Бо гузашти 33 сол то ҳол дар ноҳияи Ҷалолиддини Болхии вилояти Хатлон сохтмони бинои як кӯдакистон ва як муассисаи таълимӣ нотамом ва дар ҳолати валангор боқӣ мондаанд, ки ҳоло дохили онҳо пур аз партову ҷойи чарои харҳо шудааст.

Мудири Шуъбаи моарифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Юсуфзода Абдулло  тасдиқ кард, ки воқеан ҳам дар ноҳия ду иншооти соҳаи моариф “яхбаста” боқӣ мондаанд.

“Дар ҷамоати шаҳракаи Балх, яъне маркази ноҳия, бинои нотамоми кӯдакистони 3-ошёна барои 200 кӯдак,  ки сохтмонаш дар даврони Шӯравӣ, яъне солҳои 1988-1989, ҳанӯз 33 сол пеш, аз ҷониби Вазорати маориф оғоз гашта буд, то ҳол ба итмом нарасидааст ва ҳоло дар ҳолати валангор қарор дорад”, – илова кард ин масъули давалтӣ.

Манбаъ  гуфт, ки  ҳамчунин дар назди мактаби №6 ҷамаоти деҳоти Ҳалеварди ноҳия таҳкурсии сохтмони бинои мактаб барои 350 хонанда 33  сол пеш аз ҷониби собиқ колхози Ленин оғоз шудаву баъди пош хӯрдани Итиҳоди Шӯравӣ колхозҳо барҳам хӯрдаву ин бино низ нотамом боқӣ монд.

Фарҳод Юсупов, иҷрокунандаи директори муассисаи таълимии №6 гуфт, ки ҳоло дар ин мактаб беш аз 935 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки  як бинои мактаб ҳануз соли 1933 сохта шуда, имрӯз дар ҳолати бад қарор дорад, вале аз сабаби набудани ҷой дар чор синфхонаи он, ки ба ягон талабот ҷавобгӯ нестанд, хонандагони синфҳои 2 ва 6-у 7 ба таълим фаро гирифта шудаанд.

“Гарчанде ки соли 2013-ум дар назди мактаб 7 синфхонаи иловагӣ бунёд карда шуд, аммо то ҳол хонандагон аз сабаби набудани синфхона дар чор синфхонаи вайрон таълим мегиранд”, – гуфт директори маткби №6.

Фарҳод Юсупов илова кард, ки агар  бинои нотамоме, ки барои 350 хонанда дар паҳлуи мактаб ба нақша гирифта шудааст, бунёд шавад, хонандагон пурра ба он бинои нав  мекӯчанду дар шароити хуб таълим мегиранд, ҳоло дар чунин шароит   хонандагон таълим мегиранд.

Аммо мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Юсуфзода Абдулло қайд кард, ки дар мактаби №6 ягон норасоии ҷой нишаст ё вазъи хароби мактаб ҷой надорад.

Юсуфзода Абдулло илова кард, ки  чандин маротиба ба Вазорати маорифи кишвар барои бунёди ин кӯдакистон ва муассисаи таълимӣ мактуб кардаанд.

– Онҳо дар поусух гуфтанд, ки бо пайдо шудани грантҳои хориҷӣ ҳардуи ин иншоотро бунёд мекунем, аммо бо гузашти 30 сол то ҳол аз бунёди ин кӯдакистон ва мактаб дараке нест.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь