Тамаддуни ҷаҳонӣ собит менамояд, ки номи ҳар як халқу миллат дар саҳифаҳои таърихи башар тавассути илму фарҳанг ва санъати ҳунари воломақомаш сабт мешавад.

Бузургии халқу миллат пеш аз ҳама бо он муайян ва маънидод карда мешавад, ки дар пешрафти илму тамаддуни олам чӣ саҳме гузоштааст ва ганҷи ба хазинаи ин тамаддун ворид кардааст чӣ гуна арзиш дорад.

Таҷассуми равшани он зиндагиномаи санъаткори барҷастаи миллат, Артисти халқии СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Ҷӯрабек Муродов мебошад.

Дар паёми табрикии Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 50-солагии Ҷӯрабек Муродов (24-уми декабри соли 1992) гуфта шудааст: «Ҷӯрабеки азиз! Саҳми гаронбаҳои Шуморо дар инкишофи маданиятамон, бунёди маънавии халқамон, ҷавонон имрӯз махсус қайд карданием. Бо истеъдоди нотакрори сарояндагӣ ва маҳорати оҳангсозии ба худатон хос Шумо барномаҳои рӯҳпарвару дилошӯб офаридаед. Солҳои зиёдест, ки суруду оҳангҳои Шуморо дар водиҳои Ҳисору Вахш, Хатлон, Фарғонаю Қаротегин ва Зарафшону Бадахшон бо шавқу ҳавас месароянд.

Маҳорати баланди эҷодиатон, ки бо сифатҳои наҷиби инсонӣ- ҷӯяндагӣ, меҳнатдӯстӣ, инсонпарастӣ, дӯстию рафоқат, хулқу одоби  ҳамида пайваста гаштаанд, бароятон, беруни ҷумҳурӣ, ҳам майдони васеъ кушоданд. Махсусан, дар ҷумҳуриҳои бародарии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон санъати Шуморо ҷазбмандона мепарастанд ва баланд қадр менамоянд. Ба камтарин истеъдодҳо тақдир шудааст, ки ҳунарашон то ба дараҷаи тамошобинони гуногунзабон, гуногунфарҳанг, гуногунмазҳаб ва гуногунанъана писанд оянду тавонанд шӯрати санъати миллаташонро ба арсаи васеи байналхалқӣ бардоранд. Хушбахтона, Шумо ба чунин саодат сарбаландона расидед.

Сафарҳои чандинкаратаи эҷодии Шумо ба хориҷа, аз ҷумла Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Ироқ, Лубнон, Сурия, Канада, Булғория, Таиланд, Амрико ва дигар кишварҳо тасдиқи чунин ақидаҳоянд» [8, 333-334].

Дар тақвияти ин гуфтаҳо Арбоби санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Аскаралӣ Раҷабов навиштааст: «Устод Ҷӯрабек Муродов ҳунарманди фазояндаю аз чеҳраҳои бисёр ошно дар фазои мусиқии Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаю Наздик  ва берун аз он аст, ки тоҷикро тоҷикона, чун мардуми фарҳангсозу фарҳанговар муаррифӣ менамояд.Суруду шеваи махмалиниҷроии ӯ ҳамсадои дили шунаванда ва ҳамрадифи суннатҳои дерину асилэҷодию асилиҷроии дирӯзу имрӯз аст» [3].

Яке аз омилҳои асосии дар вуҷуди ҳар фарди тоҷик пайдо гардидану қувват гирифтани ҳисси ифтихори миллӣ низ маҳсули дар олам эътирофгардидаи заҳмати зеҳнию ақлонии фарзандони болаёқату соҳибистеъдоди миллаташ ба шумор меравад.

Устод Ҷӯрабек Муродов тараннумгар ва сафири дӯстии халқҳост. Агар дар сурудҳояш дӯстии халқҳоро васф намояд, сафарҳои ҳунарию  мулоқотҳо бо намояндагони халқу миллатҳои гуногун васлгару таҳкимбахшандаи дӯстию рафоқат мебошад.

Моҳи майи соли 1967 дар Рӯзи миллии Тоҷикистон дар намоишгоҳи «ЭСКПО- 67» (шаҳри Монреал) ҳайати вакилони тоҷикистонӣ бо роҳбарии Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон Абдулаҳад Қаҳҳоров иштирок доштанд. Ба ҳайати вакилон ҳамчунин эҷодкорони ҷавони Тоҷикистон Аҳмад Бобоқулов, Маҳмудҷод Воҳидов, Ҷӯрабек Муродов, Гавҳар Мирҷумъаева, Рауф Азаматов шомил буданд.

Боиси зикр аст, ки Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон Абдулаҳад Қаҳҳоров нисбати ҷавонони эҷодкор падарона ғамхорӣ мекарданд. Дар меҳмонхонаи «Торонто»-и Канада низ ба эҷодкорони ҷавон, аз ҷумла Ҷӯрабек Муродов ва Маҳмудҷон Воҳидов сӯҳбат ороста буданд.

Сӯҳбату лафзи шакарбори пири ботадбир, инсони хирадманд Абдулаҳад Қаҳҳоров бо ҷавонони саодатманд, ки онҳо дар ҳалқаи заррини панди пири оқилу доно буданд, он лаҳзаҳо мубодилаи афкори тарафайн мисли шири сафеди ҷӯшида дам мезад.

Ҳам Ҷӯрабек Муродов, ҳам Маҳмудҷон Воҳидов чунон нотакрор ҳунарнамоӣ мекарданд, ки гӯё садои овози онҳо аз чашмаҳои софи кӯҳи сарбаланди тоҷик фаввора мезаданд.

Фарҳангсолор Абдулаҳад Қаҳҳоров дилсӯзона таъкид намуд, ки «Ҷӯрабек овозашро бояд ҳатман эҳиёт кунад. Ҷӯрабек, Маҳмудҷон, Малика баринҳо аҳён- аҳён пайдо мешаванд. Бояд донед, ки истеъдоди нотакрори шумо танҳо ба худи Шумо мансуб нест, ин сарвати миллӣ аст. Ин масъулиятро ҳар лаҳза шахси соҳибистеъдод ӯҳдадор аст, ки ҳис кунад» [2, 187].

Дар арафаи сафар ба Монреал вассофи сулҳу ваҳдат, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ба Ҷӯрабек Муродов шеъри «Ватан»- и худро доданд. Истеъдоди баланди Ҷӯрабек Муродов боис гардид, ки дар як шаб ба ин шеър оҳанги ҷозибе эҷод намояд. Суруди «Ватан» дар барномаи консертӣ иҷро шуд. «Вақти сурудхонӣ» – ёдоварӣ менамояд Ҷӯрабек Муродов, чашмаи ба як зумра тамошобинон афтод, ки ашк мерехтанд. Ҳайрон шудам. Пасон маълум шуд, онҳо тоҷикон будаанд, ки дар шаҳри дигар (Ню-Йорк.В.Н) зиндагӣ мекарданду хабари омадани моро шунида, ба ин ҷо омадаанд. Мо онҳоро бо нону мавизи Тоҷикистон муроот кардем.

Онҳо нонро нахӯрданд. «Тааҷҷуб накунед. Мо бо худ мебарем, ба хешу таборамон тақсим мекунем, чун ёдгории Ватан нигоҳ медорем…» [1].

Ҳар сафари ҳунарии Ҷӯрабек Муродов ин, пеш аз ҳама сафар ба худ, ба олами худ, сипас ба дилҳои дигар ва оламҳои дигар буд. Дар урфит мегӯянд, ки то худро нашиносӣ дигаронро намедонӣ.

Сафарҳои ҳунарии Ҷӯрабек Муродов ба кишвари афсонавии Ҳиндустон таҳкимбахши дӯстии халқҳои тоҷику ҳинд мебошанд.

Мулоқоти Ҷӯрабек Муродов бо Сарвазири Ҳиндустон Индира Гандӣ хеле хотирмон буд. Индира Гандӣ бо як меҳри модарона изҳор кард, ки Шумо чӣ қадар ба писарам Радҷив монанд ҳастед. Гӯё як себи ду кафон! Худо дар паноҳаш нигоҳ дорад.

Дигар аз хотираҳои ширини устод Ҷӯрабек аз сафарҳояш ба Ҳиндустон ин вохӯрӣ бо фарзанди фарзонаву барӯманди ин кишвар Раҷ Капур буд.

– Бисёр мехостам бо ин ҳунарманди нотакрори Ҳинд вохӯрам, сӯҳбат кунам ва аз рӯи таомули тоҷикон ба ӯ ҷомаву тоқӣ пӯшонам. Вале ин ҳеҷ ба ман муяссар намешуд. Ё ӯ дар сафар буд, ё дар ягон ҷаласа ӯро ба дигар кишварҳо даъват доштанд. Насиб будааст дар сафари сеюми худ ба сарзамини Ҳинд ӯро дучор омадам. Аммо ноомади корро бинед, ки ин сафар ҷомаю тоқии ба ният гирифта мондаамро нагирифта будам. Он гоҳ ҷомаю тоқии худамро, ки мебоист ҳангоми сароидани сурудҳои миллӣ мепушидам, ба ӯ тақдим кардам. Раҷ Капур аз ин бисёр шод шуд ва ба ман асбоби мусиқии қадимаи ҳинд сеторро барои хотира аз худ ҳадя кард. Мо ҳамроҳ расм гирондем, ки он дар хазинаи суратҳоям нигоҳ дошта мешавад ва бароям хеле азиз аст.

Дар консерти дӯстӣ суруде хондам, аз филми машҳури «Сангам». Раҷ Капур дар қатори пеш ба пириву бемории худ нигоҳ накарда менишаст. Ба ваҷд омада, аз ҷо бархост, саҳна баромаду даст ба китфам бурд ва бо ман ҳамовоз шуд:

Тоҷикистон – Ҳиндустон, Сангам- Сангам,

Душанбе- Деҳлӣ, Сангам – Сангам.

Дар ин консерт 50 ҳазор тамошобин аз ҷой хеста, ба эҳтироми ин ду ҳофиз ва нафақат он ду ҳофиз, балки ду халқу ду кишвар ба қавли Ҳофиз «дастафшону пойкӯбон» аҳсанту офаринҳо мехонданд: Сурудҳои Ҷӯрабек миёни халқҳои дунё чун рамзи якдиливу муҳаббат ва сидқу вафодорӣ хизмат мекунад, дилҳоро ба ҳам мепайвандад, зебоиҳоро ба ҳам қарин месозанд.

Раҷ Капур дар он консерт миёни толор гуфта буд: Ман дар вақташ аввалин шуда аз санъатварон пули дӯстии Иттифоқи Шӯравию Ҳиндустонро барпо карда будам, имрӯз Ҷӯрабек миёни Ҳиндустону Тоҷикистон чунин шоҳпуле сохт [8, 205-207].

Қобили қайд аст, ки ҳар як сафари эҷодӣ аз камолоти маҳорати сарояндагии Ҷӯрабек Муродов шаҳодат медод. Бино бар ин, роҳбарияти ҶШС Тоҷикистон ба истеъдоди беназири Ҷӯрабек Муродов таваҷҷӯҳи хоса медоданд.

Ғамхории дилсӯзонаи котиби якуми Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Ҷаббор Расулов ҳангоми ба унвони Артисти халқии СССР пешниҳод кардани Ҷӯрабек Муродов бармало ҳис карда мешуд. Соли 1978 мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродовро барои дарёфти унвони Ҳунарпешаи мардумии Иттифоқи Шӯравӣ пешниҳод намуд. Дар Вазорати маданияти ИҶШС ҳуҷҷатҳоро гирифта бошанд ҳам, таклифи ҷумҳуриро дастгирӣ накарданд. Баҳонаашон он будааст, ки Муродов дар консерватория нахондаасту маълумоти олии касбии мусиқӣ надорад. Чунин беэътиноии мансабдорони Москва ба иззати нафси роҳбарони Тоҷикистон расид. Онҳо бо исрор талаб карданд, ки дар Москва шаби эҷодии Ҷӯрабек Муродов ташкил карда шавад. Шаби эҷодии номбурда бояд дар Театри эстрадии шаҳри Москва дар нимаи моҳи декабри соли 1978-ум баргузор мешуд.

Он лаҳзаҳои тақдирсозро Ҷӯрабек Муродов чунин ёдоварӣ мекунад: «Дар он давра асосан барои ҳунармандони операву балет, барои нақшофаринӣ, яъне актерони театру кино унвони Артисти халқии СССР дода мешуд. Ҳофизони мардумӣ, ки сурудҳои халқӣ месароиданд, бо чунин унвон сарфароз намешуданд. Вақте номзадии маро барои дарёфти ин унвони муътабар пешниҳод карданд, шурӯъ карданд ба нависонавис ва номаҳои баимзову беимзо ба муқобили ман, ба Вазорати фарҳанги СССР. Вазорат баъди шаш моҳ номзадии маро рад кард. Ҷаббор Расулов, роҳбари онвақтаи ҷумҳурӣ сахт ранҷид, ки чаро як ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад, вале марказ нодида мегиранд. Соли 1978 маротибаи дувум номзадии маро пешниҳод карданд. Аммо шарт гузоштанд, ки имтиҳон супорам. 12-уми декабри соли 1978 дар театри эстрадаи Маскав консерти ҳисоботии ман баргузор шуд. Барои гирифтани ин унвон ҳеҷ кас имтиҳон насупорида буд, танҳо мани кӯҳистонӣ 24 сурудро бо 18 забон барои ин консерт омода кардам. Зеро ин як консерти ҳисоботӣ не, балки имтиҳони маҳорати ман буд, аммо дар Маскав бояд ин барномаро иҷро мекардам. Ҳаво сард. Афишаву рекламаи кироӣ ҳам накарданд. Хавотирии ман дар он буд, ки оё билети консерт ба фурӯш меравад ё на. Ман рафтам ба Маскав, аммо аз дастаи ҳунарӣ дарак набуд. Дастаи ҳунарӣ баъди муроҷиати ман ба Ҷаббор Расулов як рӯз пеш аз баргузории консерт омад. Хулоса, барои санҷиши маҳорати банда комиссияро дар ҳайати 17 нафар аз КМ ҲКИШ, Шӯрои вазирон, Вазорати маданият ва Назорати халқии СССР ташкил карданд. Бегоҳ вақте ба маҳалли баргузории консерт омадем, толор пур аз тамошобин, ҳамаи билетҳо фурӯхта шудааст. Як корманди ҳамон зол, як нафар зан, ки чил сол онҷо кор кардааст, дар ҳайрат буд, ки толор барои як овозхони ҷумҳурии дигар пур аз тамошобин шудааст. Шодравон Абдусалом Раҳимов бо ду забон: русӣ ва тоҷикӣ маҷлисро мебурданд. Он вақт 36 сола будам. Консерт шурӯъ шуд ва маро ба саҳна хонданд. Ман бо шеъри «Суруди Рӯдакӣ шуд зинда акнун», ба саҳна баромадам. Мисраи аввали онро дар паси парда ва бо мисраи дувуми он «Расида авҷи Фирдавсӣ ба гардун» болои саҳна омадам. Вақте рӯи саҳна омадам, шояд аз бахту толеъ, лутфи Худои меҳрубон буд, ки тамоми тамошобинон аз ҷо бархоста кафкӯбӣ мекарданд. Баъд сардори он комиссия, ҷонишини вазири маданияти СССР, профессор Кухарский «что еще за пророк?» гуфта, бо ҳабдаҳ нафар аъзои комиссия ҳама аз ҷой бархостанд. Хулоса, консерт бисёр олиҷаноб баргузор шуд. Сафири Покистон, сафири Ҳиндустон, сафири Афғонистон рӯи саҳна омада, маро табрик карданд».

Дар тақвияти гуфтаҳои боло иштирокчии консерт, мудири шӯъбаи маданияти КМ ҲКТ Холмурод Шарифов нигоштааст: «Коргардон ва барандаи барнома Ҳунарпешаи мардумии ҷумҳурӣ Абдусалом Раҳимов оғози консертро бо «Суруди Рӯдакӣ»-и шеъри Мирзо Турсунзода, оҳанги Ҷӯрабек Муродов сар кард. Пас Ҷӯрабек сурудҳои дилнишину машҳури миллатҳои гуногунро бо маҳорати баланду услуби нотакрори ба худаш хос паси ҳам ҷӯр мекард. Мардум дар толор ӯро бо эҳсосоти хушу шавқмандӣ ва эҳтироми том гӯш мекарданд. Ҳамин, ки суруди навбатӣ ба охир мерасид, толор аз зарби кафкӯбиҳои умум меларзид ва сарояндаи гулборон мешуд. Чунин истиқболи самимонаи тамошобини ноозмуд ба Ҷӯрабек қувваю илҳоми тоза мебахшид, ӯ рӯҳбаланд менамуд ва сурудҳоро бо дигар забонҳо низ бо маҳорату завқи баланд месароид. Аз ҷумла, суруди ӯзбекӣ «Ишонмайдур», сурудҳои халқии русӣ «Калинка», Корабейники», «Бӯса» (ё «Сезарби Ҷӯрабек»), арманӣ «Мехак», озарӣ «Қалбим сендадур», афғонӣ «Худат гул», эронӣ «Ту сафар кардӣ», арабӣ «Лайлӣ», ҳиндӣ суруд аз филми «Сангам», туркманӣ «Уғул тагсанчӣ», қирғизӣ «Туморим», туркӣ «Фиребгар» (Алдамчӣ) ва ғайра ба муштариён тӯҳфа мегардиданд. Шаби эҷодиашро Ҷӯрабек бо суруди «Тӯёна», ки аз ганҷинаҳои санъати халқи азизаш интихоб карда буд, анҷом дод» [6, 294-295].

Консерти ҳисоботии Ҷӯрабек Муродов тараннумгари дӯстии халқҳо, ба ҳам омезиши фарҳангии байни миллатҳо буд. Баъди тақрибан ду моҳ Фармони Президиуми Шӯрои Олии СССР доир ба додани унвони фахрии Артисти халқии СССР ба Ҷӯрабек Муродов ба имзо расид. «Ниҳоят пас аз муддате чанд,-ёдовар мешавад Ҷӯрабек Муродов,  пагоҳӣ занги телефон баланд шуд. Гӯшакро гирифтам: «Тебя от души поздравляю сынок» – касе бо забони русӣ. Хоболуд будам «спасибо» гӯён гӯшакро мондам. Ва нохост як қад парида аз ҷо хестам. Донистам, ки ин овози Ҷаббор Расулов ва оби дидаам шашқатор шуд.

Худи ҳамон рӯз аз номи вазири маданияти СССР Демичев аз Маскав телеграммаи ҳукуматӣ омад [2, 210-211].

Устод Ҷӯрабек Муродов бар он аст, ки бе муҳити рангини фарҳангӣ, бе маҳфилҳову вохӯрию сӯҳбатҳое, ки дар пояи баланди қадршиносию эҳтироми ҳамдигарӣ сурат мегирифтанд, дар гумон буд, ки ӯ ба мақоми волои санъати миллию  ҷаҳонӣ соҳиб ва мукофотҳои давлатиашро, ки бозгӯи хизматҳои бардавомаш дар рушду таомули фарҳанги миллӣ мебошанд, мукофоти дӯстон, мухлисони бешумор ва халқи азизи худ мешуморад.

Дар сафарҳои ҳунарии мамлакатҳои хориҷӣ устод Ҷӯрабек ҳар баромадашро бо суруди «Дӯстонро гум макун» (шеъри М.Турсунзода) оғоз менамуд. Ин анъана ҳангоми сафар дар Япония низ ба вуқӯъ омад. Ҳунарпешагони тоҷик дар 18 шаҳри Япония, аз ҷумла Токио, Обихиро, Кусиро, Саппоро, Эсаси, Хакодато, Угума, Факуоко, Тагаева, Ямагучи, Ако, Амазаки, Осака, Канагава ва ғайра 23 консерт намоиш доданд.

Ҳунарнамоии санъаткорони тоҷик дар ҳақиқат гулдасте буд аз боғи ҳамешабаҳори санъат. Ин гулдастаро тамошобинони ҷопон бо хушнудӣ пазируфтанд, аз таровати он баҳра бурданд. Гулдастаи тоҷикон рамзи дӯстии халқҳо, рамзи сулҳи пойдор дар рӯи ҷаҳон, рамзи рӯзгори гулобод ва хуррамӣ буд. Тоҷикон ин гулдастаи ба гулбаргҳои рақсу таронаҳои рангини ороёфтаро дар зарфи як моҳ ба сокинони кишвари офтоббаро пешкаш намуданд.

Эҳтироми ҷопониҳо ба маҳорати воломақоми ситораҳои санъати тоҷик, бепоён аст. Далели ин гуфтаҳо хотираи Ҷӯрабек Муродов аз ин сафар. Устод  Ҷӯрабек Муродов мегӯяд: «Дар Токио духтарчаи хурдсоле ба назди мо омад».

– Ин кас нағз ҳастанд? – сурати Малика Собироваро нишон дода мепурсид ӯ. Ҷавобдиҳӣ душвор буд, вале аз ин савол ҷои гурез набуд.

– Касе гуфт ӯ дигар нест.

Аз чашмони духтарак ҷӯи ашк равон шуд. Мо бо хоҳиши духтарак суратро оварда ба модари Малика додем.

Малика дар байни мо буд. Вале бисёрии мо намедонистем, ки Малика маликаи санъати халқи мост [1].

Басе рамзист, ки соли 1990 Ҷӯрабек Муродов депутати халқии ҶШС Тоҷикистон, раиси Комитети Шӯрои Олӣ оид ба фарҳанг, муносибатҳои миллӣ, дӯстии халқҳо интихоб шуд.

Дар он солҳо барои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ниҳоят солҳои душвор буд.

Дар ҶШС Тоҷикистон дар ҳама ҷода муносибатҳо шиддат меёфтанд. Хусусан, дар байни намояндагони  миллатҳои гуногун  муносибатҳо тезу тунд мешуданд, ҳар гуна гурӯҳҳои иҷтимоӣ ҳамдигарро айбдор карда ҷониби якдигар санг мепартофтанд.

Ҷӯрабек Муродов ҳамчун раиси Комитети муносибатҳои байни миллатҳо барои бунёди марказҳои маданию ҷамъиятии халқҳои немис, тоторҳои Қрим, арманхову кореягиҳо ва ӯзбекони Тоҷикистон саҳми бевоситаи худро гузоштааст.

Устод Ҷӯрабек ифтихор дорад, ки бо обрӯмандтарину сарватмандтарин афрод, амсоли Индира Гандиву Раҷ Капур, Оятулло Ҳумайнӣ, Саддом Ҳусейн, Аҳмад Зоҳир, Шаҷариён, Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода, Лоиқу Бозору Гулрухсор ва дигарон ҳамнишину ҳамсӯҳбат шудааст.

Аҳли адаби кишварҳои гуногун ба истеъдоди вассофи дӯстӣ Ҷӯрабек Муродов баҳои сазовор додаанд. Чунончӣ, дорандаи мукофоти ленинӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Чингиз Айтматов гуфтааст: «Додарам Ҷӯрабек!» Ҳар раҳ, ки як раҳ қадам занӣ тиллохез гардад!».

Олими тоҷикшинос Манфренд Лоренс эҳсосоти худро бо суханони «Мо немисҳо ҳам ҳофизи машҳури тоҷик Ҷӯрабекро дӯст медорем» баён намудааст. Қайсин Қулиев бошад фармудааст: «Азизи ман, Ҷӯрабек! Алҳақ, Шумо ромишгари барҷастаед. Барои ҳунар ва матонататон аҳсан!».

Даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба рушди робитаҳои дӯстӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ бо мамлакатҳои хориҷии наздик ва дур шароити мусоид фароҳам овард. Санъаткорони тоҷик баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат бастанд. Артисти халқии СССР Ҷӯрабек Муродов неруи эҷодии худро барои боз ҳам таҳким додани робитаҳои дӯстӣ ва фарҳангӣ равона кард.

Соли 1993 Ҷӯрабек Муродов озими давлати Исроил гардид. Ҷӯрабек Муродов дар ҳалқаи дӯстони деринаи худ яҳудиёни бухорӣ – Барно Исҳоқова, Михаил Кимёгаров, Рафоэл Толмасов, Борис Наматиев, Софя Бадалбоева, Шоиста Муллоҷонова, Малика Қаландарова, Илёс Гулкоров ва садҳо дигарон сухан мегуфту дар чашми онҳо ашк ҳалқа мезад.

Дар меҳрномаи коркунони Театри мусиқавию драмавии яҳудиёни бухории ба номи ҳунарпешагони халқии ҶШС Тоҷикистон Рафоэл Толмасов ва Гавриэл Муллоқандови мамлакати Исроил- Арон Шаламаев, Рафоэл Толмасов, Борис Наматиев, Барно Исҳоқова, Абрам Кайков, Довид Илёбоев, Сулаймон Таҳалов, Амнун Довудов, Исҳоқ Ягудаев, Натан Кайков, Мордухай Кимёгаров иброз шудааст: “Фарзанди олимақоми халқи тоҷик Ҷӯрабек Муродовро яҳудиёни бухорӣ аз сидқи дил дӯст медоранд ва дӯсти муътабари худ медонанд.

Орзу мекунем, ки бахту иқбол ва саодати зиндагӣ ҳамеша ёратон бошад.

Омадани ӯро ба сарзамини яҳудиён хушу фархунда бод мегӯем [8,351-352] .

Чунин мулоқотҳои Ҷӯрабек Муродов бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва яҳудиёни бухорӣ борҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардиданд.

Устод Ҷӯрабек Муродов дар таҳкими дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳми босазо гузоштааст. Рӯзномае дар ҳаққи устод Ҷӯрабек Муродов навишта буд: “Агар Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба ду дарёи азим шабоҳат диҳем, пас метавон устод Ҷӯрабекро ба он шоҳпуле монанд кунем, ки ин ду дарёро пайванд месозад”.

Зиёда аз панҷоҳ сол аст, ки Ҷӯрабек Муродов дар толорҳои консертии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳорати бузурги сарояндагии хешро зоҳир намуда, ба муҳаббати халқ сазовор шудааст. Ӯ бо савту сурудҳои дилнишинаш риштаҳои дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро мустаҳкам намуда, дар замири дили онҳо тухми дӯстиву рафоқат ва муҳаббату эҳтиром нисбати якдигар мепарварад.

Ба Ҷӯрабек Муродов унвони Шаҳрванди фахрии шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Нуратаоро муносиб донистаанд, ки шаҳодати муҳаббати бепоёни халқ нисбати ҳофизи дӯстдоштаи худ аст.

Саҳифаи нави пурғановат ва таърихиро дар таҳкими дӯстию бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боз намуд.

Рӯзи 9-уми марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”, ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, иштирок намуданд.

Дар консерт шоҳсутунҳои санъати тоҷику ӯзбек: Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ва Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев якҷоя сурудҳои “Дӯстонро гум макун” ва “Замон, замон бизники”-ро тараннум карданд, ки шаҳодати дӯстии безаволи тоҷикону ӯзбекон буд.

Чанд лаҳзаҳое, ки таълиф карда шуд, қатрае аз фаъолияти устод Ҷӯрабек Муродов дар васфи дӯстии халқҳо мебошад. Дар ҳаҷми як мақола тасвир кардани ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти вассофӣ ва пайвандгарии дӯстии халқҳои Ҷӯрабек Муродов имконнопазир аст. Итминони комил дорем, ки муаррихону санъатшиносон мавзӯи мазкурро мавриди таҳқиқи мукаммал қарор медиҳанд.

Адабиёт:

  1. Марде, ки роҳ ба водии дилҳо гирифтааст… //Самак. – 2021. – 9 июн.

2.Набиев В. Бузургони миллат дар шоҳроҳи таърих. – Хуҷанд: Меъроҷ, 2014. – 252 с.

3.Раҷабов А. Ҳунару иҷроии асилу бархоста аз дил, худ ин эъҷози ҳунарист // Самак.- 2020. – 2 декабр.

4.Ҷӯрабек Муродов: Дастбӯсиҳоро дида ғашам меомад / Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо овозхони барҷастаи тоҷик, роҳбари дастаи ҳунарии “Нури Хуҷанд” // Фараж. – 2011. – 28 декабр.

6.Шарифов Х. Ахтарон. – Душанбе: Шарқи озод, 2004. – 337 с.

7.Шарифов Х. Рози дил. – Душанбе: Адиб, 1991. – 256 с.

8.Шарифова М. Ҷӯрабек Муродов. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2002. – 528.

Ваҳҳоб Набиев,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь