Сарояндаи маъруфи тоҷик Шабнами Сурайё, дар нишасти чоруми минтақавии сатҳи баланд мавсум ба “Муҳоҷират ва сил: Назорати фаромарзии сил ва ёрӣ дар самти мубориза бо сил дар минтақави Осиёи Марказӣ”, ки дар шаҳри Остона баргузор шуд, иштирок кард.

Рӯзҳои 5 ва 6-уми декабр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон нишасти чоруми минтақавии сатҳи баланд мавсум ба “Муҳоҷират ва сил: Назорати фаромарзии сил ва ёрӣ дар самти мубориза бо сил дар минтақави Осиёи Марказӣ” баргузор шуд, ки дар он сарояндаи маъруфи Тоҷикистон ҳамчун сафири ҳусни ният ширкат кард.

Ӯ гуфт: “Мавзӯъи сил бароям бегона нест. Дар зиндагӣ ман бо афроди гирифтори сил вохӯрдаам. Ин мавзӯъ маро ҳамеша нигарон мекард ва вақте ба ман пешниҳод карданд, то сафири ҳусни ният гардам, бо ҷону дил розӣ шудам . Мехоҳам дар ин бора бештар донам ва ва ба одамон ёрӣ расонам.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь