Сайидризо Ализода, Абдулқодир Муҳиддинов, Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов, Абулқосим Лоҳутӣ, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Баҳринисо Тоҳирова, Қурбӣ, Ҳоҷӣ Муин Шукруллоев, Нисормуҳаммади Афғон, Қосим Дайламӣ, Муҳаммад Мӯсавӣ, Саидбоғир Қосимов – ҳаминҳоянд аввалин касоне, ки дар давлатдор шудани тоҷикони Осиёи Миёнаи асри ХХ нақши беҳамто доранд.

Сайидризо Ализода буд, ки ба шуъбаи форсии Ҳукумати Туркистон роҳбарӣ кард, рӯзномаи “Шӯълаи инқилоб”-ро таъсис дода, тавассути он аз ҳуқуқи 2 миллион халқҳои тоҷику форси Туркистон дифоъ кард ва алорағми душманони халқи тоҷик навишт:

“Агар шумо яқин доред, ки ҳамаи ин форсҳо ва тоҷикҳое, ки дар шаҳри мо ва шаҳрҳои дигари Туркистон зиндагонӣ мекунанд, аз забони модариашон даст кашида ва безор шудаанд, биёед собит кунед… Шумо дар ҳақиқат дар муқобили фирқаи иштирокиён ҳастед… Барои расидан ба мақсади худ мо қалами худро тез карда, бо душманон ва мухолифин то охирин нафасамон мубориза ва ҷиҳод менамоем. Дар ин роҳ аз ҳеҷ гуна мавонеъ ва таҳдид заррае намеандешем. Маслаки мо ҳақ ва мо фидои ҳақ ҳастем”.

Абдулқодир Муҳиддинов, ки тоҷикони Бухороро  дар соли 1920 бо рӯзномаи “Қутулиш” ва аз моҳи сентябр чун вазири Ҷумҳурии халқии Бухоро роҳнамоӣ мекард, дар рӯзномаи “Озод Бухоро” ба навиштани таърихи Сомониён оғоз карда ва пас аз таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон устод Айниро ба навиштани “Намунаи адабиёти тоҷик” ва даҳҳо хонадони равшанфикрони Бухороро барои кӯчидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварӣ кард.

Яке аз мухолифони давлатдории тоҷикон – Юренев, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар Бухоро ба Чичерин навишта буд:

“Абдуқодир Муҳиддинов бе гумон русситез, миллатчӣ ва панисломист, аммо беақл нест, маккор аст. Хислати ҷиддӣ дорад”.

Ин коркуни Вазорати корҳои хориҷӣ ба роҳбараш хабар медод, ки:

“Агар Муҳиддинов ҷуръат карда ҳизби худро месохт, бегумон дар вақти наздиктарин вай ғолиб меомад ва Ҳукумати Бухороро ба даст мегирифт” (Усмонов И. “Тоҷикнома”, ҷ. 3, саҳ. 177). Муҳиддинов дар замони таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон  чунин навишта буд:

“Тоҷиконе, ки баъд аз афтодан ва нест шудани ҳукумати Сомониён муддати 905 сол дар Осиёи Миёна аз ҳокимият маҳрум шуда монданд, чун як миллати маҳкум зиндагонӣ мекарданд ва дар натиҷаи ин маҳрумият хеле аз тоҷикон марказҳои мадании худро партофта, дар бағали кӯҳҳо маскангузин шуда буданд, баъд аз муддати дарози маҳкумият бо мадад ва ёрии ҳукумати шӯроӣ дубора соҳиби ҳукумати миллии ранҷбарӣ гардиданд”. Муҳиддинов дар ҷумҳурии ҷавони тоҷикон роҳбари ҳукумат буд. Ӯро ба душманӣ ба шуроҳо муттаҳам карданд.

Устод Айнӣ, ки дар “Шӯълаи инқилоб” сад мақолаву шеър нашр карда, аз чоп шудани “Овози тоҷик” – “Баромад оқибат овози тоҷик” гуфта, шодиву тантанаҳо кардааст ва “Саргузашти як тоҷики камбағал”-ро бо ифтихори миллӣ ба хонанда муаррифӣ намуда, “Намунаи адабиёти тоҷик”-еро навиштааст, ки дар он бештар аз дусад адиби асосан Осиёи миёнагӣ шомил шудаанд, замони шурӯи истифодаи калимаи тоҷикро асри VIII дониста  гуфта буд:

“Халқи форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон, ки аз замонҳои хеле қадим номи тоҷик ба онҳо дода шудааст, албатта баробари ин ном пайдо нашудаанд ё ин ки аз ягон ҷой наомадаанд, балки онҳо аҳолии ин сарзаминанд, ки баъд аз исломият ба онҳо номи тоҷик дода шудааст”.

Ҷойи дигар мехонем:

“Содатарин ва софтарини лаҳҷаҳои форсӣ забони тоҷикӣ аст” ва “Агар мурод аз забони форсии умумӣ забони форсии содатар бошад, забони тоҷикӣ худи ҳамон аст”.

Устод Айниро душманони Тоҷикистон барои китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” ва баъдтар барои хешӣ ба кадом як маҳкумшудае ба душманӣ муттаҳам карданд.

Экспедитсияи соли 1923 ба Бадахшони кӯҳӣ, ки муҳимтарин шахсияти он Шириншоҳ Шоҳтемур буд, дар сарнавишти мардуми ин кӯҳистони тоҷик нақши бемисле бозид. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Карахан 23-уми сентябри соли 1927 ба яке аз роҳбарони давлати Шӯравӣ Знаменский навишта аст:

“Мо ба ақидаи шумо оид ба вилояти Бадахшони кӯҳӣ пурра розӣ ҳастем. Мо ба он андешаем, ки ба сабаби фаъол шудани англисҳо дар сарҳади Афғонистон ва Хитойи ғарбӣ минтақаи Помир ба аҳамияти махсуси сиёсӣ молик мешавад. Ин ҳолат диққати ҷиддии мақомоти Осиёи Миёнагии моро тақозо мекунад.  Шириншоҳ Шоҳтемурро дар нимаи солҳои сиюм ҷосуси Англия номиданд.

Нусратулло Махсум  ба муҳоҷирати мардум ба водӣ таваҷҷуҳи хоса кард. Махсум ва Шоҳтемур барои таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон талошҳо кардаанд. Аз номаҳои Гуляев ба Знаменский (Роҳбари бюрои Осиёимиёнагии ҳизби коммунист) ва Чичерин (Вазири корҳои хориҷии Русия) мо аз ин талошҳо ба хубӣ огоҳ мешавем: “Нусратулло Махсум “мо шуморо, Гуляевро ҳам ниҳоят эҳтиром мекунем. Аммо касалӣ ӯро аз сафи кормандон бароварда истодааст. Мо хоҳиш мекунем, ӯро иваз кунед”- гуфта дар муқобили ҳамкорӣ бо ман қарор дорад”.

Дар ҳамин нома инчунин, мехонем: “Тоҷикҳо мехоҳанд агенти тобеи Комиссариати халқии корҳои хориҷии Ӯзбекистон не, балки намояндаи хоси Назорати халқӣ оид ба корҳои хориҷии Русияро мустақиман дошта бошанд, то барои ҳалли масъалае ба Тошканд сафар накарда, бо онҳо ҳамоҳанг насохта, ҳар масъаларо мустақиман бо роҳи худ, бо назардошти манфиати маҳдуди миллии худи тоҷикон ҳал кунанд”. (И.Усмонов “Тоҷикнома”, ҷ. 3. с. 182). Махсум дар таъсиси ҷумҳурии ҳафтуми шӯроӣ – Тоҷикистон нақши бузург дорад. Солҳои сиюм ӯро ба миллатчигӣ ва кӯшиши ташкили Тоҷикистони бузург гунаҳкор карданд.

Ба номҳои дигар таваҷҷуҳ мекунем: Мейендорф, Хаников, Майев, Шишов, академик Бартолд, Андреев, Павлов, Семёнов. Таҳқиқи ин олимони рус дар эҳёи давлатдории тоҷик, ки 1000 сол пеш аз Инқилоби Октябр ба садама рӯбарӯ шуда буд, ба тасмими В.И. Ленин дар моҳи июни соли 1923, ки ба пайравонаш фармуд: “пеш аз ба се халқ (ӯзбек, қирғиз ва туркман) тақсим кардани ҷумҳуриҳои туркистонӣ бинед, муайян кунед, ки оё халқи дигари сазовори давлат дар ин ҷо боқӣ намондааст”, асос шуданд. Ба гуфтаи  Мейендорф тоҷикон “соҳиби асосии тамаддуни Бухоро”, ба андешаи Павлов “тоҷикон азияткашидатарин халқи дунё” мебошанд. Ва академик Бартолд  менависад:

“Кӯшиши дар Туркистон давлатӣ кардани забонҳои тоторӣ ва туркии усмонӣ дар соли 1918 барҳам дода шуд, вале дар ҳуҷҷати расмии аҳолии ҷумҳурии автономии Туркистон ба сифати миллатҳои таҳҷоии Туркистон ҳуқуқи мадании мардуми асосии таҳҷоии Туркистон эрониҳо-тоҷикон эътироф нашуда монд” (ниг. И. Усмон. “Сарнавишти  тоҷик”, Душанбе 2015, саҳ. 43-44).

Ва боз аз академик Бартолд мефаҳмем, ки:

“Туркистон бевосита аз соҳили шимоли Окс не, балки хеле шимолтари минтақаҳои мутамаддин оғоз меёфт, ки он минтақаи мутамаддинро кишвари он сӯйи дарё – Мовароуннаҳр номиданд. Туркистон – мамлакати туркҳо ҷойе тасаввур мешуд, ки шимолтар ва шарқтари Мовароуннаҳр аст.” (“Тоҷикнома” ҷ.3.с.137).

Ва боз Бартолд чунин мегӯяд: “Оини бохтариҳову суғдиҳо аз одоби аҳолии қисмати ғарбӣ сахт фарқ мекард” (“Тоҷикнома” ҷ. 1 с. 142).

Ба ақидаи Бартолд муғулҳо суғдиҳоро намешинохтанд ва танҳо бо тоҷикҳо шинос шуданд. (Усмонов И. “Тоҷикнома”, ҷ. 3 саҳ. 101) Академик Бартолд забони тоҷикони қадим – суғдиро забони оммаи халқ меҳисобад, ки роҳи таърихии тайкардаи калимаи “тоҷик”-ро дар ин се марҳала мебинад: аввалан, ҳамаи аҳолии муқимии мусулмоншуда, танҳо мардуми форс-ғайриараб худро мусулмон мегуфтагӣ шуданд; дуввум, маълум аст, ки ин калима акнун тамоман маънои дигар дорад ва аллакай дар асри Х1 он одамонеро ифода менамуд, ки миллати эронӣ буданд, на арабӣ”. (“Тоҷикнома” ҷ.1, с. 145)

Олими дигари рус – Шишов соли 1910 дар бораи халқи мо чунин навишта буд:

“Ин ном бештар аз ҳама дар гаҳвораи оини зардуштӣ, аниқтараш, дар он ҷойе, ки он бори аввал дини давлатӣ шуд, яъне дар Бохтар ва Суғди қадим паҳн шудааст. Воқеан дар Бухоро, Балх ва Афғонистон ҳар касе, ки забони форсиро забони модарӣ меҳисобад, тоҷик маҳсуб мешавад” ( И. Усмонов “Тоҷикнома”, ҷ. 1.,  саҳ. 149)

Мейендорф навиштааст: “Дар қаламрави Бухоро низ тоҷикон зиёданд ва ҳадди ақал аз се ду ҳиссаи ҳамаи аҳолии шаҳрнишини Бухоро тоҷик аст. (“Тоҷикнома”, ҷ. 1, саҳ.  286)

Таҳқиқи Мейендорф, Мюллер, Ангелиус, Вамберӣ, ки мавқеи халқи тоҷикро дар миёни мардуми эронӣ ва халқҳои дигари минтақа хеле барҷаста нишон додааст, низ дар ин тасмим нақши арзандае дошт.

Ҳаминҳо ташаббус карданд, ки сад сол пеш, соли 1924 давлате ба номи халқамон –ТОҶИКИСТОН ба миён омад. Вагарна даҳҳо давлат бо номи худ аз саҳфаи таърих нопадид шудаанд.

Халқи тоҷик дар сарзамине, ки зиндагӣ мекунад, (олимони гуногуни дунё аз Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, Чин ёдоварӣ кардаанд) аз замони Пешдодиён сар карда, бо номҳои Суғд, Бохтар, Ҳайтолиён, Саффориён, Тахориён, Сомониён, Куртҳо, Ғуриҳо ё бо номи маҳалҳояшон Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Бадахшон, Хатлон, Ҳирот, Нишопур, бо шоҳони худиву бегона давлатдор буд. Аммо аввалин бор бо номи аслӣ ва имрӯзаи худ сад сол пеш давлат оростанд.

Ба ҳар касе, ки ин ному нишон маъқул аст, садсолагӣ муборак шавад!

Роҳи халқи тоҷик ба давлати Тоҷикистонро нигоҳ кунем, ин рақамҳоро мебинем: Ҷумҳурии автономии Туркистон дар ҳайати Русия 1-уми майи соли 1918 таъсис ёфт. Мутаассифона, вай халқи тоҷикро ҳамчун давлатсоз эътироф надошт;

14-уми сентябри соли 1920 Ҷумҳурии халқии Шӯравии Бухоро ташкил шуд. Эътироф мегардид, ки аҳолии он тоҷикон, ӯзбекҳо ва туркманҳоянд; 4 -уми марти соли 1921 Бухоро бо Ҷумҳурии Федеративии Русия созишнома баст;

Дар арафаи тақсимоти ҳудудии миллӣ байни Абдуқодир Муҳиддинов ва Файзулло Хоҷаев ихтилоф ба миён омад. Ба Москва хабар доданд, ки Муҳиддинов мехоҳад Бухоро давлати тоҷикзабон бошад. Дар Кумитаи марказии ҲК Русия тарафдорони ин ақида пайдо шуданд. Бо назардошти ин асл 27-уми феврали соли 1924 роҳбари Бухоро қаҳр кард ва барои аз вазифа рафтан ариза навишт ва ӯ аз Бухоро ба Тошканд ва сипас ба Москва рафт. Вайро дар пойтахт пуштибонӣ карданд. (Усмонов И. “Тоҷикнома”, Ҷ.3, саҳ. 181)

Нимаи солҳои 20-ум вақте тақсимоти ҳудудӣ-миллии Осиёи Миёна шуруъ шуд, душманони халқҳои тоҷику ӯзбек овоз баланд карданд, ки забони ӯзбекӣ низ забони умумитуркӣ бояд бошад, нияти истифодаи забони тоҷикӣ кӯшиши аз зиндагӣ канда шуданро дорад, зеро ҷараёни таърих муқобили ин аст” (“Туркистон”. 21-уми апрели соли 1924) ва мегуфтанд, ки ташкили Тоҷикистон ҳеч зарур нест, зеро вай ба ғайр аз кӯҳ ҳеч чизи дигаре надорад (Фанян Д. К “Истории советского строительства в Таджикистане». – Сталинобод -1940. – с. 16). Онҳое, ки масъулияти тақсимоти ҳудудӣ-миллиро дар Осиёи Миёна ба ӯҳда доштанд, барои он ки супориши Москва бенатиҷа намонад ва барои ин аз роҳбарони мақомоти марказӣ танбеҳ нагиранд, 15-16-уми сентябри соли 1924 дар Иҷлосияи фавқулодаи КИМ Туркистон ва 20-уми сентябри соли 1924 дар Анҷумани шӯроҳои Бухоро қарор карданд, ки Вилояти мухтори Тоҷикистон таъсис дода шавад. Аммо КМ РКП (б) ин қарорҳоро ислоҳ карда, 11-уми октябри соли 1924 дар бораи таъсис додани Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон қарор қабул кард. (Усмонов И.,  “Журналистика”, ҷ.2, саҳ. 60)

Марҳалаи пешрафти Тоҷикистонро дар чор зина мебинем:

Якум. 2-юми сентябри соли 1920 – 15-уми марти соли 1925 Бухоро;

Дуюм.15-уми марти соли 1925 – 15 октябри соли 1929 аз эълон шудани Ҷумҳурии автономии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон то Анҷумани сеюми фавқулодаи шуроҳои Тоҷикистон, ки Ҷумҳурии мустақилро эълон кард;

Раванди ташкилшавии Ҷумҳурии мустақил 12-уми июни соли 1929 аз маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи марказии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ба таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон тасмим гирифт, оғоз меёбад.

Сеюм. 16-уми октябри соли 1929 – 8-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон.

Чаҳорум. Аз 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ба истиқлолият ноил гардидани давлати тоҷик.

Бобоҳову падарони насли имрӯзаи халқи тоҷик ҳар қадами Тоҷикистонро бо шодиву сурур пайгирӣ мекарданд. Масалан, маҷаллаи “Мулло Мушфиқӣ” дар шумораи 15-и соли 1928 ба муносибати чорсолагии рӯзномаи “Овози тоҷик” онро бо шарҳи ҷавони маҷрӯҳ, ки душманон маргашро нигарон буданд, вале вай зинда монда ва пурқувват шуд, ифода намуд. Соли 1929 таъсиси Тоҷикистони мустақил – Ҷумҳурии ҳафтуми шӯравиро дӯстон дар ҳама ҷо муборакбод карданд. Солҳои сиюм Тоҷикистон бо роҳҳои мошингарду поездрав ба дунё пайваст шуд, бо меҳнати бузурге заминҳои даштиашро обёрӣ кард, фабрикаву заводро шинохту сохт, мардумашро ба роҳи савод андохт. Тоҷик эҳсос кард, ки халқи камшумор ва маҳдуд нест, тоҷик ба таърихи ҳақиқиаш рӯ овард, омӯхт ва ифтихор кард. Аммо ин дар шароите, ки қисмати асосии сарзамини Тоҷикистоншуда на мактаб, на беморхона, на роҳи мошинрав дошт, кори осон набуд. Кадр ҳам намерасид. Дар  намояндагони халқҳои дигар Иванов, Шадунс, Бройдо, Ҳусейнов, Протопопов, коммунистони интернатсионалисти эронӣ ва зиёиёни афғонистонӣ, ки дар мақомҳои роҳбариву фарҳангӣ иштирок мекарданд, аммо бунёдкори асосӣ халқ – заҳматкашони кишвар буданд. Дар нимаи дуюми ин даҳсола аз намояндагони халқи таҳҷоӣ Абдулло Раҳимбоев ва як муддати кӯтоҳе Ашӯров буданд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Тоҷикистони аз хати ҷанг дур фарзандонашро ба сафи пеши муҳофизони Ватан фиристод, ки шиори онҳоро Лоҳутӣ гуфта буд: “Даст агар аз тан биафтад, ҷанг бо дандон кунем”. Агар теъдоди ҷавонони ба ҷанг рафтаро ба аҳолии ҳамон солҳои Тоҷикистон муқоиса кунем, 40 фоизи халқ мешавад. Бештар аз 100 ҳазор нафари онҳо дар озод кардани Ватан ҷон доданд ва дар мулки бегона хок шуданд. Вақте ман ба пайкарашиканиҳои аврупоиҳо нигоҳ мекунам, ёдам он ҳамватанони ҷавонмаргам меоянд.

Солҳои баъди ҷанг роҳбари нави Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров барои дирӯзу имрӯзи миллат аҳли илму ҳунарро ба кишвар ҷамъ карда, ба таъсис ва амали муассисаҳои илмию таълимӣ таваҷҷуҳ намуд. Хизмати бузурги ӯ дар таърих он аст, ки ба мақомҳои олии давлат ҷойи воқеии халқи тоҷикро дар таърихи тамаддуни олам фаҳмонд ва ин ақидаро ба илм қабул кунонд. Устод Айнӣ вайро “Асосгузори таърихшиносии тоҷикон” номидааст ва Президент Эмомалӣ Раҳмон хизмати ӯро барои халқи тоҷик “Рустамона” донистааст. Чаҳор даҳсолаи дигар, ки роҳбарии кишварро Т. Улҷабоев, Ҷ. Расулов, Р. Набиев  ва Қ. Маҳкамов ба ӯҳда доштанд, халқи тоҷик дар Тоҷикистонаш ҳазорҳо гектар замини холиро обёрӣ ва боғистон кард, маҷрои дарёҳоро баста банди барқ сохт, калонтарин корхонаҳои асрии саноатиро мисли банди барқи “Норак”, заводи Алюминии Турсунзода, заводи кимиёи Ёвон, заводи аккумулятори Қурғонтеппа, комбинати бофандагии Душанбе бунёд  кард. Муҳимтар аз ҳама дунё бо шарофати аҳли фарҳангаш – Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Малика Собирова, Муҳаммад Осимӣ, Мӯъмин Қаноат, Маҳмудҷон Воҳидов, Борис Кимёгаров аз фарҳанги олии муосири Тоҷикистон лаззат гирифт.

32 сол муқаддам – моҳи сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон гардид. Аммо мисли он ки дар солҳои бистум буд, бадхоҳон дар муқобили он моҷаро оростанд. Душман бо ҳар забоне гап занад, бо ҳар макре сухан гӯяд, душманиаш дар амали он зоҳир мешавад. Онҳое, ки дар замони басо муҳим пеши роҳи Тоҷикистонро гирифтан мехостанд, натиҷаи амалашон мусибате гардид, ки дар солҳои навадуми асри гузашта халқи тоҷик ба сар бурд. Он замон ҳам фарзандони ҷонфидое пайдо шуданд, ки бо имконияти худ – сухан, қонун, силоҳ Тоҷикистонро ҳифз кардан мехостанд. Гумон аст, ки таърих номҳои Нурилло Ҳувайдуллоев, Сангак Сафаров ва ҳамсангарони онҳоро фаромӯш кунад. Натиҷаи худсӯзии ҷавонони ҷонфидо буд, ки Иҷлосияи ХУ1-и Шӯрои олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 Ҳукумати нави Тоҷикистонро бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон таъсис дод. Нақши бузурги ин роҳбар дар таърихи Тоҷикистон он аст, ки давлати халқи тоҷикро аз парокандагӣ ва нобудӣ наҷот ва ҷанги бародаркуширо дар кишвар хотима дод. Бо ин мақсад вай нерӯҳои ватандӯсту  ватанпарастро муттаҳид намуд, иддаи зиёде аз роҳбарони мухолифинро ҳам ба ҳақиқати сулҳҷӯйии худ бовар кунонд, сулҳро дастрас кард,  миллатро муттаҳид намуд ва ба ободии кишвар камар баст. Бинобар ин, ӯро “Пешвои миллат” ва роҳнамои сулҳи Тоҷикистон номиданд.

Иброҳим УСМОНОВ,

доктори илми таърих

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь