Наврӯз тӯли қарнҳои зиёд василаи ба вуҷуд овардани ҳусни тафоҳуму якдилӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ дар байни ақвоми ориётабор буда, ҳамзамон, фазои андешаи қавму миллатҳои зиёдеро ба ҳам гироиш додааст. Дар оянда низ Наврӯз бо ин рӯҳу ҷавҳари ваҳдатофари худ барои халқу миллатҳои мухталиф, ки дар шароити кунунӣ бо таъсири раванди тезу тунди глобализатсия ва бархурди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ дар муқобили ҳам қарор доранд, метавонад ҳамчун омили муҳиму муассири ҳамоҳангсоз хидмат карда, боиси иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ба ҳам наздик шудани онҳо гардад.

Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки 23-юми феврали соли 2010 бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии 24 кишвари дигар Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон гардидани 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз қабул шуд. Яъне Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.

Ҷашни Наврӯз аз замони пайдоиши худ то ба имрӯз дар ҳаёти фарҳангиву маънавӣ ва сиёсии мардуми мо саҳми бузургу боризе дошта, василаи фавқулода муҳими тарбияи эҳсоси меҳанпарастиву худогоҳии миллӣ ва талқини ваҳдату иттиҳоди аҳли ҷомеа будааст.

Наврӯз як достони пуровозаву оламгири ҳастии миллати соҳибфарҳангу тамаддунофари мост. Наврӯз рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, бедорӣ бар ҷаҳолат, меҳру муҳаббат бар кинаву адоват, хушнудӣ бар ғаму андӯҳ аст. Наврӯз бо насими тозаву нафаси рӯҳафзои масеҳоӣ ва афсуну дилрабоӣ ба дунёи куҳан ҳусну таровати ҷавонӣ бахшида, аз фарорасии фасли шукуфоиву шурӯъи айёми зебоӣ пайғом медиҳад. Ҷашни Наврӯз ҷашне аз бостон аст ва ҳамзамон ҳамешаҷавон аст.

Наврӯз ба тафовут аз дигар ҷашнҳову идҳо як ҷашни воқеан ҳам табииест, ки аслан бидуни тасмими фардиву ҷамъиятӣ арзи ҳастӣ кардааст ва барои мондагор будан ҳеҷ гуна эҳтиёҷе ба ҳеҷ гуна қарордоди иҷтимоӣ надорад. Ҷашни Наврӯз ҳамоҳангиву омезиши воқеияти зебои табиат ва хиради зебоипарасти мардуми ориёнажод аст, ки тӯли ҳазорсолаҳо иртиботи самимиву солими инсон ва табиатро ба вуҷуд оварда, башариятро дар рӯҳияи зебоипарастӣ ва эҳтиром ба аносири табиӣ тарбия мекунад. Асолати ин ҷашн дар он аст, ки он ҳатто новобаста аз мавҷудияти ҷомеаи башарӣ низ метавонад арзи ҳастӣ дошта бошад.

Дар миёни идҳои халқҳои ҷаҳон Наврӯз ягона ҷашнест, ки на дар робита ба омилҳои зеҳнӣ, балки дар заминаи омилҳои айнӣ ба вуҷуд омадааст. Ҷашни Наврӯз як ҷашни воқеиест, ки бо эҳёи табиату эътидоли шабу рӯз, шукуфтани гулҳову чакомаи булбулҳо, гулрези баҳорону садои обшорон шурӯъ шуда, олами ҷамодоту наботот ва умуман, кулли мавҷудотро ба ҳаракату ҷунбиш ва таҳаввулу такомул водор мекунад, яъне Наврӯз дар зоти худ ниёзе ба пардозҳои сунъӣ ва расмиёти таҷлили қолабии башарӣ надорад. Наврӯзро бе тасмими иҷтимоӣ ҳам табиат таҷлил мекунад.

Наврӯз ҷашнест фароинсонӣ ва фавқулиҷтимоӣ. Наврӯз таҷаллии эъҷоз ва зебоипарастии хиради кайҳонист. Наврӯз ҷашнест азаливу абадӣ ва мондагор. Дар воқеъ пойдориву мондагории арзишҳои ҷашни Наврӯз дар тӯли ҳазорсолаҳо аз воқеиятҳои камназирест, ки асрори он дар ҳикмат ва фалсафаи Наврӯз нуҳуфта аст. Наврӯз ҳамчунин, далели бузургии хирад ва зеҳни ориёист, далели бузургии хирад ва зеҳне, ки дар он гузаштаҳои хеле ва хеле дури таърихӣ айёми эҳёи табиату эътидоли шабу рӯзро аз лиҳози илмӣ ва фанни нуҷумшиносӣ бисёр дақиқу саҳеҳ муайян карда буд. Хирад ва зеҳне, ки асолату воқеияти эҳёи табиат ва даврони такомулу таҳаввули онро дарёфт ва онро бо ҳама зебоиву назокати табииаш пазиро шуд ва ҳар чӣ бар он афзуд, низ хеле табиӣ ва зебо буд. Услуби баргузорӣ ва таҷлили Наврӯзу саҳнаҳои наврӯзӣ, чакомаҳову таронаҳои ҷашниву ороиши хони идона, сабқатҳои варзишиву сайру тамошо, корбурди фаровони ашёи музайяну муҷалло ва либосҳои мунаққаш, изҳори таманниёту табрикоти рангин ва умуман ҳама суннатҳои наврӯзӣ хеле табиӣ ва зебост.

Ҷашни Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни дунёст, ки бо фарорасии хеш аз оғози фасли зебои баҳор мужда медиҳад. Ин мужда рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат, баъсат  ва оғози тозаи зиндагист. Наврӯз як ҷилваи рангину марғуби эҳсосу идрок ва завқи зебоипарасти мардуми ориёист. Наврӯз нахустин рӯзи моҳи фарвардин ва оғози Соли Нави аҷдодӣ, эътидоли шабу рӯз, тантанаи ҳусну тароват ва муждаи файзу баракат аст, ки бо ташрифи худ ба ҳар хонадон шодиву нишот меоварад.

Бо омадани Наврӯз дашту даман гулбез ва фазои хонадони ҳар яки мо аз шодиву фараҳ лабрез мегардад ва паёми сабзи ошноӣ пиру барноро дар наврӯзгоҳҳои идона сарҷамъ месозад. Дар ин айём аз фарорасии баҳори нозанину ҷашни фархундаи Наврӯз на танҳо гулҳои шукуфтаи хиёбонҳо, балки чеҳраҳои кушодаву хандон ва табъи болидаи инсонҳо низ башорат медиҳанд. Наврӯз бо фарорасии баҳор кошонаҳои моро нуру зиё мебахшад ва дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад. Аз суннатҳои ин рӯз аст, ки мо ба ҳамдигар хушнудӣ ато намоем, ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ва бепарасторон дасти кӯмак дароз кунем. Наврӯз пайки фарорасии зеботарин фасли сол, яъне баҳори нозанин аст. Наврӯз иди мардумиест, ки ба дасторхони ҳар хонадон файзу баракат меорад, аз зиндагии осоиштаву осуда мужда мерасонад ва ба кишоварзону деҳқонон оғози корро талқин мекунад.

Наврӯз дар баробари дигар фазилатҳояш аз замонҳои қадим то ба имрӯз айёми саъйу талошҳо баҳри покизагии муҳити зист ва истифодаи оқилонаи обу замин буда, суннати аҷдодии моро мазмуни тоза мебахшад.

Дар рӯзи оғози баҳору ҷашни фархундаи Наврӯз, ки рӯзи зебоиву шукуфоӣ, хурсандиву шодмонӣ, меҳру муҳаббат аст, орзуи онро дорем, ки фазои андешаҳои ҳар яки мо низ мисли ин фасл зебо бошад. Бигзор ҳар яке аз мо низ мисли ин ҷашни зебову фасли эҳё афкору нийят ва ҳадафҳои созанда дошта бошем. Баҳри ободиву сарсабзии кишвар, таҳкими амну суботи ҷомеа ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳаддалимкон саҳмгузорӣ намоем.

Бозорбой Ибодов,

докторанти (PhD) АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь