Чанд сол қабл овозхони маъруфи тоҷик, оҳангсоз, Артисти халқии СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шоҳсутуни санъати халқи тоҷик устод Ҷӯрабек Муродов дар саҳнаи муҳташами консертии шаҳри Ню-Йорки Амрико суруди содаву равонеро бо оҳанги халқӣ дар фазои кафкӯбиҳои миллату халқиятҳои гуногуни олам сароида буд, ки матлааш чунин аст:

Ҳаст ҳар гуна «гарӣ»-ҳо дар забони модарӣ,

Заргарӣ, савдогарӣ, ғоратгарӣ, иғвогарӣ.

Ҳар «гарӣ» як ҳусн дорад, як амал, як ҷозиба,

Аз ҳама  ҷамъи  гариҳо беҳтар аст  одамгарӣ.

Ба ин мазмун Саъдии бузургвор фармудааст:

Нахуст одамисиратӣ  пеша кун,

Пас он гаҳ малакхӯӣ андеша кун.

Афсӯс, кам нестанд ашхосе, ки дар муносибат бо одамон одамигариро ба кунҷи фаромӯшӣ ниҳода,  доим лофи малакхӯӣ мезананд. Рафтору гуфтор ва кирдори чунин шахсон, хислатҳои бади инсонӣ, кину ҳасад, қадрношиносӣ аз бузургон, иғвогарӣ, туҳматгароӣ, дурӯягӣ, забонбозию забондарозӣ барин хислатҳои бади инсонӣ ҳамеша дилу ҷони Ҷӯрабек Муродов барин одамони муътабарро, ки дар ҳунару эъҷоз, барҳақ, ба дараҷаи олӣ расидаанд, ба дард меоварад:

Одами баднафсро нони даҳонаш мекушад,

Шахси бадгуфторро заҳри забонаш мекушад…

Пас, кадомҳоянд нишонаҳои «одамигарӣ», ки устод Ҷӯрабек Муродов дар ҳар сухан, дар созу навоҳояш ба такрор ёдовар шуда, таъкид менамояд, ки: «Эй бехабарон! Эй бехабарон!…».

Инсондӯстӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ, тавозуъпешагӣ, бо ҳамдигар мувофиқ будан, таваҷҷуҳ, тараҳҳум… – инҳоянд ифодаҳои асили хулқи неки инсонӣ, ки бемуҳобо, мағз андар мағзи ҷисму ҷони устод Ҷӯрабек Муродов реша давонидаанд. Ва ин ҳама маъниҳо, дар маҷмӯъ, ба як мафҳуми волотарин –  арзиши олии инсон ифода шуда метавонад. Барҳақ, устод Ҷӯрабек Муродов, ки дар ҳар нафаси умри бобаракати хеш ташнаи фарҳанги миллӣ, каломи шоирона ва созу тарона аст, шинохти қадру манзалати инсон, дӯстию рафоқат, ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро  болотар аз ҳама кору амал ва ҳунару эҷод мешуморад. Аз ин рӯ, майлу рағбат ва ҷаҳду талошҳояш барои дарёфт ва тарғиби одамгарӣ ӯро водор намудааст, ки як умр ба эҷодиёти суханварони классик ва муосир, аз устод Рӯдакӣ то Мирзо Турсунзодаву Лоиқу Гулназар рӯ оварда, бештар дар ҳамин мавзӯъ оҳангу сурудҳо офарад.

Эй бехабарон, биҳишт бо дӯст накуст…

(Мавлонои Балхӣ)

 

То тавонӣ, дӯстонро гум макун,

Дӯстони ҳамчу ҷонро гум макун…

(Мирзо Турсунзода)

Оре, тарбияти инсон, шинохти инсон  корест басо мушкил. Калиди дари ин мушкилот дар ҳама давру замон панду андарзҳои орифона будаанд ва хоҳанд буд, ки ганҷинаи адабиёту санъати фарзонафарзандони гузаштаву муосири миллати соҳибфарҳанги моро саршори дурру гуҳари маонӣ намудаанд.

Пир манам, ҷавон манам, тир манам, камон манам,

Давлати ҷовидон манам, ман на манам, на ман манам…

Тошхуҷаи Асирӣ аз ин маъниҳои бикр дар одамшиносӣ барои хеш посух меҷӯяд ва табиист, басо меёбад, басо намеёбад, он гаҳ  дарду рози дили ҳақшиносашро бо созу наво ифшо мекунад ва ҳар навбат худро ҳақдор мешуморад. ки бо истифода аз сеҳри килки суханварони бузург тавассути ҳунару маҳорати овозхонӣ, оҳангҳои дилхурӯшу дилошӯбаш ба ҳамагон пайваста ҳушдор диҳад, тарғиб ва таъкид намояд, ки:

Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад,

Ҷигарҳо хун шавад, чун як писар мисли падар гардад…

(Тошхӯҷа Асирӣ)

 …Бар мурдадилон панд мадеҳ, хеш маёзор,

Зеро ки Абуҷаҳл мусулмон шуданӣ нест.

(?)

Тавофи каъбаи дил кун, агар диле дорӣ,

Дил аз каъбаи маънӣ ту гил чи пиндорӣ,

Ҳазор бор пиёда тавофи Каъба кунӣ,

Қабули Ҳақ нашавад, гар диле биёзорӣ…  

(Мавлонои Балхӣ)

Мусаллам  аст, ки хислатҳои наҷиби инсонӣ дар ҳар шахс  сараввал аз донишу фаҳму идроки баланд, муҳити беолоиши ахлоқӣ парвариш меёбад. Азбаски худшиносию худогоҳӣ дар умқи дилу ботини ин гуна одамон маҳкам реша давондааст, онҳо пайваста огоҳӣ додани атрофиёнро аз поквиҷдонӣ, инсофу адолат, меҳру шафқат  вазифаи азалии худ дар ҷамъият мешуморанд роҳи интихобкардаашон дар ҷомеа ростӣ, ҳақгӯӣ, ҳақҷӯиву ҳақталошист. Дар ин ҷода рози дили Лоиқ сози дили Ҷӯрабек аст ва неруи овозу боли парвози сурудҳои ӯ:

Замини сахти кӯҳистон дили нармам ато кардаст,

Дуруштам ҳар ки мехонад, хато андар хато кардаст.

Ба мисли кӯҳ якрӯям, ба сони чашма ҳақгӯям,

Чунин будам, чунин бошам, ки ин сонам Худо кардаст.

Барҳақ, Ҷӯрабек Муродов дар ҳама гуна марҳилаҳои таърихӣ ва ноҷӯриҳои айём бидуни якрӯиву ҳақгӯӣ  наметавонад ҳаёти худро тасаввур намоянд, зеро  аз овони тифлӣ дар муҳити покизаи инсонгароию маърифатдӯстӣ  ба камол расидааст.

24-уми декабри соли 1942-юм  ба хушбахтии миллати тоҷик  ҳамин гуна  як тифли наҷиб дар деҳаи Куруди ноҳияи Айнӣ  ба дунё омад. Ӯ баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи омӯзгории Ленинобод дохил шуда, онро соли 1962-юм бомуваффақият хатм кард. Бо дарназардошти донишу қобилияти баландаш ӯро дар ҳамин донишкада ба ҳайси ассистенти кафедраи педагогика ва методика ба кор гирифтанд. Бо вуҷуди ин, олами ҳунару эҷоди сарояндагӣ мутассил  Ҷӯрабеки ҷавонро  ба сӯи худ мекашид. Соли 1963-юм Филармонияи давлатии Тоҷикистон дари худро ба рӯи ӯ боз кард. Дигар вай аз ин боргоҳи маърифат  дил канда натавонист. Тайи  қариб сӣ сол дар ҳайати ансамбли Филармония ба сифати овозхон, роҳбари ансамбл, роҳбари бадеӣ фаъолият кард. Зинаҳои маҳорату истеъдод ва обрӯю эътибори касбию инсониро маҳз дар ҳамин давра тай кард. Дар ҳамин давра дониши мусиқӣ ва сарояндагии аз падар ва аз мероси пурғановати ҳофизони машҳури гузаштаву муосир  Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхони Ҳофиз, Домулло Ҳалим, Шоҳназар Соҳибов, Акашариф Ҷӯраев, Боймуҳаммад Ниёзов ва дигарон омӯхтаашро такмил дода, худ суруду оҳангҳои нав ба нав  офарид.  Дар ҳамин давра бо ҳунарнамоиҳояш дар барномаҳои консертӣ, тантанаҳои ҷашнӣ, сафарҳои ҳунарӣ дар дохил ва хориҷи кишвар шуҳрату эътибор пайдо карда, бо ҳунари нотакрори сарояндагиаш ба унвонҳои Артисти Хизматнишондодаи Тоҷикистон (соли 1967), Артисти Халқии Тоҷикистон (соли 1974), Артисти Халқии СССР (соли 1979), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон (соли 1975), Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (соли 1987), орденҳои «Нишони Фахрӣ», «Шараф», медалу грамотаҳо мушарраф гашт.

Устод Ҷӯрабек Муродов доим аз маҳфилҳои адабӣ – фарҳангие ёдовар мешавад, ки дар ҳалқаи илму адаб дӯстони ҳамдилу ҳамкасбу ҳамфикр бо иштироки суханварони шинохтаи айём Ҷаббор Расулов, Мирзо Турсунзодаву Абдулаҳад Қаҳоров, Боқӣ Раҳимзода, Раҳим Ҳошиму Фотеҳ Ниёзӣ, Сотим Улуғзодаву Муҳамадҷон Шукуров, Муъмин Қаноату Лоиқ, Гулназар, Одина Ҳошиму Зафар Нозим ва дигарон мегузарониданд, базмҳои ширу шакар меоростанд, аз ҳунару эҷод, дӯстию рафоқат, одаму одамигарӣ суҳбатҳо мекарданд. Маслиҳату дастгириҳои ҳамдигарӣ барои ҳар яке дар равнақи эҷодиёташон болу пар мебахшиданд. Басо мешуд, ки шоирону нависандагон ва ҳамкасбонаш аз Ҷӯрабек Муродов хоҳиш мекарданд, ки сурудҳои машҳури интернатсионалистӣ – башардӯстонааш  «Калинка», «Катюша», «Мехак», «Сулико», «Тумарим», «Элпессе», «Галбим сандадер»-ро, ки дар  эҷодиёти Ҷӯрабек Муродов мавқеи махсус доштанд, бисарояд. Ҷӯрабек Муродов бо камоли хоксорӣ ва шавқи беандоза рубоб ҷӯр мекарду ин сурудҳоро дар ҳавои ҳаёҳую кафкӯбиҳои бепоёни мухлисонаш  бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ, ҷопонӣ, арманӣ, гурҷӣ, қирғизӣ, туркманӣ, озарӣ замзама менамуд.

Худи устод бар он аст, ки бе муҳити рангини фарҳангӣ, бе маҳфилҳову вохӯрию суҳбатҳое, ки дар пояи баланди қадршиносию эҳтироми ҳамдигарӣ сурат мегирифтанд, дар гумон буд, ки ӯ ба мақоми волои санъати миллию ҷаҳонӣ соҳиб гардад. Вай бо камоли хоксорӣ унвонҳои фахрӣ  ва мукофотҳои давлатиашро, ки бозгӯи хизматҳои бардавомаш дар рушду такомули фарҳанги миллӣ  мебошанд, мукофоти дӯстон, мухлисони бешумор ва халқи азизи худ мешуморад.

Эй дӯстони ҷонӣ, бо ҳам будан ғанимат,

Як лаҳза шоду масрур, беғам будан ғанимат.

Бе дӯст зистанҳо ҳаргиз фараҳ надорад,

Шукри ғанимати умр, одам будан ғанимат…

Ҳамин тавр, дар ҳақи устод Ҷӯрабек Муродов мегӯянд, ки тавозуи ӯ болотар аст аз шукуҳи ӯ ва шукуҳи ӯ на  камтар аз тавозуи ӯст:

Мо ҳеҷ, замона ҳеҷ, дунё ҳама ҳеҷ,

Эй ҳеҷ, зи баҳри ҳеҷ бар ҳеҷ мапеч.

Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас-

Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ.

Истеъдоди Худодод аст ҳам услуби хоси овозхоню оҳангсозӣ ва ҳам хислатҳои ҳамидаи инсонии вай. Бешак, сифатҳои эҷодӣ бо сифатҳои инсонӣ дар рӯҳу равони устод бо ҳам омезиш ёфтаанд. Чунин хислатҳоро аксаран ба одамони ҷаҳонгаштаву ҷаҳондида мансуб медонанд. Шояд. Зеро ин сарояндаи мумтоз бо боли ҳунари хеш тавассути иштирок дар даҳаҳои адабиёту санъат, консерту форумҳои муҳташами байналмилалӣ саросари  ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ,  Арабистон, Исроил, Испания, Италия, Фаронсаву Олмон, Япония, Хитой, Амрико, Африқо, Муғулистон, Афғонистон ва дигар кишварҳои ҷаҳонро  сипарда, шуҳрати Тоҷикистон ва миллати тоҷикро ба пояҳои баланд бардоштааст. Мухлисонаш аҷаб таманное дар дил мепарваранду пайваста ба забон меоранд: «Хушо, абармардоне мисли устод Ҷӯрабек, ки дар фурӯтанӣ худро, барҳақ, аз хоки замин боло намешуморанд, доимо  дар дунё бошанду бо мо бошанду дар ҷамъият танҳо набошанд…». Аммо худи Ҷӯрабек бо оҳанги ҳазину суруди оташин  мегӯяд:

Агар сад сол ҳам ҷӯӣ,  маро дигар намеёбӣ,

Шабу рӯзон Худо гӯӣ, маро дигар намеёбӣ.

Ман он якроҳу якрӯ будаму бо роҳи худ рафтам,

Ту, ки садроҳу садрӯӣ, маро дигар намеёбӣ…

Гумон меравад, ки ин сатрҳои дилошӯбро устоди суханварони адабиёти муосир Мирзо Турсунзода маҳз барои Ҷӯрабек Муродов офаридааст:

Зинда кардам дар замин ман шуълаи хомӯшро,

Бо сухан дар ҷӯш овардам дили беҷӯшро…

Бо замин, бигзор, ки пайванд бошад пойи ман,

Дар замин, бигзор, ки бошад муқаррар ҷойи ман.

То абад, бигзор, бошад шуълаафкан, шуълабор

Он чароғе,  ки фурӯзон гашт дар маъвои ман.

Азизмурод Шарифов,

Аълочии фарҳанг ва матбуот,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь