Ин шабу рӯз исми Шоҳзода Карим Оғохони IV ба муносибати зодрӯзаш дар сархати расонаҳои хабарии гуногуни дунё қарор гирифтааст. Бетардид кору пайкори ин марди накӯкору хирадпеша, шоиставу боиста аст, ки мардуми сайёра ситоишаш мекунанду ӯро ба солрӯзаш муборакбод мегӯянду муҳаббатномаҳо дар васфаш иншо мекунанд.
Аз корнамоиҳо ва иқдомҳои башардӯстонаи Оғохони IV инсони худогоҳ метавонад панду ибрат бигарад, зеро ҳар амали як инсони бошараф боис мегардад чандин касонро ба худшиносӣ ва ба роҳи рост ҳидоят намояд. Бешубҳа кулли амалу рафторҳои Оғохони IV дар сар то сари сайёра боиси сарфарозии инсоният асту инсондӯстиро тарғиб менамояд. Оғохони IV ба кадом кишвари дунё, ки сафар накунад, нахуст бо вазъи иҷтимоӣ, илмӣ, тандурустӣ ва маорифи мардуми он кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва мекӯшад то ба қадри тавоноӣ ба мушкилиҳои бахшҳои зикргардида мадади хешро дареғ надорад. Аз ин рӯ, ҳар куҷое наравад бо як самимияти хос пешвозаш мегиранду дуруду сипосҳо ба номаш мефиристанд. Ва созмони бонуфузаш – Бунёди Оғохон далели гуфтаҳои болост, ки дар чандин кишварҳои дунё муассисаҳои таълимӣ, иҷтимоӣ, беморхонаҳо, роҳҳо ва амсоли аз инҳоро бунёд намудааст.
13-уми декабр рӯзи мелоди Оғохони IV аст.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин рӯз дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабарҳо ва аксҳо пахш гардиданд, ки дар маркази шаҳри Хоруғи ВМКБ, бахшида ба рӯзи мелоди Оғохони IV нақлиётҳои мусофирбар ройгон ба мардум хидматрасонӣ мекарданд. Ҳатто, ба чашми банда дар шабакаи иҷтимоии Facebook ба аксе афтод, ки як марди аробакаш дар варақе дар танаи аробаи хеш навишта, ки “Бепул”, яъне: “Имрӯз ба мардум ба таври ройгон хидмат хоҳам намуд”. Ин аз чӣ далолат мекунад? Албатта, нишонаи садоқат, муҳаббат ва самимияти поки мардум ба шахси Оғохони IV аст.
Шояд ин нафарон аз рӯи пайравӣ ба тариқати Исмоилия чунин садоқатро ба пешвои мазҳабии хеш нишон медода бошанд? Шояд ҳам ину он бошад. Аммо воқеият танҳо ин нест. Дар ин рӯз, дар баробари пайравони тариқати Исмоилия ҳам сиёсатмадору зиёӣ ва ҳам коргар, хуллас мардуми одӣ, ки аслан дар пайравии ин тариқат нестанд, ба Оғохони IV номаи табрикотӣ менависанд.
Ҳар навиштае, ки банда худ бевосита мутолиа менамудам, сар то по самимӣ буданд.
Ин ҳама шаҳодат бар он медиҳад, Оғохони IV инсонҳоро аз рӯи нажод, эътиқод, ҷуғрофия ҷудо накардаасту намекунад, танҳо инсон медонаду мешиносаду муносибат мекунад ва ёрии хешро мерасонад. Ин аст нишони одамият! Ҳамаи ин амалу хислатҳои башардӯстиаш боис гардида, ки ҳамагон бар ӯ меҳр варзанду ситоишаш бикунанд.
Барои он, ки хонанда бидонад ташкилоти Оғохони IV то имрӯз чи хидматҳое ба вижа дар Тоҷикистон анҷом додааст, маълумоти мухтасарро дар зер манзури Шумо мегардонем.
Ташкилоти Оғохон оид ба рушд фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 оғоз намуда, бештар дар манотиқи куҳистон фаъолият мекунад. Он дар тамоми вилояту ноҳияҳои мамлакат намояндагиҳои худро дошта, баҳри пешбурди некӯаҳволии мардуми кишвар кор мекунад.
Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои сершумори соҳаи маориф, аз ҷумла таъсиси Мактаби маълумоти касбӣ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, инчунин ташаббусҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла Маркази минтақавии ташхис дар Беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ ва боз маблағгузориҳо дар соҳаи энергетика, молияи хурд, телекоммуникатсия, туризм ва фарҳангро ба сомон расонида асту мерасонад.
Оғохони IV дар кишварҳои дигар низ чунин иқдомҳоро пеш гирифтааст ва дар ҳар кишваре, ки ташкилотҳои эшон ҳастанд, фаъолияташон назаррас аст. Дар бештари кишварҳо ташкилотҳои Оғохон бо тамоми талаботҳои стандарти ҷаҳонӣ, нақшаҳои кории худро бе таъхири замони қарордод ба анҷом мерасонанд.
Нисбати шахсият ва Ташкилоти Оғохони IV ҳамагон эҳтироми вижаеро қоил ҳастанд, чунки талошу заҳматҳои эшон ба мардум хидмат кардан ва то қадри имкон сатҳи зиндагии мардумро боло бурдан аст. Чи тавре, ки намояндаи Ташкилоти Оғохони IV мегӯяд: «Тамоми маблағҳое, ки аз лоиҳаҳои Оғохон ба даст меоянд, барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳои ниёзманд дар ҷаҳон, аз ҷумла Африқо ва Осиё равона мешаванд».
Дар як худи Тоҷикистон Бунёди рушди Оғохон солона беш аз 100 миллион доллари ИМА равона мекунад, ки ин маблағи андаке нест. Ҳоло дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бунёдиву тиҷоратӣ ва фарҳангии зиёде ҳастанд, ки Бунёди рушди Оғохон дар пайи амалӣ карданашон аст.
Дар пешрафти ҷомеаи солим нақши Оғохони IV хеле калон аст. Дар як суханронии хеш Оғохони IV изҳор медорад: «Ҳадаф чӣ аст? Ҳадафи мо ин фароҳам овардани мадади бисёрсоҳавӣ ба ҷараёни рушди кишварҳоест, ки дар он ҷо фаъолият мекунем».
Инсон, ки дар хидмати мардум бошад, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд ва мардум арҷ мегузоранд ба чунин шахс.
Ҳар кас аз рӯи ҳиммат ва хирадаш эътирофкардаи башар мегардад.
Оғохони IV аз рӯи заҳматҳову кӯшишҳои пай дар пайи хеш, ки инсоният рӯзгори ободе дошта бошад, маҳбуби ҳар як хонадон мегардад. Худо ва паёмбарон, ҳама бузургони гузаштаву имрӯза, такрор ба такрор таъкид кардаанд, ки бикӯшед, то дар хидмати ҷомеа бошед. Ин андарзро Оғохони IV аз рӯзи аввали фаъолияташ шиори худ кардааст. Месазад ба ин марди ҷасур ва ботамкин офарин гуфт. Ташкилотҳо ва бонкҳои бунёднамудаи Оғохон имрӯз дар хидмати мардуманд. Шартномаҳову додугирифти бонкҳояш ба куллӣ аз дигар бонкҳои ҷаҳонӣ фарқ дорад.
Мо низ ба табрикот пайваста, 83-юмин солгарди Шоҳзода Карим Оғохони IV- пешвои исмоилиёни ҷаҳонро ба так-таки пайравони ин тариқат муборакбод мегӯем! Умраш дарозу дар кору пайкораш баракат фаровон бод!
Зоҳири САЙФУЛЛО
ШАРҲИ ҲОЛ:
Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ 13-уми декабри соли 1936 дар Женеваи Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон зода шудааст. Дорои дипломи таърихи Ислом аз Донишгоҳи Ҳарвард аст. Вай замоне масъули ёриҳои кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид будааст. Ӯ бунёдгузор ва сарвари «Шабакаи Тавсеъаи Оғохон» (AKDN) аст. Оғохон чаҳор фарзанд дорад: шаҳдухт Заҳро Оғохон, шаҳзода Раҳим Оғохон ва шаҳзода Ҳусейн Оғохон аз Бегим Салима Оғохон ва шаҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон аз Бегим Инора Оғохон.
Бе ту беранг ҳаст дунё, Бе ту камранг ҳаст дунё…Дӯст медорам туро, танҳо туро танҳо туро….