25 августи соли 2023 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзӯи “Шоҳ Муҳаммадвалихони Дарвозӣ-кафили салтанат ва сиёсатмадори маъруфи Афғонистон” ва рӯнамоии китоби Қосимшо Искандаров, доктори илмҳои таърих, саркотиби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – “Тоҷикони номдори Афғонистони муосир. Сислилаи 1” дар доираи силсиласеминарҳо зери унвони “Тоҷикони номдори Афғонистони муосир” доир гардид. Чорабинии мазкур доир ба баррасӣ ва бозгӯ намудани вазъияти тоҷикони Афғонистон, саҳми тоҷикони Афғонистон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии он кишвар ва чеҳрасозии тоҷикони барӯманди Афғонистон доир шуд. Семинари илмиро АМИТ дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақа, Бунёди байналмилалии Аҳмадшоҳи Масъуд ва Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистн бо Афғонистон омода ва доир намуданд. Дар семинар 80 нафар олимону коршиносон ширкат доштанд.
Чорабиниро Қосимшо Искандаров доктори илмҳои таърих, саркотиби АМИТ ифтитоҳ намуда, сипас муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салимахон Раҷабзода, сухани табрикӣ изҳор намуда, ба зарурати омӯзиши рӯзгори шахсиятҳои таърихӣ ва таблиғи андешаи миллӣ таъкид кард.
Қосимшо Искандаров дар мавзӯи “Шоҳ Муҳаммадвалихони Дарвозӣ дар дарбори амирони Афғонистон ва саҳми ӯ дар ҷунбиши машрутахоҳӣ” ва докторанти Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Ҷамолиддин Сино Далерӣ, номзади илмҳои фалсафа, дар мавзӯи “Шоҳ Муҳаммадвалихони Дарвозӣ-бунёдгузори дипломатияи навини Афғонистони соҳибистиқлол” гузориши илмӣ ироа намуданд.
Китоби пурмуҳтавои илмӣ-тадқиқотии олими соҳибарҷу эҳтироми кишвар, доктори илмҳои таърих, профессор саркотиби илмии АМИТ Қосимшо Искандаров – “Тоҷикони номдори Афғонистони муосир” аввалин кӯшиши муаррифии тоҷикони барӯманди Афғонистон аст, ки дар доираи силсиласеминар бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази мероси хаттӣ ва Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақа амалӣ мегардад.
Китоби мазкур ба муаррифии зиндагинома ва коркардҳои ду нафар тоҷикони номдору машҳури Афғонистони садаи 20 – Ҳабибуллохони Калаконӣ ва Шоҳ Муҳаммадвалихони Дарвозӣ бахшида шудааст. Китоб зери назари Президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ рӯи чоп омада аст. Қисми аввали китоб бо номи “Ҳабибуллоҳи Калаконӣ-нахустин подшоҳи тоҷиктабори Афғонистон” манзури хонандагон гардида, аз панҷ мавзуи муҳими таърихӣ бо номҳои:
1.Заминаҳои қиёми деҳқонони Шимолӣ бо роҳбарии Ҳабибуллоҳи Калаконӣ.
2.Сухане чанд дар бораи Ҳабибуллоҳи Калаконӣ.
3.Омодагиҳо ба қиёми мусаллаҳона.
5.Суқути давлати мардумӣ ва паёмадҳои он
иборат буда, хонандаро вориди як дунёи пур аз таззоди рӯзгоре менамояд, ки онро бо чашми ибрат ва диққати ҷиддӣ метавон мавриди мутолиа қарор дод. Рӯзгор ва зиндагии тоҷикони Афғонистон, ки намунаи барҷастаи кишварсозиву ватанхоҳии соири қавму қабила ва гурӯҳҳои ватансози Афғонистони кунунӣ мебошад, диққати садҳо олимону муҳаққиқони бузурги Афғонистоншиносро бо худ ҷалб намудааст. Ҳокимияти Шӯравии собиқ аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ ба авзои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, онро дар марказҳои илмиву таҳқиқотӣ мавриди омӯзиши олимону муҳаққиқони хеш қарор дода буд. Ин мавзуъ аз ҷониби муҳаққиқи дақиқназар Қосимшо Искандаров хеле хуб матраҳ гардида, сарчашмаву маъхазҳои таърихи тоҷикони Афғонистон хеле мӯътаманд ва бо далелҳои раднашаванда рӯи саҳфа омадаанд.
Қисми дуввуми китоб бо номи “Шоҳ Муҳаммадвалихони Дарвозӣ-меъмори истиқлоли Афғонистон” манзури хонандагон гардида, асрори ба расмият шинохтани давлати Афғонистонро дар замони шоҳ Амонулохон аз ҷониби як тоҷики сарсупурдаи истиқлол ва озодӣ ба хонандагон боз менамояд. Ин қисмат аз шаш мавзӯи муҳими таърихӣ иборат аст:
1.Шоҳони мутаохири Дарвоз: сукут ва ҳиҷрат.
2.Шоҳ Муҳаммадвалихони Дарвозӣ: дар дарбори амирони Афғонистон-Абдураҳмонхон ва Ҳабибуллохон.
3.Ҷойгоҳи Муҳаммадвалихони Дарвозӣ дар ҷунбиши машрутахоҳӣ дар Афғонистон.
4.Нақши Шоҳ Муҳаммадвалихони Дарвозӣ дар муаррифӣ ва таблиғи истиқлоли сиёсии Афғонистон дар арсаи байналмилалӣ.
5.Шоҳ Муҳаммадвалихони Дарвозӣ-вазири умури хориҷии Афғонистон.
6.Шоҳ Муҳаммадвалихони Дарвозӣ-вазири ҳарбии Афғонистон.
Ин қисмати китоб низ хеле пурмӯҳтаво ва саршор аз далоили сарчашмаҳои муътаманди таърихӣ буда, хонандаро вориди дунёи ҳазорранг менамояд. Қаламрави Дарвози то замони Шӯравӣ пуровоза буда, қиссаҳои ҷолиби таърихи он рӯи саҳфа омада, бар асар обу ранги бадеӣ бахшидааст. Ин хиттаи пурасрори таърихии Бухорои Шарқӣ бо фарзандони ҳушманду сарсупурдаи хеш на танҳо дар киштаҳои таърих, балки дар киштзори маонӣ низ сарсабзҳои зиёдеро бо номи тоҷик дар хиттаи номусу нанги ватандорӣ сабзонидааст. Шоҳ Муҳаммадвалихони Дарвозӣ намунаи барҷастаи он тоҷиконе мебошад, ки бо садоқат ба халқу меҳани азизаш хидмат намудааст. Зиндагиномаи ин марди ғариб, ки дар ҳамаҷо ба хотири меҳани азизаш ҷоннисорӣ намудааст, саропо панди рӯзгор буда, дар тарбияи ватанхоҳии насли нави ояндасози кишвар саҳми арзандаи хешро хоҳад гузошт. Бо он ки Шоҳ Муҳаммадвалихони Дарвозӣ яке аз узвҳои фаъол ва серҳаракати Ҷамъияти машрутахоҳони Афғонистон ва ё “Ҷоннисорони миллат” буд, ин талошҳои ватаноҳонаи ӯ нишони бармалои ватансозии ӯ буда метавонад. Воқеияти дигари таърихӣ он аст, ки тоҷикон дар ҳама давру замон, дар тӯли беш аз панҷ ҳазор соли ватандориашон дар Хуросон аз ҷониби садҳо муҳаққиқини таъриху фарҳанги Ориёӣ мардуми бумии ин қаламрав ёдоварӣ шудаанд. Вале шовинизми бебунёди паштунгароӣ тӯли сад соли охир зарбаҳои маргбор бар бунёди ин миллати ҷафои таърихкашида задааст. Ҳамин асари пурмуҳтавои таърихии донишманди шинохтаи тоҷик Қосимшо Искандаров саҳфаҳои нави таърихи давлаториву давлатсозии тоҷиконро манзури хонандагон гардонида, бо далоилу бурҳонҳои қотеъ бар гӯши ғафлатзадаи олам мерасонад, ки “дониста бошед, ки тоҷик дар ҳама давру замонҳо дар руҳияи созандагиву раъиятпарварӣ зиндагонӣ намуда, зинҳор мардумозор набуд. Аз чӣ бошад, ки ҷафо ва зулми таърих бар ӯ бештар рафта”. Зиндагӣ ва рӯзгори Ҳабибуллохони Калаконӣ ва Шоҳ Муҳаммадвалихони Дарвозӣ, новобаста аз он ки дар роҳи истиқлолу озодихоҳии саросарии Афғонистон ҷон нисор кардаанд, барои сойири тоҷикони олам мояи ифтихори ватандорӣ буда, номи покашон дар лавҳи тиллоии ифтихори ватандории мо, тоҷикон ба абадият сабт гардидааст. Ҳамин ифтихори ватанхоҳиву ватансозӣ ва миллатдӯстиву миллатсозӣ баъд аз ҳазор сол бо мақдами мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби тоҷикони олам гардид. Ин абармарди таърихи нави миллату давлат аз минбари баланди СММ борҳо аз ҳуқуқу озодиҳои на танҳо тоҷикони олам, балки тамоми ҳамсоягону ҳамкешҳои Ориёиамон дифоъ намуда, муждаи сулҳу оштии миллиро манзури оламиён гардонид, ҳамин силсилаи тоҷикони номдор давоми “Чеҳраҳои мондагор” буда, ифодагари сиёсати фарҳангии Пешвои миллат мебошад. Хулоса, ин тадқиқоти пурарзиши илмӣ саҳифаи наве андар шинохти тоҷикон буда, як саҳфаи фаромӯшгардидаи таърих мебошад, ки бар гӯши ҷони мо садои талошҳои абои маро аз дарозои таърих мерасонад.
Президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ, доктори илмҳои таърих, профессори ДМТ Ниёз Мирзоев, ходими пешбари илмии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ Маҳмадсалом Махшулов, собиқ муовини якуми раиси парлумони Афғонистон Маҳмадалами Эзидёр, муҳаққиқ ва нависанда Шамсулҳақ Ориёнфар, инчунин аз тариқи иртиботи маҷозӣ ё зум собиқ муовини вазири корҳои дохилии Афғонистон Мирзомуҳаммади Ёрманд аз Норвегия ва Латифи Пидром аз Шведсия изҳори назар намуданд ва таъкид гардид, ки шуҷоат, қаҳрамонӣ, адолатгустарӣ ҷавҳар ва унсури асосии шахсияти истисноии ӯро ташкил медоданд.
Зимни ин изҳори назар шуд, ки мутаассифона, шахсияти ин муборизони матин ва тоҷикони номдор, ки на дар Афғонистон ва на дар Тоҷикистон ба дурустӣ омӯхта ва муаррифӣ нагардидааст, тавассути ҳамин тадқиқоти пурарзиши илмӣ метавонад, ки аз ин баъд мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор бигиранд. Ин семинар қадами аввалест барои бозкушоии ин чеҳраҳои боиззат ва номдору тоҷикони асил.
Аз ҷониби муҳаққиқону коршиносон таъкид шуд, ки маҳз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шудааст, ки заминаи мусоид барои омӯзиш, баргузории маҳфилҳои илмӣ ва омӯзиши таҳқиқот роҷеъ ба таърихи миллат ва шахсиятҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо фароҳам оварда шавад. Бинобар ин, бояд аз ин фурсат олимону донишмандон ва муҳаққиқон ба манзури эҳёи хотираи таърихӣ ва ваҳдати миллӣ истифода кунанд.
Ҳамзамон, ёдрас шуд, ки бояд дар ҷомеа андешаи миллӣ таблиғ шавад ва ҳувияти миллӣ, арзишҳои миллӣ аз ҳамаи абъоди ҳувиятӣ, аз ҷумла аз ҳувияти динӣ ва мазҳабӣ болотар бошад. Гуфта шуд, ки ҳоло дар ҷомеаи тоҷик аксаран аввал худро мусулмон ва баъд тоҷик медонанд. Ҳол он ки садҳо қавму миллатҳои мусалмон зери ниқоби дини мубини ислом миллаташонро ташакул дода, ҳувияти миллиашонро болотар аз ҳувияти исломӣ гузоштаанд. Вазифаи рушанфикрон ин аст, ки ҳар фарди ҷомеа аввал бояд худро мутааллиқ ба миллат бидонанд ва тааллуқоти мазҳабӣ ва динӣ дар ҷои дуввум бошад. Зеро яке аз сабабҳои шикасти давлатҳои тоҷикӣ дар гузашта маҳз боло гирифтани буъд ё ҷанбаи динии ҳувияти ҷомеа будааст. Дар давоми семинари илмӣ аввалин таҳқиқоти пурмуҳтавои илмиро аз силсиланашрҳое зери номи “Тоҷикони номдори Афғонистони муосир” муаррифӣ гардид, ки ҳозирин ба он баҳои баланд дода, нашри ин асари пурмуҳтавои илмиро муҳим ва саривақтӣ донистанд.
Ҷумъахон Темурзода