15 – уми апрел зодрӯзи устод Айнӣ

“Корномаи беназири устод Садриддин Айнӣ дар таърихи миллати мо камназир буда, тамоми умри бобаракати ӯ барои ҳифзи ҳувияти тоҷикон ва ба сифати миллати қадимӣ эътироф гардидани онҳо сарф шудааст.

Китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” дар солҳои бистуми асри гузашта ба сифати шаҳодатномаи миллати тоҷик хизмат карда, боиси ҳамчун халқи қадима ва фарҳангӣ эътироф гардидани тоҷикон гардид.”

Эмомалӣ Раҳмон

Устод Садриддин Айнӣ чун намояндаи илму фарҳанг ва адаби тоҷик дар охири асри XIX ва оғози асри XX воқеан аз бузургтарин шахсиятҳое мебошад, ки моҳият ва ҷавҳари фаъолияти адаб, илм ва публитсистии ӯро мо ҳанӯз ба пуррагӣ ошкор накардаем.

То ба имрӯз дар мавриди хизматҳои ӯ дар шинохти миллати куҳанбунёди мо – таърих, забон, адабиёти ин миллат, махсусан, замоне, ки тақдири мардуми тоҷик дар зери хатар қарор дошт, ниҳоят бузург аст ва  ин нуктаро аз ҳамсафонаш ба мисли устод Абулқосим Лоҳутӣ сар карда то ба удабо ва уламои имрӯза гуфтаанд ва эътироф намудаанд. Таъсири устод Садриддин Айнӣ ба таърихнигорон, нависандагон ва олимони баъди ӯ хеле амиқ аст ва онҳо бузургии устодро эътироф кардаанд. Айниро на фақат олимони шарқ, балки олимони рус ва Ғарб низ эътироф мекунанд. Танҳо барои намуна мо суханони шарқшиноси машҳури чех Иржи Бечкаро ёдовар мешавем, ки гуфтааст: “Шахсан ман ба адабиёти тоҷик баъд аз ҷанг ошно гардидам. Ба ман, алалхусус, асарҳои Садриддин Айнӣ таъсири амиқ гузоштаанд.”  Ба таъкиди Иржи Бечка, устод Садриддин Айнӣ яке аз машҳуртарин нависандагони асри XX ба шумор меравад. Иржи Бечка, ки осори устод Садриддин Айниро тадқиқ карда ва мақолаҳои зиёде дар бораи ҳунар ва фаъолиятҳои адабии эшон навиштааст, ба ин хулоса меояд: “Қисса ва ҳикояҳои мардуми Осиёи Миёна сарчашмаи беназир ба шумор меравад… Дар байни онҳо махсусан “Ёддоштҳо”–и устод Садриддин Айнӣ – асосгузори адабиёти имрӯзаи тоҷик ҷойи намоёнро ишғол менамояд”.

Имрӯз муҳаққиқон ва ихлосмандон дар соҳаҳои гуногун ба саволҳои худ аз осори устод Садриддин Айнӣ ҷавоб меҷӯянд.

Хидмати устод Садриддин Айнӣ дар шинохти осори классикон (силсилаи мақолаҳо оид ба ҳаёт ва фаъолияти адибони гузашта, “Намунаи адабиёти тоҷик”), таърихи халқи мо (тавассути осори бадеӣ, публитсистӣ, повесту романҳои таърихӣ, “Қаҳрамони халқи тоҷик – Темурмалик”), шарҳи маънии вожаҳо  (“Луғати нимтафсирии забони тоҷикӣ”), масъалаи таълим ва тарбия  (“Таҳсибуссибён”, “Духтарбача ё Холида”, “Тартилулқуръон”), бедории миллӣ, ҳисси ватандорӣ  (мақолаҳои “Маънои калимаи тоҷик”) ва даҳҳо масъалаҳои дигарро ном бурдан мумкин аст, ки роҷеъ ба онҳо метавонем аз осори устод Садриддин Айнӣ маълумот пайдо кунем.

Масъалаи рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи моро ба дониши кишваршиносии наврасону ҷавонон ва умуман кулли мардум равона месозад. Ин масъала ҳанӯз ҳамчун салоҳияти инсони замони нав соли 1927 дар шумораи якуми маҷаллаи “Дониш – биниш” дар мақолаи “Кишваршиносӣ” аз ҷониби устод Садриддин Айнӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. “Кишваршиносӣ илмест, ки дунёи ҳозираи мо ба асоси он пеш меравад”, – бо чунин ҷумла оғоз бахшидааст ин мақоларо устод Айнӣ.   Ӯ масъаларо аз як чизи хусусияти хеле амалидошта ва одӣ оғоз мекунад: “Касе бошад, ки дар куҷо будани ҳавлии худро надонад, аз чанд хона доштани он бехабар бошад, афроди оилаи худро нашумурда бошад ва дар хонаи худ чӣ чизҳо доштанашро низ надонад, оё чӣ гуна зиндагӣ кардан метавонад?” (Садриддин Айнӣ. Акнун навбати қалам аст. – Душанбе: Ирфон, 1977. – Ҷ.1. – С.295). Дар худи ҳамин як ҷумла моҳияти фан ва илми кишваршиносӣ ба таври хеле сода ва фаҳмо баён гардидааст ва ҳар як шахси дорои фаҳмиши миёна ҳам метавонад хулоса кунад, ки кишваршиносӣ илме будааст, ки масоҳатҳо, махсусиятҳои милливу маҳаллии одамони дар ин масоҳатҳо зиндагикунандаро меомӯхтааст. Аз як ҷумлаи устод Садриддин Айнӣ хонанда хулосаҳои аввалини худро мебарорад. Муҳимтар аз ҳама дар ҳамин ҷумла таъкид мешавад, ки “дар куҷо будани хонаи худро надонад”. Ин таъкид пеш аз ҳама ба худшиносӣ ҳам ҳаст ва моро низ ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми омӯхтани ин илм аввал бояд худрову кишвари худро бишносем. Шахси бохабар ва огоҳ кишваршиносиро аз омӯзиши кишвари худ, аз сайру саёҳат ба атрофу акнофи он оғоз мекунад. Ҳар нафаре, ки аз осори бадеию публитсистӣ ва илмии устод Садриддин Айнӣ огоҳ бошад, ба хубӣ дарк мекунад, ки худи аллома ҳамин сифатро дорост.  Мисоли одии ин тасвирҳои манзараҳои зодгоҳ, кӯчаву хиёбон, мадрасаҳои Бухоро дар “Ёддоштҳо”, тасвири машҳури “Дараи ниҳон” дар романи “Дохунда” шуда метавонад.

Ба ин тариқ, устод Садриддин Айнӣ пас аз овардани ҳамон ҷумлаҳо, ки дар боло иқтибос намудем, таъкид мекунанд, ки: “Афроди як кишвар ҳам, агар он кишвари худро ( ба хубӣ ва аз ҳар ваҷҳ  – Ш.У.) надонад, ба мисоли ҳамон одамест, ки хонаи худро аз ҳеҷ роҳ надонистааст” (ҳамон ҷо с. 295). Ин ҷо зарурати донистани ин илм ва ба истилоҳи имрӯза, салоҳияти доштани ин малакаву маҳорат таъкид мегардад.

Пас аз шарҳи содаи масъалаҳои “мафҳум дар бораи илми кишваршиносӣ” аллома ба масъалаи чӣ будани илми кишваршиносӣ наздиктар мешавад: “Акнун биёем ба сари ин, ки кишваршиносӣ аз чӣ чизҳо баҳс мекунад ва ба кадом роҳ хидмат менамояд” (ҳамон асар с. 296).

Ин ҷо шарҳи муфассали илмии мавзӯи баҳси кишваршиносиро, ки устод Садриддин Айнӣ овардааст, зикр намекунем, танҳо гуфтан лозим аст, ки то кадом андоза муҳим будани таваҷҷуҳро ба ин илм таъкид менамояд, зарурати онро ҳанӯз дар солҳои 20-уми садаи ХХ таъкид намудани як нафар олим, педагог хеле олӣ аст. Аллома таъкид мекунад, ки тамоми ҷумҳуриҳои иттифоқ, ҳатто қафомондатаринашон ба масъалаи омӯзиши ин илм чораҳо андешидаанд, аммо мо тоҷикон ҳанӯз ҳам дар бораи ба роҳ мондани масъалаҳои кишваршиносӣ бепарвоӣ зоҳир менамоем. Нависанда дар идомаи сухан таъкид мекунад, ки ба замми ба роҳ мондани таълими илми кишваршиносӣ  пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотӣ, марказҳои илмии кишваршиносӣ таъсис додан зарур аст.

Воқеан  ҳам,  пешниҳодҳои устод Садриддин Айнӣ дар мавриди ба роҳ мондани фаъолияти чунин як пажӯҳишгоҳи бузург дархури замони имрӯза, махсусан дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аст. Устод Садриддин Айнӣ тавассути гузоштани саволи “Ташкили кишваршиносӣ чӣ гуна бояд бошад?” (ҳамон ҷо с.297) пешниҳод менамояд, ки марказ дар назди Комиссариати маориф ташкил шуда, ду-се нафар шахсони кордон тарҳи кори онро таҳия намоянд, бо мақомоти минтақавӣ робита барпо намоянд, шахсони донандаи маҳалро ба кор ҷалб намоянд, “Барои пурра кардан ва васеъ намудани боби “Кишваршиносӣ” (дар маҷаллаи “Дониш – биниш” рубрикае бо номи “Кишваршиносӣ” ташкил карда шуда буд) ба ҳамаи мухбирон, нависандагон ва хусусан, муаллимони тоҷик лозим аст, ки ҳамроҳӣ намоянд”. Устод Садриддин Айнӣ дар интиҳои мақола таъкидан баён мекунад, ки “ҳар як шахси соҳибватан бояд аҳволи атрофи худ, урфу одат, забон ва лаҳҷа, суруд ва бозиҳоро нависад, аҳволи таърихӣ ва осори атиқаро бо санадҳои илмӣ навишта, ба идораи маҷмӯа фиристодан гирад”(ҳамон ҷо с. 298).

Таъкидҳои устод Садриддин Айнӣ дар мавриди ташкил ва ба роҳ мондани кишваршиносӣ аз он далолат мекунанд, ки аллома хеле саривақт дарк карда будааст, ки ин илм чун ҷузъи муҳими худшиносии миллӣ барои ҳар як шахс, махсусан барои мо тоҷикон, ки дар арсаи байналмилалӣ ва ҷаҳони пуршӯри имрӯза  дар баробари дӯстони зиёд  бадхоҳон низ дорем ва мутаассифона, ин бадхоҳон гоҳо аз байни худи мо бармеоянд, ниҳоят муҳим аст. Зеро ҳар баҳси ҷиддии илм, ки тадқиқоти муосир, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Фейсбук) ба миён меояд ва ширкаткунандагони он асосан ҷавонон ҳастанд, дониши баланди сиёсӣ, таърихӣ ва кишваршиносии онҳоро талаб мекунад.

Дар зимн ин нуктаро ёдовар мешавем, ки дар ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан  “Фейсбук” як гурӯҳ афроди ноогоҳ ва тангназар роҷеъ ба таърихи забону фарҳанг ва адабиёти тоҷик  баҳсу мунозира карда,  хизматҳои устод Садриддин Айниро  нодида мегиранд, ки чунин амалкарди онон аз надонистани зиндагинома, осор ва фаъолиятҳои ин абармарди таърих аст. Онҳо бояд бидонанд, ки устод Садриддин Айнӣ на фақат ҳамчун нависанда ҷойгоҳи сазовор дорад, балки дар ҳама соҳаҳо, чӣ сиёсат, чӣ маориф, чӣ забоншиносӣ, чӣ кишваршиносӣ ва чӣ таърихнигорӣ тадқиқотҳои арзишманд анҷом додааст ва дар баъзе самтҳои номбурда ин тадқиқотҳо ҳамчун тадқиқоти назариявии бунёдӣ шинохта шудаанд.

Шервони УМРИДДИН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь