаки то 18-сола мебошанд. Соли 2023 бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 3 маъюби минтақаҳои зертобеи Маркази саломатӣ бо аробачаи маъюбӣ таъмин карда шуд.

-Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Х. С. риояи тартиби хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони шаҳри Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои ройгон ва музднок дар марказҳои саломатӣ роҳбарияти Маркази саломатӣ маъюбони минтақаҳои зертобеъи Марказро дар хона аёдат намуда, аз вазъи саломатии онҳо бохабар гардиданд ва дар доираи имкониятҳои мавҷуда ба онҳо кӯмаки молӣ расонида шуд,-гуфт Ҳамидзода Ҳомидҷон.

Тиқби маълумоти пешниҳодгардида, ба ҳолати 15.12.2023 зери назорати табибони Маркази саломатӣ гуруҳи имтиёздорони зерин қарор доранд:

ҷанговарони интернатсионалист 45 нафар, иштирокчиёни садамаи Чернобил-10, ақибгоҳ-2, маъюбони синни то 18-сола – 301, маъюбони калонсол дар умум 928 нафар мебошанд. Ҳамчунин, давоми соли 2023 ба 1286 имтиёздор ба маблағи 81 368,70 сомонӣ маводҳои доруворӣ таъмин карда шуд. Инчунин, бо мақсади бунёди оилаи солим давоми шаш моҳи соли гузашта 868 никоҳшаванда аз муоинаи тиббӣ гузаштанд, ки 438 ҷавонписар (50,4%) ва 430 ҷавондухтар (49,5%) мебошанд.

 Хатнаи навзодон

-Тартиби амали хатнаи кӯдакон, мутобиқи қисми 2-и моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” омода ва гузаронида мешавад. Баҳри беҳтару хубтар нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ дар марказ ҳуҷраи махсус барои хатна ташкил карда шудааст. Бояд зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ дар минтақаҳои хизматрасонии марказ 1071 писарбача таваллуд шудааст, ки 1052 навзод хатна шудаанд,-гуфт Ҳамидзода Ҳ.

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти марказ ин зери назорати пайваста қарор додани беморони дорои бемориҳои музмин ва солимгардонии онҳо маҳсуб меёбад. Ба муносибати Ҷашни Наврӯз ба 15 кӯдак аз оилаи камбизоат хатнаи ройгон гузаронида шуд. Ҳама ҷашну маросимҳо дар доираи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шудааст.

 Ободонӣ

Давоми як соли гузашта кормандони Маркази саломатии № 14 дар шанбегиҳо фаъолона иштирок намудаанд. Дар гирду атрофи марказ гулҳои мавсимӣ ва дарахтони санавбар шинонда шудааст. Мувофиқи супориши протоколии Сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҳар саҳар саҳни марказ обпошӣ шуда, гирду атроф рӯбучин карда мешавад.

 Арзу шикоят

Директори МДМСШ №14 Ҳамидзода Ҳомидҷон дар анҷоми суҳбат гуфт, як соли гузашта 30 арзу шикоят ба унвони роҳбарият ворид шуд, ки аз онҳо 4 адад ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9-то ба унвони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 адад ба Раиси шаҳри Душанбе, 14 адад ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ирсол шудааст. Ҳамаи аризаҳо оид ба расонидани кӯмак барои табобат буда, ҳалли мусбии худро ёфтаанд.

-Вобаста ба арзу шикоятҳои шаҳрвандон моро зарур аст, ки бо аҳолӣ робитаро боз ҳам зичтару беҳтар ба роҳ монем, то мушкилиҳо дар сатҳи Маркази саломатӣ ҳаллу фасл гарданд. Ҳамчунин, соли гузашта 20 адад сипоснома ба унвони МДМСШ №14 ворид шуд, ки сокинон аз хизматрасонии хуби кормандони мо изҳори қаноатмандӣ ва сипос намуданд,-гуфт директори МДМСШ №14 Ҳамидзода Ҳомидҷон Ҳамид.

Шарҳи ҳол

Ҳамидзода Ҳомидҷон Ҳамид соли 2003 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси духтури табобатӣ хатм кардааст. Номбурда аз сол 2003 то 2007 дар Беморхонаи клиникии шаҳрии №1 шаҳри Душанбе ба ҳайси табиби бемориҳои пӯст ва зӯҳравӣ фаъолият кардааст.

Аз соли 2007 то 2008 муовини директор оид ба корҳои табобатии МДМСШ №6 кор карда, баъдан тӯли 6 соли баъдӣ роҳбарии МДМСШ №5-ро ба зимма доштааст. Аз соли 2014 то 2023 директори МДМСШ №13 ва аз соли 2023 то инҷониб ба ҳайси сардухтури Маркази саломатии № 14 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият карда истодааст.

Дорандаи “Ифтихорнома”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, аълочии тандурустӣ ва фарҳанги ҶТ мебошад.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь