Тоҷикон ва ӯзбекҳо дар ҳама лаҳзаҳои душвориву нокомӣ, барору нобарорӣ бо ҳам буданд ва дӯстиро ҳамеша пос доштаанд. Ин дӯстӣ ба шарофати шахсиятҳои барҷастаи қарни 15, аз қабили Мавлоно Абураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ сарчашма гирифтааст.

Дӯстиву бародарӣ, эҳтирому муҳаббат байни ин шахсиятҳо самимияти хос дошт. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ нисбат ба шогирдаш Мир Алишер Навоӣ назари некбинона ва садоқату самимият дошта, дар рисолаҳои “ Нафаҳот-ул-унс”, “Ҳафт авранг” ба ҳунари эҷодӣ ва андешаҳои фалсафии вай баҳои баланд додааст.

Ин дӯстию бародарӣ дар давраи ба истиқлолу озодӣ расидани ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сатҳу сифати нав касб кард. Дар фосилаи беш аз чаҳоряк асри истиқлоли давлатӣ ду кишвари дӯст робитаҳои ҳамсоягиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшида, дар самтҳои мухталифи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба дастовардҳои назарас ноил шуданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, қарор аст президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф орад. Дар ин замина, суоли матраҳ ин аст, ки дар доираи сафари мазкур кадом масоил баҳсу баррасӣ мешаванд.

Коршиноси тоҷик Шералӣ Ризоён бар ин назар аст, ки “шуруъ аз соли 2016 низоми муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар минтақаи Осиёи Марказӣ сифатан дигар шуд ва ин шароит бешубҳа аз сиёсатҳои нави Ӯзбекистон сарчашма мегирад. Дар муддати кӯтоҳ силсилаи омилҳои хатарзо ва таҳдидофар бартараф карда шуданд ва дар натиҷа ҳамкории наздики давлатҳо дар Осиёи Марказӣ шакл гирифт, ки маҷмуан ба нафъи ҳамаи кишварҳо буда, барои амалӣ шудани манфиатҳои миллӣ мусоидат мекунад”.

Ба андешаи ин коршинос, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар давраи истиқлоли худ зинаҳои гуногуни сатҳи муносибатҳоро паси сар карданд ва беҳтар шудани муносибатҳои маҷмуии байнидавлатӣ ба нафъи ҳарду давлат аст, чун онро манфиатҳои миллии тарафайн тақозо мекунад.

– Дӯстӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба иқтисоди кишвар чӣ фоидаву зарар дорад? “ Тавозун байни “фоида” ва “зарар” дар низоми муносибатҳои ҳамаи давлатҳо ба назар расида, баҳогузории он бояд аз диди зарурати сиёсию геополитикӣ сурат гирад. Аз ин дидгоҳ ду давлат бо беҳтар намудани муносибатҳои худ фоидаи зиёдеро ба даст оварданд ва дар оянда низ зарфияти хубе барои тавсеа додани муносибатҳо доранд. Барои татбиқи барномаҳои стратегии Тоҷикистон давлати Ӯзбекистон нақши муҳим дорад, чун интиқоли нисбатан арзони молу маҳсулот тариқи роҳи оҳан аз қаламрави ин кишвар имконпазир аст.

Ӯзбекистон низ аз зарфияти транзитии Тоҷикистон барои баромадан ба самти шарқ ва ҷанубу шарқ метавонад истифода кунад. Дар 5 соли охир гардиши савдо дар байни ду кишвар ниҳоят баланд шуда, азми сиёсӣ барои боз ҳам тавсеа додани он низ ба назар мерасад. Тоҷикистон барои маҳсулоти худ бозори нисбатан калонеро ба даст овард, ки агар ҳисобӣ суръат гирад, зарфияти баландро соҳиб шуда метавонад. Барои Ӯзбекистон дастрасӣ ба нерӯи барқ калидӣ аст ва имрӯз ба харидори рақами яки барқи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Маҷмуан, ду кишвар дар самти иқтисод фоидаи зиёде мебинанд, ки ба манфиати миллии онҳо созгор мебошад, – афзуд ӯ.

Ҳамсуҳбатамон ҳамзамон ёдовар шуд, ки “се сол қабл байни ду кишвар созишномаи шарикии стратегӣ ба имзо расид. Ин формати муносибат тавсеа додани муносибатҳоро дар ҳамаи соҳаҳо дар назар доард. Аз ин рӯ, дар сафари дар пеш доштаи Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ба назари инҷониб, иқдоми ҷиддӣ барои боз ҳам тақвият бахшидани шарикии стратегӣ байни ду давлат роҳандозӣ мешавад ва шояд барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт ва маорифу фарҳанг санадҳои дуҷонибаи давлатӣ ба имзо мерасанд. Таҳлили маҷмуии сиёсати хоиҷии Тоҷикистон дар солҳои охир нишон медиҳад, ки дар самти Ӯзбекистон аксари созишҳои дуҷониба амалӣ мешаванд ва ҳар кадоми ҳуҷҷатҳои пештара ба имзо расида натиҷа дода истодаанд”.

Воқеан, дӯстии ин ду кишвар аз қадим мустаҳкаму устувор буд, ки то ин замон пойдор мондааст. Бовар дорем, ки ташрифи меҳмони олиқадр муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба кишвари мо боз ҳам дӯстиро мустаҳкам карда, пайғоми меҳру муҳаббат ва рафоқату бародарии ин халқҳоро чун пайғомрасонони сулҳ ба дуриҳои дур расонида, номи ин ду халқро боз ҳам машҳур мегардонад.

Шавқинисо Носирова,

коромӯзи «Фараж»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь