(аз равзани ТВ соате пас аз тамошои дидор)

Оғози бозӣ: Баройи баччаҳои мо оғози ҳаяҷонӣ буд, ҳадди ақалл то даҳ дақиқаи аввал. Ҳатто боре ҳам сутуни дарвоза балогардони мо шуд, камеруниҳо наздик буд, ки дарвозаи моро боз кунанд.

Онҳо дар замини мо тақрибан тасаллути комил доштанд, пуртаҳаррук, ҷанганда буданд, бештар аз ҷиноҳ ҳамла меоварданд – аз чапу рост. Он гоҳ мо тадриҷан ба худ омадем, майдонро ламс кардем ва набзи бозиро ба даст гирифтем. Дастаи мо риволи зиддиҳамларо пеш гирифта буд, зеро ҳарифи аз диди баданию фаннӣ пурқувватеро пеши рӯ доштем. Аммо бозикунҳои хатти миёнаи мо бармало кам меоварданд ва ҳариф озодона тӯбро аз пеши пойи онҳо мегирифт. Нимаи нахуст, бидуни раддубадали гол – ҳич бар ҳич, аммо бо бартарии нисбии камеруниҳо поён ёфт, онҳо дар майдон тасаллути бештар доштанд, бештар молики туп буданд ва аз дуру наздик чандин бор зарбаҳои хатарноке ба дарвозаи мо навохтанд…

Нимаи дувум: Соз дигар шуд, ҳавои майдон тағйир ёфт, шогирдони Зайнуддин Раҳимуф ба худ омаданд, дигар мо на он дастае будем, ки дар нимаи нахуст ба ҳариф имкони дилхоҳ медодем. Комеруниҳо дақиқан интизори чунин тағйири вазъ набуданд, ба ваҳм уфтоданду дастпоча шуданд. Зеро се дақиқа гузашту дарвозаашон боз шуд. Голи ҳаққу ҳалол аз нуқтаи пеналтӣ ва иҷрои устодонаи бозикуни мо! Аммо, боз ҳам шояд камеруниҳо интизор надоштанд, ки Тоҷикистон бо ҳамон ғайрату ғурури хосси хеш миҳори рақобатро аз даст надода ва пур аз туғёну хуруш ихтиёри ин ҷидоли ҳассоро дар даст дошта буд ва пас аз чоряк соъат голи дувумро ба зебоию мумтозӣ вориди дарвозаи рақиб кард. Мутаассифона, довар ва видиёзабт ҳаққи моро хӯрданд, заҳмати моро нодида гирифтанд ва он голро дар камоли таъаҷҷуби ҳаводорон норавою мардуд шумурданд. Аммо, гӯиё ин баройи ин довар кам буд, ки боз ба ёри мо корти сурх нишон медиҳад. Зиҳӣ бетараҳҳумӣ, зиҳӣ ноинсофӣ!..

Поёни бозӢ: Мо даҳнафара, дар майдонем, як кас кам дорем, аммо, бибинед, намеҳаросем, баръакс шуҷоъатмаон бештар афзуда! Ҳатто, ин довари бемурувват ҳашт дақиқа(!) вақти изофа мефармояд, ки бояд аз ӯ ҳисобот гирифт, ки бо кудом дарназардошт ин ҳукмро содир кард. Ва, ТОҶИКИСТОН, мардона, шерона, сарбаланду пурғурур дар баробари ҳариф меистад. Мо пирӯз меоем, қаҳрамонона!

Ва воқеъану ба вижа қаҳрамон кӣ буд – дарвозабонамон ШОҲРУХ? Бале! Капитанамон – Рустам? Бале! Мураббиямон – Зайнуддин? Бале! Ёздаҳ рухи побарҷову солору пуртамкини мо, ки бар қаҳрамони Африқо – Камерун сарбаландона пирӯз омаданд, ҳама қаҳрамон буданд! Ин пагоҳ субҳи пурфурӯғе дар осмони Ватан ин навидро медод: Дурудат бод дастаи миллии ТОҶИКИСТОН! Пирӯзият муборак, ТОҶИКИСТОН! Номат ҷовидон ТОҶИКИСТОН!

Обид Шакурзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь