Мувофиқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми феврал то 23-уми марти соли равон 5 ҳазору 38 нафар шаҳрванде, ки аз кишварҳои хориҷа ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба қарантин  фаро гирифта шудаанд.

Аз ин шумора то 23-уми март 1 ҳазору 981 нафари онҳо пас аз санҷиш ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3 ҳазору 57 нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии кишвар ба қарантин фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар миёни шаҳрвандони дар қарантинбуда 107 нафар хориҷӣ низ ҳастанд.

То таърих зикргардида дар Маркази тиббии шаҳрии рақами 1-и пойтахт 369 шаҳрванде, ки аз чанд кишвари хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, ба қарантин фаро гирифта шудаанд.

Тӯли чанд рузи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе шаҳрвандони дар қарантин буда аз шароити зисту зиндагии худ шикоят мекарданд ва наворҳо аз макони барои қарантина муқараршуда низ пахш гардид. Вазорати тандурустӣ хабар дод, нафароне, ки дар ҷойҳои на он қадар хуб ба қарантин фаро гирифта шуда буданд, ба маконҳои дорои шароит ва имконоти хуб интиқол дода шудаанд.

Мувофиқи иттилои Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон то имрӯз сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо аз сокинон даъват ба амал оварда мешавад, ки тамоми дастурҳои гигиении муқараршударо риоя кунанд ва аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь