Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шабакаи КАТС-и ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳбари шабакаи мазкур Ҷалилов Пирумшо Басирович хабарнигори МТЖТ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.
Номбурда нахуст иброз дошт, ки дар 6 моҳи соли 2024 аз тарафи кормандони Шабакаи Муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Рӯдакӣ корҳои назаррас баҳри беҳбудии саломатии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи бемориҳои сирояткунанда ва баҳри иҷроиши фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои миллии қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шудаанд. Маҷмуи дастурҳо, конунҳо, карорҳо ва фармоишҳое, ки аз тарафи сохторҳои болоӣ оид ба равнақбахшии соҳаи тандурустӣ ирсол шудаанд, барои ҳаллу фасли масъалаҳои марбути соҳаи тандурустии ноҳия бешубҳа кӯмаки амалӣ мерасонанд.
Зимни суҳбат мавсуф зикр кард, ки 12 адад МСД таъмири капиталӣ шуда, 22 адад бунгоҳҳои саломатӣ сохта ба истифода дода шудааст. Айни замон дар 7 бунгоҳҳои тиббӣ ва Маркази ёрии таъҷилӣ таъмири сохтмон рафта истодааст. Шуъбаи барқарорсозӣ ва ребиалитатсионӣ барои маъюбон ва эҳтиёҷмандон низ дар нақшаи иншоот гирифта шудааст. Ҳамаи табибони оилавӣ бо ноутбуку принтерҳо ва борхалтаҳои саломатӣ пурра таъмин гардидаанд.
Фаъолият ва сохтор
Номбурда изҳор дошт, ки дар 6 моҳи соли 2024 аз ҷониби кормандони соҳаи тиб, дар муасиссаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ 440971 нафар муроҷиаткунандагон қабул карда шудаанд, ки аз онҳо бо сабаби беморӣ 179214 нафаранд.
Дар байни аҳолӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, боғчаҳо, омӯзишгоҳҳо, корхонаҳо, бозорҳо, марказҳои хизматрасонӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ чорабиниҳои пешгирикунанда оиди бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ гузаронидааст.
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 24 маркази саломатии деҳот, 66 бунгоҳи саломатӣ, 21 нуқтаи саломатӣ фаъолият мекунанд.
Яке аз нишондодҳои асосии солимии ҷомеа ин сатҳи сиҳатии модару кӯдак мебошад. Аз ин рӯ, масъалаи сиҳатии модарон зери назорати доимии маъмурияти КАТС қарор дорад.
Иҷроиши барномаи синамаконӣ
Ҳамарӯза аз тарафи табибони машваратчӣ ва момодояҳо дар мактаби тайёрӣ ба зоиши партнёрӣ махсусан бо занҳои якум ҳомиладор суҳбатҳо гузаронида шуданд. Ҳамагӣ иштирокчиён 210 нафар.
Дар 6 моҳи соли 2024 бо 25 нафар, ки бо модару кӯдак сару кор доранд, дарсҳо гузаронида шуд. Бо 1 нафар нав ба кор қабул шудагон, ки 18 соата дарс гузаронида шуд. Дар байни занони фаъол дар минтақаҳо гурӯҳҳои дастгирикунанда оиди синамаконӣ ташкил карда шудааст. Дар 6 моҳи соли 2024 бо ҳамаи занҳои ҳомиладор ва ширмакон оиди 10 қадами ширмаконӣ маслиҳат дода шуд.
Дар 6 моҳи соли ҷорӣ адади санҷиши СБД (ЭКГ) ҳамагӣ 2270 нафарро ташкил мекунад. Калонсолон 2226 нафар, кӯдакони то 18-сола 44 нафар буда, ба 1121 нафар ба таври ройгон кӯмаки тиббӣ расонида шудааст.
Дар 6 моҳи соли ҷорӣ адади санҷиши фавқуссадо (УЗИ) ҳамагӣ 3020 нафарро ташкил медиҳад. Калонсолон 2938 нафар, кӯдакони то 18-сола 82 нафарро ташкил медиҳад, ройгон 118 нафар.
Нақшаву иҷрои он
Дар идомаи суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таъмини амнияти саломатии мардуми ноҳияи Рӯдакӣ чунин нақшаҳоро дар пеши худ таҳрезӣ кардаем:
- Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар байни кормандони тиб ва аҳолӣ омӯхта, иҷроиши он таъмин карда шавад.
- Кӯмаки аввалияи тиббиву санитариро дар Марказҳои саломатии ноҳиявӣ, Марказҳои саломатии деҳот ва хонаҳои саломатӣ беҳтар намуда, вазифаҳои дар пеш гузоштаи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустиро саривақт иҷро намоянд.
- Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббии фаврӣ.
- Хизматрасонии аввалияи тиббиро ба модарону кӯдакон беҳтар намуда, фавти онҳоро пешгирӣ намудан. Оиди иҷроиши Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди саломатии кӯдакон ва наврасон чораҳои зарурӣ андешида, паст намудани таваллудҳои хонагӣ ва ҳолатҳои фавти модарон.
- Эмгузаронии кӯдакони навзодро оиди пешгирии бемории сил беҳтар намуда, фарогирии онро ба 96-100 % расониданд.
- Иҷроиши барномаҳои миллии соҳаи тандурустӣ ва ташхису табобат аз рӯи протоколҳои клиникӣ дар муассисаҳои тиббии ноҳия.
- Ҳамаи қарору фармонҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, раиси ноҳия, ВТҶТ-ро саривақт ба кормандони тиббии ноҳия расонида, назоратро оиди иҷроиш таъмин намоянд.
- Сифати гузаронидани семинару машғулиятҳо, суҳбату вохӯриҳо дар байни кормандони тиб ва аҳолӣ беҳтар намуда, барои такмили ихтисос ва баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони тиб кӯшиш намуда, сафи дараҷаноки кормандони тибро зиёд намоянд.
- Баланд бардоштани маърифати тиббӣ дар байни аҳолии ноҳия.
Тарҳрезӣ намудани нақшаҳои корӣ барои соли 2025 оид ба беҳдошти хизматрасонии сохтори КАТС ва мувофиқа намудан бо ВТ ва ҲИАҶТ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, МСННР ва МСД-ро аз мутахассисон таъмин намудан, шароити корӣ ва бо таҷҳизҳои ҳозира замон таъмин намудан.
Шароити мувофиқ фароҳам овардан дар МСННР ва МСД-ҳо барои хизматрасонии беморони имтиёзнок (МҶБВ ва ИҶБВ ба онҳо баробар шудагон, модар ва кӯдак, маъюбони гурӯҳҳои 1, 2, 3).
Таъмини МСННР ва МСД-ҳо бо таҷҳизотҳои нав, аз ҷумла дастгоҳи флюрография.
Ҳамкорӣ бо дигар сохтору муассисаҳои ноҳия баҳри иҷроиши барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ идома дода мешаванд.
Албатта, он чи дар боло зикр кардем, нақшаву дастурҳое ҳастанд дар назди мо, ки барои пешрафти соҳаи тиб зина ба зина амалӣ хоҳем кард ва талоши мо низ бар он аст, ки саҳми арзандаи худро дар болоравии соҳаи тиб дар кишвар гузорем.
Нигора САИДБЕКОВА,
МТЖТ