Имрӯз бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор раисони шаҳру ноҳияҳо иваз шуданд ва дар вазоратхонаҳо низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Чуноне хабар дода будем, Сатторӣ Изатулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва Салимзода Амонулло Файзулло вазири кишоварзӣ таъйин гардид.
Тибқи фармонҳо Саломзода Сиҷоуддин аз вазифаи раиси шаҳри Исфара, Сулаймонзода Акрам Раҳим аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамен, Салимзода Комил аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, Раҷабзода Муҳаммадҷобир аз вазифаи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз аз вазифаи раиси шаҳри Бохтар, Зоирзода Маърифат Оймаҳмад аз вазифаи раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод гардиданд.
Сулаймонзода Акрам Раҳим иҷрокунандаи раиси шаҳри Исфара, Нуъмонзода Темур иҷрокунандаи раиси ноҳияи Спитамен, Қудратзода Тоҳир Толибӣ иҷрокунандаи вазифаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, Бобозода Хайрулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, Саломзода Сиҷоуддин иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар, Ҷалилзода Шералӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таъйин гардиданд.
Ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар аз вазифаи раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуғаффорзода Нуъмон Абдуғаффор аз вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нозанинзода Нусратулло Бодом аз вазифаи муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мусоев Нусратулло ва Саидова Ҷамила аз вазифаи муовинони вазири кишоварзӣ, Амонзода Ширин Шодӣ аз вазифаи муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матробиён Саодатшо Қосимзода аз вазифаи муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод шуданд. Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амонзода Ширин Шодӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Саъдӣ Ғаффор муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Муҳаммадёрзода Усмон Маъмур ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур таъйин гардиданд.
Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз дар мувофиқа бо Президенти кишвар муовини якуми раиси вилояти Хатлон таъйин гардид.