Таксист
– Мардак, бинед, ҳатто сечароғҳо хобанд, танҳо ранги зардашон кор мекунад. Биёед, ками дигар истед, ҳадди ақал онҳо фаъол шаванд, баъд кор бароед, – гуфт ҳамсарам вақти наҳорӣ кардани ман.
– Боз сар накун, занак. Дар бедор будани садҳо
чароғак хоб кардем, аммо якамон ду нашуд, балки танҳо умрамон гузашт. Худамон аз иҷора ба иҷора кӯчида хеле азоб кашидем, акнун бояд коре кунем, ки фарзандонамон ҳамтақдири мо нашаванд, бояд онҳо аз мо беҳтар зиндагӣ кунанд.
– Ман фикр кардам, ки шумо аз кори расмӣ баромада, таксист мешаведу бо мо зиёдтар вақт мегузаронед, вале баръакс шуд. Мебароед шаб асту медароед шаб. На рӯзи истироҳатӣ мегӯеду на рӯзи ид. Ёд надорам кай ману шумо охирин маротиба якҷо дар ҳавои офтобӣ қадам зада бошем.
– Занак, қарорам қатъист, то пули хонаро кор накунам, ором намешавам. Кифоя аст бепарвофалакӣ, – гуфта фарзандонамро, ки масти хоб буданд, бӯсидаму аз дар берун шудам.
Мошинро гарм карда, ба роҳ баромадам. Дар субҳи содиқ Душанбе хеле ором аст. Оромии кӯчаҳоро садои ҷорӯби холаҳои роҳрӯб халалдор мекунад. Онҳо корашонро зуд-зуд иҷро мекунанд, то ки мардум дар роҳҳои тоза қадам зананд. Ҳамчунин, ин сукути бомдодиро садои мошинҳо, ки як-як босуръат ҳаракат мекунанд ва гӯё ронандаҳо тамбашавиро ба ёд оварда, аз роҳҳо қасд мегиранд, мешикананд. Одамон ҳам каманд. Аҳён-аҳён бо либосҳои варзишӣ ва гӯшмонакҳо медаванд, машқи пагоҳирӯзӣ мекунанд. Ман ин ҳамаро аз оинаи мошин тамошо мекунам ва фикрҳои ҳархела бехонагиву хонахариву таъмини рӯзгор раҳоям намекунанд.
Пеш аз сечароғ марде даст афшонд.
– Шумо ҳам мисли ман қарзи ипотекӣ доред, ки ба ин барвақтӣ кор баромадед, – дар курсии пеш нишастан замон гуфт мусофир.
– Не, аммо дар фикри харидани хона ҳастем, – посух додам.
Чун дидам, ки ошкоро суҳбат кардан мехоҳад, пурсидам:
– Ба хайр бошад, дар ин субҳи содиқ бо кастюму галстук куҷо равонед?
– Ману ҳамсарам омӯзгорем. Пас аз хатми донишгоҳ ҳар ду ба корӣ омӯзгорӣ пардохтем. 11 соли расо мешавад, ки ман дар донишгоҳ дарс мегӯяму ӯ дар мактаби миёна. Чун аз иҷора ба иҷора гаштан дилгир шудем, махсусан, соҳибони хонаҳо сари ҳар чанд вақт нархи иҷораро боло мекарданд, қарор додем, ки бо қарзи ипотекӣ хона харида, маоши якеамонро барои сарфу харҷи оилаву аз дигареро ба қарз диҳем, вале хаёламон андак хом баромад. Фоизи солонаи бонк гарон аст, бо маоши ду омӯзгор ҳам қарзро саривақт дода наметавонем. Барои ҳамин, як ҳафта шуд, ки ман кори иловагӣ ёфтам. Аз соати 5 то 7 ба ҳамватанонамон, ки ба воситаҳои гуногун ба Амрико рафтаанд, дарси англисӣ медиҳам. Азбаски дарсҳоямон тариқи барномаи “Zoom” мегузаранд, аз интернети баландсуръати донишгоҳ истифода мекунам. Чун соатҳоямон 16 соат фарқ доранд, ин бевақтии мо барои онҳо мувофиқ аст ва ҳам ба кори донишгоҳи ман халал намерасонад, – гуфта, оҳи сабук кашид ҳамсуҳбатам.
Ками дигар рафтем ва ба ҷойи кори ӯ расидем. Ҳисобӣ кард ва ба ҳамдигар барори кор хоста, дуо кардем, ки ҳарчи зудтар мушкили бехонагии ману қарзи эшон рафъ шавад.
Баъди ин суҳбат хеле ҳаракат кардам ва пеш аз истгоҳе, ки дар назди бинои баландошёна ҷойгир асту одатан сокинони он таксисавор ҳастанд, мошинро нигоҳ доштам. Аз миён 5 дақиқа нагузашта садое баромад:
– Кор мекунӣ? – марди тақрибан 50-сола дарро кушода, хушк ва ҷиддӣ пурсид.
Новобаста ба оҳанги гуфтораш ҷавоби нарм додам. Суроғаи мерафтаамон вазорати номдор аст. Агарчи ҳоло хеле барвақт аст, аммо мусофир ба телефонаш зуд-зуд соатро дида, ҳар гуна ишораҳои “тез бирон”, “дер кардам”, “чаро вақт тез мегузарад” мекард.
– Тақрибан якуним соат пас вақти корӣ оғоз мешавад, чаро ин қадар саросема менамоед?
– То кор сар шудан бояд ҳисоботи моҳонаро омода кунам, лутфан, зудтар ронед.
– Фикр кардам, шумо ҳам мисли ман дар фикри хонахарӣ ҳастеду барои пул ҷамъ кардан кори иловагӣ доред, – луқма партофтам, то ки суҳбатамон хотима наёбад.
– Не, умри мо аз 50 гузашт. Даҳҳо хонаи иҷора иваз кардем, бонуи хона ва бачаҳо ба ивазшавии ҷойи истиқомат одат кардаанд. Дигар дар фикри харидани хона нестем, балки кӯшиш дорем бачаҳоро хубтару беҳтар хононем, то ки мисли мо нашаванд, роҳашонро ёбанд ва беҳтар зиндагӣ кунанд.
Мусофир ором суҳбат мекард, аммо ҳар калимааш дард дошт. “Фикри хонахариро дигар намекунем” гуфта бошад ҳам, пас аз кушодани ин мавзӯъ авзояш беҷо шуд, худро нороҳат ҳис мекард ва шояд дар назди мани дар синну сол аз ӯ як баробар хурд, ки фикри хонахарӣ дорам, хиҷолат кашид.
То ҷойи кори ӯ сукут кардем. Сукутро чизе шикаста натавонист, ҳатто пойгаи автобусҳо.
– Марҳамат, бақия лозим нест, – гуфта аз мошин берун шуд.
– Ҳаққи шумост, – гуфта як тангаи як сомонаро ба дасташ додам.
Роҳи калон холӣ буд. Суръати мошинро суст карда, аз дил гузаронидам: “Маълум мешавад, ки агар дар ҷавонӣ фикри хонахариро накунему қувваи доштаамонро дуруст истифода набарем, дар миёнсолӣ ин мушкил монанди кӯҳи бузурге мешавад, ки дигар тай карданаш ғайриимкон мегардад. Мушкилот рӯз аз рӯз зиёд мешавад ва қариб ҳамаи онҳо бо пул ҳал мегарданд, ки дар натиҷаи рафъ кардани онон пули хона ҳатто ҷамъ намешавад…”
Дуртар аз истгоҳ марди тақрибан 30-35-сола даст афшонд. Ба мошин нишаст ва бисёр табъи хуш дошт. Ҳолаташро дида, хурсанд шудам, ки пас аз муштариҳои қаблӣ, ки асосан суҳбатамон оҳанги ғамгиниву ноҷӯриҳо дошт, акнун бо ин кас хубтар чақ-чақ мекунем.
– Толори варзишӣ рафта истодаам. Барои чемпиони ҷаҳон шудан нею барои саломатӣ кам-кам машқ мекунам, – сухан кушод мусофир.
– Бисёр кори хуб мекунед, – барои холӣ намондани фазо гуфтам.
– Шумо ҳам машқ кунед, ки бо вуҷуди ҷавон буданатон бо шиками дамида хеле солрафта менамоед. Таъмини зиндагӣ, надоштани хонаву мошин ва ғайраҳо сабаб намешаванд. Аз ҳама муҳим саломатӣ аст, зеро ҳама чизро ёфтан мумкин асту саломатии рафтаро не…
– Ин суханҳоро касоне мегӯянд, ки дар зиндагӣ мушкил надоранд, – гапашро бурида гуфтам.
– Хато мекунед, бародар. Масалан, ман на хона дорам, на мошин, шояд даромади ту аз маоши ман ду-се маротиба зиёд бошад, аммо бо фикр кардан ҳеҷ мушкил ҳал намешавад. Ҳама чиз вақту соати худро дорад. Ман медонам, ки барои хона гирифтан даҳ сол бояд кор кунам, хӯроки бадиламро нахӯрам, фарзандонам либоси бадилашонро напӯшанд, ҳамсарам куртаи дӯстдоштаашро нахарад ва ғайраҳо. Маош кам аст ва бозору хизматрасониҳо гарон. Аммо шукр, ки орому осудаем, кори ҳалол дорем, дар Ватан назди волидон ва ҳамсару фарзандонем, ки аз ин дида неъмати бузугтаре нест. Ҳама имрӯз хона харам мегӯяд, вақташ расад ҳама соҳиби хона мешавад, ҳеҷ кас аз модараш хонадор таваллуд нашудааст…
Фаҳмидам, ки фикрҳояшро бо ҳаяҷони хос баён мекунад. Дар ҷумлаҳояш оҳанги қаноат ҳис мешавад. Ғами беҳуда намехӯрад, балки барои таъмини рӯзгораш кори аз дасташ меомадаро анҷом дода, аз доди Худо зиёд намехоҳад.
Ба макони даркорӣ расидем. Пас аз ҳисобӣ кардану дарро пӯшидани ӯ мошинро ба самти хона рондам. Имрӯз истироҳат мекунам.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ