Таърихчаи таъсисёбӣ

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор» бо фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 724 аз 16-уми июли соли 1986 ва Қарори кумитаи иҷроияи Совети депутатҳои халқии райони Ҳисори Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 1986 дар заминаи филиали дар ноҳияи Ҳисор будаи Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №148 аз 3-юми марти соли 2014 «Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ҳисор ба Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор табдил дода шуд.

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор” дар асоси талаботи қонунҳои давлатӣ, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои Раиси шаҳри Ҳисор, Оиннома ва дастурамал ба роҳ монда шудааст.

Дар партави дастурҳои Пешво

Бояд гуфт, ки давоми соли ҷорӣ роҳбарияти коллеҷ дар партави Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расониданд. Ҳамчунин, ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои созандагиву ободонӣ дар коллеҷи мазкур гузаронидани шанбегиҳои умумӣ пайваста доир карда мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки ҳамеша барои расонидани кумакҳои моддию молиявӣ ба оилаҳои камбизоат, маъюбон, ятимон, беморону барҷомондагон, бепарасторон ва дигар шахсони имконияташон маҳдуд дасти ёрӣ дароз намоем. Роҳбарияти Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор ин суханҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, ҳамасола дар доираи таҷлили ҷашнҳои миллию давлатӣ корҳои хайриявии назаррасро ба анҷом мерасонад.

Муассиса дар асоси оиннома ва талаботҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ фаъолона иштирок менамояд.

Пояҳои моддӣ -техникӣ

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор шакли таҳсил рӯзона ва шабона ба роҳ монда шуда, айни замон дар коллеҷ 3 деканат ва кафедраҳои «Фанҳои клиникӣ», «Момоӣ ва бемориҳои занона», «Фармакология ва фарматсия», «Фанҳои дақиқ», «Фанҳои гуманитарӣ», «Забонҳо» дар 4 бинои таълимӣ, 91 синфхона, 2 кабинети компютерии пайваст бо хатти интернет ва муҷаҳҳаз бо компютерҳои ҳозиразамон, китобхона бо хатти интернети ба компютерҳо васлшуда, инчунин махзани ғании дорои китобҳои дарсӣ, қироатхона бо 60 ҷои нишаст, тахтаҳоҳои электронӣ, 2 ошхона барои донишҷӯён, майдончаҳои варзишӣ барои бозиҳои футболу волейбол ва озмоишгоҳи кимиёвӣ фаъолият менамоянд.

Дар муассиса ихтисосҳои   2-790106 «Кори ҳамширагӣ» дар заминаи синфи 11 мӯҳлати таҳсил 3 (се) сол, заминаи синфи 9 мӯҳлати таҳсил 4 (чор) сол, 2-790102 «Кори момодоягӣ» дар заминаи синфи 11 мӯҳлати таҳсил 4 (чор) сол, 2-790103 «Кори тиббию – профилактикӣ» дар заминаи синфи 11 мӯҳлати таҳсил 3 (се) сол, 2-790104 «Кори тиббию – ташхисӣ» дар заминаи синфи 11 мӯҳлати таҳсил 3 (се) сол ва 2-790108 «Кори фарматсевтӣ» дар заминаи синфи 11 мӯҳлати таҳсил 3 (се) сол ва «Кори дандонсозӣ» 0133  мутахассисони миёнаи касбӣ тайёр менамоянд.

Базаҳои таълимӣ-таҷрибаомӯзии донишҷӯёни коллеҷи номбурда дар Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор, Маркази назорати давлатии санитарию-эпидемиологии шаҳр, Беморхонаи минтақавии №1-и шаҳр, Маркази саломатии шаҳр,  Беморхонаи бемориҳои сироятӣ, Беморхонаи гӯшу гулӯ ва бинӣ, Беморхонаи касалиҳои пӯст ва зуҳравӣ, Таввалудхонаҳои марказӣ, деҳаҳои Қалъаи Ҳисор, Турдибобо ҷойгир аст ва инчунин дар асоси шартномаи тарафайн дар муассисаҳои ҷумҳурӣ, муассисаҳои шахсӣ таҷрибаомӯзӣ мегузаранд.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассиса ба маъюбон ва ятимон имтиёзҳо дода шудааст ва бо мақсади ҳавасмандкунии донишҷӯёни гурӯҳҳои буҷавие, ки бо баҳои «хубу аъло» таҳсил менамоянд, бо идрорпулӣ ҳавасманд карда мешаванд.

Дастовардҳои донишҷӯён

Боиси хушнудист, ки дар асоси Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани маърифати илмомӯзӣ ва кашф намудани истеъдодҳои нодир озмунҳои “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ташкил карда шуд. Хушбахтона 3-нафар донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор Гулова Дилноза аз рӯи номинатсияи биология, Майрамов Бежан аз рӯи номинатсияи биология ва Боронов Сунатулло аз рӯи номинатсияи химия дар даври минтақавии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ва 1 нафар – Раҳимова Шукрона дар озмуни “Тоҷикистон – ватани азизи ман” сазовори ҷои аввал ва ифтихорӣ гардиданд, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи муассиса бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ободонӣ аз озодагист!

Ҳамзамон, як қатор корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба сомон расонида шуд.

– Таъмири капиталии биноҳои 1, 2 ва 3-и муассиса;

– Ташкил кардани китобхонаи электронӣ бо 16-адад компютер ва 1-адад доскаи электронӣ;

– Харидорӣ ва ҷамъоварии 5300 адад китобҳои нави таълимӣ;

– Бинобар сабаби зиёд гардидани донишҷӯён ва норасоии масоҳати таълимӣ бо Қарори Раиси шаҳри Ҳисор дар асоси шартнома Маркази имконияти ҷавонони шаҳри Ҳисор ба мувозинати муассиса гузаронида шуд;

– Муҷаҳҳазгардонии толорҳои лексионӣ бо мизу курсиҳои нав, тахтаи электронӣ ва кондитсионерҳо;

– Таъмир ва васеъ намудани ошхонаи донишҷӯён бо ғунҷоиши 120 нафар ва ҷавобгӯ ба талаботи замон;

– Бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” соли равон 1 озмоишгоҳи кимиёвӣ, 1 озмоишгоҳи дандонсозӣ бо лавозимоти зарурӣ ва 1 синфхонаи дастурамалӣ бо аёниятҳо ба истифода дода шуданд;

– 1 майдончаи варзишии футбол бо масоҳати 24 метр ба 45 метр сохта ба истифода дода шуд;

– 3 бинои таълимӣ аз қисмати берун пурра таъмири косметикӣ карда шуд;

– 30 компютер ва 1 ҷуфт сервер харидорӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Роҳбарияти Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор минбаъд низ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшиш ва талоши хешро дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ равона хоҳад сохт.

 МТЖТ

Муаррифинома

Баҳодур Баҳромович Раҷабов 20 июли соли 1988 дар ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рудакӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаб ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2010 бо ихтисоси стоматолог ва соли 2012 шуъбаи магистратураи донишгоҳи мазкурро хатм намудааст. Бо забонҳои русй, англисй ва туркӣ озодона сӯҳбат мекунад. Солҳои 2011-2017 ба ҳайси духтури стоматолог, солҳои 2017-2021 ҳамчун сартабиб дар Маркази саломатии деҳоти Айнии ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият кардааст. Моҳи марти соли ҷорӣ Баҳодур Баҳромович Рачабов директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллечи тиббии шаҳри Ҳисор таъйин гардид ва дар ин симмат ба адои вазифа шуруъ намуд. Дар давоми 10 соли фаъолияташ мавсуф ба беморони зиёд хизмати тиббӣ расонидааст. Айни ҳол Баҳодур Раҷабов унвонҷӯ буда, аз рӯи мавзӯи “Флюороз” зери унвони “Бемориҳои стоматологӣ дар байни кӯдакону наврасони истиқоматкунандагони минтақаи эндемии флюороз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои илмй-таҳқиқотӣ бурда истодааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь