Аз имзои созишномаҳои ҷаҳониву оташбаси Ветнам ва бунёди манораи Эйфелу садамаи ҳалокатбори ҳавопаймои Боинг, то ҳавои абрноки 31-уми март.

31-уми март дар ҷаҳон чӣ воқеаҳо рух доданд?

1799 – Руссия ва Туркия шартнома дар бораи амалиёти низомии Қрим имзокарданд.

1862 – Ҳамлаи байни исёнгарон ва қувваҳои иттифоқӣ дар ҷазираҳои дарёи Миссисипӣ сурат гирифт.

1880 – Вабаш аввалин шаҳре буд, ки бо нури барқ пурра равшан карда шуд.

1900 – Дар Фаронса Маҷлиси миллӣ қонунеро қабул кард, ки рӯзи кории занон ва кӯдаконро то 11 соат кам мекард.

1902 – Дар теннас дар натиҷаи таркиш 22 корманди кон  кушта шуд.

1909 – Сербия назорати Австрия ва Боснияву Ҳерсоговинаро қабул кард.

1921 – Британияи Кабир бо сабаби корпартоии кормандон, дар ҳудуди кишвараш вазъияти фавқулода эълон кард

1932 – Форд Моторс муҳаррики В-8-ро ба бозор баровард

1940 – Ла гвардия дар Ню-Йорк расман барои аҳолӣ кушода шуд.

1949 – Уилсон Черчилл эълон кард, ки бомабаи А ягона чизе буд, ки ИМА-ро аз гирифтани Аврупо нигоҳ медошт

1958 – Нерӯи баҳрии ИМА шӯъбаи атомии зеробии атомиро ташкил кард

1966 – Иттиҳоди Шӯравӣ Луна 10-ро ба кор даровард

1986 – Ҳангоми суқути ҳавопаймои Боинг 727 дар Лос-Анҷелес 167 нафар ҳалок шуданд

1989 – Канада ва Фаронса санади ҳуқуқии моҳигириро имзо карданд

1993 – Брэндон Ли ҳангоми филмсозӣ тасодуфан ҳалок шуд

1994 – Маҷаллаи “Табиат”  эълон кард, ки косахонаи мукаммали австралпитекас дар Эфиопия ёфт шудааст

2004 – Гугл эълон кард, ки хидмати почтаи электронии ройгон бо номи Gmail-ро ба фаъолият оғоз мекунад.

Рӯйдодҳои муҳими таърихии 31-уми март дар ҷаҳон

1989 – Бурҷи Эйфели Фаронса кушода эълон шуд

Яке аз баландтарин иншооти ҷаҳон, ёдгории ҳайратовари Эйфелл бори аввал 31-уми марти соли 1889 мавриди истифодаи омма қарор гирифт. Манора имрӯз аз 11 ошёна иборат буда, ҳар сол ба ин ҷой миллион одамон ташриф меоранд

1905 – Оғози “бӯҳрони якуми Марокаш”

– Кайзер Вилҳем, ҳокими Олмон, 31-уми марти соли 1905 барои дастгирии ҳукумронии монарх аз он ҷо ба Марокаш омадааст. Ин вохӯрӣ қувваҳои Фарона ва Бритониёро сарфи назар карда дар натиҷа исён ба номи “Бӯҳрони аввалини Марокаш” ба вуқӯъ пайваст.

1917 – Озодшавии ҷазираҳои Вирҷиния аз тарафи ИМА

– Тадқиқотчиёни амрикоӣ ҳамеша дар бораи ҷазираҳои эзотикӣ дар баҳри Қариб баҳрнавардӣ мекарданд. Орзуи онҳо дар моҳи марти соли 1917, вақте ки ҷазираҳои Вирҷинияро забт карданд, амалӣ шуд.

1931- зилзилаи Никарагуа

31-уми марти ҳамин сол дар пойтаахти никарагуа зилзила ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷа 6000 нафар кушта шуд.

1958 – Оғози интихоботи федералии Канада

– Интихоботи 24-умини Канада  31-уми марти соли 1958 баргузор гардида буд.Бартарияти ин ҳодиса дар он буд, ки собиқ Сарвазири Канада Ҷон Дифенбакер аксари овозҳоро ба даст овард, ки ҳамчун воқеаи таърихи сиёсии он замон сабти ном шуд.

1964 – Табадулоти навбатии Бразилия

– Ташфишҳои сиёсӣ даҳсолаҳост, ки миллатҳои амрикои Ҷанубиро ташфиш медиҳад. Табадулоти пурсарусадои бразилиягиҳо 31-уми арти соли 1964рух додааст. Табадулоти сиёсӣ дар натиҷаи аз истеъфо баромадани Ҷоао Гуалт, ки он замон Президенти Бразилия буд, сар зад. Чанд манбаи ахборӣ иттилоъ додааст, ки ин  ҳодиса аз тарафи ИМА дастгтрӣ шудааст.

1968 – Ҷонсон  бонбабонкунии Ветнамро қатъ кард

– Суханони собиқ Президенти Амрико Л.Ҷонсон, ки 31-уми марти соли 1968 нутқ кард буд, то ҳанӯз амрикоиҳо аз он пазироии хуб мекунанд. Роҳба Ҷонсон дар ин рӯз расман эълон кард, ки ҳамла ба Ветнам тавассути нерӯҳои ИМА муваққатан қатъ карда шуд.

1979 – Малта озодиро ба даст овард

Малта, як миллати хурде, ки дар қисмати ҷанубии Аврупо ҷойгир аст 31-уми март и соли 1979 аз ҳукумронии Бритониё мустақил шуд. Дар  малта ин рӯзро ҳамчун рӯзи Озодӣ бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта  шудааст.

1991 – Поёни Аҳдномаи Варшава

– Яке аз рукнҳои “Ҷанги сард” шартномаи машҳури “Паймони Варшава” буд. 36 сол пас аз  имзои он, созишнома 31-уми марти соли 1991 қатъ кард шуд ва он ба ҷаҳониён нишон дод, ки муносибатҳои байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва шарикони он аз байн рафтанд.

Ҷашнҳои миллии ҷаҳон

31-уми март дар амрико мавлуди Сезар Чавес ҷашн гирифта мешавад

31-уми март рӯзи милии рақобати сартосарии марафон

Дар ин рӯз таваллуд шудаанд:

– Рене Декартес математик, файласуф ва  нависандаи Фаронса

– Сезар Чавес фаъоли ҳуқуқи шаҳвандӣ дар Амрико

– Кристофон Уокен ҳунарманди синамои Амрико

– Вилям Лоуренс лауренти Нобел дар самти физика аз Бритониё

Вазъи боду ҳаво барои имрӯз, 31-уми март дар Тоҷикистон

31-уми март даар шаҳри Душанбе ва  ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ эҳтимоли боридани борони шадид дар назар аст

– шамол аз самти Ғарб 3-8 м/с

– дамои шабона – 3-8 дараҷа гарм; рӯзона – 15-17 дараҷа  гарм

Вазъи боду ҳавои ВМКБ 31-уми март абрнок аст

– шамол аз самти Ғарб 2-7 м/c

– дамои шабона – 4-6 дараҷа хунук; рӯзона 11-13 дараҷа гарм

Вазъи обу ҳавои вилояти Суғд тайғирёбанда буда,  борон меборад.

– шамол аз самти Ғарб 3-8 м/c

– дамои шабона – 9-11 дараҷа гарм; рӯзона – 20-22 дараҷа гарм

Дар вилояти Хатлон 31-уми март ҳаво абрнок буда, борон меборад

– шамол аз самти Ғарб 3-8  м/c

– дамои шабона  11-13 дараҷа гарм; рӯзона 15-17 дараҷа гарм

Маълумот бобати вазъи боду ҳаво аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ гирифта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь