Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан» хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо директори муассисам мазкур Раҷабов Илҳом Назарович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Директори коллеҷ бар ин назар аст, ки рушди соҳаи маориф бешубҳа ба рушди дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ва суханрониҳои худ ҳамеша таъкид месозанд, ки рушди соҳаи маорифи кишвар ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад.

Маълумоти умумӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Истаравшан аз соли 1991 дар асоси фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.04.1991таҳти №282 ҳамчун муассисаи таълимии мустақил фаъолият мекунад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014 таҳтии №148 ҳамчун Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ»- и шаҳри Истаравшан табдил дода шуд.

Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан ҳамчун муассисаи таълимии миёнаи касбӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббию ташхисӣ» «Кори тиббию профилактикӣ» «Кори фарматсевтӣ» ва «Кори момодоягӣ»  фаъолият менамояд.

Коллеҷ дар тобеияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ҳуқуқи додани дипломи маълумоти миёнаи тиббиро дорад.

Суроғаи ҳуқуқии Коллеҷи тиббӣ – Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Суғд, шаҳри Истаравшан, кӯчаи Гули сурх № 94 мебошад.

Коллеҷ фаъолияташро тибқи Оиннома амалӣ месозад, ки он дар Раёсати андозии шаҳри Истаравшан аз 20.04.2015 таҳти №0006330 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

Оинномаи коллеҷ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 – ноябри 2008 таҳти №512 «Дар бораи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон » ва санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маълумоти миёнаи касбӣ мураттаб гардидааст.

Коллеҷ дорои амволи давлатӣ бо ҳуқуқӣ идоракунии фаврӣ, баланси мустақил, суратҳисоб дар бонкҳо ва муҳри даврашакл бо Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Коллеҷ тибқи Стандарти давлатии маълумоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти таълимиро ба роҳ мондааст.

Заминаҳои моддию техникӣ

Дар рафти суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки бинои таълимӣ аз 2 – ошёна иборат буда, масоҳати умумии таълимгоҳ 2075,1 метри мураббаъ баробар аст. Тибқи шартнома дар беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан яке аз шуъбаҳои беморхона шӯъбаи бемориҳои пӯст дар асоси супориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати муайян ба миқдори 10 кабинетҳои таълимӣ ва дар собиқ шӯъбаи наркологии БМН шаҳри Истаравшан 6 кабинетҳои таълимӣ 1 лаборатория ва аз он ҷумла, дар шӯъбаҳои сироятӣ, ҷарроҳӣ, ҷарроҳии кӯдакона, бемориҳои дарунӣ, гӯшу бинӣ, бемориҳои пӯст, осебшиносӣ, эҳё, эҳёи кӯдакона, таваллудхона, маркази беҳдоштӣ, вогиршиносӣ, кӯмаки аввалияи тиббии санитарӣ ва умуман ҳамагӣ 22 синфхона ҳамчун утоқи таълимӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин утоқҳо асосан дарсҳои таҷрибавӣ-амалӣ гузаронида мешаванд.

Дар бинои таълимӣ 48-синфхонаи таълимӣ фаъолият доранд: анатомия, момодоягӣ, забони лотинӣ ва фармакология, физиология, педиатрия, 5- синфи Кори ҳамширагӣ, терапия, физикаи тиббӣ, химия ва биология, биохимия, микробиология, 2-лаборатория, 2-синфи ҷомеашиносӣ, 2-синфи лингофонӣ, 4-синфи омӯзиши компютерӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони хориҷӣ ва забони русӣ.

Раванди таълим дар коллеҷ дар ду давра гузаронида мешавад. Дар баробари ин, қайд кардан лозим аст, ки дарсҳои амалӣ асосан дар синфхонаҳои базавӣ, яъне утоқҳои дарсии шeъбаҳои беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан дар кабинетҳои дарсии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ гузаронида мешаванд.

Дар соли таҳсили 2021 барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ – техникии коллеҷ дар ҳамаи синфҳо системаи гармидиҳӣ гузаронида шудааст.

Дар бинои асосии муассиса майдончаи варзишӣ, қисми хоҷагӣ, китобхона ва бойгонӣ низ ҷойгир шудаанд. Бояд қайд кард, ки дар маҷмӯъ дар коллеҷ 49 адад ҳуҷраҳо, аз он ҷумла 43 синфхона, 6 ҳуҷраҳои корӣ мавҷуд мебошад.

Вазъи китобхона

Ҳамзамон, номбурда тазаккур дод, ки китобхонаи коллеҷ дар ошёнаи якуми бино ҷойгир шудааст. Қироъатхона барои 50 ҷойи нишаст ташкил карда шудааст. Бо фармоиши директори коллеҷ Шӯрои китобхона дар ҳайати 8-нафар таъсис дода шудааст. Дар соли таҳсили ҷорӣ китобҳои дарсӣ харидорӣ карда шуданд: назарияи иқтисодӣ, асосҳои равоншиноси умуми ва тиббӣ ва ғайраҳо.

Фонди умумии китобхона – 6400 адад китоб,  аз он ҷумла: китобҳои тиббӣ 4466 адад, китобҳои сиёсӣ 66 адад, китобҳои бадеӣ 1868 адад мебошад.

Инчунин, дар китобхона гӯшаи матбуот ташкил карда шудааст.

Дар назди китобхонаи муассисаи таълими боз як ҳуҷраи китобхонаи электронӣ, ки 16 ҷои нишаст мавҷуд аст, зиёда аз 1241 адад китобҳо мавҷуд буда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидат менамояд.

Таъминоти кадрӣ

Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд кард, ки миқдори кормандони маъмурӣ ва ёрирасон дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ 31,5 воҳиди кориро ташкил медиҳад.

Дар соли таҳсили 2022-2023 як саду шаш нафар омӯзгори асосӣ ва 80 нафарро омӯзгорони ҳамкор фаъолият мебаранд. Аз 106 нафар омӯзгорони асосӣ 33 нафарашонро (31,1 %) омӯзгорони маълумоти олии тибби тахассусӣ, 12 нафарашонро (11,3 %) омӯзгорони маълумоти миёнаи махсуси тиббӣ ва 61 нафарашон 57,5 %  маълумоти олии омӯзгорӣ мебошанд.

Тарбия

Ҳамзамон, мавсуф дар рафти суҳбат изҳор дошт, ки аз рӯи нақшаи тарбиявӣ дар нӯҳ моҳи соли таҳсили 2021-2022 дар Коллеҷи тиббӣ як қатор корҳои  тарбиявӣ гузаронида шуданд.

Санаи 6-январи соли 2022 дар толори Коллеҷи тиббӣ бо иштироки вакилони мардумӣ Тоҷибоев Шарифҷон, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Моҳира Раҳимзода, котиби масъули рӯзномаи “Сухани халқ”, Ҳоҷиев Абдуфаттоҳ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Ҳомидов Сомон, сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар таърихи 11.01. соли 2022 дар маҷлисгоҳи коллеҷи тиббӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Миркаримзода М.М.- сардори шӯъбаи ШПОНХНҶТ ШВКД ҶТ дар ш. Истаравшан, майори милитсия, Қурбонзода Б.А.- нозири ШОПХНҶТ ШВКД ҶТ дар ш. Истаравшан, капитани милитсия, директори Коллеҷи тиббӣ Раҷабов И. Н., ҷонишини директор оид ба таълим Ризоқулов Т. М., ҷонишини директор оид ба корҳои тарбия Ёқубов Р. С. ва омӯзгорон ҷамъомад оид ба “Шомилшавии ҷавонон ба терроризм ва экстремизм ва пешгирии он” бо донишҷӯён ва омӯзгорон баргузор гардид.

22.02. соли 2022 дар маҷлисгоҳи коллеҷи тиббӣ намоиш аз тарафи гурӯҳи 101 (9) ихтисоси “Кори ҳамширагӣ”, чорабини бахшида ба 29 солагии таъсисёбии “Артиши миллӣ” баргузор гардид.

Дар таърихи 28.02. соли 2022 дар маҷлисгоҳи Коллеҷи тиббии ш. Истаравшан маҷлис бо роҳбарони гурӯҳҳо оиди ӯҳдадориҳои вазифавии роҳбарони гурӯҳҳо, фаъолияти кории онҳо, натиҷагирии фаъолияти роҳбарони гурӯҳҳо, гузаронидани соатҳои тарбиявӣ тибқи мавзӯъҳои аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, гузаронида шуд.

7-уми марти соли ҷорӣ дар толори коллеҷи тиббӣ  чорабинии идона бахшида ба Рӯзи модарон ва бонувон гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ донишҷӯёни доир ба модар шеъру сурудҳо, саҳнача, рақс, аллаи модар, келинсалом ва миниатураҳои ҳаҷвиявиро пешкаши тамошобинон карданд.

Дар таърихи 21-уми марти соли 2022 дар варзишгоҳи шаҳри Истаравшан ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид. Наврӯз, ки яке аз ҷашнҳои қадимаи миллати тоҷик мебошад, бо мақсади таҷлили бошукӯҳи ин ид, дар варзишгоҳи  марказии шаҳри Истаравшан барномаи консертии наврӯзӣ гузаронида шуд, ки дар он омӯзгорон ва зиёда аз 600 нафар донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ш. Истаравшан фаъолона иштирок варзиданд.

Ҷамъомади омӯзгорон ва роҳбарони гурӯҳҳои Коллеҷи тиббии ш. Истаравшан санаи 15.04. соли 2022 дар маҷлисгоҳи коллеҷи тиббӣ гузаронида шуд. Дар ин ҷамъомад ҷонишини директор оид ба таълим оиди фаъолияти омӯзгорон мувофиқи ӯҳдадориҳои вазифавӣ сухан гуфта, аз омӯзгорон талаб намуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён кӯшиш ба харҷ диҳанд. Аз тарафи ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ барои доимо ба тартиб даровардани низоми таълим ва тарбия, комиссия оид ба назорати сари вақт ба аудитория дохил шудани донишҷӯён ва ҳам омӯзгорон, ба рӯйхат даровардани донишҷӯён ва омӯзгорони деромада, ба тозагии ҳуҷраҳо, сару либоси тавсиявии донишҷӯ ва ҳам омӯзгорон, намуди зоҳирии донишҷӯ ва омӯзгорон, аз рӯи ҷадвал гузаронидани машғулиятҳо ва соатҳои тарбиявӣ, ташкил карда, бо роҳбари муассиса тасдиқ карда шуд.

Бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва бо иштироки донишҷӯён санаи 21.05. соли 2022 чорабинии илмӣ-фарҳангӣ, яъне озмуни ду гурӯҳ гузаронида шуд. Донишҷӯёни бахши якуми коллеҷи тиббӣ дар озмун фаъолона ширкат варзиданд.

Ва бояд тазаккур диҳам, ки донишҷӯён ва омӯзгорони коллеҷ дар ҳама чорабиниҳои фарҳангиву сиёсии кишвар фаъолона иштрок меварзанд.

Таълими амалӣ ва таврибаомӯзӣ

Мавсуф дар ҷараёни суҳбат изҳор дошт, ки дар коллеҷи машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзии таълимии истеҳсолӣ ва таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ-қабл аз дипломӣ аз рӯйи нақшаи таълимӣ ва аз рӯи Низомнома оид ба таълими амалӣ, таҷрибаомӯзӣ дар коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Кор дар самти муҷаҳҳаз намудани утоқу лабораторияҳо аз фанҳои амалӣ бо таҷҳизотҳо, асбобҳои айёнӣ, тиббӣ ва техникӣ, дастрас намудани воситаҳои техникии замонавӣ барои истифода дар машғулиятҳои амалӣ аз тарафи омӯзгорон ва маъмурият рафта истодааст.

Машғулиятҳои амалии ҳамаи бахшҳо аз рӯйи ҷадвали машғулиятҳои аз тарафи директори коллеҷ тасдиқшуда, ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, хатмкунандагони соли таҳсили 2021-2022 аз 27 апрели соли 2022 то санаи 14 июни соли ҷорӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзии қаблидипломӣ ба шӯъбаҳои беморхонаи марказии шаҳру ноҳияҳо, марказҳои саломатӣ ва дорухонаҳо ҷамъбаст надмуданд.  Барои дар савияи баланд гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзии қаблидипломӣ сол аз сол пойгоҳҳои таълимӣ-амалӣ дар бинои асосӣ ва дар заминаҳо (беморхонаи марказии шаҳр, маркази саломатии шаҳр) ва дар дигар муассисаҳои муолиҷавии шаҳр васеъ ва бо таҷҳизотҳои лозимӣ таъмин шуда истодаанд, ки он ба боз ҳам амиқтар аз худ намудани машғулиятҳо мусоидат менамояд.

Таъмири эстетикии заминаи таҷрибаомӯзии воқеъ дар беморхонаи марказӣ бо қувваи худӣ гузаронида шуд.

Илмӣ ва методӣ

Ҳамчунин, номбурда изҳор дошт, ки ҳисоботи кори методисти коллеҷи тиббӣ дар нуҳ моҳи соли 2022 фаъолияти методии коллеҷ дар асоси нақшаи корҳои методии коллеҷ, ки он дар ҷаласаи шӯрои методии коллеҷ тасдиқ гардидааст, бо роҳ монда шудааст.

Нақшаи корӣ аз 8 фасл (ҳадаф, вазифаҳои асосӣ, ҳафтаҳои фаннӣ, нақшаи корҳои методӣ, нақшаи кор бо омӯзгорони ҷавон, ташкили семинар барои омӯзгорони ҷавон) иборат аст.

Ороиши ҳуҷраи методӣ, кабинетҳои фаннӣ ба талаботи замон мувофиқ мебошанд, дар кабинети методи стендҳои «Нури коллеҷ», «Шарафу иззат – натиҷаи меҳнат», «Таҷрибаи пешқадам», «муваффақиятҳои омӯзгорон», «Ифтихори мо» мавҷуд аст, дар он кор ва фаъолияти омӯзгорони пешқадам кор ва фаъолияти омӯзгорони пешқадам нишон дода шудааст, боз гӯшаи «Ёрии методӣ ба омӯзгорон» ва «Корҳои илмӣ методии омӯзгорон» ҳастанд, ки омӯзгоронро бо навигариҳои методҳои корбарии омӯзгорони дигар коллеҷҳо бохабар мекунад ва корҳои илмӣ методии омӯзгорони коллеҷ шинос менамоянд.

Нақшаи дарсҳои кушод, ки омӯзгорони пешқадам дар нимсоли дуюм мегузаронанд мавҷуд мебошад.

Аз рӯи нақша омӯзгорони зерин:

Исматуллозода Фирдавс аз фанни «Физикаи тибби ва биологӣ» мавзӯ «Қонуни кулон».

Фозилхонова Раиса аз фанни «Асосҳои кори ҳамширагӣ бо курси тақиқоти илмӣ ва менеҷменти ҳамширагӣ», мавзӯ «Омодасозии система барои рехтани маҳлулҳо инфузионӣ».

Сангинов Раҳим аз фанни «Кимиёи биологӣ ва биорганикӣ», мавзӯ «Методикаи таълимӣ».

Обидова Зайнура аз фанни « Асосҳои кори ҳамширагӣ бо курси тақиқоти илмӣ ва менеҷменти ҳамширагӣ», мавзӯ «Заҳролудшавӣ хунравӣ аз меъдаю рӯда, ёрии аввалиндараҷа».

Дар фароварди суҳбат ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки мо мекӯшем сатҳу сифати таълим беш аз пеш дар коллеҷ беҳтар гардонем ва дар тарбият намудани мутахассисони баландпоя ҳама имкониятҳоро истифода хоҳем бурд. Ҳамзамон, ҳайати кормандони коллеҷ талош доранд, ки саҳми худро дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб гузоранд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь