Асари гаронмояи аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» дар шинохт, пажўҳиш, ташаккул, татаввур ва таҳаввули таърихи миллати тоҷик бунёдӣ буда, дар он ахбори пурмўҳтавои таърихӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносию ҷуғрофӣ, забоншиносӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва ғайра бо натиҷагириҳои дақиқи илмӣ имтизоҷ ёфта, дар ниҳоят шукўҳу фахомати бостонии миллати тоҷикро дар худ таҷассум намудааст. Маҳз ҳамин инъикоси заминаҳои бунёдини илмии таърихи тоҷикон аст, ки муҳаққиқони зиёди ватаниву хориҷӣ «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро бо шоҳасари Пири Тўсӣ Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома» дар як поя гузоштаанд.

Имрўз дастовардҳои навини илмӣ, бахусус бозёфтҳои тоза аз ҳафриёти Саразм, маҷмўаи ёдгориҳои Марғиёну Бохтар ва муҳимтар аз ҳама дастрас ва тарҷума шудани сарчашмаҳои нави таърихӣ заминаи таҳқиқоти навро барои паҳлўҳои норавшани таърихи пайдоиши Тоҷикон фароҳам оварданд.

Аз ҷумла, таҳқиқоти юнонию чинӣ, ки солҳои охир ба забони русӣ ва тоҷикӣ тарҷума шуда ва манобеи қаблан тарҷумашуда низ аз назари муҳаққиқон то андозае дур мондааст, ба ин замина шуда метавонанд.

Маъхази аввал «Таърих» – и Ҳеродот буда, ахбори ў дар ду маврид оид ба қабилае бо номи «додик» ҷолиб мебошад, ки барои шинохти тоҷикон аҳамияти калон дорад. Ў менависад: 1) Саттагидҳо ҳамроҳи гандориҳо, додикҳо ва апаритҳо 170 тилинт [ба Дорюш – С.Б.) андоз пардохт мекарданд ва сатрапи ҳафтумро ташкил мекарданд.

2) Парфиёниҳо, хоразмиҳо, суғдиён, гандориҳо ва додикҳо бо аслиҳае ба ҷанг мерафтанд, ки шабеҳи аслиҳаи бохтариён буд. Сарлашкари парфиён ва хоразмиён Артабоз писари Фарнак ва сарлашкари суғдиён Азон писари Артея; сарлашкари гандориён ва додикон Артифей писари Артабон.

Пас, пурсише ба миён меояд, ки додикон кистанд? Ба тоҷикон чӣ иртибот доранд? Ҳанўз соли 1866 шарқшиноси рус В.Н. Хаников ба ин масъала равшанӣ андохта, чунин изҳори ақида карда буд: «Ба ҳар ҳол ман низ чун Хеммер, (Ниг. «Солномаи Вена». Париж, ҷ. 11, сах. 25) бар онам инҳоро (додиконро – С.Б.) чун тоҷикон бипазирам, зеро Ҳеродот дар «Таърих» (китоби VII кисми 66) аслиҳаи онҳоро ба аслиҳаи бохтариён шабеҳ медонад».

Дар ҷои дигар, ин муҳаққиқи тавонои таърихи тоҷикон дахл карда, вобаста ба этимологияи ин истилоҳ чунин менависад: «Зиёда аз ин, ман ин истилоҳро ба калимаи юнонии Пaqlxal, ки Птоломей (ниг. Китоби VI, боби 12, саҳ. 422) бо он халқҳои маскуни доманакӯҳҳои Ҷайҳунро ифода кардааст, ягона медонам. Ба эҳтимоли қавӣ, дар ин сарчашмаҳо иштибоҳан ба ҷои ҳарфи Т харфи П навиштаанд. Агар ин гуна бошад, пас дар асари муаррихи юнонӣ омадани калимаи Пaqlxal ба ҷои Тaqlxal, ки бешубха ягона тарзи дурусти навиштани калимаи «тоҷик» ба юнонӣ аст, маълум мешавад. Ин пиндор, аз сабаби он ки Дионисии Перигети низ (ба ин нукта Риттер дар саҳ.174 ҷилди VII заминшиносии Осиё ишорат намуда буд) аз тоҷикон ёд карда, онҳоро Тaqlxal меномад, боз бештар ростин менамояд».

Китоби «Эрон»-и Риттер бо эҳтимоми Ханников соли 1874 тарҷума ва тавзеҳ шуда, дар ин маврид боз чунин маълумот медиҳад, ки ба хонандагони рус норавшан аст: «Ғайр аз ин, вожаи «тоҷ» дар рўзгороникуҳан ба гунаи «Ршд Тагх» вориди забони арманӣ шуда, онҳо дар асоси он вожаи дигаре, чун «таговур» сохтаанд, ки решааш вожаи порсии «тоҷвар» аст.

Ҳеродот бо сароҳат ба тавзеҳи истилоҳи «додик» пардохта, онҳоро бо муҳити юнонӣ ошно месозад: «Чунин ба назар мерасад, ки истилоҳи «додикон», ки муаррих Галикарнасӣ дар асари худ ба онҳо ишора кардааст, ҳамоно тоҷикони Хуросон ҳастанд».

Маъхази дигар асари Бичурин Н.Я. (Иокинф) «Собрание сведений о народах обитавших в Средней Азии в древние времена» аст. Дар ин асар хотираҳои сайёҳон, сафирон ва муаррихон чинӣ, ки чанд сада пеш аз милод дар Осиёи Миёна мусофират доштанд ё дар бораи мардумони он навишта буданд, гирдоварӣ шудааст.

Дар рисолаи «Сабтҳои таърихӣ (Шицзи, боби 123) дар бораи сокинони самти ғарбии Ансӣ ахборе сабт шудааст, ки дар шинохти тоҷикон маълумоти тоза буда, аз чашми донишмандон дур мондааст. Аз ҷумла, ҳокими вилояти Хан Чжан замони ҳукмронии Гуян, Юан (соли 140 – 135 то милод) Ижан Кян ба Даван (Фарғона), Юэчи Бузург (диёри масагетҳо), Даҳи (Тахористон) ва Кангю (Хоразм) сафар карда буд, дар номаи худ ба Хоқони бузурги Чин (император) менависад: «Тяочжи дар чанд ҳазор фарсах дар самти ғарбии Ансӣ (Парфия) дар наздикии баҳри Ғарбӣ воқеъ шуда. Мардуми он кишоварзанд, аслан шоликоранд. Ин ҷо тухми парандае ҳаст, ки андозааш бузург аст. Аҳолиаш бисёр. Подшоҳони зиёд дорад. Ҳарчанд аз тавобеи Ансӣ аст, аммо қаламрави хориҷӣ ҳисоб меёбад. Пирмардони Анси ҳикоят кунанд, ки дар мулки Точжи (тоҷикон – С.Б.) бо номи «оби мурда» кўле ҳаст, ба ҷуз Си – Ван Мў каси дигаре онро надидааст».

Инчунин, зимни нақли ҳодисаҳои соли 121 милодӣ дар бораи фиристодани сафирон ба Ансӣ (Парфия), Ян (Алан), Лиган (Рум), Таочжи ва Шанду сарчашмаҳои чинӣ дар ин бора маълумоти ҷолиб зикр кардаанд, ки ба ахбори Шицзи шабоҳат дорад. Муаллифи «Таърихи хонадони Хони Бузург» ин манзараро чунин тасвир мекунад: «Пойтахти Тяочжи садрўза роҳ буда, дар наздикии баҳри Ғарбист. Иқлимаш гарм ва хокаш намнок буда, ин имкон медиҳад, ки гандум коранд. Ин ҷо тухми бузург мавҷуд аст. Аҳолиаш бисёр. Подшоҳони зиёд дорад. Тяочжи аз тавобеи Ансӣ буда, подшоҳонаш ба хориҷиён итоат мекунанд».

Ин ахбор, дар нигоҳи аввал, сода менамояд, вале фавқулода моҳияти илмӣ ва таърихӣ дорад. Нахуст, он ки дар хусуси мавқеи ҷойгиршавии кишвари Тяочжи, ки дар самти ғарби Парфия аст, маълумот медиҳад. Инчунин, роҷеъ ба зиёд будани подшоҳони он ишора мекунад, дар бораи мавҷудияти давлати Ансӣ, яъне Парфия ва назди баҳри Ғарбӣ, яъне Хазар воқеъ будани он шаҳодат медиҳад. Оё ин ахбор ҳақиқати таърихӣ доранд ё танҳо мушоҳидаҳои сайёҳону фиристодагони чинӣ мебошанд. Барои дақиқ шудани онҳо мо онҳоро бо зикри вақоее, ки дар «Таърихи Табарӣ»-и Абулфазли Балъамӣ муқоиса мекунем. Ин муаллиф чунин ахборро дар китоби худ сабт кардааст: «Аз лаби Даҷла аз он сўй, то ҳадди Исфаҳон ва Ироқ ва Кўҳистон ва Рай ва ҷиболи Табаристон ва Кирмон, аз Хуросон то лаби Ҷайҳун – ҳама мулки тавоифро буд, ба ҳар шаҳре молике ва меҳтаре».

Ахбори мазбури таърихиро гуфтаи зерини Абўрайҳони Берунӣ дар «Осору-л-боқия» тасдиқ менамояд: «Ашкониён (ҳокимони давлати Парфия – С.Б.) аз мулукуттавоиф будаанд ва дигарон эшонро итоат накардаанд ва фақат барои ин ки аз хонадони эрониён буданд, эшонро таъзиму такрим менамуданд».

Ҳукмронии Ашкониён тахминан соли 247 то милод оғоз ёфта, то соли 226 милодӣ идома доштааст. Сайёҳи чинӣ, ки байни солҳои 140 – 135 то милод ба Парфия омада буд, ин воқеаро дуруст тасвир мекунад. Ба ин далел, ки подшоҳи сулолаи Ашкониён солҳои 148-147-и то милод давлатҳои хурди атрофашро то марзи қаламрави Мидия ба зери тасарруф худ дароварда буд. Танҳо баъди ин Миридоди I ба унвони «Шоҳаншоҳ» комёб шуд.

Аз рўзгорони бостон миёни давлатҳои подшоҳонӣ ашконӣ ва ва фағфуру хоқонҳои Чин иртиботи иқтисодӣ ва муносиботи давлатӣ барқарор будааст. Масалан, дар «Таърихи хонадони Хони Кўчак» (Хоуханшу боби 118) маълумоте вуҷуд дорад, ки ба назари мо ба ҷашне бастагӣ дошта, подшоҳони ашконӣ ба хоқони чинӣ армуғон ва ҳадоёи гуногун мефиристодаанд. «Таочжи, Ансӣ ва дигар давлатҳо то ҳудуди баҳр аз 40 ҳазор ли ба дарбор (Императори Чин – С.Б.) туҳфаҳо мефиристоданд» .

Чунонки дида мешавад, чиниён дар хусуси кишвари Тяочи, таърих, иқлим, шумораи аҳолӣ, мавқеи ҷойгиршавӣ, гулу гиёҳ ва ҳайвонот, пойтахт ва масоҳати он дар ҳамон замон маълумоти фаровон додаанд. Масалан, Бан Юн, ки соли 56 милодӣ аз ҷониби императори Чин ҳокими кишварҳои Ғарбӣ фиристода (сафир) таъин шуда буд, доир ба кишвари Тяочи маълумоти пурқимат медиҳад: «Пойтахти Тяочи дар доманаи кўҳ ҷойгир буда, масоҳаташ қариб 40 ли аст. Назди баҳри Ғарбист, аз ҷануб, шимол ва шарқ об аст, танҳо шимолу ғарб роҳи хушкӣ дорад. Иқлимаш гарм асту хокаш намнок. Шер, каркаданг, қутос, товус, шутурмурғ, ки тухмаш, маъмулан, бузург мебошад, мавҷуд ҳаст. Дар шимолу шарқ пас аз 60 рўза роҳи аспакӣ кишвари Ансӣ воқеъ аст, ки баъдтар Тяочжиро тасхир кард ва дар итоати сарфармондеҳони худ гузошт.

Инчунин, ахбори нахустин чиние бо номи Ган Ин, ки дар Датсин масъулияти сафорати кишварашро ба зимма дошта ва аз сарзамини Тяочи (тоҷикон) дидан кардааст (97 то милод), то замони мо омада расидааст, ки қимати илмӣ дорад. Ў бо қасди кишвари Рум то соҳили баҳри Бузург меояд, вале номусоидии дамои ҳаво монеи убур аз он мешавад. Сипас ба Чин бармегардад. Ёддоштҳои ин сафир, ки аз сарзамини бостонии мо дидан карда, дар муқоиса бо ахбори қаблӣ, ки дар бораи кишвари мо хонда буд, сафаргуфтаҳояшро навиштааст. Аз ин дидгоҳ, ки ахбори ў нисбат ба маълумоти воқеънигорони пешини чинӣ тоза аст, дорои аҳамият мебошад. Аз ҷумла, назари ў ба кишвари мо чунин аст: «Дар китоби «Таърихи хонадони Хони Бузург» омадааст, ки аз Тяочи ба сўи Ғарб пас аз 200 – рўза офтоб менишинад». Ин гуфта ба ҳақиқат наздикӣ надорад. Зеро пештар фиристодагони Чин то ба Уге мерафтанд ва бармегаштанд, то ба Тяочи касе ҳанўз нарафтааст».

Ахборе, ки роҷеъ ба тоҷикон дар «Таърихи хонадони шимолӣ» (Бейши, боби 97) омадааст, яқинан, ба шинохти паҳлўҳои ҳанўз ношинохтаи тоҷикон ба мо аҳамияти калони таърихиро молик аст. Он дар бораи воқеаҳои садаҳои VI – VII милодӣ, ки ба таърихи аҷдоди мо вобаста аст, маълумоти зиқимат медиҳад, Аз ҷумла, дар он омадааст: «Подшоҳи Боси дар Сули (Суғд – С.Б.) менишинад, ки дар ғарби Нюми ҷойгир аст. Ин давлати қадимаи Тяочи (тоҷикон С.Б.) мебошад, ки он дар масофаи 24228 ли воқеъ аст. Масоҳати пойтахташ 10 ли буда, он зиёда аз 100 000 маскун дорад. Дарё аз самти шимол ба ҷануб аз байни шаҳр ҷорист. Заминҳояш ҳамвор. Ин ҷо тилло, миси холис, ёқут, каҳрабо, ақиқ, марвориди аълосифат, шиша, булўр, пўлод, алмос, қалъагӣ, симоб ва маводи дигар истихроҷ мекунанд. Иқлимаш гарм аст ва дар ҳар хона ях нигоҳ доранд. Даштҳои паҳновар. Барои обёрӣ аз ҳар ҷой наҳрҳо ҷорист, ҳайвоноту парандагонаш мисли Давлати Шимолист. Танҳо шолӣ намекоранд. Дар Боси шумораи аспҳои хушзот, хачир ва уштур зиёданд, ки дар як рўз метавонанд то 700 ли роҳ паймоянд. Хонадонҳои доро бисёр аст, шумораашон то якчанд ҳазор мерасад. Инчунин шер ва фили сафед низ дида мешавад. Тухми парандаи бузург мавҷуд аст. Илова ба ин, паррандае ба уштур шабеҳ буда, ду бол дорад, баланд парида наметавонад, алафхор ва гўштхор аст. Ҳатто, одамро фурў бурда метавонад. Лақаби шаҳриёраш Бо, номи ў Си буда, дар зараинтахте менишинад, шабоҳат ба гўспанд дорад. Тоҷи заррин ва хилъати зарбафти музайян бо марворид тани ў зеб медиҳанд. Сипоҳиён мўи сарашонро метарошанд, кулоҳаш аз пўсти сапед дўхта шудааст. Занон пироҳани дароз ва хилъатҳои фарох доранд, мўи сарро аз қисми пеш ба пас ҷамъ карда, бо гулҳои зарину симин ороиш медиҳанд, ё аз пас то шонаашон сардода, бо ҷамолакҳои рангоранг мебофанд. Шаҳриёр ба ҷуз кохи асосӣ, боз даҳҳо кохи шаҳнишини дигар дорад. Ҳар сол моҳи чаҳорум моҳтобӣ (қамарӣ) ў ба қасди тамошо ба кохҳои худ меравад ва охири моҳи даҳуми моҳтобӣ ба кохи асосӣ бармегардад. Шаҳриёр, зимни нишастан ба тахт, яке писарони худро ба таври хуфия валиаҳд интихоб мекунад ва номи ўро дар номае навишта муҳри шоҳӣ мегузорад, машрут ба ин ки шаҳзодагон аз он огоҳ набошанд.

Пас аз марги шаҳриёр номаро мегушоянд ва номи шоҳзодае, ки дар он набишта шудааст, бар тахти шоҳӣ менишинад. Ва Шоҳи навҷулус ба шаҳзодагон ё бародаронаш мансабҳо дода, онҳоро аз пойтахт берун месозад, то дигар бо ҳам вонахуранд. Раият шоҳро Ицзян гўянду шаҳбонуро Фанбу ва шаҳзодаро Шо. Аз мансабдорони давлатӣ Моҳутан (мўбади мўбадон –С.Б.) ба корҳои додгоҳӣ машғул аст. Нахухан ба хазинадорӣ ва тақсими заминҳои васӣ ва вақф, Цзао ба муросилот роҳбарӣ мекунанд. Гэлохад роҳбари корҳои кохи шоҳ буда, Сюбоб сарлашкар дар сатҳи кишвар аст. Ҳар яке аз онҳо дар навбати худ ёварон доранд, ки масъулияти зиёде ба дўшашон аст. Силоҳҳои онҳо аз ҷавшан, найза, сипарҳои мудаввар, шамшер, тиру камон иборат аст. Филсавор меҷанганд, ки аз пасашон то сад нафар пиёда ҳаст. Мувофиқи қонуни ҷиноятӣ барои гуноҳи вазнин ё ба дор мекашанд ва ё мепаронанд. Барои ҷинояти начандон вазнин зиндон мекунанд, то иваз шудани шоҳ. Барои ҷинояти сабук биниро мебуранд ё дар гарданашон тахта меовезанд, то шармсор гарданд. Ғоратгарон ва дуздонро як умр зиндон мекунанд. Агар зино содир шавад ба зани дороён марди гунаҳкорро зиндонӣ кунанд ва барои содири чунин ҷиноят гўши бинии занро бибуранд. Молиёт (андоз) аз замин вобаста ба таснифоти он (обӣ, лалмӣ) бо пули симин (нуқраӣ) ситонида мешавад. Ба оташу осмон ниёиш кунанд. Дабираашон аз дабираи туркӣ тафовут дорад. Амак ва амма духтари хешро ба занӣ гирифтан иҷоза ҳаст. Миёни мардуми ом ва хос ақд бастани никоҳ ҷоиз аст. Мардуми Боси байни хориҷиён аз ҳама бадахлоқанд. Духтарони зеборо, ки синнаш аз даҳ гузашт, шоҳ ба дарбор меорад ва ба онҳое, ки хизмати хуб карданд, туҳфа менамояд. Мурдагонро ба кўҳ мебаранд ва як моҳ мотам медоранд. Берун аз шаҳр табақае ҳаст, ки алоҳида зиндагӣ мекунанд. Онҳо ба гўронидани мурдаҳо машғуланд ва нопок ҳисобида мешаванд. Агар ба бозори шаҳр раванд, аз омадани худ таввасути зангўла хабар медиҳанд. Оғози соли нав рўзи аввали моҳи шашуми моҳтобист. Асосан рўзи ҳафтуми моҳи ҳафтуми моҳтобӣ ва рўзи аввали моҳи дувоздаҳуми моҳтобиро мўътабар медонанд. Дар ин рўзҳо меҳмон даъват карда, меҳмондорӣ менамоянд, зери оҳанги мусиқӣ шодиву хурсандӣ мекунанд. Ҳар сол рўзи дувуми моҳи моҳтобӣ ба хотири мурдагон қурбонӣ мекунанд. Дар давраи ҳукмронии Шейгуй (518 – 519) шоҳ ба дарбори Шимолӣ расул фиристод. Бо нозу неъмати зиёд ва тавсиянома, расулро хеле хуб мепазиранд. Тобистони дувуми ҳукумронии Гун Ди (554 – 556) хонадони ВЭй – и Ғарбӣ (555) шоҳ ва сафир фиристод ва дар тавсифномааш ин тавр навишт: «Хони Бузург, писари Осмон, зодаи Осмон! Таммано дорам, ки ту ҳама замон ҷовидон бошӣ ва шоҳ ҳама умр саҷдаи туро намояд. Даргоҳ инро қабул кард ва аз ин пас ҳар вақт ба дарбор бо ҳадоё меомаданд. Дар давраи Оли Суи ҳоким Ян – ди ба Боси Ли Иро расул фиристод, ки бо ў аз Боси сафирон бо ҳадяҳо баргаштанд».

Таърих, одобу русум, фарҳангу ҳунар, тарзи давлатдории суғдиён низ таваҷҷуҳи чиниёнро ба худ ҷалб карда, зеро ин кишвари кашфшуда аз нигоҳи муаррихони чинӣ, аз як сў, маълумоти тоза дар бораи ҳамсояҳои орёии худ бошад, ки он ҳам аз лиҳози таърихӣ, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳоизи аҳамияти илмист, аз сўи дигар, ҳамин дақиқу амиқ будани ахбори мусаббат барои ба роҳ мондани муносиботи сиёсӣ ва иқтисодӣ низ муҳим будааст. Чунонки аз ахбор, вақоеи таърихӣ, ёддошту сафаргуфтаҳои чиниён ба кишвари хуршедии мо бармеояд, онҳо ҳар чизи дидаашонро дақиқ дар навиштаҳои худ сабт менамоянд ва давра ба давра маълумоти иловагӣ ба онҳо зам шуда, доираи шинохташон дар бораи тоҷикон низ вусъат меёбад. Муаллифи «Таърихи Оли Суйро» кишвари қадимаи Суғд (Боси)-ро чунин тасвир менамояд: «Шаҳриёри Боси дар ғарби дарёи Дағ, дар шаҳри Сулин нишинад. Ин замини қадими Таочи (тоҷикон С.Б.) аст. Номи шаҳриёраш Ку – Сахо аст. Пойтахташ кариб 10 ли масоҳат дорад. Нуфуси аҳолиаш 130 000 нафарро ташкил медиҳад. Филсавор меҷанганд. Ҳукми қатл нест. Ҷинояткорро дасту по мебуранд, молашро мусодира мекунанд ва ришашро бармекананд ё барои шарманда сохтан дар гарданаш банд меовезанд… Шоҳ дар сар тоҷи заррин дошта, ришашро бо зару зевар, чун занҷираи заррин зеб медиҳад. Нишастгоҳаш тахти заррин, ки шабеҳи шер аст, бошад. Ҷомаи зарбафт якҷо бо сангҳои қиматбаҳо дўхташуда мепўшад. Дар ин кишвар аспҳои хушзот бисёранд. Ҳайвоноте чун нахчир, шер, фили сапед низ дида мешавад. Тухми шутурмурғ низ ҳаст. Марворид, зару сим, алмосу булўр, ақиқ, мис, филиз, қалъагӣ, сурма ва шиша фаровонанд. Қолиҳо, порчаҳои гуногун, пўстҳои мухталифпашм, атриёти фаровон ва ашёи бисёр дигар мавҷуданд. Туркюиҳо (туркон С.Б.) наметавонистанд ин кишварро тасарруф намоянд. Шоҳ бо хоқон (император)-и Чин муносиботи давлатӣ дошт, ба он фиристода (сафир) ва ҳадоёи бешумор мефиристод.

Аз пойтахт ба самти Ғарб, то баҳр чанд сад ли масофа, дар Шарқ то Му қариб 4 000 ли, дар шимолу ғарб то Фолин 4 500 ли, дар Туа – Чжеу 11 700 ли. Янди (605 – 515) ба Боси сафир фиристод, ва аз онҷо бо ў ба Чин сафир ба ҳадя омаданд».

Ин манзари таърихӣ ба воқеаҳои замони Сосониён марбут буда, дар ҳақиқат дар ин давра ду пойтахт вуҷуд дошт: яке Ктесефен, ки номашро ба Бех Ардашер табдил доданд, дигаре Истахр буд. Хусусан, ин муаррихи чинӣ, ки дар бораи одобу русуми тоҷикон маълумоти ҷолиб зикр кардааст, ки аз назари омўзиш ва таҳқиқи масоили марбут ба мардумшиносӣ (этнография) аҳамияти калони илмӣ дорад. Зикри ин нукта ҳам ба маврид аст, ки дар замони подшоҳии Ардашери Бобакон оини зардуштӣ дини расмии давлати Сосониён буд ва мўбади мўбадон пас аз шоҳ шахси дуюм дар сохтори давлатдорӣ буд.

Мо аз шарҳи бештари ин иқтибос худдорӣ мекунем, аммо ин аҳамият дорад, ки дар таърихномаҳои чинӣ сарзамини Эроншаҳр то давраи Сосониён бо номи кишвари Тяочи – тоҷикон каламдод шудааст. Дар байни воқеоти давраи сосонӣ бо номи Боси ёд шуда, аз кишвари қадимаи тоҷикон буданаш ёдрас намудаанд ва овардаанд, ки Босӣ аз номи шоҳ истинбот шудааст.

В. Хаников роҷеъ ва пайдоиши истилоҳи тоҷик ба сарчашмаҳои зиёд таваҷҷуҳ карда, ба чунин натиҷа мерасад: «Аз тарафи худ илова мекунем, ки тоҷ барои муътақидони таълимоти Зардушт низ ҳамон чизе буд, ки чалипо барои масеҳиён ва салла барои мусулмонон, яъне аломати тафриқаи мўътақидони ин оин аз ахли оини дигар… Аз ҳамин сабаб калимаи «тоҷик» дар ватани азалии Зардушт, ки таълимоташ дар Бохтар хеле пештар аз ин, ки ба Ғарб ворид шавад, роиҷ буд ва дар ҳатто дар замони Комбиз порсҳо натавонистанд будани муғонро таҳаммул кунанд, интишори зиёд дорад».

Аз ин ахбор чунин хулоса бармеояд, ки калимаи «тоҷик» хеле қадима буда, ба эҳтимоли қавӣ ба давраи Зардушт рафта мерасад. Ҳамчун номи умумии қавму қабилаҳои орёӣ, ки ба оини Зардушт муносиботи нек доштанд, мисли истилоҳи славян, араб, турк ва ғайра. Дар давраи истилои араб аз тарси таҳқиру нобудшави худро ба ин ном муаррифӣ накардаанд ва уламою удабояш алорағми араб калимаи «аҷам»-ро истифода кардаанд ва таърихашонро ба номи таърихи Аҷам навиштаанд.

Аз охири асри XI сар карда, дубора истилоҳи «тоҷик» ҳамчун номи халқҳои эронӣ дар таърихномаҳо ва адабиёти бадеӣ ба назар мерасад. Ва беҳуда нест, ки Шайх Саъдӣ дар тарҷеъбанди машҳураш фармуда:

Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд,

Турки ту бирехт хуни тоҷик.

Миллер бо истинод ба хабари Хайруллоҳи Мустаъфӣ (1340) соҳиби «Наҳзату-л-қулуб» таъкид мекунад, ки дар асри XIV аҳолии эрониасли Озорбойҷон бо номи «тоҷикон» ёд шуда, онҳо бо забонҳои порсӣ, озарӣ, паҳлавӣ, курдӣ, тотӣ, толишӣ гап мезаданд. Ба гуфтаи Хайруллоҳи Мустаъфӣ дар ғарби Озарбойҷон, дар маҳаллаи Тосуҷ, дар қисми шимолии соҳили кўли Урмия то қарни XIV ҳанўз тоҷикон зиндагӣ мекардаанд. Инчунин, аҳолии Табрез дар асри XIV, то қабули забони туркӣ, ҳамагӣ тоҷикон будаанд.

Мувофиқи ахбори Ибни Батута мардуми бумии Табрез, новобаста ба зиёд будани туркон, ҳоло ҳам тоҷиконанд ва аз туркон фарқ мекунанд.

Дар аксари сарчашмаҳои муътамади таърихӣ то қарни XVI, яъне то давраи расман эълон шудани мазҳаби шеа, ба иборати дига р то замони ба сари қудрат омадани Сафавиён дар Эрон кулли мардуми эрониасли порсигўй ғолибан ба истилоҳи «тоҷик» ёд шудаанд.

Имрўз порсигўёни Афғонистон хешро дар кишварашон бо номи қавми «тоҷик» ном мебаранд. Ва дар шиноснома хешро «тоҷик» менависанд, дар хориҷи кишварашон низ хешро пурра тоҷик мехонанд, аммо дар Тоҷикистон онҳоро чун афғонҳо мешиносанд, ки аз ноогоҳӣ дарак медиҳад.

Инҷо зарур медонам, ду-се сухан роҷеъ ба қавми араб мансуб донистани тоҷик, ки дар баъзе аз луғатномаҳои форсӣ ва навиштаи баъзе олимони таърихшинос (Бартолд, Таджикистан, 1925) дида мешавад, ибрози назар намоям. Албатта, ин нуқтаи назар ғалат аст, вале, мутаассифона, чунин маълумотро баъзе муаррихони навбаромади хориҷӣ барои исбот намудани таърихи халқҳои худ дар Осиёи Мина такрору ба такрор зикр мекунанд. Мо барои равшан шудани масъалаи мазбур танҳо ба ин гуфтаи Хаников иктифо мекунем: «Таъқиби ҷонибдорони Хоҷаҷом, авлоди пайғамбар дар Байнаннаҳрайн дар солҳои 80 – уми садаи аввали хиҷрӣ, маҷбур кард, ки бисёр сайидони Куфа, Басра, Бағдод ва музофоти ин шаҳрҳо ба Мовароуннаҳр муҳоҷират намоянд. Яке аз машҳуртарини онҳо Сайид Сулаймон, писари Абдуллоҳ Ҳаддод ва чабераи Зайнулобиддин мебошад. Дар Урганҷ ў ба хоҳари Сайид Маҳмуд хонадор мешавад, ки дар деҳаи Пирмасти тобеи Бухоро мадфун аст. Аз ин издивоҷ ду писари дугоник таввалуд мешаванд, ки падарашон ба ифтихори писарони Алӣ онҳоро Ҳасан ва Ҳусейн ном мегузорад. Инчунин, ўро духтаре буд, ки ба яке сайидони Бухоро, писари Амир Кулол, бобокалони шаҷараи сайидони Кулолӣ, ки аслан аз Вобканд буда, дар Бухоро сукунат дошт, издивоҷ менамояд.

Аз Ҳасан авлоде боқӣ намондааст. Аз Ҳусайн ду писар – Ҷалол ва Камол, ки Ҷалол бобокалони сайидони Афғонистон (Ҷалолуддини Афғонӣ –С.Б.) буда, Камол саравлоди сайидони Бухорост. Камолиён бо лақаби «Сайидони Хурд» низ машҳуранд. Шохаи сеюми сайидони Мавороунаҳр Сайид Ато низ аз авлоди сайидони тарафдори Хоҷиҷон аст. Ин шаҷараи сайидон бо тоҷикон омезиш ёфтаанд, табиист, ки миёни мусулмонон оилаҳое, ки бо сайидон омехта шудаанд, обрўи калон доранд. Ин ақида то ба ин рўз идома дорад, ки гўиё тоҷикони Бухоро аз авлоди арабҳоянд .

Мусаллам аст, ки на ҳамаи тоҷикон ниёгони худро араб меҳисобанд. Масалан, тоҷикони деҳаи Шоҳони Басмандаи ноҳияи Ғончӣ шаҷараи худро ба Ковус мерасонанд. Гурӯҳе аз тоҷикони деҳаи Ворў ва Моғиёни нохияи Панҷекат муғонро ниёгони худ мешумурданд ва онҳоро имрўз низ аз «авлоди (шаҷараи –С.Б.) муғ» ном мебаранд. Шохаи калони тоҷикони ноҳияи Кўлоб худро аз қавми ҷўшониён (Кўшониён С.Б.) медонанд. Чунин мисол дар миёни тоҷикони Хуросон, Систон ва Мозандарон низ роиҷ аст. Аз ин хотир, он чи ки дар луғатномаҳои форсӣ дар ин маврид сабт шудаанд, бебунёд буда, пояи устувори илмӣ надорад.

Сарчашмаҳои чинӣ бошад аз арабҳо бо номи «Дошӣ» ва «Тошӣ» ёд кардаанд, ки ба тоҷикон ҳеч муносибате надорад ва дар мавриди пайдоши қавми арабҳо низ ахбори зиёду амиқ мавҷуд аст, ки берун аз таҳқиқи мост.

Саидмурод Бобомуллоев, бостоншинос

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь