Сарзаминҳои Эрони бостону Туронро танҳо дар натиҷаи омӯзиши ҷузъиёти ҷуғрофии ин сарзаминҳо – кишварҳо, шаҳрҳо, рудҳо, кӯҳҳо ва дигар воҳидҳои ҷуғрофӣ шинохтан ва муайян кардан имкон дорад. Сарфи назар аз пажӯҳишҳо, мақолаву рисолаҳои зиёд дар ин мавзуъ ба ҳеҷ пажӯҳишгаре муяссар нагардидааст, ки дар ин боб сухани охирро бигӯяд… Яке аз сарзаминҳое, ки дар кушодани баъзе паҳлуҳои асрори ҷуғрофиёи Эрони бостон ва Турони бостон мусоидат мекунанд, дар “Шоҳнома” Шунгон (дурусташ Шингон аст) ном дорад. Пешакӣ бояд гуфт, ки ин кишвар ҳоло бо номи Шинҷон, дар қисмати ғарбии Хитойи имрӯза бо номи расмии Ноҳияи Мухтори Уйғуристон ё ба хитойӣ Синьцзян (ҳарчанд Шинҷонро ба хитойӣ марзи нав, замини нав маънидод карда бошанд ҳам, маълум ки ин маъно аз номи пешини ин маҳал гирифта шудааст, вагарна чунин наздикии Синьцзян – Синҷон – Шинҷон имкон надорад) вуҷуд дорад.

Ин вилоят бо уйғурӣ “Шинҷон уйғур увтунум ройунӣ” ном дорад. Шингон мисли Гургон – Ҷурҷон, гавз – ҷавз, магиос – маҷус ва баъзе номҳои дигар бо баргашти овозии г ба ҷ, гунаи (муарраби) Шингон аст. Ин кишвар дар шумори камтарин сарзаминҳоест, ки дар ҷойгоҳи нахустинаш бо номи дар “Шоҳнома” зикршудааш наздик боқӣ мондааст.

(Мо зимни як мақолаи худ (ниг. “Эрони гумшуда”, Душанбе, 2012) яке аз кишварҳои дар шимоли ғарбии Тибет воқеъбуда Шанг-Шунгро Шингон тахмин карда будем, ки маълум мешавад, иштибоҳ будааст)

Шингон дар “Шоҳнома” ҳамагӣ якчанд бор зикр шуда бошад ҳам, ҷиҳати кушодани асрори сарзаминҳои эрониву туронӣ хеле кумак мекунад. Чизи муҳим дар он шумор он аст, ки Шингон дар нахуст дар шумори сарзаминҳои Эрони бостон воқеъ буда, ба Эраҷ дода шуда будааст. Дар ин бора, аз ҷумла, дар ҷанги Гударзи Кашвод бо Пирони Виса дар бораи он сарзаминҳое, ки турониён аз эрониён бо ҷанг гирифта буданд, сухан рафтааст. Пирон дар номааш аз сипаҳбади эрониён сулҳ хоста, ваъда медиҳад, ки он сарзаминҳои эрониёнро ки турониён ғасб намудаанд пас мегардонад. Дар миёни ин ин шаҳрҳо Шингон низ номбар мегардад. Пирон ба Гударз менависад:

Ҳар он шаҳр к-аз марзи Эрон ниҳӣ,

Бигӯ то кунемаш зи туркон тиҳӣ…

Чу Шингону чун Тирмиду Висагирд,

Бухорову шаҳре, ки ҳасташ ба гирд.

Яъне Пирон розӣ аст, ки Шингонро, ки дар нахуст дар шумори кишварҳои Эрони бостон будаву баъдан ба тасарруфи турониён даромадааст, ҳамчун шарти сулҳ гашта ба эрониён диҳад. Ҷойи дигар дар як ҷанги миёни Эрони бостон ва Турони бостон, ки дар Шингон ба вуқуъ пайваста буд,

Чунин гуфт Рустам ба Руҳҳоми шер,

Ки «Тарсам, ки Рахшам шуд аз кор сер.

Чу ӯ суст гардад, пиёда шавам,

Ба хуну хай оҳордода шавам.

Яке лашкар аст ин, чу мӯру малах,

Ту бо пилу бо пилбонон бичах.

Ҳама покашон пеши Хусрав барем,

Зи Шингону Чин ҳадяи нав барем».

Тавре дар мақолаи “Чини «Шоҳнома» Чини дигар буд” зикр карда будем, Чини “Шоҳнома” кишвари ориёие бо номи Саена буд, ки ба шакли Чин баргашт намуд. Ин кишвар низ дар паҳлуи Шингон дар ғарби кунунии Хитой воқеъ гашта дар шумори сарзаминҳои туронӣ воқеъ гашта буд. Аз ин ҷост, ки Рустам “зи Шингону Чин ҳадяи нав барем” мегӯяд.

Дар байтҳои зер, ки Шугнӣ ва Шугнон зикр шудааст, ба назари мо иштибоҳе ҷой дорад, зеро дар он даврон Бадахшони кунунӣ Зобул ном дошта дар шумори мулкҳои Эрони бостон воқеъ буд. Аз ин лиҳоз дар ин байтҳо бояд ба ҷойи шугнӣ шингӣ ва ба ҷойи Шугнон Шингон буда бошад.

Шамирони Шугниву Шангул зи Ҳинд,

Зи Сақлоб чун Кундуру шоҳи Синд…

Якеро зи Сақлобу Шугнону Чин

Намонам, ки пай барниҳад бар замин.

Яъне бояд “Шамирони Шингиву…” ва “зи Сақлобу Шингону Чин” гуфта шавад, ки дар ин сурат ба воқеияти таърихиву ҷуғрофӣ саҳеҳ мешавад.

Дар “Барзунома”, ки муаллифаш маълум набудаву ба Барзуи писари Суҳроб ва набераи Рустам бахшида шудааст, (баъзе муҳаққиқон онро ба Фирдавсӣ нисбат медиҳанд) дар бораи Шингон низ чандин лаҳза ҷой дода шудааст. Масалан дар бахши “Расидани Афросиёб ба Шингон” омадааст:

Аз он пас ки баргашт аз он размгоҳ,

Ки Рустам бар ӯ кард гетӣ сиёҳ,

Ки аз баҳри Бежан ба Туронзамин

Чи омад ба рӯи сипаҳдори Чин.

Ба-д-он роҳи бераҳ сар андар кашид,

Гурезон зи Рустам ба Шингон расид.

Худу номдорони пархошгар

Пур аз дард ҷону пур аз кин ҷигар,

Расиданд наздикии он ҳисор,

Ки буд паҳлавон андар он Шодхор,

Зи Пирону Гарсевазу шоҳи Чин

Расиданд наздики Шингонзамин.

Яъне агар марзҳои Эрону Турон оне буд, ки имрӯз баъзе пажӯҳишгарон гумон мекунанд, зарурате набуд, ки Афросиёб аз дасти Рустам то Шингон фирор кунад, барои ӯ аз Ому гузаштан кифоя буд…

Барзуи писари Суҳробро баъзе муҳаққиқон Шуғнонӣ гуфтаанд, ки ин ҳам дуруст нест. Ҳамоҳангии Шингон ва Шуғнон барои ин иштибоҳ даре кушодааст. “Бурҳони қотеъ” мегӯяд, ки Шингон номи вилояте аст, аммо дар бораи мавқеияти он чизе намиегӯяд. Дар “Ҳудуд-ул-олам” Сангон ном мавзеъе зикр гардидааст.

Дар яке аз нусхаҳои “Барзунома” омадааст, ки Суҳроб ҳангоми ҳуҷум ба Эрони бостон дар наздикии марзи Эрон, дар Шингон, ки он замон дар шумори сарзаминҳои Турон буд, бо духтари туроние (духтари паҳлавоне, дар дигар нусхаҳо духтари шоҳи Шингон) бо номи Шаҳрӯ вомехӯрад. Аз мулоқоти онҳо писаре ба дунё меояд, ки Барзу номида мешавад. Албатта, дар “Барзунома”-ҳо гунаҳои дигари ин ривоят вуҷуд дорад, ки мо аз зикрашон худдорӣ мекунем.

Ҳамчунин дар “Барзунома” омадааст, ки Суҳроб ба Эрони бостон аз Самангон ҳуҷум карда, дар сари роҳаш ба Шингон мерасад. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки Самангони воқеъ дар шимоли Афғонистон Самангони “Шоҳнома” буда наметавонад. Он Самангон дар қисматҳои ғарби кунунии Хитой воқеъ будааст, ки шояд номаш ҳоло боқӣ намондааст. Ё эҳтимолан Сангони “Ҳудуд-ул-олам” ихтисоршудаи Самангони бошад. Воқеан, Самангони кунунии воқеъ дар шимоли Афғонистон ба ҳеҷ гуна нишониҳои Самангон – сарзамини туронӣ ҷавобгӯ буда наметавонад. Мувофиқи пажуҳишҳои мо маркази Шинҷон Ноҳияи Мухтори Уйғур, ки Урумчӣ ном дорад, дар асл Ирмони “Шоҳнома” будааст. Ҳамон Ирмон, ки сокинонаш ба назди Кайхусрав омада барои дафъи гурозҳо кумак пурсида буданд. Онҳо гуфтанд, ки сарзамини онҳо замоне ба Эрон мансуб буд, акнун дар миёни марзи Эрону Турон бесоҳиб мондаанд. Онҳо ба Хусрав чунин мегӯянд:

Зи шаҳре ба дод омадастем дур,

Ки Эрон аз ин рӯю з-он рӯй Тур,

Сари марзи Турон дари шаҳри мост,

Ба як рӯз аз эшон ба мо-бар балост.

(Ҳарчанд мисли чандин номҳои дигар Ирмонро бо шакли Урумчӣ ҷомаи муғулӣ пӯшонда, “чарогоҳи сералаф” маънӣ додаанд, аммо тамоми нишониҳои Ирмони “Шоҳнома” ба ин мавзеъ мувофиқ меояд) Қобили зикр аст, ки дар Шинҷон харобаҳои қалъаву шаҳрҳои қадим зиёданд, ки ҳама осори ориёиҳои туронианд. Инчунин 60 дарсади турониён симои ориёӣ доранд, ки ҳамон ориёиҳои уйғуршудаанд, вагарна худи уйғурҳо аҷдодан муғултаборанд. Уйғурҳо ё муғулҳо ба ин ноҳия дар асрҳои 6-7 сокин шуда, тоифаҳои ориёии турониро ногузир махлут карда ва ё ба хориҷшавӣ аз кишвар маҷбур кардаанд. Дар даврони рӯйдодҳои “Шоҳнома” тамоми аҳолии ин минтақа ориёӣ буданд. Аз онҳо ҳоло тақрибан 50 ҳазор тоҷикони сарикӯливу вахонӣ боқӣ мондаанду бас.

Дар ноҳияи Шинҷон уезде бо номи Манас вуҷуд дорад, ки бо номи як қисмати кӯҳи Тиёншон Манасотара, (дар Маҳабҳарата), Монисо, Мануш (Ҳ. Муминҷонов, С. Камолиддин) айни ҳам будаанд. Дар боби ин ноҳия ҳанӯз сухан бисёраст, ки дар дигар мақолаҳо гуфта хоҳад шуд.

Фақат ин қадар бояд гуфт, ноҳияи Шинҷони кунунӣ ва умуман қисмати ғарбии кунунии Хитой яке аз марказҳои тамаддуни ориёӣ буда, бозёфтҳои ҳафриётӣ далолат бар он мекунанд, ки ин минтақа таърихи беш аз 8-ҳазорсолаи ориёӣ дорад.

Тавре зикр гардид, баъзе минтақаҳои он – Яман (ҳоло Сарикӯл), Кашмир (ҳоло Тошқӯрғон), Кобул (ҳоло боқӣ намондааст), Ғарча (ҳоло Ғулча) Дашти Ялон – Дашти Саворони Найзагузор – Дашти Тозиён, (ҳоло руде дар ин мавзеъ Тошкондарё – Тоҷикондарё ном дорад), Хиргоҳ, Шингон, Ирмон ва бисёр номҳои дигар дар шумори сарзаминҳои Эрони бостон воқеъ буда, баъд ба тасарруфи Турон гузаштанд. Сарзаминҳои кунуии Тоҷикистон ва ҳамҷаворашон низ боз баъдтар ба ҳамин ҳол гирифтор шуданд. Ҳоло дар бораи таърихи Шинҷон сухан ронда, аз сукунати ориёиҳо дар ин минтақа касе ёд намекунад…

Дар мавқеияти Шинҷони кунунӣ дар таърихномаҳои Чини бостон мавҷудияти давлати қадими Таоджи (Тоҷик) зикр мешавад. Таърихномаҳои Хитой ба ҷуз ин Таоджи ягон давлати дигарро қадим нагуфтаанд…

Ин ҳам боз як далелест, ки замоне сарзамини Эрони бостон будани Шингон – Шинҷони кунуниро тасдиқ мекунад.

Ҷойи он аст, ки онҳое, ки марзи миёни Эрони бостону Туронро руди Ому мепиндоранд, сари ин андеша тааммул кунанд. Ин руд баъди ба тасарруфи турониён даромадани тамоми соҳилҳои рости Ому воқеан марзи миёни Эрони баъдӣ (баъдимуҳоҷиратӣ) ва Туронро ташкил дод…

Муҳтарам ҲОТАМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь