Тибқи маълумоти ахири Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, то имрӯз дар саросари ҷаҳон зиёда аз 3,5 миллион нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд. Ду ҳафта пеш, 21-уми апрел, 2,5 миллион ҳолати гирифторӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шуда буд.

Шумораи фавтидагон аз коронавирус 247 ҳазор нафар буда, 1,1 миллион нафар тавонистаанд аз ин беморӣ шифо ёбанд.

Мувофиқи маълумоти коршиносони Маркази тадқиқоти бемориҳои сироятӣ дар Донишгоҳи Миннесота, ҳамагир шудани коронавирус метавонад чанд сол давом кунад, то он даме, ки аз се ду ҳиссаи аҳолии ҷаҳон ба ин вирус мубтало шаванд. Сарфи назар аз андешидани чораҳое, ки аз ҷониби кишварҳо барои мубориза бо сироятёбӣ андешида шудаанд, коронавирус дар оянда низ паҳн хоҳад шуд ва ҳолатҳои нави он баъд аз соли 2022 пайдо мешаванд, мегӯянд коршиносон.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь