Мо ҳамагон муаллифи матни суруди миллиро медонем, яъне Гулназар Келдӣ – шоири халқии Тоҷикистон.

Ва баъзеҳо бошанд матни суруди миллиро азёд медонанд, ки ин низ хуб аст, ҳарчанд, онро бояд ҳар сокини Тоҷикистон, на вобаста ба сину солаш ва на вобаста ба табақаю нажодаш дониста бошад.

Дар кишварҳои дунё оҳангсози суруди миллиро низ хуб медонанд, ки аслан навои эҷодкардаи вай гимни миллиро пуртантана ва пуршукуҳу қавитар ва нишонрас гардонида тавонистааст.

Чунончи суруди миллии Тоҷикистон на дар асоси матн, балки дар асоси оҳанг ба миён омадааст. Яъне оҳанг арзи ҳастӣ дошт ва он навои гимни Тоҷикистони Шӯравӣ буд, ки композитор Сулаймон Юдаков офаридааст ва баъди Ҷумхурии мустақил шудани мо ин оҳанг матни тозаро талаб мекард, ки маънои тозаро бархӯрдор бошад ва бозгӯи замони муосир бигардад.

Ба маврид аст ёд биоварем, ки гимни аввали Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1946 бо ҳамин мусиқии С. А Юдаков ва матни устод Лоҳутӣ ва дафъаи дуввум соли 1977 бо ҳамон мусиқӣ-марши собиқи Юдаков ва матни Боқӣ Раҳимзода ва дафъаи севвум боз бо хамин мусиқии Юдаков интишор шуда. Яъне дафъаи севвум низ ба оҳанги мусиқии Юдаков матни нав ворид гардид дар таҳияи шоир Гулназар, ки онро акнун ҳамаи мо тараннум месозем ва дар ҷашну маросимҳо ва тантанаҳо мутантан ва пуршукӯҳ садо медиҳад.

Дар кишварҳои дунё ҳамчунин муҳим аст донистан, ки парчами миллӣ ва нишони миллӣ дар асоси ташаббус ё ақоиди кӣ арзи ҳастӣ кардааст. Зеро парчаму нишон муқаддамтар аст барои ҳар кишвар.

Масалан, сарвари нави Тоҷикистонро интихоб ва таъин намуда буданд дар ҷаласаи шонздаҳуми Шӯрои олии Тоҷикистон дар Хуҷанд ва ӯ аз нишастгоҳи толор, аз миёни вакилони дигар бархесту аввал қадам барниҳод сӯи парчами навқабули Тоҷикистон, онро биламсид, бибӯсид, ба рӯю чашмонаш молид. Баъдан равон шуд ба минбар барои суханронӣ ва баёни мақсадҳои сари кор омаданаш дар вазъи тақдирсози меҳану кишвар.

Он парчам, ки сарвари нави Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бибӯсид намунаи ҳамон парчам буд, ки ҳоло нишонаш дар боғи парчами миллии пойтахт партавфишон шудааст ва аз ҳама ҷониб ба чашм мерасад.

Ҳамон парчами миллие, ки дар сесияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ қабулаш карда буданд баъди баромад, пешниҳод ва суханронӣ ва ташреҳи Отахон Латифӣ.

Бале ин парчам аслан идея ва ғояи Латифӣ буд, ки чанд сол муқаддам аз ин рӯйдодҳо дар мағзаш шакл гирифта, доири шаклу сохти он ва рангҳои паҳлӯи ҳамаш ва маънои ҳар ранг навишта буд барои рӯзномаи «Тоҷикистони Шӯравӣ» (ҳамон рӯзномае, ки баъдтар номи «Ҷумҳурият» – ро гирифт). Вале аз нашри ин навишта худдорӣ карданд ва ё қафопарто доштанд. Аммо вобаста ба давраи бозсозӣ навиштаи Латифиро рӯзномаи тамоми Шӯравии собиқ, яъне «Изветия» ба нашр расонид ва барои матбуоти Тоҷикистон роҳи дигар намонд, ғайри онро тарҷума кардану дар рӯзномаю чаридаҳои ин ҷо ба чоп расондан.

Баъдтар Латифӣ чун муовини Сарвазири Ҳукумати Тоҷикистон таъин гардид, гуруҳи ташаббускор бисохт барои ба миён овардани намунаҳои парчами миллӣ ва тарҳи нишони давлатӣ, ҳарчанд вобастаи ин варо сахту шадидан сарзаниш мекарданд шӯравипарастон, ба номаш мечаспонданд тамғаи «миллатчӣ».

Вале Латифӣ аз раъйи худ намегашт ва онро амалӣ кардан мехост бо мадади тасвиргарону ҳамдилонаш.

Фақат дар ҷаласаи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон муяссараш гардид, барои пазуруфтани ин мақсадаш талошҳои ҳаматарафа ба харҷ бидиҳад.

Он ҷо шаклу намуду рангҳои ин парчам қабул гардид.

Вале доири нишони давлатӣ, ки Латифӣ аз минбари ҷаласа муаррифиаш мекард, баҳсҳо бармехеста, яқинтараш доири ҳафт ахтари нишон, яъне ҳафт ситораи қисмати болояш.

Баъзеҳо бар он буда, ки ситораҳо ҳашто шавад, вале Латифӣ барои ҳафто монданашон пойфишорӣ мекард, ки ҳафт рақами муқаддас бошад, мисли рӯзи ҳафта, мисли ҳафт ахтар, мисли ҳафтдодарон ва ҳафт табақаи осмон ва ғайраву ғайра.

Билохир варианти пешниҳодкардаи Латифӣ, яъне тоҷу хафт ахтар қабул бигардид.

Фақат баъдтар дар поёндасти ин нишон ба ҷои шер, ки рамзи қудрату тавоноӣ бошад, китоб монда шуд, дигар чизе дар он тағир нахӯрд.

Ҳамин тавр Тоҷикистон дар сесияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ соҳиби нишони давлатӣ ва парчами миллӣ гардид, ки ин як рамзи изофаи истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ шуморида мешуд.

Баъдтар, ки чун давлат қудрат ва тавоноӣ пайдо бикард, ба миён омадани сурудаи (гимни) миллӣ зарур бигардид. Ва зарур шуморида бишуд гимни собиқ, яъне мусиқии собиқ бимонад, яъне аз они бастакор Юдаков ва матнаш аз нав навишта шавад, яъне вобаста ба соҳибихтиёрии давлат ва тақозои замони нав. Ин матн аз тарафи шоир Гулназари Келдӣ хушояндаю мавзун иншо бигардид.

Чун муаллифи матни сурудаи миллӣ ба эҳтиром ва арҷгузорӣ ва эътиқод арзанда бошад, ҳамчунин ба миён оварандани оҳангу навои он бо эҳтиром бояд ёд шавад. Ҳамчунин, ба миён оварандаи нишони миллӣ ва парчами миллӣ ба эҳтироми шоиста ва хоса сазовор аст, ки Отахон Латифӣ бошад, ҳамон марди ватанхоҳ ва фидокор ва дифогари манфиатҳои миллату меҳанаш.

Беҳуда нест Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин шахси фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ ва ходими давалатӣ ва қаламкаши беҳамто ва поягузори журналистикаи навини тоҷик, яъне Отахон Латифиро бо ордени «Шараф» ва медали «Ҷаласаи шонздаҳуми Шӯрои олии Тоҷикистон» мукофотонида буданд.

Акнун месазад вобаста ба 30 солагии эълон гаштани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Отахони Латифӣ ва Гулназари Келдӣ, бастакор С. А. Юдаков, ки пораҳо аз муқаддасоти миллӣ ба номи онҳо ва эҷодагарии онҳо рабте дорад, бо мукофотҳои хосаи ҷашнӣ ва нишони «30 солагии Истиқлолият» ва монанди ин мукофотонида бишаванд.

Бале муқаддасоти миллӣ мисли парчаму нишону сурудаи миллӣ азизанд, офарандагону ба миён оварандагони он низ бояд азизу мукаррам шуморида шаванд. Зеро пандест: ҳақиқатҳои гузаштаро фаромӯш макун, то оянда туро фаромӯш накунад ва ҳамчунин ба муқаддасоти гузашта эътиқоду имон биовар, ки ояндаву ояндагон туро муқаддасу азиз шуморанд…

Шераки ОРИЁН,

дорандаи ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь