Бо шарофати устод Қироншоҳ Шарифзода ба мо донишҷӯёни факултети журналистикаи ДМТ одат шудааст, ки ба муносибати зодрӯзи шахсиятҳои миллӣ ба зиёрати теппаи хушманзари Лучоб, ки оромгоҳи аксари онҳост, биравем. Маъмулан, дар ин гуна ҷамъомадҳо худи устод Шарифзода маҳфилоро мешуданд, аммо ин навбат бо мо меҳмони ғайриинтизор ҳамроҳ шуданд. Бо ин меҳмон назди пайкараи аллома Бобоҷон Ғафуров баромадем. Ҳадафи ин ҷамъомад, ки имрӯз,  31 декабр, иттифоқ афтод, ёдбуди рӯзи мавлуди аллома Бобоҷон Ғафуров буд.  

– Профессор Иброҳим Усмонов қаламу қоғазро  як сӯ гузошта, ба маҳфили мову шумо меҳмон шуданд. Имрӯз устод аз шахсиятҳои миллии мо, хусусан, Бобоҷон Ғафуров ёд мекунанд, имкон доред, ки дар рафти суҳбат аз устод ба саволҳоятон посух гиред, – маҳфилро оғоз  бахшиданд устод Шарифзода.

– Ман, ки ба дароз сухан гуфтан  одат кардаам, намехоҳам, ки вақти гап заданам каси дигар ҳам гап занад. Барои ҳамин ман қанд овардам, қандҳоро хӯреду гапҳои маро нағз гӯш кунед, –  аз кисаи палтояшон бастаи қандҳоро бароварда, муроот карданд профессор Иброҳим Усмонов.

Устод дар аввал аз таърихи миллат, забони тоҷикӣ, илму фарҳанги тоҷик сухан карда гуфтанд, ки мо тоҷикем.  Аз як ҷиҳат, дуруст аст, ки мо эронием, чун Ҳаким Фирдавсӣ дар Шоҳнома Эрон гуфта, Балху Мозандарону  Ҳирот ва Бухорову Самарқандро дар назар доштааст… Аз ин рӯ, касе, ки Эронро дӯст надорад, тоҷик нест ва касе аз мо, ки тоҷикро дӯст надорад, одам нест. Имрӯз дар интернет атрофи забону миллати мо баҳс мекунанд, ҳол он ки  ки аксарияти онҳо  мафҳуми тоҷику форс ва ё Эрон дуруст нафаҳмидаанд.

– Аввалан, Ленин гуфта буд, ки дар Осиёи Миёна 3 ҷумҳурӣ Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон таъсис меёбад, аммо натиҷаи тадқиқоти олимон буд, ки ин фарзияи Ленин амалӣ нашуд ва ӯ ба онҳо ҳушдор дод, ки этнографияи Осиёи Миёнаро аз нав мавриди омӯзиш қарор диҳанд… Маҳз ба Бобоҷон Ғафуров муяссар шуд, Сталинро қонеъ кунад, ки тоҷикон халқи таҳҷоии Осиёи Миёнаанд ва ҳуқуқи соҳиби ҷумҳурии алоҳида шуданро доранд. Дар ин кор ба Ғафуров устод Айнӣ низ ёрӣ додаанд, – ёдоварӣ карданд профессор Иброҳим Усмонов.

– Бобоҷон Ғафуров бемории шадид доштанд, афсӯс, ки дар синни 66-солагӣ аз дунё рафтанд. Ман аввалин бор устодро дар Маскав дида будам. Мехостам, ки дар роҳи илм эшон роҳбарам бошанд, аммо ба далели беморӣ ва серташвишии устод чунин нашуд. Он кас миллатдӯсти асил буданд. Барои таҳриф нашудани  таърихи халқи мо заҳматҳои зиёд кашидаанд, – гуфтанд профессор Иброҳим Усмонов дар идомаи суҳбат.

Нақли профессор Иброҳим Усмонов ҳикояи  “Мунаққид К. Рауфзода кист?”-и нависанда Додоҷони Раҷабиро, ки дар китоби “Дар миёни чор дарё” дарҷ шудааст, ба хотир меовард. Дар ин ҳикоя  дар бораи  масоили таърих дақиқкору сахтгир будани Бобоҷон Ғафуров мавзӯи меҳварӣ аст. Баъди чоп шудани романи “Пӯлод ва Гулрӯ”-и Раҳим Ҷалил мунаққид К. Рауфзода бо даъвои он, ки муаллифи асар воқеаҳои таърихиро таҳриф кардааст, мақолаи тунде менависад. Баъди маҷлису муҳокима  ба чанде аз хатое, ки К.Рауфзода ёфта аст, Раҳим Ҷалил иқрор шуда, дар нашри баъдӣ онҳоро  ислоҳ мекунанд. Аммо Раҳим Ҷалил баъди 20 сол аз маҷаллаи “Огонёк”, ки дар он повести “Маҳмуд”-и К. Рауфзода чоп шуда буд, мефаҳманд, ки К. Рауфзода тахаллуси адабии Бобоҷон Ғафуров будааст.

Мо журналистони ҷавон аз ин муносибат истифода бурда, атрофи қадамҳои аввалин дар журналистика, зодгоҳу хонавода ва фаъолияти публитсистиву илмии Бобоҷон Ғафуров аз профессор Иброҳим Усмонов суол кардем. Устод ҳадсеро,  ки гӯё оилаи Бобоҷон Ғафуров, ки дар Исфисор (аксарияти аҳолӣ ӯзбек аст) мезистанд, яке  аз хонаводаҳои  ӯзбекӣ бошанд, рад карда чунин гуфтанд:

– Хонаводаи Бобоҷон Ғафуров тоҷик буданд. Падарашон, ки меҳнаткаши оддӣ (дар роҳи оҳан кор мекарданд) буданд, дар бораашон кам навиштаанд. Аммо дар бораи модарашон – Розия Озод, ки шоир буданд,  маълумот зиёд аст. Асосан, он кас аз модарашон савод омӯхтаанд. Хонаводаи онҳоро “адашган”, яъне ғалатхӯрда мегуфтанд. Чун онҳо аз Хуҷанд буданд ва омада дар Исфисор зиндагӣ мекарданд.

Бо дуову таманиёти солинавии профессор Иброҳим Усмонов маҳфиламонро ба охир расондем.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь