Ба таваҷҷӯҳи Прокурори генералии ҶТ, мӯҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод

Ба таваҷҷӯҳи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, мӯҳтарам Султонзода Сулаймон Саид

Идома

Баъди нашри маводи мазкур тавре интизор мерафт, нафарони зиёде аз Исфара ба редаксия занг задаву перомуни фаъолияти собиқ раиси ҷамоати Чоркуҳ Бадриддин Шаропов ва ҷиянаш, раиси ҳозира Насриев Шукур далелҳои тоза пешниҳод карданд. Ростӣ гоҳо ба ҳайрат меомадам, ки “чаро ин шахсони баобрӯ дар ҷомеа” то ба ин дам қонуншиканиҳою ришвахӯрии рӯйирости онҳоро дида, об дар даҳон гирифта буданд. Вақте ба яке бо тааҷҷуб ин масъаларо гуфтам, гуфт, ки “решаи ин мафия ба ҳадде чуқур аст, ки мардум метарсанд. Агар не, ба фикри ту мақомоти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқи Исфара ва вилояти Суғд ин ҳамаро намедонанд? Хуб медонанд, ба тафтиш мераванд, вале мераванду бе ягон натиҷа бармегарданд. Тарбузи мардум ва шахсони шикояткарда аз бағал меафтад. Ин аст, ки мардум на ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Исфара бовар доранд ва на ба мақомоти мазкур дар вилоят. Дигар аз Шаропов, ки “шикоят беҳуда аст, ман ҳамаро харидаам” мегӯяд, метарсанд. Барои ҳамин, чоркуҳиёни эътибору манзалат дар ҷомеа дошта ба ин қазияву ба ҳоли зори ҳамдеҳаҳои хеш бетафовут ҳастанд”.

Хуб, агар то ба ин дам мақомот ба ин масъала чашм пӯшида бошанд, мо бори дигар барои онҳо далел пешниҳод мекунем, то раванду санҷанду бинанду натиҷагирӣ намоянд. Шояд бовиҷдоне дар ин байн бошад.

Насриев Шукур – “ҷияни тағо”

Баъди беш аз бист соли роҳбарӣ ба ҷамоат, Бадриддин Шаропов ба курсии раисӣ ба ҷойи худаш писари хоҳарашро шинонд. Инак бори сеюм аст, ки ин нафар дар курсии раисии ҷамоат такя задааст. (Мегӯянд ин кор ба осонӣ нашудааст ва тағо ба ивази пул ин корро анҷом додааст). Ҷиян, ки дасти тағоро гирифта буд (ӯзбекҳо масале доранд: “уғӯл тағоси”), дар идома кори тағояшро идома дод. Аввал корҳои боқимондаи тағоро анҷом дод (заминҳоеро, ки тағо пулашро аз бойбачаҳои замингир гирифта буд, дод), баъд дар ғами худаш афтод. Дар ҳоле ки мавсуф пеш аз ин иҷрокунандаи вазифаи раиси шуъбаи молияи шаҳри Исфара буду натавонист аз имтиҳон гузарад ва дубора ба Чоркуҳ баргашт. Як мисол аз қонунро зери пой кардани Насриев:

Дар бригадаи рақами 13, ки “Сомониён” ном дорад, ба 32 нафар замини назди ҳавлӣ дода буданд. Ин нафарон қарори раиси шаҳр дар бораи ҷудо кардани замин, сертификати якумраи меросии 5 сотих замин доштанд. Баъди гирифтани замин, мардуми бечора таҳкурсиҳои хонаро девор гирифта буданд. Санаи 15.10.2019 бе ягон далели қонунӣ, бе ягон ҳуҷҷат, бе амри прокурор, бе қарори раиси шаҳр, Насриев Шукур бо булдозер ин деворҳоро чаппа кард ва ғайриқонунӣ эълон кард (нигаред ба акс). Хароҷоти мардум наздики 20 ҳазор сомониро ташкил медод. Сабаби ин амалаш баъдтар маълум гардид. Ба ин 32 нафар замин доданд, вале ба ҷойи 32 нафар 50 нафарро ҷой карданд. 22 нафар одамони худро боз ба ин мавзеъ шинониданд, ҷиянҳои худро “ғунҷониданд”. Яке аз онҳо Ҳомидов Абду, ҷияни Лайсиддин Юсуфов, ки дар борааш поинтар ҳарф хоҳем зад, мебошад. Аҷиб ин ки ба Ҳомидов Абду, Қосимов Абдурофеъ, – додарарӯси Шаропов дар шаҳри Исфара 3 қарор дар бораи ҷудо кардани замин гирифта додааст. Ҳатто Юсуфов Лайсиддин ҳаммоми сохтаашро ба номи Ҳомидов кардааст, ки 15 сотих мебошад (дар рӯйи коғаз 10 сотих).

Дар маркази Чоркуҳ барои ҳоҷатхона 0,3 сотих замин ҷудо шуда буд. Ҳоҷатхонаи пешинаро вайрон карда, гӯиё ҳоҷатхонаи нав сохтанӣ буданд. Вале нафси саркаш зӯрӣ карду тағою ҷиян ин заминро ба 20 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхтанд ва 40 ҳазор аҳолӣ бе ҳоҷатхона монд (нигаред ба акс). Ҳоло дар ҷойи ҳоҷатхона мағозаи тиҷоратӣ қомат афрохтааст.

Айни замон дар давоми се давраи раисиаш Шукур Насриев заминҳои зеринро соҳиб шудааст:

– 5 сотих дар маҳаллаи “Зочол”, бригадаи 9;

– 6 сотих дар бригадаи 9;

– 7 сотих дар маҳаллаи “Қуруқ”, дар паҳлуи кӯпрук;

– 8 сотих дар маҳаллаи “Сомониён”-и Исфара;

– 60 сотих дар мавзеи “Куҳи сиёҳ”, маҳаллаи “Лангар”.

Ба ҷуз ин 40 сотих замин ба маблағи 20 ҳазор доллар дар шаҳри Исфара боғ харидорӣ намудааст.

“Тағо” Бадриддин Шаропов дар хонаи шахсии худаш бо ҳамроҳии Юсупов Лайсиддин ба маблағи 4 ҳазор доллар трансформатори шахсӣ шинонидааст, ки ҳамеша кор мекунад. Ҳамин ки вақти супоридани пули барқ шуд, “тағо” ҳисобкунаки барқашро аз кор мебарорад ва ба хотири насупоридани пули барқ бо баҳонаи “ҳисобкунак сӯхт” як тин намесупорад. Фикр мекунед “ҷиян”, раиси ҷамоат аз ин нағмаҳои “тағо” бехабар аст?

Айни замон ин “тағо” шаҳрвандии Русияро гирифтаю дар Русия аст ва ба эҳтимоли зиёд “ҷиян”-и бечораро дар коми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ партофта, мегурезад.

Лайсиддини “рекет”

Мо бо ин ном дар шумораи гузашта вохӯрда будем. Лайсиддин Юсуфов писари акаи Бадриддин Шаропов буда, варзишгоҳи шаҳрро дар ҳузури Президент ба истифода дода буд. Вале баъди рафтани меҳмонон, курсиҳои варзишгоҳро канда фурӯхт ва дар шумораи гузашта мо аксҳои ҳозираи варзишгоҳро нашр карда будем. Ҳоло ин варзишгоҳ ба фермаи гов бадал шудаву дар он говҳо “машқ” доранд. Хабар доданд, ки баъди нашри мавод дар шумораи гузашта, варзишгоҳи мазкурро тоза кардаю ният доранд кадом мусобиқае дар он доир кунанд.

Муроди мо аз навиштани камбудиҳо ислоҳи он аст, дигар ҳеҷ. Агар чунин аст, интизор мешавем, ки ба наздикӣ нишастгоҳҳоро ҳам дар ин варзишгоҳ хоҳем дид.

Ин нафар дар байни ҷомеа бо лақаби “Лайсиддини рекет” машҳур аст. Аммо ба маълумоти мо танҳо дар анҷом додани ин ё он амал ба сифати миёнарав амал менамояд. Баҳсҳоро ҳал мекунад, пора мебараду кори ин ё он нафарро буд мекунад, касеро бо кор таъмин менамояд, касеро аз ҷазо гирифтан халос мекунад. Чунин аст “расми сарои дурушт”, гузашт он замонҳое, ки вазифаи “рекет” аз раҳзанию зӯрӣ бо пора гирифтану пора додан иваз шудааст.

Ҳангоми сафари хидматӣ бо як мансабдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳоло дар нафақа аст, вохӯрдем. Чун сухан аз Лайсиддин рафт, ёдовар шуд, ки “танҳо баъди аз мансаб рафтан, фаҳмидам, ки Лайсиддин ба ман аз маблағи гирифтааш ҳамагӣ сӣ фоизи онро меовардаасту бас!”.

Айни замон вай дар гирду атрофи сардори ШВКД-и Исфара тор метанад ва ният дорад, то ба ивази анҷом додани коре дили ӯро ҳам ба даст орад.

Ин ҷиян ҳам дар сояи давлати Шаропов аз молу мулк дар мисоли замин бенасиб намондааст. Марҳамат, бубинед, ки дар давоми раисии амак Шаропову амакбачаи вай Насриев соҳиби чӣ қадар замин шудааст:

– 4 замин, ҳар яке панҷ сотихро девор карда, дар маҳаллаи “Қуруқ” гирифтааст, ки дар паҳлуи хонаи бародараш Зарбод мебошад.

– 15 сотих замин дар маҳаллаи “Обҷувоз” -и “Қуруқ”, ки онро ҳам девор гирифтааст.

– 18 сотих замин дар бригадаи рақами 9-и маҳаллаи “Таги бора”, ки дар паҳлуи масҷиди деҳа воқеъ аст.

– 12 сотих замини шаҳрванди ин ҷамоат Бозоров Ҳусниро, ки дар паҳлуи варзишгоҳи Раҷабов Садриддин (лаби дарё) мебошад, бо таҳдиди он, ки “ҳуҷҷат надорӣ” соҳибӣ кардааст.

– 30 сотих замин дар бригадаи рақами чор. Замини хоҷагиро ба замини якунимгектараи худ ҳамроҳ кардааст.

– 18 сотих замин дар бригадаи 13 дорад.

Як гектар варзишгоҳи таърихиро, ки дар бригадаи рақами 9 воқеъ мебошад, аз рӯйи ҳуҷҷат гирифтааст, вале дар асл як гектару даҳ сотихро соҳибӣ намудааст.

Хуб, мо бо дороии се нафар аз муҳимтарин шахсиятҳо дар мафияи Шаропов шинос шудем. Кунун дар идома бинем муаллиму духтур, мардуми камбағалу одӣ чӣ ҳол доранд? Мо бо ҳар якеи онҳо дар алоҳидагӣ суҳбат доштем…

Идома дорад

Хуршед АТОВУЛЛО,

Душанбе – Чоркуҳ – Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь