Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии кишвар рӯйхати нави варзишгаронро барои дарёфти дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ барои Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар давраи аз январи соли 2019 то августи соли 2020 тасдиқ кард.
Дар ин рӯйхат номи 15 варзишгар ҳаст, ки ҳар кадоме барои омодагӣ маблағи муайянро соҳиб хоҳад шуд:
1. Назаров Дилшод (варзиши сабук) – 950 доллар;
2. Даминов Шаҳриёр (қайиқронӣ) – 800 доллар;
3. Устопириён Комроншоҳ (ҷудо) – 700 доллар;
4. Хоҷазода Беҳрӯз (ҷудо) – 600 доллар;
5. Раҳимов Темур (ҷудо) – 500 доллар;
6. Маҳмадбеков Сомон (ҷудо) – 300 доллар;
7. Қаландарова Шоҳида (ҷудо) – 300 доллар;
8. Ҳалимова Моҳру (таэквандо) – 300 доллар;
9. Негматуллоев Шаббос (бокс) – 350 доллар;
10. Климик Карина (шиноварӣ) – 200 доллар;
11. Гулсунбӣ Шарифова (варзиши сабук) – 200 доллар;
12. Саидҷон Гулов (гуштии озод) – 200 доллар;
13. Манижа Мадкаримова (таэквандо) – 200 доллар;
14. Абдулҳаев Суҳроб (гуштии юнонӣ-римӣ) – 200 доллар;
15. Зулқайнарова Шоира (бокс) – 200 доллар;
Варзишгарони номбаршуда аз 1 январи соли 2019 то 31 августи 2020 аз ҳисоби дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ ба тамрин машғул шуда, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок ва барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 талош хоҳанд кард.