Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Айнӣ ва Беморхонаи сарказии ноҳияи Айнӣ хабарнигори маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо роҳбари шабакаи мазкур Шокирзода М.Ҳ. ва сардухтури беморхонаи номбурда Авезов Қ.А. суҳбати ихтисоси анҷом дод ва фишурдаи онро пешакаши хонандагон менамоем.

Номбурдагон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки соҳаи тандурустӣ дар ҷомеа муҳим арёбӣ мегардад ва тавре Пешвои миллат дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, бо мақсади беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва рушди истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Роҳбарияти вазорат ҳамчунин вазифадор карда шуд, ки барои таъмин намудани аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда, ҷиҳати ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд ва барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Ҳамсуҳбатони мо илова карданд, ки мо- кормандони соҳаи тиб ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ карда, барои дар сатҳи баланд ба мардум хидмат расондан тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода хоҳем кард.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки бо мақсади таъмини аҳолӣ ба хизматрасонии тиббии муосир саҳми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ басо муҳим арзёбӣ мегардад.

Бояд изҳор намоем, ки солимии аҳолӣ ва ҷомеа танҳо аз соҳаи тандурустӣ вобаста набуда, фаъолияти дастаҷамъона, сафарбаркунии тамоми бахшҳо ва худи аҳолиро тақозо дошта ва албатта, оилаи солим бунёди ҷомеа ва давлатӣ солим мебошад.

Сохтор

Роҳбари КАТС-и ноҳия афзуд, ки дар КАТС- и  н. Айнӣ ҳамагӣ 54 адад муассисаҳои тиббӣ фаъолият мебаранд, ки аз он ҷумла -1 адад Маркази саломатии ноҳиявӣ, 21 адад марказҳои саломатии деҳот, 32 адад бунгоҳҳои саломатӣ мебошанд. Ғайр  аз он, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази солимии репродуктивӣ, Маркази ҳамбастагии кӯдакона, Маркази мубориза бо бемории сил ва Маркази ВНМО барои аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонанд.

Базаи кадрӣ

Роҳбари шабакаи мазкур қайд кард, ки айни ҳол 54 нафар табибон (табибони оилавӣ 22). 300 нафар кормандони миёнаи тиб, аз он ҷумла ҳамшираҳои тибби оилавӣ 98 нафар ба аҳлолӣ хизматрасонӣ менамоянд. Ҳамагӣ 357 нафар кормандони тиб фаъолият мекунанд. Дар сатҳи ноҳия дар 6 моҳи соли 2024 таъминокӣ 10 000 аҳолӣ бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ 9,8 ва бо мутахассисони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ 51-ро ташкил медиҳад.

Аз 54 табибон 12 нафар дорои тахассуси дараҷанокӣ (22,2%) буда, аз он ҷумла дараҷаи тахассусии олӣ 9 нафар, дараҷаи якум 2 нафар, дараҷаи 1 нафар ва мутахассисони ҷавон 13 нафарро ташкил  медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки 5 нафар аълочиёни соҳаи тандурустӣ фаъолият мебаранд.

Аз 300 нафар кормандони миёнаи тиб 110 нафар дорои тахассуси дараҷанокӣ (36,6%)  буда, аз аз он ҷумла дараҷаи тахассусии олӣ 69 нафар, дараҷаи якум 17 нафар, дараҷаи дуюм 24 нафар.

Чӣ тавре сардухтури БМН дар суҳбат ба мо қайд кард, дар муассисаҳои сохторӣ бистарикунонии ноҳия 332 нафар кормандон фаъолият мекунанд, аз он ҷумла 30 нафар духтарони  маълумоти оиладор, 9 бо категорияи олӣ, 2 нафар бо категорияи якум, 4 нафар категорияи дуюм, 145 нафар мутахасисони миёнаи тиббӣ фаъолият менамоянд, аз инҳо 18 нафарашон дорои дараҷаи тахассусӣ мебошанд. Дар давоми соли гузашта 40 корманди миёнаи тиббӣ, 3 табиб аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ гузаштанд. Дар соли равон бошад 2 табиб, 1 корманди миёнаи тиббӣ аз курси бозомӯзии касбӣ гузашта ва ин бозмӯзии кормандони тиб идома дорад.

Хизматрасонӣ

Дар идомаи суҳбат роҳбари КАТС-и ноҳия изҳор дошт, ки нишондоди ташриф дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия дар 6 моҳи соли ҷорӣ 18790 нафар, ки 1 нафар аҳолӣ 2,1 ташриф рост меояд.

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 754 нафар таваллуд шуд, аз он ҷумла 395 писар ва 359 духтар. Шумораи ҳисоботӣ 6,5 нисбат ба 1000 нафар аҳолӣ ташкил дод.

Таваллуд бо  буриши қайсарӣ ба 24 нафар. Дар ноҳия соли 2024 таваллуди хонагӣ 2 ҳодиса (0,3%) нисбати 1 (0,3%) ҳодисаи соли гузашта   ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи кӯдакони хатнашуда дар ноҳия 527 нафар. Шумораи никоҳи шарвандаҳое, ки аз оинаи тиббӣ гузаштаанд 191 нафар.

Ба 1-уми июни соли 2024 ҳамагӣ 2069 нафар маъюбон зери назорат қарор доранд. Калонсолон- 1712 нафар, Гуруҳи якум 208нафар, гуруҳи дуюм 988 нафар, Гуруҳи сеюм 1705 нафар, кӯдакони синни  то 18 сола 375 нафар, бори аввал 49 нафар, аз он ҷумла калонсолон – 26 нафар, 3-18 сола 23 нафар.

Таҳти назорати табибон 97 нафар дорандагони вируси ВНМО (СПИД) қарор доранд. Аз он ҷумла, 58 нафар мардҳо, 39 нафар занҳо мебошанд. Аз инҳо 90 нафар ройгон табобат гирифта истодаанд.

Бемории сирояти сил -17 ҳодиса  ба қайд гирифта шудааст, бемории брутселёз -5 ҳодиса ба қайд гирифтааст, инчунин дар муассисаҳои тандурустӣ гӯшаҳои гиёҳдармонӣ низ ташкил карда шудаанд.

Барномаҳои миллӣ аз руи нақша- чорабиниҳои тартибот шуда, амалӣ шуда истодаанд.

Сардухтури БМН дар ҷараёни суҳбат тазаккур дод, ки беморхонаи марказии ноҳия ба зиёда аз 90000 нафар аҳолии ноҳия ва ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ хизмати тиббӣ мерасонад.

Дар беморхонаҳо асосан бо қарори №600 ҳуҷраи рентгенӣ, СБД, шуъбаи  ҷарроҳӣ, шуъбаи бемориҳои дарунӣ, шуъбаи таваллудхона фаъолият мекунанд. Дар муасисаҳои сохтори бистарикунонии ноҳия ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии  тасдиқгардида мавҷуд буда, ҳамаи кормандон бо уҳдадориҳои вазифавии худ пурра шинос мебошанд.

Дар ноҳия 410 кат буда, дар соли равон 2910 бемор дохил шуда, 2858 нафар ҷавоб шудаанд. Нақшаи кат рӯз 49205, иҷроиш 32538 кат рӯз, ё ки 66,1%.

Дар ҳамин давра ташхиси рентгенӣ 116 нафар беморон гузаштаанд. Сабти барқии дил (ЭКГ) дар ТБМН ба 92 нафар, дар ноҳия 1299 беморон тариқи таъҷилӣ ва нақшавӣ гузаронида шуд. Ташхиси Ултрасадо 322 нафар, ФГС 48 нафар.

Дар давраи ҳисоботӣ амалиётҳои ҷарроҳӣ дар БМН ба 174 нафар беморон гузаронида шудааст, аз он ҷумла 93 ҷарроҳии фаврӣ ва 7 нафар ҷарроҳии пас аз садама.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь