Вақте такопӯ, такудав ва гоҳо то ғояти шаб дар идора нишаста кор кардани Шариф Ҳамдампурро мебинам, ба худам суол медиҳам: Ба эшон чӣ намерасад? Сарват? Доранд! Обрӯ? Доранд! Фарзандони баркамолу ёбанда низ доранд!… Пас, ин ҳама талош барои чист? Магар беҳтар нест, ки дар бӯстонсарое дар Варзоб ё ҳавлии падарӣ дар Панҷакент ва ё соҳили баҳре дар хориҷи кишвар истироҳату фароғат карда гарданд?!… Ва зуд як ҷумлаи эшон ба ёдам меояд, ки посух ба ин суолҳост: “Дилам месӯзад!…”

Уқоби баландпарвоз

Чор даҳсола муқаддам чунин ном бурда буд Шариф Ҳамдампурро сармуҳаррири рӯзномаи “Комсомольская правда” Геннадий Селезнёв баъд аз оне, ки очерки ӯ “По следам лазурита” дар озмуни ин рӯзномаи бонуфуз мақоми аввалро гирифт. Ин тавсифро нисбат ба Шариф Ҳамдампур Слезнёв ба ду маънӣ истифода карда буд. Якум, ӯ аз фарози кӯҳҳои баланди Тоҷикистон бол кушода буд ва дуюм, пас аз таҳсил дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москва дар фазои матбуоти Шӯравӣ баланд парвоз мекард…

…То омадан ба Москва Ҳамдампури ҷавон аз чанд мактаб гузашта буд: Аввал, ӯ зодаи диёри Рӯдакӣ аст. Дар муҳите ба воя расидааст, ки мардумаш ба сухан арҷ мегузоранд, шеърро дӯст медоранд ва ҳар амалу рафторашон ҳикмати хос дорад; Дуюм, мактаби деҳа, ки беҳтарин муаллимон дар он дарс мегуфтанд. Маҳз дар ин даргоҳ Шарифи наврас ба сухан ва қалам дил мебандад; Сеюм, факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва баҳра бардоштан аз мактаби устодон Шарифҷон Ҳусейнзода, Соҳиб Табаров, Воҳид Асрорӣ, Додоҷон Тоҷиев ва дигарон; Чорум, кор дар нашриёти “Маориф”, ки масъулият ба суханро он ҷо дарк кард…

Аз кишвари мо дар даврони Шӯравӣ навиштаҳои ангуштшумор қаламкашон дар матбуоти марказӣ нашр мешуд, ки яке аз онҳо Шариф Ҳамдампур буд. Ӯ давоми солҳои 80-ум бо “Комсомольская правда”, “Литературная газета”, “Труд”, “Аргументы и факты” ва ғайра ҳамкорӣ дошт ва доир ба рӯзгори Тоҷикистон очерку мақолаҳо менавишт…

Қазияи “Комсомольская правда”

Аз баҳои Слезнёв чанд сол сипарӣ шуд.

Шариф Ҳамдапур ҳамчун Медиа-магнати муваффақи тоҷик соли 2006 нашри “Комсомолская правда”-ро дар Тоҷикистон ба роҳ монд. Ин нашрия дар кишвари мо ҳам хонандагони зиёд пайдо кард, вале иттифоқи ногуворе сабаб шуду нашри он қатъ карда шуд.

Банда он вақт ҷавон ва дар ҶДММ “ОИЛА” навкор бошам ҳам, шоҳиди ин қазия ҳастам. Пономорёв ном хабарнигори “Комсомолская правда” ба Тоҷикистон омада, дар сомонаи нашрия – “KP.ru” дар бораи кишвари мо гузориши таҳқиромезе нашр кард. Ин гузориш он замон дар кишвар ғулғула афканд. Шариф Ҳамдампур ҳамон замон ба сардабири нашрия Владимир Сунгоркин (соли 2022 фавтид) муроҷиат кард, ки таҳқирномаро ҳазф кунанд. Вале Сунгоркин бо баҳонаи он ки дар хориҷи кишвар истироҳат мекунад, баррасии қазияро ба ҳафтаи дигар монд…

Вале Шариф Ҳамдампур алорағми зиддиятҳои дохили корхона изҳорот нашр карда, чопи ин нашрияро қатъ кард.

Ёдам ҳаст, ки дар изҳорот Шариф Ҳамдампур гуфта буд: “Комсомольская правда” нашрияи дӯстдоштаи ман аст. 10 сол онро дар Тоҷикистон нашр кардам. Он даромади хуб ҳам меовард. Гузашта аз ин, нахустин таҷрибаи рӯзноманигориро замони Шӯравӣ дар ин рӯзномаи муътабар гирифта, аввалин мақолаҳоямро низ дар он чоп кардаам. Вале таҳқири миллат, шӯр андохтани мардум кори носавоб аст ва агар ин мақола аз сомона бардошта мешуд,  бар манфиати рафоқат миёни мардуми ду кишвар ва хамкории  тарафайни нашрияҳо мебуд. Вале ин тавр нашуд…”

Сунгоркини марҳум чунин тасмими Шариф Ҳамдампурро ҳеҷ интизор набуд. То вопасин рӯзҳои умраш борҳо талош кард, ки нашри “Комсомольская правда” аз нав дар Тоҷикистон ба роҳ монда шавад, вале аллакай дер шуда буд.

Дар омади гап, аз ин қазия чанд вақт гузашту Сергей Пономороёв аз “Комсомольская правда”  ронда шуд…

“Газетаи муаллимон”

Шариф Ҳамдампур баъди хатми факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба Ватан баргашта, аз соли 1983 дар маҷаллаи “Коммунист Таджикистана” ба сифати муҳаррир ба фаъолият шуруъ кард. Вале кор дар ин маҷаллаи ҳизбӣ дасту пойи ӯро гӯё баста буд. Бинобар ин, вақте соли 1986 сармуҳаррири “Газетаи муаллимон” Бобо Насриддинов ӯро ба кор даъват намуд, зуд розӣ шуд ва ба тими ин нашрия пайваст. Он солҳо муҳити ин коргоҳ, ки аз мактаби Бӯринисо Бердиева маншаъ гирифта буд, рӯзноманигорони шинохта Дорои Дӯст, Ҳикмат Раҳмат, Мирзо Боқӣ фаъолият менамуданд. Шариф Ҳамдампур дар муҳити ин нашрия ҳамчун журналист шинохта шуд. Мақолаҳои таҳлилӣ ва таҳқиқоте, ки ӯ дар “Омӯзгор”-и охири солҳои 80-ум нашр кардааст, баъзеашон имрӯз низ акуталианд.

Бузургдошти Муродулло Шерализода

Соли 1990 дар фазои иттилоотии Тоҷикистон рӯзномаи “Садои мардум” –  нашрияи порлумони ҷумҳурӣ ба вуҷуд омад. Аввалин сардабири он Муродуллоҳи Шерализода беҳтарин журналистони кишварро дар атрофаш сарҷамъ кард, аз ҷумла Фотеҳи Абдулло, Мирзомаҳмуд Мирбобоев, Бахтиёр Муртазоев, Додоҷон Раҷабӣ, Зулфиқори Шодӣ, Қироншоҳ Шарифзода ва Шариф Ҳамдампур дар аввал котиби масъул ва баъдан ҳамчун ҷонишини сармуҳаррир дар ин нашрия фаъолият намуданд.

Шариф Ҳамдампур зимни суҳбатҳо фаъолияташ дар “Садои мардум”-ро марҳилаи муҳими зиндагиаш медонад, зеро дар замони гирудорҳои сиёсӣ ӯ ҳамчун журналисти ҳирфаӣ, дурбин, ояндашинос, равандшинос ва моҳиятбин ба камол расид…

Соли 1993 Муродуллоҳи Шерализода дар ҳавлии Парлумон кушта шуд, вале Шариф Ҳамдампур хотири неки ӯро то имрӯз пос медорад. Соли 2015 бо ташаббуси Шариф Ҳамдампур ҷашни 70-солагии Муродуллоҳи Шерализода дар сатҳи баланд таҷлил гардид, бахшида ба ин сана вежаномаи “Тоҷикистон” ва китоби “Ӯро як рӯз пеш аз маргаш кушта буданд” ба табъ расид. Ҳамон сол Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳи Шерализода ҳамчун Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи “Тоҷикистон” таъсис дода шуд, ки то имрӯз 7 нафар рӯзноманигорон соҳиби он гардиданд.

Полковник Ҳамдамов!

Кор дар мақомоти гумруки кишвар саҳифаи дигари рӯзгори Шариф Ҳамдампур аст. Ӯ соли 1993 бо даъвати аввалин гумрукчии кишвар генерал Худойқул Ҳамроқулов ба ин ниҳод ба кор омад ва Маркази матбуоти Хадамоти навтаъсисро ташкил намуд. Он замон мақомоти гумрук ягона ниҳоде дар кишвар буд, ки бо 3 забон – тоҷикиву русӣ ва инглисӣ хабар нашр мекард, ҳамчун ниҳоди мустақил фаъолияти гузаргоҳҳои марзиро тафтишу назорат менамуд, дар телевизион ва радио барномаи вежа дошт…

Ҳамин тавр, то соли 2004 Шариф Ҳамдампур дар вазифаи Сардори маркази матбуоти Хадамоти гумрук содиқона кор кард. Рутбаи полковникиро сазовор гардид.

Банда ҳамеша фикр мекардам, ки Шариф Ҳамдампур аз Хадамоти гумрук нафақа баромада бошад. Вале чанде пеш бароям маълум шуд, ки ин тавр набудааст. Дар суҳбате эшон гуфтанд: “Ба Хадамот Х… раис таъйин шуд. Чун дидам, ки бар зарари давлату миллат кор мекунад, ариза навиштаму аз кор рафтам. То нафақа 2 моҳ монда будааст… Аз баҳраш гузаштам!”.

ҶДММ “ОИЛА”

Соли 1996 Шариф Ҳамдампур дар баробари кор дар Хадамоти гумрук ҳафтаномаи “Тоҷикистон”-ро, ки соли 1992 аз ҷониби  Насруллоҳ Асадуллоев таъсис ёфта, баъдан нашраш қатъ шуда буд, дубора эҳё мекунад. “Тоҷикистон” аввал нашрияи мақомоти қудратии Тоҷикистон буд. Баъдан онро Шариф Ҳамдампур хусусӣ кард. Инак, беш аз 30 сол аст, ки он дар фазои иттилоотии кишвар ҷойгоҳи хосаи худро дорад. Он на танҳо нашрияи дӯстдошта ва манбаъи боэътимоди иттилоъ ба хонандагони сершумораш аст, балки мактаби бузурги тарбияи кадрҳои журналистӣ мебошад.

Дар заминаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдапур Медиа-холдинги “ОИЛА”-ро созмон дод. Ӯ муассиси нашрияҳои “Тоҷикистон” (1996), “Крим инфо” (1998), “Оила” (2000), “Рекламная газета” (2001), “Бозори эълон” (2014), “Аргументы и факты в Таджикистане”, “Аргументы и факты здоровье в Таджикистане” ва “Комсомольская правда в Таджикистане” мебошад. Ҳамчунин, бо талоши Шариф Ҳамдампур аввал маҷаллаи “Мигрант” ва  ҳоло нашрияи “Оила Мигрант” бо забонҳои тоҷикиву русӣ дар Федератсияи Русия барои муҳоҷирон нашр мешуданд.

Расонаҳои медиа-холдинги “Оила” ҳам ҳамқадами замон ҳастанд ва феълан 4 сомона – pressa.tj, oila.tj, RG.TJ, arzon.tj, ки ба Шариф Ҳамдампур тааллуқ доранд, дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 5 миллион мухотаб доранд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки маҳз Шариф Ҳамдампур аввалин мошини муосири чопиро барои нашри газетаҳои ранга ба Тоҷикистон ворид кардааст. Чопхонаи “Мега-принт” қариб 20 сол аст, ки дар бозори табъу нашр мавқеи намоён дорад.

Ғафуровшинос

Ғафуровшиносӣ ё таҳқиқи рӯзгор ва осори Бобоҷон Ғафуров як бахши умдаи фаъолияти Шариф Ҳамдампур аст. Ӯ аз солҳои 80-ум ба ин мавзуъ рӯй оварда, соли 1989 филми мустанади “Суруше аз ниё”-ро (дар ҳамкорӣ бо режиссёри марҳум Восеъ Мӯсо) таҳия мекунад. Филми мазкур аввалин филми мустанад (ва шояд ягона) дар бораи рӯзгору осори аллома мебошад. Маҳз ба шарофати ҳамин филм мо сабти видеоии суҳбати ҳамсару духтар ва ҳамкорони Бобоҷон Ғафуровро дорем.

Кор дар архиви Бобоҷон Ғафуров ва ҷустуҷӯҳои бисёрсола имкон доданд, ки Шариф Ҳамдампур таҳқиқи ин мавзуъро идома дода, силсилаи мақолаҳои арзишманд ва китоби “ТОҶИКОН дар суҳбати Сталин бо Ғафуров”-ро таълиф намояд. Ин таҳқиқоти Шариф Ҳамдампур 2 сол пеш дар Москва ҳам ба нашр расид. Китоби нахустин дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва китоби дуюм дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоӣ шуд.

Ҳамчунин, дар охири соли гузашта ҳафтаномаи “Тоҷикистон” вежаномаеро бахшида ба 115-солагии Бобоҷон Ғафуров нашр намуд, ки бо теъдоди зиёде нашр ва дар саросари кишвар ройгон тақсим карда шуд.

…Аҷиб он аст, ки Шариф Ҳамдампуре, ки дар ғафуровшиносӣ нақши мунир гузоштаву кайҳо ном баровардаву эътироф шудааст, дар ҷашнҳои марбут ба Бобоҷон Ғафуров, на дар Хуҷанд ва на дар Душанбе ҳатто даъват нашуд…

Журналисти ҳирфаӣ

Дар ин мавзӯъ зиёд суҳбат намекунам. Зеро ҳамагон хуб медонанд, ки Шариф Ҳамдампур бемуҳобот яке аз журналистони ҳирфаӣ аст, ки дар ҳамаи анвои жанрҳои журналистӣ дасти қавӣ дорад. Кам журналисти тоҷик мисли ӯ ҷаҳондида аст. Ӯ ба беш аз 50 кишвари олам сафар карда, бардоштҳояшро аз аксари ин сафарҳо дар қолаби сафарномаҳо таълиф кардааст. Сафарномаҳояш аз Сингапур, Ҷопон, Озарбойҷон, Эрон ва ғ., ки дар шакли китоб чоп шудаанд, беҳтарин намунаи сафарномаҳои солҳои охир мебошанд. Мақсади муаллиф аз ин сафарномаҳо лофи ҷаҳонгардӣ нест, балки бо муаррифии дастоварди ин кишварҳо ишора бар он аст, ки Тоҷикистони мо ҳам роҳҳои рушдро пайдо кунад.

Ҳамчунин, Шариф Ҳамдампур шояд ягона журналисти тоҷик аст, ки бо беш аз 10 сарвари кишварҳои олам бевосита вохӯрда, бо аксарият мусоҳиба анҷом додааст. Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, Шимон Перес, Бурҳониддини Раббонӣ, Алмосбек Отамбоев ва ғ.

Банда хушбахт аз он ҳастам, ки аз рӯзҳои аввалини фаъолиятам дар идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” устод Шариф Ҳамдампур зимни мусоҳибаҳояшон маро ҳамроҳ мегирифтанд. Бисёр нозукиҳои ин жанри душвори журналистикаро аз эшон омӯхтаам…

Ҳамеша муосир

– Солҳое, ки ман бо “Литературная газета” ҳамкорӣ мекардам, – ба ёд меорад Шариф Ҳамдампур, – Александр Чаковский сармуҳаррир буд. Гоҳо нашрия аз ман талаб мекард, ки як очеркро 10 вариант нависам, то ки сармуҳаррир қабул кунад. Боре аз як дӯстам, ки корманди нашрия буд, пурсидам, ки асрори сахтгирии Чаковский чист? Гуфт: “Агар беҳтарин журналист ба ӯ беҳтарин мақола фиристад, метавонад онро пора карда партояд ва аз ӯ беҳтар нависад”.

Ман ҳам бо боварӣ метавонам Шариф Ҳамдампурро чунин васф кунам.

Сифати дигари Шариф Ҳамдампур ҳамеша муосир будани эшон аст. Эшон пайваста дар омӯзиш ҳастанд. Шеваҳои ҷадиди журналистикаро пештар ва бештар аз ҷавонон меомӯзанд ва онро дар кор татбиқ мекунанд. Агар дониши баланди Шариф Ҳамдампур намешуд, магар ҶДММ “ОИЛА” дар фазои интернет чунин муваффақиятҳо пайдо мекард ва беш аз 5 миллион мухотаб медошт? Албатта не!

Дилам месӯзад…

Тавре гуфтам, Шариф Ҳамдампур ҳамеша дар такопӯ ҳастанду ҷустӯҷӯ. Талош ва масъулияти эшон барои кор, барои бозёфти нави эҷодӣ, барои анҷоми мусоҳиба ё таълифи мақолаи нав бештар аз ҷавонон аст…

Дар шароити кунунӣ нигоҳ доштани 4 нашрия кори саҳл нест. Гоҳо Шариф Ҳамдампур мегӯянд: “Ба ман душвор нест, ки ҳамин рӯз аз баҳри кор бароям. Вале ба меҳнати беш аз 30-сола дилам месӯзад. Як газета шуруъ карда аз ман ва журналистону кормандони техникӣ, то кампири газетфурӯшро нон медиҳад. Инсоф нест, ки нони ӯро кашида гирем…”

Роҳнамои шогирдон

Давоми беш аз 30 соли фаъолияти “Тоҷикистон” ва беш аз 20 соли ҶДММ “ОИЛА” шогирдони зиёде дар ин даргоҳ тарбия ёфтаанд. Бархе ҳанӯз бо мо кор мекунанд, бархе дар зиндагӣ роҳи хешро ҷустанд ва ёфтанд. Вале бо боварӣ метавон гуфт, ки аксарият аз мактаби Шариф Ҳамдампур парвоз кардан, баланд парвоз карданро омӯхтаанд…

Банда аз он ифтихор мекунам, ки яке аз шогирдони ин мактаб ҳастам.

Донишҷӯйи курси аввал будам (18 сола), ки ба ин даргоҳ омадам ва аз ду устодам – Абдумудассир Аҳмадзода ва Шариф Ҳамдампур зиёд омӯхтам. Аз он сипосгузорам ва мефахрам, ки Шариф Ҳамдампур дар синни 24-солагиам бовар карда масъулияти нашрияи “Тоҷикистон”-ро ба дӯшам гузоштанд…

Агар як зарра дар журналистика муваффақ шуда бошам ҳам, аз баракати “Тоҷикистон” ва роҳбари он Шариф Ҳамдампур аст…

Қуллаи умр

18-уми май журналист ва публитсисти маъруфи тоҷик, директори генералии ҶДММ “ОИЛА”, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Ордени “Шараф” Шариф Ҳамдампур мавлуд доранд. Ба эшон орзуеро мекунам, ки пирони рӯзгордидаи диёри Рӯдакӣ зимни даст ба дуо бардоштан аз Худованд илтиҷо мекунанд: ТАНИ СИҲАТ, ХОТИРИ ҶАМЪ, ДИЛИ БЕҒАМ.

Одил НОЗИР,

муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Аз редаксия: Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва расонаҳои зертобеи он “Фараж”, “Самак”, “Ману ту”, сомонаи интернетии www.farazh.tj, оҷонсии иттилоотии “Суғднюс”, сомонаи Ютуби “Фараж” журналисти соҳибном ва нотакрор Шариф Ҳамдампурро бо ҳафтоди умр муборакбод гуфта, сари баланду тандурустӣ таманно мекунад! Ҳамеша бошанд ва комёр бошанд!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь