Номанигории адабиётшинос ва мунаққиди маъруфи тоҷик Соҳиб Шуҳратиевич Табаров (1924-2015) як бахши таҳқиқнашудаи эҷодиёти пурбор ва гаронбаҳояш мебошад. Аз ёддошту хотираҳое, ки дар бораи ин олими забардаст ҳамзамонон ва шогирдонаш навиштаанд, маълум мегардад, ки номбурда тамоми умр бо наздикон, ҳамкасбон, шогирдон ва аҳли илму фарҳанги замони хеш мукотиба доштааст.

Бори нахуст масъалаи мукотиботи С.Табаров аз ҷониби худи олим матраҳ гардидааст. Номбурда, дар як навиштааш аз мукотибааш бо Садриддин Айнӣ ёдовар шуда, номаи ҷавобии устодро (аз соли 1948) нашр мекунад. (Ин нома аз китоби “Мактубҳо”-и С.Айнӣ (2023, 2024) берун мондааст!). Баъдан, номаҳои С.Табаровро профессор Х. Асозода ҳамчун замима дар китобаш “Кашшофи рози адабиёт” таҳия ва нашр кардааст. Ин китоб соли 2004 бахшида ба 80-солагии С.Табаров чоп шуда, дар он 68 нома (30 нома аз олими чех Иржи Бечка) оварда шудааст.

С. Табаров одате доштааст, ки баъди мутолиаи асарҳои адибон ба онҳо нома навишта, бардоштҳояшро баён намуда, ҳусну қубҳи асарро нишон дода, барои рафъи камбудиҳояш маслиҳатҳо медодааст. Намунаи чунин номаҳои С.Табаровро соли 2017 Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар маҷаллаи “Садои Шарқ” (№1) нашр намуд. Аз 10 номае, ки С.Табаров ба А. Самад фиристодааст, маълум мешавад, ки мунаққид баъди мутолиаи ҳикояҳои нависандаи ҷавон, ҳамон замон ба ӯ нома навишта, ба камбудии асарҳояш ишора намуда, барои рафъи онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳад. Баъдан, ин номаҳо бо иловаи ду мактуби дигар таҳти унвони “Номаҳои Соҳиб Табаров ба Абдулҳамид Самадов” бо сарсухани муфассали адабиётшиносон М. Имомзода ва М. Зайниддинзода соли 2021 ба шакли китоби алоҳида ба табъ расид.

Худи Соҳиб Табаров дар масъалаи ҳифзи номаҳояш талош мекардааст. Барои мисол ӯ дар номаи 14 июни соли 1985 ба Одина Ҳошим навиштааст, таъкид мекунад: “Агар малол наояд ба Раҳматуллоҷон (Раҳматулло Ҳошимов фарзанди Одина Ҳошим – О.Н.) гӯед, ки ин мактубро айнан нусхабардорӣ кунад ва ба фақир (барои архивам) фиристад.” Яъне С. Табаров нусхаи аксари номаҳояшро дар бойгониаш ҳифз мекардааст.

Пайдо кардан, нашр намудан ва таҳқиқи ин номаҳо яке аз вазифаҳои муҳими пажӯҳишгарон дар ояндаи наздик мебошад. Зеро худи Соҳиб Табаров дар дафтари хотираҳояш – “Тассуроти ақлу дил” менависад:

«Ҳамватанони азизам! Ҳар як мактуб, хатча, сурат ва ҳуҷҷати адибу олиму рассому артисту оҳангсозу ҳайкалтарошу кинобарори миллии хурду калони худро маҳфуз доред. Пас аз 50-100 сол ҳуҷҷатҳои муҳимми таърихӣ, илмӣ, маданӣ ва адабӣ хоҳанд гашт».

Хушбахтона, феълан Узви вобастаи АМИТ, профессор Аламхон Кӯчаров ба таҳқиқи номаҳои С.Табаров машғул шуда, чанд намунаи онро дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” нашр намуд. Аз ин номаҳо бармеояд, ки С. Табаров масъалаҳои муҳими илмиву эҷодӣ ва фарҳангии замонашро дар номаҳояш матраҳ кардааст. Барои мисол дар яке аз номаҳояш (ки мутаассифона санаи таълифаш маълум нест), С.Табаров ба роҳбарияти китобхонаҳои кишвар муроҷиат намуда, масъалаи ба Тоҷикистон овардани нусхаи нашрияҳои даврии солҳои 1917-1960-ро, ки дар Осиёи Марказӣ нашр мешуданд, ё муҳтавои онҳо ба ин сарзамин нигоринида шудаанд ва ё дар онҳо масоили минтақа инъикос гардидаанд, ба миён мегузорад. Зеро ба ақидаи С.Табаров “Бе он газета ва журналҳо таърихи халқи тоҷик, таърихи адабиёти тоҷик, таърихи афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ мактаби тоҷик, таърихи маданияти тоҷикро мукаммал ва пурра ба вуҷуд овардан мумкин нест.”!

С.Табаров дар ин нома низ ба шеваи хоси худаш таъкид мекунад: “Ҳазор бор хоҳиш дорам: ба китобхонаҳои машҳури Ленинград, Москва, Тошкент, Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Ашқобод, Боку, Тиблиси, Симферопол, Қазон, Уфа, Оренбург, Киев, Фрунзе, Алма-Ата ва ғайра библиографҳои босаводтарин, дилсӯзтарин ва илмпарвартаринро фиристед, то ки ксеропопияи ин газета ва журналҳоро ба Душанбе оранд.”!

Дар охири нома С.Табаров масъулини китобхонаҳо ва аҳли илмро ба масъулиятшиносӣ даъват мекунад. “Банда-ку реҳлат ба он дунё дорам, вале аз ҳама вазифадорон ва соҳибилмони имрӯза хоҳиш ва талаб дорам, ки фикри имрӯзи худро накунанду фикри ояндаи миллати азизамонро кунанд ва ҷавононро илм омӯзанд, илми асилу комил ва росту дуруст.” -менависад С.Табаров.

Масъалаи дастрасӣ пайдо кардан ба рӯзномаву маҷаллаҳои аввали асри ХХ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи С.Табаров будааст. Ӯ доир ба ин мавзуъ дар китоби “Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим” (2011) ҳам ишора карда, менависад, ки бо сабаби дастрасӣ надоштан ба сарчашмаҳо, асарҳо, рӯзномаву маҷаллаҳои 50-60 соли асри ХХ муҳаққиқон натавонистаанд ба ҳаракати маорифпарварӣ ва ҷадидизм ва муаммоҳои асоситарину муҳимтарини он расидагӣ кунанд.

Масъалае, ки С.Табаров дар мактуби зер матраҳ кардааст, то имрӯз мубрам аст. Умед аст, ки рӯзе мерасад ва масъулин даст ба кор мешаванд ва ганҷинае, ки устоди равоншод С.Табаров ба ин ишора мекунад, дар китобхонаҳои Тоҷикистон дастраси умум хоҳанд шуд.

Матни номаи фавқуззикри адабиётшинос ва мунаққиди маъруф, Узви вобастаи АМИТ, доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, устод Соҳиб Табаровро, ки соли равон ба Қарори Ҳукумати Тоҷикистон 100-солагии мавлудаш ҷашн гирифта мешавад, пешкаши Шумо мекунем.

БА КИТОБХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗАМ

Китобхонаҳои Тоҷикистон ҳоло ҳам аз даҳҳо газета ва журналҳои давраи тореволютсиягӣ ва солҳои 1917-1960 маҳруманд. Бе он газета ва журналҳо таърихи халқи тоҷик, таърихи адабиёти тоҷик, таърихи афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ мактаби тоҷик, таърихи маданияти тоҷикро мукаммал ва пурра ба вуҷуд овардан мумкин нест.

Ҳазор бор хоҳиш дорам: ба китобхонаҳои машҳури Ленинград, Москва, Тошкент, Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Ашқобод, Боку, Тиблиси, Симферопол, Қазон, Уфа, Оренбург, Киев, Фрунзе, Алма-Ата ва ғайра библиографҳои босаводтарин, дилсӯзтарин ва илмпарвартаринро фиристед, то ки ксеропопияи ин газета ва журналҳоро ба Душанбе оранд.

Журнали “Оина”, газетаи “Асхабад”, газетаи “Осиё”, газетаи “Биржевие ведомости”, газетаи “Барба пролетариата”, газетаи “Бухорои Шариф”, журнали “Бюлетен САГУ”, газетаи “Вақт”, газетаи “Волна”, газетаи “Вперед”, журнали “За партию”, газетаи “Зарафшон”, газетаи “Иршод”, журнал “Красная летопис Туркистана”, газетаи “Новая Фергана”, журнал “Восток”, журнал “Новый Васток”, газетаи “Новый Самарканд”, газетаи “Русский Самарканд”, газетаи “Русский Туркистан”, газетаи “Садои Туркистон”, газетаи “Самарқанд” (русӣ ва ӯзбекӣ), газетаи “Средне-Азиатская жизнь”, газетаи “Средняя Азия”, газетаи “Стен”, газетаи “Тараққӣ”, газетаи “Тарҷумон”, газетаи “Ташкентский курьер”, газетаи “Ташкентский листок”, газетаи “Туҷҷор”, газетаи “Турон”, газетаи “Туркистан”, “Туркестанская туземная газета”, газетаи “Туркестанские ведемости”, газетаи “Туркестанский курьер”, журнали “Туркменоведение”, газетаи “Улуғ Туркистан”, газетаи “Улфат”, газетаи “Фарғона”, газетаи “Ҳаёт”, газетаи “Хуршед”, газетаи “Шӯҳрат”, газетаи Юлдуз, газетаи “Ҳаблулматин”, газетаи “Парвариш”, газетаи “Чеҳранамо”, журнали “Мулло Насриддин”, газетаи “Учқун”, журнали “Тонг”, газетаи “Қутулуш”, журнали “Шӯълаи инқилоб”, журнали “Революционный Восток”, газетаи “Известия Турксика”, газетаи “Известия Бухсика”, газетаи “Бухоро ахбороти”, журнали “Мулло Мушфиқӣ”, журнали “Ширинкор”, газетаи “Қуёш”, газетаи “Шӯро” ва даҳҳо дигарон.

Инҳоро албатта ҷамъ овардан лозим аст, зеро таърихи халқҳои ситамдидаи мо маҳз дар ҳамин газетаю журналҳо гирд оварда шудаанд.

Инчунин банда медонам, ки боз садҳо чунин газетаю журнал ва асарҳое ҳастанд, ки таърихро айнан нишон медиҳанд: “Ҳабл-ул-матин” – Калката, “Тарҷимон”- Боғчасарой, “Парвариш” – Миср, “Вақт” – Оренбург, “Чеҳранамо”- Миср, “Самарқанд”- Самарқанд, “Навбаҳор” – Машҳад, “Оина”, “Револютсия “Восток”-30-м, “Туркестаеская правда” 20-22-м, “Правда Востока” 20-30-м, “Красная казарма” Туркфронт 20-м, “Жизнь натсиональностей, “Маориф ва уқутучӣ”, “Бухоро ахбороти”, “Тӯс”, “Сироҷ-ул-ахбор”, маҷаллаи “Сирот-ул-мустақим”, “Туҷҷор”, “Калтак”, “Ширинкор”, Мулло Мушфиқӣ , “БАС”, “Овози тоҷик”, “Бедории тоҷик”, “Бигиз”, “Қуёш”, “Иҷтиҳод”, “Сабоҳ”, “Барқ”, “Шӯро”, “Октябр”, “Байрақи меҳнат”, “Ҳақиқати Ӯзбекистон”, “Роҳи колхозчӣ”, “Дониш – Биниш”, “Роҳбари Дониш”, “Тонг”, “”Бо роҳи Ленин”, ”Васияти Ленин”, “Ҳуррият”….

Мақсад, ташкил кардани маҳфилҳои хониш дар байни мардум, барои ин ақаллан се илмро донанд.

Дониш аз ҷавонон: Талаби қатъӣ дар донистани на камтар аз се забон. Бояд бикӯшем, ки ҷавонони мо ақаллан се забонро ба пуррагӣ донанд. Ана, дар он ҳангом миллати тоҷик, илми тоҷик, маданияти тоҷик, маорифи тоҷик оламшумул мешавад.

Банда-ку реҳлат ба он дунё дорам, вале аз ҳама вазифадорон ва соҳибилмони имрӯза хоҳиш ва талаб дорам, ки фикри имрӯзи худро накунанду фикри ояндаи миллати азизамонро кунанд ва ҷавононро илм омӯзанд, илми асилу комил ва росту дуруст.

Бо камоли хоҳиш Соҳиб Табаров

Таҳияи Одил Нозир

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь