Мусоҳибаи журналист Раҷаб Мирзо бо раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода

“Мардум модели нав мехоҳад”

Ҳафтаи гузашта, Президенти Русия паёми навбатии худро ироа кард. Бардоштатон аз он чӣ гуна буд? Чаро ман ин саволро мепурсам? Зеро ҳамагӣ чанд соат пас аз ин паём, дар Русия аллакай ислоҳоте пеш омад. Бигзор онҳо дар бархе доираҳо ҷиддӣ гирифта нашуданд, вале ҳоло баҳси мо дигар аст. Масалан, Шумо низ аллакай 5 маротиба аст, ки дар паёмҳои Президент Раҳмон шахсан иштирок мекунед, ҳамчун вакили парлумон. Пас, агар аз Шумо мепурсиданд, ки дар шаклу баргузории паёмҳои анқариб якхелаи Президенти Тоҷикистон чӣ дигаргунӣ ворид мекардед, чӣ мегуфтед?

Оре, ин паёмро қисман тамошо кардам. Бардошти ман чӣ гуна аст? Фикр мекунам мо бояд ба масъала аз ин дидгоҳ ворид шавем, ки Тоҷикистону Русия аз ҳам хеле фарқ доранд. Ҳам аз нигоҳи вусъати ҷуғрофӣ, ҳам қудратмандӣ, ҳам тавонмандиҳои иқтисодӣ ва ҳам шеваи давлатдорӣ. Чӣ ҷои пинҳон кардан, Русия назар ба мо демократитар аст ва ин сабабҳои ба худ хос дорад. Гап сари ҷомеаи ин кишвар меравад, ки фарҳанги аврупоӣ дар онҳо бештар ба назар мерасад. Бар илова, Русия як кишвари абарқудрат аст ва тақрибан дар дунё масъалае вуҷуд надорад, ки бе иштироки ин кишвар ҳал гардад. Барои ҳамин, фаҳмишҳо дар ин ду давлат гуногун буда метавонанд. Яъне, Путин метавонад ба шаҳрвандони худ дар 70 дақиқа масъалаҳои муҳими дохилу хориҷро баён намояд. Зеро мутмаин аст, ки халқи огоҳаш ӯро мефаҳмад. Дар мо бошад, одатан паёмҳои Ҷаноби Олӣ то се соат тӯл мекашанд, сабабҳои вижа доранд. Арзишҳо ҳам фарқ мекунад. Бубинед, дар Тоҷикистон аслан се табақаи мардум ҳоло ба сар мебаранд: онҳое, ки ҳанӯз зери таассуроти шӯравӣ боқӣ мондаанд; онҳое, ки тамоми арзиши зиндагиашон побанди мафкураи исломист ва ниҳоят ҷавонон. Ба андешаи инҷониб, дар дунё мисли мо кам давлатҳое вомехӯранд, ки то ин ҳад мардум аз арзишҳои мазҳабӣ вобаста бошанд. Ин дар шеваи давлатдорӣ ва таъиноти иҷтимоӣ ҳатман нақши муассир мегузорад. Дар Русия бошад, низоми давлатдорӣ ба шаклгирифта аст. Дар мо то ин ҳад расидан фурсат мехоҳад…

Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҳамчун институти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳамин хотир бояд ташкил шуда бошанд, ки ба давлат кӯмак намояд, ба ҷомеа таъсир расонда тавонанд, ки фаҳмишҳо дигаргуна шаванд. Оё масалан, саҳми Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) ва дигар аҳзоби сиёсиро дар ин раванд чӣ гуна мебинед?

Бидуни шак ҳизбҳои сиёсӣ дар ин замина талош мекунанд. Вале бояд ба назар гирифт, ки ҳалли бисёр масъалаҳо танҳо аз роҳҳои сиёсӣ имкон надорад. Аз вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар низ хеле масоил вобастагӣ мегиранд. Мо бо сабабҳои маълум, ҳоло чунин имконро надорем ва аз  дастгириҳои кишварҳои кӯмакрасону абарқудрат сахт вобаста ҳастем. Тасаввур намоед, ки пур кардани қисми даромади буҷа бо чӣ мушкилиҳо имконпазир мешавад. Дар ин замина ҲДТ барои дигар кардани рукнҳои давлатдорӣ, хоса, дар бахши иқтисодӣ, пешниҳодҳои мушаххас дорад ва мо мутмаинем, ки бо беҳтар шудани ин бахш фаҳмишҳои давлатдориву сиёсиву идеологӣ низ тағйир меёбанд.

Дар анҷумани пешазинтихоботии ҲДТ гуфтед, ки вақте як одам ба бозор медарояд, ҳарчанд маҳсулоти куҳнаро мебинад, аммо ӯ мехоҳад модели нави онро пайдо кунад. Ин маънои онро дорад, ки мардум омода ҳаст ва мехоҳад шеваи муносибат бо онҳо ва шакли идораи давлат дигаргун шавад. Фикр намекунед, ки ҳукумат аз хоҳишҳои мардум каме дер мемонад?

Оре, имрӯз мардум тағйир ёфтаанд. Вале бояд дар ин бора ҳам фикр кард, ки чаро онҳо ҳоло чизи нав мехоҳанд. 15 – 20 сол қабл хоҳиши мардум чӣ буд? Дарёфти як пора нон ва сер кардани шиками худу пайвандон. Бештар аз ин, ҳамагон дар орзуи амнияту субот буданд. Гуфтан мехоҳам, ки ҷанги шаҳрвандии кишвар мушкилоти зиёдро ба миён овард ва ҳалли онҳо дар муддати кӯтоҳ имконнопазир аст. Мо нав ба даври чоруми ҳадафҳои стратегии давлат- саноатикунонӣ сар кардем. Новобаста аз ин, ҳамоно аз кишварҳои донор вобастагӣ дорем. Қарзҳои берунаи зиёди давлатӣ ба уҳдаамон аст. Вақте иқтисод заиф аст, давлатро побанд мекунад.

“Барои созмонҳои байналмилалии молиявӣ муҳимтар шикаст додани мафкура буд, на пайомади ислоҳот”

Дуруст аст. Аммо фикр намекунед, ки дар гирифтани қарзу грантҳо низ мо баъзан ба исроф роҳ медиҳем. Ҳоло мегӯем, ки ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон аз талаботи созмонҳои молиявие мисли Бонки ҷаҳонӣ, Сандуқи байналмилалии пул (МВФ) бармеоянд. Зимнан, аз бархе кишварҳое назири Хитой, Эрон ва аз кишварҳои пасошӯравӣ- Белорус мисол меоранд, ки ба ин созмонҳо гуфтанд: “мо розием, ки ислоҳоти иқтисодӣ анҷом диҳем, вале шакли ислоҳотро мо пешниҳод мекунему шумо сармоягузорӣ намоед”. Дар мо бошад, ба фикрам аз рӯи масали тоҷикии “пеш омад – хуш омад” кор гирифта шуд. Не?

Гап сари заруратҳо меравад. Замоне, ки ин созмонҳо ба мо муроҷиат карданд, Тоҷикистон воқеан ҳам ба сармоя ниёз дошт. Ҳукумат кори дигаре карда наметавонист, ҷуз қабули шарту талаботи онҳо. Русия, ки дар ибтидо ҳукумат аз он умеди бештар дошт, натавонист дар ин ҷода ба мо кӯмак намояд. Яъне, ҳукумат роҳи дигаре ҷуз қабул кардани ин созишномаҳоро надошт. Дуруст, баъзе аз ин талаботу шартҳо боис ба он гардид, ки бархе паҳлӯҳои иқтисодии мо ҳоло ҳам ба худ намеоянд. Ҳарчанд ин талабот, аз ҷумла, хусусигардонӣ, ки дар мо ба он тайёр набуданд ва фаҳмиши масъулият ҳанӯз шакл нагирифта буд, моро ба мушкилоти дигар рӯ ба рӯ карданд. Вале барои ин созмонҳо муҳимтар барҳам додани тафаккури шӯравӣ буд ва фикр ҳам надоштанд, ки ин чӣ пайомадҳо дошта метавонад.

Бубинед, Хитой ҳам хусусигардонӣ кард. Вале дар дигар шакл. Аввал ба таъсиси корхонаҳои хусусӣ иҷозат доданд ва агар корхонаи давлатӣ дар рақобат бо корхонаҳои шахсӣ шикаст хӯрданд, баъд онҳоро хусусӣ намуданд. Яъне, ин ҷараён ҳам дурбинона ва мантиқӣ сурат гирифт. Фикр мекунед дар мо замони аввали хусусигардонӣ инро муҳим надонистанд, ё ин гуна фаҳмиш дар сатҳи давлатӣ набуд?

На, ҳукумат ин чизҳоро ба дурустӣ мефаҳмид. Вале зарурати пулӣ, он чи ки болотар ишора кардам, имкон намедод…

Ба назари ман, сабаби дигаре ҳам вуҷуд дошт: умедвории бештар аз Русия! Мо дар солҳои 2000 -ум мақолаҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар матбуоти Русия ба хотир дорем, ки мегуфт, мо корхонаҳои зиёдро ҳанӯз хусусӣ накардем ва интизори сармоягузорони рус ҳастем. Яъне, фикр намекунед ин умедвориҳои ҳукумат аз дур нарафтани таъсири Русия низ дар баробари заруратҳои пулӣ ба ҷараёни ин маърака халал расонд?

Як омили дигарро низ набояд сарфи назар кард: ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон! Ин масъалаи хеле ҷиддист. Аз як ҷиҳат, дар он замон маҳз Русия сарҳади моро аз вазъи ноороми Афғонистон ва мухолифони пурсилоҳамон, ҳимоя мекард. Аз сӯи дигар, сармоягузорони ғарбӣ дар шароити ҳузури низомии ин абарқудрат таваҷҷуҳи зиёд ба Тоҷикистон намекарданд. Ҳукумат танҳо дар соли 2005 муваффақ шуд, ки мушкилоти дохилии худро ҳал намояд ва артиши худро қавӣ намуда, барои аз сарҳад берун кардани марзбонҳои рус муваффақ шавад. Дар ин баробар, мардум бо Русия пайванди таърихӣ доштанд. Забони онҳоро бештар медонистанд, муносибат мекарданд. Аз ин ҳам бигзарем, маҳз Русия миллионҳо муҳоҷири кории тоҷикро дар худ ҷо дод ва маҳз ин муҳоҷирон буданд, ки иқтисоди давлату оилаҳоро гардон карданд. Қисмате аз гуруҳҳои ҷиноии тоҷик низ дар ин кишвар ҷо ёфтанд ва ин ҳам барои таъмини амнияти дохилии мо таъсир гузошт. Ҳукумат наметавонист ҳамаи инро сарфи назар намояд…

“Вуруди Тоҷикистон ба ЕАЭС як масъалаи сиёсист”

 Дар ин замина, яъне, робита бо Русия баҳсҳои зиёди тӯлонӣ дар бораи пайвастани Тоҷикистон ба ЕАЭС ҳанӯз давом доранд. ҲДТ дар ин масъала чӣ мавқеъ дорад?

Барои як давлат, таъмини амният муҳимтарин рукн аст. Албатта, имрӯз мо артиш ва сохторҳои қавӣ дорем, ки инро таъмин карда метавонанд. Аммо як чиз муҳим аст: мо медонем, ки ҷангҳои ахир, аз ҷумла, дар минтақаи мо ва Афғонистон баромада, аз муборизаҳои геополитикианд. Дар ин мовароҳо ҳар як кишвар шарику иттифоқчии худро дорад. Ба назари мо дар ин ҳолат маҳз, Русия шарику иттифоқчии Тоҷикистон аст, ки сабабу омилҳои зиёд дорад. Ин нукта дар суханрониву паёмҳои Ҷаноби Олӣ низ махсус таъкид мешавад. Баъзан, назарҳоеро мешунавем, ки дар пайдоиши моҷароҳои марзӣ бо Қирғизистон низ тавтеаи Русияро кофтаву ёфтанӣ мешаванд. Аммо кӣ дар ин ҳодисаҳо ягон аломат дид? Оё ягон низомии русро касе вохӯрд?

Фикр мекунам, Тоҷикистон ба ЕАЭС бояд ҳамроҳ шавад, аммо бо пеш гузоштани баъзе шартҳои худ. Муҳимаш бояд дарк намоем, ки муносибатҳои иқтисодӣ, таъмини амнияти давлатиро қавитар мегардонад ва аз нигоҳи иқтисодӣ, барои ёфтани бозор шароит фароҳам меорад.

Бо ин вуҷуд, Тоҷикистон ҷараёни муҳокимаи ин масъаларо хеле тӯлонӣ мекунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳукумати нави Ӯзбекистон аллакай иқдомоти ҷиддиеро барои воридшавӣ ба он амалӣ мекунад. Дар мо, масъаларо гуногун баррасӣ мекунанд, сар карда аз масоили сиёсӣ то иқтисодӣ. Яъне, гӯё ин воридшавӣ мустақилияти давлатро халалдор мекунад, ё ба буҷаи Тоҷикистон зарар пеш меояд. Вале ман ягон баҳси ҷиддиро дар ин замина надидам, ки масалан, буҷа чӣ зарар мебинад? Ягон бор масъала ингуна баррасӣ нашуд, ки ба мисол, пардохтҳои гумрукии байни ин 5 давлати аъзои ЕАЭС бо Тоҷикистон дар кадом поя қарор доранд ва пас аз воридшавӣ, чӣ мушкилот пеш омаданаш мумкин аст? Фикр накунам, ки муносиботи иқтисодии Тоҷикистон бо ин 5 давлат он қадар зиёд бошад, ки иқтисоди мо зарари ҷиддӣ бинад. Дар ҳоле, ки танҳо маблағҳои барои ҳузури расмӣ дар Русия сарфмекардаи муҳоҷирони корӣ, шояд даҳҳо маротиба аз ин бештар аст ва пас аз воридшавӣ ба ЕАЭС он метавонад ба Тоҷикистон ворид гардад…

Ба андешаи инҷониб, ин як масъалаи сиёсист, то ин ки иқтисодӣ бошад. Яъне, ҳамон уҳдадориҳои мо пеши созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ин имконро маҳдуд мегардонад…

Вале дар мисоли Қирғизистон, ки ҳам мисли мо аъзои Созмони ҷаҳонии савдо асту ҳам ЕАЭС, мебинем мушкили хосе пайдо нашуд. Маҳсулоти хитоӣ ҳам дар бозорҳои ин кишвар кам нашуд…

Бовар кунед, фарқи байни Қирғизистону Тоҷикистон аз замин то осмон аст. Ҳатто, Душанбеи имрӯзро бо Бишкек муқоиса намудан имкон надорад. Демократияи ин кишвар низ назарфиребона аст ва гумон накунам низоми давлатдории ин кишварро қавӣ гардонад. Ба ҳар сурат, 3 президенти собиқи он ё фирорианд, ё дар маҳбас…

Хитой бошад, масъалаи дигар аст. Бо намояндаи баландпояи парлумони ин кишвар мулоқот доштам ва пурсидам, ки барои Шумо айб нест, ки Хитой дар Тоҷикистон ва бисёрии кишварҳо имиҷи бисёр бад дорад ва мардум бо шунидани номи мамлакати Шумо ҳатман маҳсулоти пастсифати ба одамон зарароварро пеши назар меоранд? Ӯ посух дод, ки барои мо муҳим тавлидот аст. Мо маҳсулоти сифати олӣ ҳам дорем. Аммо пешгирӣ аз маҳсулоти бесифату зараровар, ин вазифаи давлатҳои қабулкунанда аст. Ин нуктаи назари як сиёсатмадори хитоист. Ва бори дигар масъалаи муносибат бо ин ё он кишварро рӯшан мекунаду манфиати давлатиро ҳангоми ҳамкорӣ маълум менамояд.

Аз ҷониби дигар, воридшавии Тоҷикистон ба ЕАЭС дар ҳалли масъалаҳои зиёде, чун пешгирии фасод, шаффофият, қочоқи маҳсулоти воридотӣ, воридшавии бештари маблағҳо ба буҷа ва мисли ин мусоидат хоҳад кард. Яъне, ба ин васила, дар мо низоми иқтисодии мукаммал пайдо мешавад.

“Корбарони бефарҳанг, вакилонро аз шабакаҳои иҷтимоӣ гурезонданд!”

Дар анҷумани ҳизбатон иқрор кардед, ки рақиби аслии Шумо дар интихобот ҳизби ҳоким аст, ки ҳам аз нигоҳи шумори аъзо, ҳам истифодаи василаҳои маъмурӣ, ҳам маблағ ва ҳам нерӯи зеҳнӣ аз ҲДТ бартарӣ дорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки Ҳизби аграрӣ аст, ки аллакай фраксияи парлумонӣ дорад ва аз ҷиҳати аъзои ҳизб ҳам худро ҳизби дувум муаррифӣ мекунад. Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ҳаст, ки теъдоди вакилонаш дар парламент аз ҲДТ бештар аст. Пас бо кадом асос на ин ҳизбҳо, балки маҳз ҲХДТро рақиби аслии худ меҳисобед?

Хонандаи ин сатрҳо шояд огоҳ бошад, ки инҷониб 5 соли ахир яке аз вакилони фаъоли Маҷлиси намояндагон будам. Тақрибан масъалае вуҷуд надошт, ки нуктаи назари худро баён накарда бошем. Дар баҳси ҷаласаву иҷлосияҳои парлумонӣ, борҳо шоҳид будам, ки намояндаҳои фраксияи ҲХДТ аз мавқеи мо ҷонибдорӣ мекарданд. Хоса, дар масъалаҳои вобаста ба мушкилоти бонкӣ. Мо ба ин назар будему ҳастем, ки вақте ба масъулини бонкҳо бархӯрди шадиди нерӯҳои интизомӣ мешавад, ин мисле хоҳад буд, ки болои сари духтури ҷарроҳ як шахси низомӣ истодаву бо мили силоҳ ӯро тарс медиҳад. Кор дар бонк ҳам чунин аст. Вақте дар болои сараш истифодаи зиёди нерӯи низомиро дид, истеъдоди кордониаш гум мешавад. Дар ин масъала ва мушкилоти бамиёномадаи вобаста ба интернету шиноснома низ моро намояндаҳои ҲХДТ дастгирӣ карданд. Ин маънои онро дорад, ки аъзои ҲХДТ низ мисли мо шаҳрванди Тоҷикистонанду мушкилоти ҷомеаро ҳал кардан мехоҳанд. Ҳолатҳое ҳастанд, ки аз лиҳози сиёсӣ онҳо расман изҳори назар карда наметавонанд, вале вақте мо онҳоро баррасӣ мекунем, аз мо ҷонибдорӣ менамоянд.

Воқеан, Шумо бо ҲХДТ пайванди зиёд доред. Ба ҳар сурат, дар гузашта аъзои ин ҳизб будед. Баъдан хабарҳое буд, ки қаноти ҷавонони ин нерӯро бо номи Ҷавонони прогрессив” таъсис доданиед

Бале, банда аъзои собиқи ин ҳизбам. Аммо “Ҷавонони прогрессив” -ро на ба сифати қаноти ҷавонони ҳизби ҳоким, балки ҳизби ҷудогона таъсис доданӣ будем. Аммо ин на ба он маъност, ки мо дар ҳама масъалаҳо мувофиқем. Онҳо дар масъалаҳое моро дастгирӣ мекунанд, ки ба ин васила, шиддати иҷтимоиро паст кардан зарур аст. Инро набояд чунин фаҳмид, ки инҷониб фиристодаи ин ҳизб ба ҲДТ ва парлумон бошам. Баръакс, вақте камина ба сафи ҲДТ пайвастам, ҳатто умед надоштам, ки раиси як созмони он мешавам. Зеро ин ҳизб зарфиятҳои зиёде дошту дорад. Ба таври дигар, ин ҳизб майдони мувофиқе гардид, ки мо андешаҳои сиёсии худро иброз доштему онҳо ҷонибдор пайдо карданд. Маҳз, ин васила барои омадани ман ба раисии ҳизб гашт.

Дар мавриди моҷароҳои ба истиллоҳ дохилии ҲДТ инҷониб огоҳии комил дорам. Чун он замон яке аз масъулонаш будам. Шояд барои хонанда ҳам ин баҳсҳо муҳим нанамоянд. Муҳим чизи дигар аст: дар тамоми дунёи пешрафта, интихобот маъракае нест, ки дар давраи расман оғоз ёфтанаш сар шаваду бо анҷоми он поён ёбад. Яъне, барои як ҳизби сиёсии муваффақ интихобот ҳамеша вуҷуд дорад ва намояндагонаш талош мекунанд, ки 5 сол таваҷҷуҳи интихобкунандаро ба худ машғул дорад, ба бовараш сазовор гардад ва вақти интихобот мушкиле ҳангоми интихоби ҳизбу шахсиятҳо пеш наояд. Дар мо, мардум зиёд мегӯянд ва ба ин ҳақ ҳам доранд, ки чунин хулоса намоянд: ҳизбҳо мисли замбурӯғи пас аз борон якбора вақти интихобот пайдо мешаванду тамом. Ба онҳо чӣ мегуфтед? Оё дар ин ҳукм нисбати ҲДТ сахтгирӣ мекунанд?

Бале, интихобкунанда ҳақ дорад, ки ҳар гуна хулоса намояд. Ман мавқеи онҳоро мефаҳмам. Аммо аз ин бештар чизе карда наметавонистем. Бубинед, гап сари як нерӯи сиёсие меравад, ки баҳсҳои дохилиаш онро комил шудан намемонданд. Мо тавонистем дар таърихи ҳизб, бори аввал онро парлумонӣ намоем. Дар изҳори назари мушкилоти мардум аз тариқи минбари Маҷлиси намояндагон ва расонаҳои хабариву шабакаҳои иҷтимоӣ парҳез накардем. Аз ин нуктаи назар, моро ба бефаъолиятӣ ҳукм кардан, фикр накунам аз рӯи инсоф бошад. Дар ҳукумат низ шояд моро дигаргуна мефаҳманд. Мардум бошад, фикр мекунад, ки мушкилоти онҳоро касе пайгирӣ надорад ва ҳамин тавр шояд як навъ аз ҳукумат ва Президент  дилозурда мешавад. Аммо фаъолиятҳои моро тариқи расонаҳои давлатӣ, хоса шабакаҳои телевизионӣ, ки дастрасии мардум бештар аст, камтар намоиш медиҳанд.

Мо зимни фаъолияту баррасиҳо ҳамаи ин паҳлӯҳоро сарфи назар карда наметавонем. Фикр мекунам, мо тавонистем қолабҳоро дигаргуна намоем. Яъне, ба мардум фаҳмонидем, ки дар вуҷуд доштани мушкилот на ҳукумату шахсан Президент, балки шахсиятҳои масъули дигар гунаҳкоранд.

Пеш аз Шумо бо раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон суҳбат доштем ва ӯ мавзӯи хеле муҳимнабудан ё кам будани фарҳанги баҳси сиёсӣ дар ҷомеаро ба миён гузошт. Оё дар муҳити Маҷлиси намояндагон, ки 5 сол вакил будед, эҳсос мешуд, ки чунин замина барои фарҳанги баҳс вуҷуд дорад?

Гуфтам, ки мо ҳамеша баҳсу мухолифатҳоро дар парлумон тақрибан дар ҳама масоил мекардем. Вале ин маънои онро надорад, ки ҳамкасбон дар симои мо душмани ашаддиро дида бошанд. Мушкил боз ҳам сари он аст, ки ҷомеа аз фаъолиятҳои мо огоҳии комил надорад.

Барои ҳамин, ҳар ҳизби сиёсӣ бояд минбари худро дар мисоли нашрияҳои ҳизбӣ дошта бошад. Воқеан, чаро ҲДТ нашрияи “Адолат”ро, ки замоне хеле таъсиргузору машҳур буд, фаъол кардан намехоҳад?

Асри нав, талаботи нав дорад. Ҳоло, тавре медонед, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгоҳи хеле воситаҳои ахбори оммаро танг кардааст. Мо ҳам ба ин  фикр омадем, ки аз маблағи барзиёд сарф кардан барои нашрия, беҳтар аст дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолиятҳои худро роҳандозӣ кунем. Ба фикрам, дар ин кор то ҷое муваффақ ҳам шудем. Вобаста ба ин, гоҳҳо мешунавем, ки сиёсатмадоронро барои ҳузур надоштанашон дар ин шабакаҳо маломат мекунанд. Вале ин сабабҳои ба худ хос дорад. Масалан, бархе вакилони МН муддате дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шуданд. Аммо бархе аз корбарони бемасъулияту беном онҳоро рӯ ба гурез овард. Бо изҳори назари таҳқиромез, ё бесаводонаву бемасъулиятонаи худ. Зеро, як сиёсатмадор ҳамеша назар ва бархӯрди ҷиддӣ  мехоҳад ва вақте мебинад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин одамон нестанд, ё бисёр каманд, онро албатта, тарк мекунанд.

Аммо аз мардум ҳам норозӣ шудан ҳалли масъала нест. Оре, нафарони гумноме ҳастанд, ки ба таҳқиру сахтгӯӣ одат кардаанд. Дар ин баробар набояд ҳамаро гузошт. Балки мардум ҳақ дорад, ки аз ҳукумату парлумони худ талаби ҷиддӣ намояд. Зеро ҳукумату парлумон аз  пули андози мардум фаъолият доранд…

Масъала, ба андешаи инҷониб бармехӯрад ба як масъалаи ҷиддӣ- авлавияти қонун. Яъне, ҳама коре, ки дар ҷомеа сурат мегирад, бояд дар доираи қонун ва ваколату рисолатҳо анҷом шавад.  Ҳамчунин ҳама бояд дар доираи ваколату имконоти худаш ҳарф занад, амал кунад…

“Баҳс дар ҲДТ маънои демократии онро дорад

Манзури Шумо албатта, ҳукумати қонун аст. Аммо чаро он амалӣ намешавад, ҳарчанд ҳукумат дар ин бора зиёд мегӯяд? Назари ман ин аст, ки ҳукумати қонун вақте амалӣ мешавад, ки агар қонунҳо хислати мавсимӣ надошта бошанд (яъне, як замон қонун дар бораи танзими расму оин ба қавле муд нашаваду баъди чанде қонуни дигар) ва онҳо интихобӣ роҳандозӣ нагарданд (яъне, агар қонунро як шахси пурнуфуз вайрон кард, бок не, аммо вақте онро як одами дигар риоя нанамуд, ҳатман муҷозот шавад)…

Назари ман каме фарқ мекунад. банда фикр мекунам, ки шакл нагирифтани авлавияти қонун ба ду омили асосӣ рабт мегирад: интихоби нодурусти кадрҳо ва паст будани маош, ки фасоду ришвахориро ба вуҷуд меорад. Агар мехоҳем, ҳукумати қонунро барпо кунем, бояд ҳатман маоши кормандони давлатӣ, хоса, мақомоти қудративу интизомиро, ки риояи қонунҳо аз онҳо вобастагӣ дорад, баланд бардорем. Агар ин кор анҷом шуд, масъалаи интихоби кадрҳои беҳтарин пеш меояд. Зимнан, пешниҳоди ҲДТ ин аст, ки дар мақомоти интизомиву ҳуқуқӣ танҳо онҳое ба кор гирифта шаванд, ки хизмати артишро анҷом додаанд. Ба ин васила, мо як масъалаи бисёр печида, ки бо номи “облава” машҳур шудааст, ҳал карданамон имкон дорад. Айб аст, ки мо аз байни 70-80 ҳазор ҷавони барои хизмат масъул, ҳамагӣ 14 000 нафареро пайдо карда натавонем, ки ба хизмат раванд. Аммо вақте пас аз хизмати артиш бархе имтиёзҳо пайдо мекунад, ҳатман худаш талош мекунад, ки ба хизмат равад. Ба ин васила, дар сохторҳои қудратӣ дигар одами касалманду бемасъулият пайдо намешаванд. Аз ҳама муҳимаш, ҳоло шеваи “облава”, ки роиҷ аст, дар вуҷуди ҷавон аввалан қассосро ба миён меорад (қассос аз онҳое, ки ӯро иҷборан ба артиш бурданд) ва баъдан элементҳои ришваситониро аз байн мебарад.

Шумо аз мансабдорони бемасъулият шикоят мекунед. Аммо ягон аъзои ҳукумат бе тасдиқи парлумон таъин намешавад. Оё боре шудааст, ки як аъзои ҳукуматро барои лоиқ набуданаш тасдиқ накарда бошед, ё аз ӯ вақти озод шуданаш ваъдаҳои пеш аз таъин шуданашро пурсида бошед? Ин гуна бархӯрд дар мамолики пешрафта хеле зиёд аст. Ҳатто, дар ҳамин Афғонистони ҷангзада, ки ҳукумат наметавонад ба осониву бе баҳс дар парлумон ин ё он вазирро таъин намояд. Бархе аз вазоратхонаҳо моҳҳо бе роҳбар мемонанд, чун парлумон ба интихоби ҳукумат розӣ намешавад

Дар ин 5 сол нафарони зиёде дар парлумон тасдиқи худро гирифтанд. Омаданд, бо Конститутсия қасам хӯрданд, вале баъдан маълум шуд, ки шахси бомасъулияте набудаанд. Одамро бо сухан шинохтан осон нест. Вагарна, қасам бо Конститутсия, ки барои як давлат ҳуҷҷати арзишмандест, хеле гап аст. Бовар дорам ҷомеа ин гуна шахсҳоро мешиносад ва эътибори худро аз даст хоҳанд дод.

Чаро ин дафъа мехоҳед аз рӯйхати ягонаи ҷумҳуриявӣ номзад бошед, на аз ҳавзаи интихоботии Фархор, ки то ҷое медонам барои ҳалли мушкилоти онҳо иқдомоти ҷиддӣ ҳам карда будед?

Пас аз баррасиҳои зиёд дар ҳизб, ба хулосае омадем, ки фаъолиятҳои 5 солаи мо барои шинохтамон дар мамлакат мусоидат кардааст. Аз ин хотир, ҳоло ният дорем, ки Ҳизби демократро муаррифии бештар намоем ва ба ин васила, тавонем номзадҳои бештаре ба парлумон ворид намоем. Дар ҳавзаҳои якмандатӣ ҳам номзадҳо дорем ва шахсиятҳои шинохта ҳастанд. Аз ҷумла, дар ҳавзаи Шоҳмансури пойтахт номзадии журналисти маъруф Аҳмадшо Комилзодаро пешниҳод кардем. Аз ҳавзаи Сино Амонулло Сафаров – як муҳандиси ҳирфавӣ, аз ҳавзаи Ванҷ раиси созмони ҲДТ дар ВМКБ Марод Мирасанов, аз ҳавзаи Исмоили Сомонӣ- муовини раиси ҲДТ Диловар Холовро пешбарӣ кардем. Дар маҷмӯъ 8 нафарро пешниҳод кардаем ва ба ғалабаашон бовар дорем.

Дар анҷумани ҲДТ, ягона баҳси бамиёномада, дар мавриди тартиби рӯйхати пешниҳодии номзадҳо буд. Таваралӣ Зиёев, ки дар рӯйхат 3 –юм буд, эътироз намуд, ки дуюм бояд номи ӯ бошад. Оё ин баҳсҳо маънии онро доранд, ки дар ҲДТ сахт мутмаинанд, ки аз ҳизб ин дафъа на як нафар, балки шояд ду ё се нафар вакил интихоб мешаванд?

Аввалан, баҳс дар дохили ҲДТ ин меъёри муқаррарист ва нишонаи ҳизби демократии он аст. Баъдан, собиқадори ҳизб Таваралӣ Зиёев, ки аз солҳои аввали ҳизб аъзои он аст, ин ҳақро дорад. Мақсади мо танҳо дар рӯйхат пештар кардани ҷавонон аст, то онҳо руҳбаланд шаванд. Албатта, ин маънои онро надорад, ки ба собиқадорон мо беэҳтиромӣ мекунем. Мо ба онҳо эҳтироми хоса қоилему дар шакли дигар ҷойгоҳашонро маълум мекунем. Хулоса, анҷуман ба фикри мо розӣ шуд ва муҳтарам Зиёев онро қабул кард.

Дар анҷуман ҳамчунин гуфта шуд, ки асоси барномаи пешазинтихоботии ҲДТ сохтмони нерӯгоҳи Роғун хоҳад буд. ҲХДТ ҳам ин даъворо дорад. Аз ҷониби дигар, ҷомеа одат кардааст, ки ҲДТ ҳамчун ҳизби аввалини мухолиф дар баробари ҲК -и дар замони шӯравӣ пурнуфуз бештар даъвоҳои сиёсӣ дошта бошад. Масалан, дар барномаву платформаҳои пешини ин ҳизб, идеяи интихобӣ будани раисони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо дар авлавият қарор дошт. Пас, фикр мекунед, ки ҳоло бо барномаҳои иқтисодӣ бештар раъйи мардумро ба даст овардан имкон дорад?

Ҳар барномаи пешазинтихоботии ҳар ҳизби сиёсӣ, ҳатман баромада аз мушкилоти ҷомеа ва хостаҳои он иборат аст. Шояд масъулони қаблии ҳизб фикр доштанд, интихобӣ будани раисони шаҳру ноҳияҳо барои интихобкунанда муҳимтар аст. Хулосаи мо ин аст, ки то иқтисод қавӣ набошад, ислоҳоти сиёсӣ имконпазир нест. Дар ин зимн, мо пешниҳод дорем, ки харитаи конҳои фоиданоки Тоҷикистонро ташкил намоем ва ба ин васила шаффофияти иқтисод ва механизмҳои ҷалби сармояи бештарро таъмин намоем. Танҳо, ба воситаи ворид намудани технологияи нав ва низоми соддакардашудаи иҷозатдиҳии корхонаҳои нав, имкон дорад нисфи пули буҷети мамлакатро ба даст овард. Ин имкон медиҳад, ки бархе намудҳои андоз кам ё барҳам дода шаванд, ки барои ҷалби сармояи нав шароит ба вуҷуд меорад.

Як рақами дигари баҳсбарангез дар анҷуманатон садо дод, дар ин маврид буд, ки гӯё Тоҷикистон имкони бо ҷои кор таъмин намудани 30 миллион нафарро дорад. Ин рақам чӣ заминаи воқеӣ дорад?

Манзури мо имконоту тавонмандиҳои ҳамаи бахшҳои истеҳсолии кишвар аст, ки пас аз мудирияти дурусти бахши иқтисодӣ, чунин имконро фароҳам меорад. Дар натиҷа, на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки аз минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам имкони ҷои кор пайдо кардан дар кишвари моро хоҳанд ёфт.

Иддаоятон, аз ҷумла, бармехӯрад ба вуҷуд доштани конҳои зиёди Тоҷикистон. Аммо шояд бароятон маълум бошад, ки Тоҷикистон феълан харитаи конҳои зеризаминии худро надорад. Он чи ки дар замони Шӯравӣ буд, масъулин мегӯянд, русҳо бо худ бурданд. Аз ин ҷост, ки чанд ширкати хориҷии коркарди нафту газ ба кишвар омаданд, вале аз конҳои эҳтимолӣ онро пайдо накарда, корро нимкора партофтанду рафтанд

Агар ин харита нест, давлат бояд онро созад. Сохтани ин харита барои як давлати мустақил аз асосҳост. Баъдан, фикр намекунам, ки таҳияи ин харита кори мушкил бошад. Ҳоло шароит дигар шудааст. Аз тариқи интернет ва спутник дар як муддати кӯтоҳ онро метавон сохт.

“Бархе сохторҳои ҳукумат аз як нерӯи мухолиф бештар ба зарари ҳукумат кор мекунанд”

Соли гузашта дар Амрико будам. Суҳбатҳои зиёде, аз ҷумла, дар сатҳи баланд доштем ва онҳо барои мо як чизи ҷолиб гуфтанд, ки ин кишвари абарқудрат брендҳои машҳури ҷаҳонии худро фурӯхтанд. Зеро, онҳо ояндаи худро ҳамчун кишвари мағзҳо (интеллект) мебинанд, на истеҳсолӣ. Ин хулосаи як кишвари абарқудрат аст. Пас кишвари кӯчаке, мисли Тоҷикистон бо имконоти маҳдуд то куҷо метавонад худро дар бахши истеҳсолу иқтисод муваффақ бубинад?

Амрико як кишвари шаклгирифта аст. Аммо дар шароити Тоҷикистон ҳоло гап дар бораи одитарин имконот меравад, ки то ҳоло истифода нашудаанд. Ҳатто дар замони шӯравӣ. Мо нерӯи кории арзон дорем ва онҳоро бояд истифода бурд. Захираҳои зиёди конҳои истифоданашуда, тавоноии нерӯи барқи фаровон дар Тоҷикистон кам нест.  Аммо баҳси истифодаи сармояи инсонӣ ва зеҳнӣ ба ҷои худ аст. Дар ин радиф ҳам мо барномаи мушаххас дорем.

Боз ҳам мавзӯро ба низоми фаъолияти нодурусти бархе сохторҳои ҳукумат мебарам, ки бештар аз як оппозитсияи сиёсӣ “кор” мекунанд. Масъалаи баланд бардоштани нархи интернет ва баҳси шиноснома, бовар кунед, Хадамоти алоқаи Тоҷикистонро бештар аз як ҳизби мухолифи ҳукумат муаррифӣ кард. Мо ин мавзӯъҳоро баррасӣ кардем, масъала гузоштем ва ҳукумат дар шахси Президенти Тоҷикистон моро шунид- ку. Аммо чаро баъзе вазорату идораҳои масъул, ин корро накарданд? Пас то куҷо гуфтан мумкин аст, ки онҳо ба ҳукумат хизмати хирсона намекунанд? Ҳол он ки маълум аст, ки тамоми мардуми кишварро бо шиноснома таъмин кардан, на камтар аз 4 сол вақт мехоҳад. Аз сӯи дигар, дараҷаи ҳифозатии шиносномаи миллӣ, ки ҳуҷҷати аслии шаҳрвандист, аз корти бонкии муқаррарӣ камтар аст, вале нархи бамаротиб гаронтар дорад. Фикр мекунам, ин ҳамаро ба Ҷаноби Олӣ намерасонанд ва он кас худашон норозигии мову шуморо аз тариқи интернет хондаву дар ин бора тасмим гирифтанд. Вагарна, аз ман ҳамчун вакили парлумон аз воситаҳои ахбори оммаи расмии Тоҷикистон мусоҳиба нагирифтаанд. Яъне, Президент тавре худашон ҳам дар чанд суханронӣ ишора карданд, асли воқеаҳоро аз интернет бохабар шудаанд. Ин масъулияти мову шуморо ҳамчун корбари шабакаҳои иҷтимоӣ бештар мекунад, то баҳсҳои ҷиддӣ намоем, на таҳқиру ҳақорат. Албатта, агар ҳадафамон ҳалли мушкилот бошад, на “қаҳрамонӣ” -и беному нишон.

Мутаассифона, бахши идеологии Ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҷараён хеле заиф ба назар мерасанд ва аз ин гуна ҳолат нерӯҳои фурсатталаб ба манфиати худ суистифода мекунанд.

Як мавзӯи дигар, ки дар анҷуманатон мавриди баҳс қарор гирифт, ин беш аз 10 сол ба ҳабс муҷозот намудани онҳоест, ки бе иштироки волидон ва мулло ҳамсари худро талоқ медиҳанд. Албатта, мавқеи Шуморо ман мефаҳмам ва далелатон талоқҳои зиёд аст. Вале дар як кишвари дунявӣ ба миён омадани чунин масъалагузорӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ дуруст аст?

Пешниҳоди мо ин аст, ки никоҳи давлативу мазҳабӣ якҷоя сурат бигирад. Дар ин сурат ду шоҳид- ҳам намояндаи давлат ва ҳам руҳоният хоҳад буд, ки фикр мекунем масъулияти навхонадоронро зиёд мекунад. Давлат ва сохторҳои он барои ҳамин даркор аст, то мушкилоти фарогирро ҳал намояд. Вақте масъалаи ҷиддие чун хонавайронии оилаҳои ҷавон ба миён меояду на давлат ва на мулло масъулиятро дар ин замина, ба уҳда намегиранд, пас, кӣ бояд онро ҳал намояду пешгирӣ кунад? Таври маълум, асоси ҳар давлат ин оила аст.

Шумо аз вуҷуди 3 қишри иҷтимоии мардум дар Тоҷикистон гуфтед. Зимнан, шиори пешазинтихоботии ҲДТ“Аз дохили мардум. Дар паҳлӯи мардум. Адолат барои мардум” ба кадом қишр бештар равона шудааст ва умеди бештар аз онҳо доред?

Ба ҷавонон. Аввалан, онҳо назар ба ҳар табақаи дигар бештаранд. Баъдан, ҳаводиси ахири дунё инро исбот намудааст, ки ҳама гуна инқилобу табадуллотҳоро маҳз онҳо таккон додаанд, ё нерӯи пешбар будаанд. Мо инқилобу табадуллот карданӣ нестем. Ҳадафи мо танҳо ба роҳи дуруст раҳнамун намудани ҷавонон аст. Зеро, ҳарчанд синну сол одамро таҳрик медиҳад, аммо дар ҷавонӣ ӯ масъулияти камтар ҳис мекунад ва пайомади амалкарди худро ҳам намедонад. Пас, кору иртибот ва раҳнамоӣ бо ин қишр вазифаи ҳар кадоми мост, хоса, ҳизбҳои сиёсӣ.

Гуфта будед, ки дар интихоботи президентӣ ҳатман иштирок мекунед ва номзадатон ҳам як шахсияти таъсиргузор аст. Ҳоло барои гуфтани номи номзадатон барвақт мебошад?

Ҳоло дар ин бора гуфтан барвақт аст. Аслан тасмимро Шӯрои сиёсии ҲДТ мегирад ва ба ихтиёри ба анҷуман пешниҳод мекунад.

Ба фикратон беҳтар нест, ки мисли интихоботи президентии Амрико номзадро аввал бо баҳсу муборизаии доманадор дар дохили ҳизб ва тамоми мамлакат муқаррар намоед ва ин боис ба муаррифии бештари он ҳам гардад?

Менталитети мардуми мо шояд барои чунин бархӯрд ҳоло омода набошад.

Ҳамасола эъломияи дороии худро пешниҳод мекунед?

 Бале, вале он танҳо аз маоши ман иборат аст. Аз ин хотир, эълон карданаш зарурат надорад. Дигар ҳар чизе қаблан доштем, дар тарбияву зеҳнияти фарзандон сарф кардем, на сохтани мағозаву ягон корхона. Ин ба андешаам муҳимтар аст.

Маълум аст, ки интихобот маъракаи пурхарҷ аст. Онро аз ҳисоби кадом манбаъҳо баргузор мекунед?

Қонунгузорӣ мушаххас кардааст, ки ҳизби сиёсӣ аз кадом роҳҳои имконпазир истифода намояд. Мо берун аз он намеравем ва наметавонем. Аммо, агар тасмимро ба ман мегузоштанд, мегуфтам, ки ба аҳзоби сиёсӣ бояд маблағҳои калони пулӣ дар маъракаҳои сиёсӣ медоданд. 50 ҳазор сомоние, ки ҳоло КМИР медиҳад, хеле кам аст. Агар маблағи зиёд аз буҷа дода мешуд, дар он сурат, шубҳаву гумонҳо дар бораи манбаъҳои молиявии аҳзоб аз байн мерафт. Дар сурати доштани имконоти молиявии хуб ҳизбҳои сиёсӣ таъсири бештаре дар афкори мардум гузошта метавонистанд. Аммо вазифадор мешуданд, ки новобаста аз натиҷаҳои интихобот майдонҳои иҷтимоии мардумро пас аз интихобот ба мақомоти масъули ҳукумат расонанд. Ин кӯмаки зиёд барои ҳукумат буд ва маълумоти хеле ҷиддӣ ҳам ҳаст. Дигар ин ки пешниҳод менамоем, ба ҳамаи ҳизбҳои расмии сиёсии Тоҷикистон, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд, бигзор квота ҷудо намоянд ва новобаста аз натиҷаҳои интихобот ба онҳо як ҷой дар парлумон дода шавад. Аммо, агар овози бештари мардумро гирифтанд, тибқи ҳисобҳо ҷой бигиранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь