Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин фармудаанд:

«Таърих фарогири замонҳои гузашта ва имрӯза мебошад. Дар доираи ин фосилаҳои замонӣ одамон ба ташаккули ҷамъияти инсонӣ баҳо медиҳанд ва воқеиятро ошкор месозанд.

Мо ба таърихи халқи тоҷик аз рӯи ҳамин ҳақиқат назар андохта, саҳифаҳои пурифтихори онро меомӯзем, бо корномаи гузаштагон шинос мешавем, анъанаҳои неки ба ёдгоргузоштаи онҳоро идома медиҳем ва ҳар яки онро гиромӣ медорем».

Халқи тоҷик таърихи хеле қадима дорад. Вай дар давоми асрҳо дар соҳилҳои дарёҳои Сир, Зарафшон, дар водиҳои Фарғона, Ҳисору Вахш, Кӯлобу Бадахшон ва Раштонзамин бо қувваи табиат мубориза бурда, барои зада гардондани ҳуҷуму тохтутозҳои ғоратгаронаи аҷнабиён ҳаёти худро дареғ намедошт.

Дар бисёр маҳалҳои кишварамон олотҳои гуногун ё бошишгоҳҳои одамони асри санг ва давраҳои минбаъдаро бостоншиносон дарёфт намуданд. Муттаасифона, аз таърихи давлати Қумод (Кумед) маълумотҳо дар сарчашмаҳои таърихи хеле кам ба чашм мерасанд. Муаллифи китоби «Тоҷикон» академик Б. Ғафуров дар саҳифаи 408, менависад, ки “Дар ҳайати давлати Мовароуннаҳр дар болооби дарёи Вахш (Сурхоб) мулки Қумод арзи вуҷуд мекард”. Ба харитаи саҳифаи 404  китоби “Тоҷикон” нигаред.

Дар саҳифаи 345-и китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров чунин навиштааст: “…дар байни дарёи Кофарниҳон (дарёи Ромит) ва Вахш (Сурхоб) – Вашгирд (Файзобод) бо пойтахти худ Вашгирд, дар саргаҳи дарёҳои Кофарниҳон (дарёи Ромит) ва Вахш (Сурхоб) мулки Қумод арзи вуҷуд дошт.

Донишманди таърихи халқи тоҷик, доктори илми таърих Нуъмон Неъматов дар китоби «Давлати Сомониён» дар саҳифаи 64 менависад: «Дар ҳавзаи дарёи Вахш (Сурхоб) як қатор давлату вилоятҳо ҷойгир шуда буданд. Дар болооби дарёи Вахш давлати Қумод воқеъ буд, ки ҳудуди ноҳияҳои водиҳои Қаротегину Дарвоз ва қисми шимолии вилояти Бадахшони куҳиро дар бар мегирифт”.

Саёҳи Чин Сюан Цзянь дар ёдоштҳояш соли 645 чунин навиштааст: “Вилояти Қумод (Кумед) дар маъбадҳои хитойӣ бо номи Гӯи- Ми сабт шудааст. Ин кишвар дар байни мулки Дарвоз, Қаротегин ва Ванҷ ҷойгир будааст. Қабилаҳои кумедҳо дар ин ҷо зиндагӣ ва умр ба сар мебурданд. Бо гузашти асрҳо топоними Қумод (Кумед) аз байн рафта, ба ҷойи он топоними Рашт, Жошт тақрибан дар асрҳои 4-3 пеш аз мелод пайдо мешавад”.

Дар сарчашмаҳои таърихи ин сарзамин бо номҳои Қумод, (Кумед) Ғурқанд, Рошт, Жошт, Рашт, Ғарм, Қаротегин ва Раштонзамин номбар мешавад.

Дар аввали асри Х1Х ҷуғрофшиносон ва фарҳангшиносони рус топоними «Рашт»-ро аз арабӣ ба форсӣ гардониданд, ки маънояш «доманакӯҳ, ғарами теппа ва сангҳо»-ро ифода мекунад.

Дар луғати забони Паҳлавӣ ҳам калимаи «Ғарм» ба маънои «доманакӯҳ ғарами кӯҳу санг» зикр шудааст, ки аз ҳамон маънои калимаи арабии «Рашт» гирифта шудааст ва дар муддати беш аз 900 сол бо номи «Ғарм» дар харитаи ҷаҳон шинохта шудааст.

Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» қисми 1 саҳ 122, менависад, ки «Ҷанговарон ҳанӯз дар асри чор пеш аз милод аз шамшерҳои оҳанини дарозиашон 1,2 метр ханҷарҳои (бо забони ҳамовақта картаҳо), табарҳои яктеға ва дутеғаи ҷангӣ (сагарис) истифода мебурданд, ин қабил табарҳои ҷангӣ дар ҳафтриёти гӯрхонаҳои қадимаи Помир ёфт шуданд». Ба ҳамин монанд табарҳо ва найзаву шамшерҳои ҷангии асри 4 пеш аз милодро бостошиносон дар мавзеи Лахши ноҳияи Лахш ( собиқ ноҳияи Ҷиргатол) соли 1988 аз гӯр ҳамроҳи ҷасади ҷанговаре ёфтанд. Дар гӯр дигар ашёву анҷомҳои рӯзғори одамони ибтидоӣ низ мавҷуд буданд.

Олимону кишваршиносон ва таърихнигорон дар он ақидае мебошанд, ки ёдгориҳои таърихие, ки аз ин сарзамин ба дастоварданд, ба асри санг таалуқ дошта, таърихи беш аз чор ҳазор сола ва аз он ҳам зиёдтарро доранд.

Таърихнависи Юнони қадим Ктесей дар бораи сернуфӯз будани давлати Қумод ва ганҷинаҳои фаровони ин сарзамин маълумоти зиёд додааст.

Бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии олими шинохта, доктори илмҳои таърих узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ёқубшо Юсуфшо экспедитсияи илми тадқиқотӣ – омӯзишӣ ташкил карда шуд, ки таи чанд соли охир дар ин сарзамин ба омӯзиши таърихи давлати Қумод машғул буд.

Бостоншиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар наздикии шаҳраки Ҳоит ва деҳаҳои Ҳисорак, Ясманд, Нӯшор истиқоматгоҳҳои одамони ҷомеаи ибтидоӣ ва  60 адад олоту асбобҳои одамони ибтидоиро дарёфт намуданд. Олотҳои дарёфтшуда, ба ақидаи бостоншиносон таърихи беш аз чор ҳазор сола доранд, ки ба асрҳои 4 -3 пеш аз милоди рост меоянд. Ҳамин қадар сол муқаддам одамони ҷомеаи ибтидоӣ дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд.

Бостоншиносон соли 1946 дар наздикии деҳаи Ҳисораки ҷомеаи деҳоти Ҳоит ҳайкалкаи тиллоии Анохитро ёфтанд, ки ба асрҳои ду – яки пеш аз милоди замони давлатдории Кушониён рост меояд. Ин ёдгории қиматноки таърихи дар осорхонаи шаҳри Санк-Петербурги Федератсияи Русия маҳфуз аст.

Дар деҳаи Оқсойи ноҳияи Лахш гурхонаҳое ёфт шуд, ки ба асрҳои 4 – 3 пеш аз милоди давраи сакоиҳои давлати Қумод рост меоянд.

Шарқшиноси рус Григорев В. В. дар китобаш «Таърихи халқҳои Шарқ» саҳифаи 143 навиштааст: «Сакҳо дар доманаи кӯҳҳои Қаротегин ва Олой зиндагӣ ва сукунат доштанд. Дар вақти юриши Искандари Зулқайнар ва ҳатто ду сад сол пеш аз он Сайҳо ва Сакоиҳо дар ин водӣ умр ба сар мебурданд».

Дар ин гурхона шамшери дудама, табар, сипар, гӯшвораҳои нуқрагӣ тангаҳо ва зарфҳои гуногун ёфт шуданд, ки онҳо дар осорхонаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе нигоҳдорӣ мешаванд.

Сокинони ин манзилгоҳҳо зарфҳо ва асбобу анҷоми рӯзғорашонро дар коргоҳи кулолӣ тайёр мекарданд. Кулолгарӣ дар ҳаёти одамон мавқеи муҳим дошт. Аз лойи кулол хишт, тандурҳои хурду калон ва зарфҳои гуногуни рӯзғорро месохтанд, ки онҳо аз тарзи ҳаёт ва зиндагии қарнҳои дурӣ одамон гувоҳӣ медиҳанд.

Аз вайронаҳои Қалъаи Рашт, Қалъаи Сурх, Қалъаи Лаби Об, Қалъаи Ҳоит, Қалъаи Ҳисорак, Қалъаи Имлок, (дар соҳили чапи резишгоҳи дарёи Хингоб), Қалъаи Дарбанд дар деҳаи Сари Ҷар (дар душохаи шоҳроҳи Рашту Дарвоз, наздикии шаҳраки навбунёди Нуробод) сӯзанҳои аз устухон сохташуда, гӯшвораҳо, мӯҳр, тангаҳои нуқрагӣ, мисӣ, табарҳои бринҷӣ, найза ва асбобу анҷомҳои рӯзғор ёфт карда шудаанд, ки онҳо ба асрҳои чор-се пеш аз милод рост меоянд.

Соли 1957 дар байни деҳаҳои Шавриқиём ва Мулло Кенҷаи ноҳияи Тоҷикобод ҳангоми шудгор кардани заминҳо якчанд адад қабрҳои одамони қадимро дарёфт намуданд, ки дар дохили онҳо устухонҳо, шамшер, сипар, найза, табар, бозубанд ва дигар ашёҳо ёфт шуданд. Бостоншиносон муайян карданд, ки ин ашёҳо таърихи беш аз ду ҳазору панҷсадсола доранд. Дар ин мавзеъ бо мақсади дарёт намудани асбобу анҷомҳо ва ашёҳои рӯзгори одамони замони қадим кофтуковҳои бостоншиносӣ ба мақсад мувофиқ аст. Ин мавзеъ ҳоло бо номи «Дашти Сақоӣ» маълум аст.

Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илми таърих Ёқубшо Юсуфшо дар яке аз сӯҳбатҳо гуфт, ки “…Ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносӣ дар соҳили рости дарёи Ёқсу (шохоби дарёи Сурхоб) дар деҳаи Чоргулаки ноҳияи Лахш табарчаи биринҷӣ дарёфт карда шуд, ки таърихи беш аз чор ҳазорсола дорад, аз ин лиҳоз кофтуковҳои бостониро дар ин мавзеъ идома додан лозим аст. Дар зери қалъаҳо, қабрҳо ва манзилгоҳҳои одамони қадим асбобу анҷомҳо зиёданд, ки таърихи ниҳот зиёде доранд. Дар деворҳои ростфаромадаи ғорҳо ва дар аксҳои рӯи сангҳо одамон дар даст найза ва милтиқ (камон) доранд, инчунин акси сагҳои шикорӣ низ тасвир карда шудаанд”.

Сокини деҳаи Фатҳободи ноҳияи Тоҷикобод Аҳмадов Абоил дар яке аз суҳбатҳо ёдовар шуд, ки “Соли 1980 дар вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 деҳаи Фатҳобод кору фаъолият менамудам, кишваршиноси шинохта  Ёқубшо Юсуфшо ба мактабамон меҳмон шуда омад. Мо омӯзгорон аз беаҳамиятӣ ва беандешагӣ мӯҳри шоҳҳони қадимаи ин диёрро, ки аз метали қиматбаҳо сохта шуда буду вазни хосаи зиёде дошт аз осорхонаи муассисаи таълимӣ гирифта ба дасти ӯ супоридем. Вай ин мӯҳри қиматнокро ба осорхонаи шаҳри Санк Петербург (шаҳри Ленинград) супорида будааст…”.

Дар ишораҳои саёҳи Чин Сюан Цзянь омадааст, ки сокинони ин кишвар бо обёрӣ, кофтани каналҳо, зироаткорӣ, парвариши асп, шутур, бузу гӯсфанд, чорвои калони шохдор, кулолгарӣ ва бинокорӣ машғул буданд.

Чӯпонҳо тобистон бо рамаашон ба чарогоҳҳои баландкӯҳ мерафтанд, онҳо дар каппаҳо ва ё ғорҳо зиндагӣ мекарданд. Чунин бозёфтҳои аз ҳаёти зиндагии чӯпонони асри биринҷ шаҳодат медиҳанд.

Либосҳои мардум аз пӯсти ҳайвонҳо, пашм ва пӯсти дарахтон дӯхта мешуданд. Каналҳо бо меҳнати пурмашақати ғуломон дар зарфи се чор сол кофта мешуданд.

Тахминан шаш ҳазор сол мӯқаддам одамон ба истифода ва гӯдохтани мис оғоз намуда буданд. Олотҳои аз мис сохташуда, тез кунд мешуданд. Дар ҳазорсолаи 4-3 пеш аз милод одамон омехтаи фулузот – биринҷиро низ истифода мекарданд. Биринҷ барои сохтани яроқҳои гуногун ва дигар олотҳои меҳнат маҳсулоти хубе буд.

Бостоншиносон мазорҳо ва мақбараҳои одамони қадимро дар соҳили дарёҳои Қизилсу (Сурхоб) ва Оқсу (Сафедоб), шохобҳои дарёи пурталотуми Сурхоб кофта ёфтанд. Дар дохили қабрҳо яроқу аслиҳа, ашёву анҷомҳои рӯзгор, табари биринҷӣ ва милтиқу (камоғулак) найзаҳои шикорӣ ҳамроҳи мурдаҳо гуронида шуданд. Дар қабрҳои занҳо бошад зару зеварҳоро мегузоштанд.

Дар қаламрави ноҳияи Лахш ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ то имрӯз панҷ канал; “Пиёзӣ” бо дарозии 16 километр, “Ҷиёнқирғиз” бо дарозии 13 километр, “Чилонбӣ” бо дарозии 10 километр, “Сарталло” бо дарозии 10 километр ва “Ғулама” бо дарозии 36 километр аз ҷониби мутахассисон ва сокинони ноҳия кофта ба истифода дода шуданд, ки ҳангоми кофтани ин каналҳо даҳҳо кӯзаву хурмаҳо ва асбобу анҷомҳои рӯзғори одамони қадим ёфт шуданд, ки аксари онҳо дар осорхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ва дар манзилҳои сокинони ноҳия нигоҳдорӣ карда шудаанд. Ҷамоварӣ намудани ин бозёфтҳо ва ташкил намудани осорхона дар маркази ноҳияи Лахш ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Аз тарзи ҳаёт ва зиндагии одамони қадими ноҳияҳои водии Рашт то замони замони имрӯза маълумотҳо хеле кам боқи мондаанд. Сабаб дар он аст, ки дар натиҷаи заминларзаҳои солҳои 1911, 1941, 1949 ва солҳои минбаъда, ки қувваи аз 7 то 9 балл доштанд, аксари қалъаҳо, манораҳо, мадрасаву масчидҳо, биною иншоотҳо ва мазорҳо вайрон шуда, ба хоктӯда табдил ёфтанд.

Дарёфт ва аз нав барқарор намудани бинову иншоотҳо ва ёдгориҳои таърихии ин водӣ аввалан кори хайрест ва баъдан онҳо дар омӯхтани таърихи халқи тоҷик ва тарбияи меҳандӯстии наслҳои оянда аз аҳамият холӣ нестанд.

Шарифзода Сайфиддин,

мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур,

Мирзоҳомидов Мирзовалӣ,

омӯзгори коллеҷи хусусии тиббии ноҳияи Рӯдакӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь