Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо директори муассисам номбурда И. Мӯсоев суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Номбурда дар оғози суҳбат иброз дошт, ки рушди соҳаи маориф бешубҳа ба рушди дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ва суханрониҳои худ ҳамеша таъкид месозанд, ки рушди соҳаи маорифи кишвар ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад.
Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.03.1999 сол таҳти №100, Фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.04.1999 сол таҳти №141 «Оиди табдил додани омӯзишгоҳҳои тиббӣ ба коллеҷи тиббӣ» таъсис дода шудааст. Коллеҷ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва Қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (вобаста ба нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, қоидаҳои қабул, литсензиякунонӣ ва аккредитатсия мутобиқи низомномаи онҳо), Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва нақшаҳои таълимӣ ба роҳ мондааст. Коллеҷи тиббӣ мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.соли 2008 таҳти №512 «Дар бораи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, дорои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мебошад.
Дар коллеҷ шуъбаҳои кори момодоягӣ бо тахассуси момодоя, кори табобатӣ бо тахассуси ҳамшираи (бародари) тиббӣ-оилавӣ, кори ҳамширагӣ бо тахассуси ҳамшираи тиббӣ, кори табобати дандон, кори дандонсозӣ бо тахассуси техники дандон, кори фарматсевтӣ бо тахассуси ёрдамчии фармасевт ва шуъбаи шабона аз рӯи ихтисосҳои кори ҳамширагӣ ва кори фарматсевтӣ амал менамояд.
Фаъолияти кафедра ва факултетҳо
Номбурда иброз дошт, ки дар коллеҷ чор факултет – кори табобатӣ, кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ ва кори фармасевтӣ фаъолият мекунад.
Дар факултети кори табобатӣ мутахассисон бо ихтиссоси ҳамшира (бародари) тиббӣ-оилавӣ омода карда мешаванд. Теъдоди донишҷӯён дар факултет 708 нафар буда, донишҷӯдухтарон 544 ва писарон 164 нафарро ташкил медиҳанд. Дар гурӯҳҳои буҷавӣ 276 нафар ва дар гурӯҳҳои шартномавӣ 432 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Дар факултет кафедраҳои тиббӣ-оилавӣ, бемориҳои амрози даруна ва бемориҳои кӯдакона фаъолият менамояд.
Фаъолияти факултети кори момодоягӣ дар асоси Низомнома ба роҳ монда шуда, дар назди он кафедраи «Момоӣ ва бемориҳои занона» ва кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва табии риёзӣ ташкил карда шудааст. Теъдоди донишҷӯён дар факултет 898 нафар духтарон буда, дар гурӯҳҳои буҷавӣ 341 нафар ва гурӯҳҳои шартномавӣ 557 нафар донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд.
Дар факултети кори ҳамширагӣ 3 шуъба муттаҳид карда шудааст:
Шуъбаи кори ҳамширагӣ (рӯзона ва шабона), теъдоди донишҷӯён ҳамагӣ 963 нафар (духтарон 867 нафар ва писарон 96 нафар), дар гуруҳҳои буҷавӣ 236 ва шартномавӣ 727 нафар таҳсил менамоянд. Шуъбаи кори тиббӣ-ташхисӣ, ҳамагӣ 18 нафар (духтарон 13 нафар, писарон 5 нафар), ба тариқи буҷавӣ 11 нафар ва шартномавӣ 7 нафар таҳсил менамоянд. Шуъбаи кори тиббӣ-профилактикӣ, ҳамагӣ 9 нафар донишҷӯ (духтарон 5 нафар, писарон 4 нафар), ҳама дар гуруҳҳои буҷавӣ таҳсил менамоянд.
Дар факултети кори фармасевтӣ 2 шуъба муттаҳид карда шудааст:
Шуъбаи кори фармасевтӣ (рӯзона ва шабона), шартномавӣ, теъдоди донишҷӯён 495 нафар (духтарон 220 ва писарон 275 нафар). Шуъбаи кори дандонсозӣ, шартномавӣ, донишҷӯён 56 нафар (духтарон 14 ва писарон 42 нафар), табобати дандон, шартномавӣ, донишҷӯён 16 нафар, (духтарон 3 ва писарон 13 нафар).
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, азхудкунии маҳорату малакаи касбӣ ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббии ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯбуда, дар Коллеҷи тиббӣ аз соли 2017 тарзи кафедравии таълим ташкил карда шудааст. Айни ҳол дар коллеҷ 8 кафедра фаъолият менамояд:
- Кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва табии риёзӣ.
- Кафедраи момоӣ.
- Кафедраи тибби биологӣ.
- Кафедраи фарматсевтӣ.
- Кафедраи забонҳо.
- Кафедраи ҷарроҳия ва кори ҳамширагӣ.
- Кафедраи тиббӣ-оилавӣ.
- Кафедраи амрози даруна ва кӯдакона.
Мудирияти муассиса
Идоракунии коллеҷ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Оинномаи коллеҷ сурат мегирад.
Идоракунии умумии коллеҷ аз тарафи Шӯрои илмӣ-педагогӣ (органи олии худидоракунӣ) ба роҳ монда шуда роҳбарии онро директори коллеҷ ба ӯҳда дорад.
Вобаста ба миқдори донишҷӯён ва ҳаҷми кор дар коллеҷ, дар ҷадвали воҳидҳои кории он, ки Вазорати тандурустии ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, вазифаҳои зерин пешбинӣ карда шудааст: ҷонишини директори коллеҷи тиббӣ оид ба корҳои таълимии коллеҷ, таълимӣ, амалӣ, тарбиявӣ; сармуҳосиб, ёрдамчии сармуҳосиб, мудирони факултаҳо, мудирони кафедраҳо, методист, роҳбари тарбиявии ҷисмонӣ, сардори шуъбаи кадрҳо, китобдор ва хазинадор. Баъди ворид шудан ба низоми кредитии таҳсилот воҳидҳои кории сардори шуъбаи бақайдгирӣ, эдвайзерҳо ва мудири қисми таълим тасдиқ карда шуд.
Коллеҷ барои пешбурди фаъолият аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо иҷозатномаи (литсензияи) хадамоти аттестатсия, акредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илм ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро (шаҳодатномаи силсилаи Т–ИФ № 0000196, аз 25.12. 2020с.) соҳиб аст ва аз аккредитатсияи давлатӣ низ гузаштааст (шаҳодатномаи силсилаи ВМИ № 0000078 аз 31. 08. 2019 с.). Оинномаи коллеҷ аз 09. 02 соли 2015 №109 бо фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.
Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз калонтарин таълимгоҳҳои миёнаи касбӣ дар вилояти Хатлон мебошад.
Ҳоло теъдоди донишҷӯён дар коллеҷ ҳамагӣ 3163 нафар (дар гурӯҳҳои буҷавӣ 873 нафар ва шартномавӣ 2290 нафар) таҳсил менамоянд. Шумораи донишҷӯдухтарон 2564 нафар ва писарон 599 нафар мебошанд. Аз ҷумла, дар шуъбаи рӯзона 2357 нафар (духтарон-1967, писарон 390 нафар), дар шуъбаи шабона 806 нафар (духтарон – 597, писарон 209 нафар) таҳсил мекунанд.
Базаи кадрӣ
Доир ба вазъи таъминоти кадрӣ мавсуф иброз дошт, ки айни ҳол дар коллеҷ 276 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд, ки шумораи омӯзгорони асосӣ 159 нафар буда, 94 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Дар соли хониши нав ба Коллеҷи тиббӣ 38 нафар омӯзгорони асосӣ ба кор ҷалб карда шуданд, ки аз онҳо 12 нафарашон омӯзгорни ҷавон мебошанд.
Теъдоди омӯзгорони соатбайъ 116 нафар буда, бештари онҳоро омӯзгорони собиқадор ва пуртаҷриба ташкил медиҳанд. Гузаронида шудани машғулиятҳои омӯзгорони соатбайн мунтазам аз ҷониби роҳбарияти коллеҷ ва мудирони кафедраҳо назорат карда шуда, ба онҳо маслиҳатҳои методӣ ва тавсияҳо дода мешаванд. Дафтарҳои синфӣ, ҷараёни таълим (назариявӣ ва амалӣ) мунтазам санҷида шуда, дар ҷаласаҳои назди директор баррасӣ ва муҳокима мешаванд.
Тибқи нақша аз ҷониби шуъбаи таълим ва мудирони кафедраҳо бо омӯзгорони ҷавон ва соатбайъҳо семинари омӯзиши доир ба қайди дурусти мавзӯъҳои дарсӣ ва мутобиқати онҳо бо барномаи таълимӣ, меъёри баҳогузорӣ ва дигар мавзӯъҳо доир ба ҷараёни таълим тааллуқдошта дар аввали моҳи сентябр гузаронида шуд. Аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои таълимӣ ҷадвали дурнамои гузаштани курси такмили ихтисоси омӯзгорони коллеҷ таҳия карда шуд.
Дар коллеҷи 120 синфхона бо таҷҳизотҳо ва асбобу аёниятҳои таълимӣ таҷҳизонида шудааст. Дар синфхонаҳои кафедраҳо таҷҳизоти компютерӣ ва тахтаи электронӣ гузошта шуда, бисёрии машғулиятҳо бо истифодаи онҳо гузаронида шуда истодааст. Дар кафедраҳои ҷарроҳия, момоӣ, тибби оилавӣ, кори ҳамширагӣ, химия, тибби биологӣ, кори ҳамширагӣ дар терапия ва педиатрия, фармакология, машғулиятҳо ба тариқи дарс–лексия ташкил карда шудааст. Бо гузаштан ба низоми кредитии таҳсилот дар ҳамаи кафедраҳо дар миқдори зиёди фанҳо дарс–лексия ташкил карда шуда, синфхонаҳои лексионӣ барои гузаштани лексияҳо омода карда шуданд.
Дар давоми семоҳаи аввали соли 2022 ба коллеҷ 73 адад компютер, 15 адад принтер ва таҷҳизотҳои нави таълимӣ, аз ҷумла 50 адад миз, 348 адад курсӣ, 30 адад ҷевонҳои хурд (тумбочка) ва барои хобгоҳи назди коллеҷ 1110 м2 “ковралин” ворид карда шуд.
Дар коллеҷ маркази тестӣ ташкил карда шуда, муттамарказонида шудааст. Ҳамаи имтиҳонҳои сессияи зимистонаю тобистона ва рейтингҳо дар бахшҳои якум, дуюм ва сеюм дар маркази тестӣ гузаронида шуд.
Шароити манзилию маишии донишҷӯён
– Барои донишҷӯдухтарон хобгоҳ фаъолият менамояд, ки айни ҳол дар он 210 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдаст истиқомат менамоянд. Дар таътили тобистона ҳамаи ҳуҷраҳои хобгоҳ ва роҳравҳо аз таъмири хушсифат бароварда шуда, бо ашёҳои лозимӣ таъмин карда шуд. Дар хобгоҳ китобхона, ду қироатхона, ду хонаи истироҳатӣ, ду ҳуҷра барои шустушӯ, се нуқтаи хӯрокпазӣ мавҷуд аст. Ҳолати беҳдории хобгоҳ ҳамарӯза аз ҷониби омӯзгорони навбатдор назорат карда мешавад. Ҳар моҳ вохӯрии роҳбарияти коллеҷ бо донишҷӯдухтарони хобгоҳ гузаронида шуда, доир ба масъалаҳои мубрами рӯз суҳбатҳо гузаронида мешавад. Дар хобгоҳ маҳфилҳои омӯзишии забони англисӣ, забони русӣ ва забони тоҷикӣ фаъолият менамояд. Ғайр аз ин, духтарони хобгоҳ дар чорабиниҳои фарҳангию варзишии коллеҷ, шаҳр ва вилоят фаъолона иштирок менамоянд, – зикр кард И. Мӯсоев.
Китобхонаи коллеҷ
Дар идомаи суҳбат номбурда афзуд, ки дар китобхонаи коллеҷ 26 ҳазору 770 адад китоб мавҷуд буда, теъдоди китобҳои таълимӣ ва тахассусӣ 12753, таълими умумӣ 700, адабиётҳои методӣ 1072, адабиётҳои бадеӣ 2 707 ва адабиёти мухталиф 90 ададро ташкил медиҳанд.
Барои баланд бардоштани завқу маҳорати донишҷӯён дар коллеҷ маҳфилҳои адабӣ, мизҳои мудаввар ташкил карда шуда, озмуни «Китобхони беҳтарин» дар байни донишҷӯён гузаронида мешавад. Ғолибони озмуни «Китобхони беҳтарин» дар моҳи феврали соли ҷорӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. Иштирокчиёни фаъоли озмун дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ» ва «Илм – фурӯғи маърифат», ки дар коллеҷ гузаронида шуд, иштирок намуда, донишҷӯ Ширини Мирбадал ба даври дуюми озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ» роҳ ёфт.
Дар китобхона дафтари алоҳида барои феҳрести китобҳо ва рӯйхати китобҳои барои мутолиа тавсияшуда ташкил карда шудааст. Шӯрои китобхона бо 5 нафар аъзо фаъолият менамояд. Аъзоёни китобхона 95,4 % донишҷӯёнро ташкил медиҳад. Бо супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри самаранок истифода намудани вақтҳои холигии донишҷӯён махсусан дар вақти таътил аз ҷониби роҳбарони гурӯҳҳо корҳои таблиғотию ташфиқотӣ ҷиҳати мутолиаи китобҳои бадеӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, китобҳои дарсӣ гузаронида мешавад.
Китобхонаи электронӣ аз соли 2012 фаъолият менамояд, ки дар 4 синфхонаи электронӣ 60 адад компютер мавҷуд буда, ҳамаи онҳо ба шабакаи интернет пайваст мебошад.
Дар китобхонаи электронии коллеҷ лексияҳои омӯзгорон ҷойгир карда шудааст ва дар он беш аз 5000 номгӯи китобҳо мавҷуд мебошад.
Аз ҷониби омӯзгорони асосии коллеҷ 25 адад адабиётҳои таълимӣ (1-китоб ва 24-дастур) ва ҳамаи фанҳое, ки дарс мегузаранд модули таълимӣ таҳия карда шудааст.
Бунгоҳи тиббӣ
–Дар коллеҷ аз соли 2010 бунгоҳи тиббӣ фаъолият менамояд. Аз ҷониби мудири бунгоҳ ҳамарӯза ҳолати санитарию беҳдории бинои таълимӣ, ҳуҷраҳои таълимӣ ва ошхонаи донишҷӯён санҷида мешавад. Дар бунгоҳ дафтари махсус барои қайди беморон ташкил карда шудааст. Аз ҷониби мудири бунгоҳ ба маризон ёрии аввалин расонида мешавад. Дар ҳар семоҳа барои дастрасии маводи доругӣ ба роҳбарият дархост пешниҳод карда мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ 47 нафар кормандони коллеҷ аз муоинаи тиббӣ гузаштанд ва гузаштан аз муоинаи тиббӣ тибқи нақша ба роҳ монда шудааст. Дафтарчаҳои санитарии кормандон дар бунгоҳ нигоҳ дошта мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ дар дафтари қайди беморон 24 нафар донишҷӯ ба қайд гирифта шудааст, ки 7 нафари онҳо бемории шадиди роҳи нафас мебошад. Ҳамаи омӯзгорон ва кормандони коллеҷ барои пешгирии бемории сироятии “COVID-19” эмгузаронӣ карда шуданд, – илова кард номбурда.
Банақшагирӣ ва ташкили ҷараёни таълим
Доир ба ташкили ҷараёни таълим ва банақшагирӣ дар муассиса И. Мӯсоев қайд кард, ки ҷараёни таълим тибқи нақшаҳои таълимӣ, ки бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст. Тибқи нақшаҳои таълимӣ ҷадвали раванди таълим тартиб дода шуда, аз ҷониби директор тасдиқ карда шудааст ва дар асоси он ҷадвали машғулиятҳо таҳия гардида, бо иттифоқи касабаи коллеҷ мувофиқа карда шудааст. Раванди таълим ва иҷроиши он мунтазам аз ҷониби маъмурияти коллеҷ назорат карда мешаванд. Масъалаҳои санҷиши фанҳои таълимӣ мутобиқати онҳо ба нақша ва барномаҳои таълимӣ ва азхудкунии дониши донишҷӯён дар Шӯрои омӯзгорон дида баромада мешавад.
– Хулоса, роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» зарурияти ҳар тадбиру вазифаи дар самти таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ба миён гузошташударо хуб дарк намуда, пайи иҷрои онҳо тамоми имкониятҳоро амалӣ месозанд. Мо – омӯзгорон ва масъулони соҳа ба дастовардҳо ва корҳои то имрӯз анҷомдодаамон қаноат накарда, дар оянда низ талош ба беҳтару хубтар гардидани сифати таълим ва тарбияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ хоҳем кард, – қайд кард дар анҷоми суҳбат мавсуф.
Нақшаи қабули донишҷӯён дар Муассисаи давлатии таълими «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» барои соли таҳсили 2022-2023