Ҳоҷӣ Абдулазиз (1850-1936) аз овони ҷавонӣ ба мероси Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273), Камоли Хуҷандӣ ( 1318/20-1401) ва cуханварони адабиёти тоҷику форс шӯру шавқи зиёд дошт. Ӯ таҳти сарварии устодаш Раҳими Танбӯрии Самарқандӣ (Раҳимқули танбӯрӣ 1820-1897) баробари омӯзиши асосҳои мусиқӣ инчунин, мероси шеъриро фаро мегирад. Бинобар ба эътирофи шогирди баноми устоди барҷастаи мусиқӣ, сароянда, дутории камназир, яке аз меросбарони анъанаи эҷодию иҷроии Ҳоҷӣ Абдулазиз дар водии Ҳисор, Саидхони Ҳисорӣ (Саидхони Тӯхта,1890- 1964) :“ Ҳоҷибобо ҳамеша таъкид менамуданд се боре, ки ба кишварҳои Қафқозу Эрону Туркия, Мисру Сурия, мавзеҳои дигар Маккаву Мадина ва ғайра сафар намудаанд, ки ҳар се бори сафарашон (1887,1888,1900 А. Р.) қабри Мавлоно, модарашон Мӯминахотун, завҷаҳояшон Гавҳархотун, Киромхотун (ҳама самарқандиасл), писарашон Султон Валадро зиёрат намуда ва дар сари қабрашон  ғазалҳояшонро пешкаши зоирину мардуми Қуния намудаанд. Қабри пири падарашон Шайх Наҷмуддини Куброро ҳам се бор дар Урганҷ зиёрат кардаанд.…” (аз бойгонии хонаводагии бозмондагони Саидхони Ҳисорӣ, ноҳияи Сариосиё).

Ҳоҷӣ Абдулазиз ба меросу шахсияти Мавлоно,орифони тариқати кубравия эҳтироми зиёд дошта ва аз зумраи аввалин устоди мусиқии Вароруд (садаи Х1Х ва оғози садаи ХХ) аст, ки на фақат марқади Мавлоно инчунин, турбатҳои симоҳои бузург Фирдавсӣ, Ибни Сино, Низомӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Ҷомӣ (пири жандапил), Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Амир Хусрав, Хоҷа Низомиддини Авлиё ва дигаронро зиёрат карда, ба ашъорашон таронаҳои рангину дилангез офарида ва манзури дӯстдорони шеъру мусиқӣ намудааст.

Воқеист, ки Ҳоҷӣ Абдулазиз ба шахсияту шеъри Мавлоно дар фазои хонавода ошно шуда ва минбаъд дар ҷараёни тадриси асосҳои шеъру мусиқӣ назди устодаш Раҳими Танбӯрӣ, шиносоӣ бо устодони мусиқии Самарқанд Хушкомили Дуторӣ, Раҳматхоҷаи Дуторӣ, Оқилхони Дуторӣ, Муқими Дуторӣ ва дигарон ошно шудан, дониши мавлонопазирии ӯ зиёдтар мешавад. Зимни ин устодаш яке аз аввалин устодони ҳавзаи эҷодию иҷроии мусиқии Самарқанд, ки доир ба робитаи шеъру мусиқии устодона «Шашмақом» рисола-баёз (манзумаи мусиқӣ) таҳия намуда ва омӯзиши асосҳои шеърии мусиқии устодона тавассути ин рисолаи тартибдодаи устодаш низ шинос мешавад. Дар ин манзумаи мусиқии устодаш  шеъри Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273) мавқеи хоса доштааст.

Зимн ин дар рисола- баёзҳои доир ба «Шашмақом », ки садаҳои XV111-X1X ва оғози садаи XX дар Бухоро, Самарқанд( чанд адад намунаҳои фардӣ дар Тошканду Хоразм ҳам таҳия шуданд. Бо кӯшиши Аҳмади Дониш (1827-1897) маҳфили адабию ҳунарие дар Бухоро рӯи саҳна омада ва ин маҳфил чеҳраҳои шеъру мусиқии Бухоро: Қорӣ Кароматуллоҳи Дилкаши Танбурӣ (1851-1906), Ҳомидхоҷаи Савтӣ (1849-1918), Ҳоҷӣ Абдулкарими Хонанда (1848-1910), Махдуми Хонанда (1842-1905), Ҳоҷӣ Абдуллоҳи Савтӣ (1834-1902), Ҳофизи Бобомулло (ваф. 1875), устод Абдулхайри Махдум (1868-1919) ва ғайраро рӯи саҳнаи адабу мусиқии ин сада овард. Ин маҳфил ба намояндагони ҳавзаи эҷодию иҷроии Самарқанду Чорҷӯ, Марв ва ғайра иртиботи наздик дошт. Ҳоҷӣ Абдулазиз тавассути косибону ашрофони Бухоро ба доираи эҷодию иҷроии Бухоро ҳам робита пайдо намуда, воқеист, ки дар ҷараёни диду боздидҳояш аз манзумаҳои мусиқии таҳияшудаи ин шаҳр низ баҳравар шуда ва наздикияш ба шеъри мусиқивори Мавлоно афзунтар мешавад.

Дар манзумаҳои шеърию мусиқӣ, анъанаи эҷодию иҷроии мақом ва мақомсароии садаҳои XV111- X1X ва оғози садаи XX шеъри зарбию мусиқивори Мавлоно муассирияти хос доранд. Таъсиргузории шеърии зарбию мусиқивори Мавлоно на фақат ба фаъолияти эҷодию иҷроии Ҳоҷӣ Абдулазиз, инчунин ҷойгоҳи он дар манзумаҳои мусиқии садаҳои XV111-Х1Х ва сароғози садаи ХХ таҳқиқи фаннӣ нашудааст. Таъсиргузории шахсияту осори Мавлоно ба Ҳоҷӣ Абдулазиз баъди сафарҳояш ба кишварҳои Шарқи Миёна, Наздик, Осиёи Сағир (Истамбул, Қустантания, Қуния ), хосатан зиёрати турбати Мавлоно (Қуния, хонаводаи ӯ) афзун мешавад, Ӯ баъди диду боздидҳояш, зиёратҳояш аз маркади Мавлоно, хонаводаҳои самарқандитабор (Қуния), бардоштҳояш аз суҳбату шиносоияш ба бошандагони самарқандитабори Қуния, ихлосу иродати ӯ ба шахсияти Мавлоно  дучанд меафзояд.Силсилатаронаҳои дар зарбу авзони мақомҳо ба шеъри Мавлоно эҷоду иҷронамудаи Ҳоҷӣ Абдулазиз на фақат аз саҳифаҳои рангини фаъолияти эҷодию иҷрои ӯ буда, инчунин аз намунаҳои баргузидаи молоҳунарии эҷодию иҷроии шеърию мусиқӣ дар эҷодиёти мусиқии устодонаи садаи Х1Х ва оғози садаи ХХ тоҷик мебошад.

Чунонк хотирнишон шуд, шеъри Мавлоно дар аксари рисола- баёзҳои  «Шашмақом» (садаҳои Х1Х , оғози садаи ХХ) на фақат ворид шудаанд, инчунин ҷойгоҳи хос доранд.

Дар ҷараёни омӯзиши нусхаҳои қаламии манзумаҳои мусиқӣ доир ба «Шашмақом», ки дар захираҳои хаттии Санкт- Петербург (С693-842; В 2408 ЛОИВАН СССР), Тошканд (РР: 7074, 3842, 4632-1, 1109-11, 1197, 302-VI,  8827-11, 1428-11,  5734-1, 3059, 1466, 3920-1, 8000, 8854, 8855, 8856, 13860 ва ғайра. ИШАФ  Ӯзбекистон), Душанбе (РР:1294, 1049, 1312, 1310, ИШАИ Тоҷикистон), Эрон (Машҳад, Остони Қудс  Ш: 12928) ва ғайра равшан шуд, ғазалу рубоиҳои Мавлоно дар ин манзумаҳои мусиқӣ авлавияти хос касб намудаанд. Аз ҷумла, ин ғазали ширу шакари эҷоднамудаи Мавлоно, ки дар барномаи эҷодии иҷроии Ҳоҷӣ Абдулазиз (аз аввалин оҳангсоз ба ин ғазал, иҷрогар) саршор аз муассирияти хоси эҷодию иҷроии борҳунаронаи мусиқист. Бинобар ба тавзеҳи шогирдони  Ҳоҷи Абдулазиз ин сурудро ӯ дар сафару зиёрати дуввумаш ба Қуния бо зарбу авзони хиргоҳӣ, кӯчабоғии устодона, бадоҳасароӣ эҷод намуда ва онро на фақат манзури зоирини турбат, маҳфили самоъи Мавлоно (Қуния), инчунин дар Истамбул манзури намозгузорони яке аз куҳантарин масҷиди ҷомеи Истамбул Меҳмет мечит намудааст (нигорандаи ин сатрҳо аз ин масҷид се бор дидан намуда, бо чанде аз муҳққиқини турк доир ба ин солҳо гузориш дарёфтаву баҳравар шуда). Ин таснифи Ҳоҷӣ Абдулазиз дар анъанаи эҷодию иҷроии шеърию мусиқӣ саршор аз маъруфияти зиёд будааст. Саидхони Ҳисорӣ (1890- 1964 ) аз беҳтарин меросбарон, шогирдону иҷрогарон ин таснифи Ҳоҷӣ Абдулазиз дар ҳавзаҳои эҷодию иҷроии водии Ҳисору Самарқанд маҳсуб шуда ва матни ин таснифро нигорандаи ин сатрҳо аз бойгонии хонаводагии духтари Саидхон (бошандаи ноҳияи Сариосиё низ дастрас намуда, инчунин аввали солҳои 60-и садаи ХХ инҷониб агарчанде  хурдсол буд, ин  сурудро аз яке аз сури деҳа дар иҷрои Саидхони Ҳисорӣ, баъдан дар иҷрои иҷрогару меросбари мусиқии мардумӣ Қорӣ Саиди қаротоғӣ ҷашнро оро медод, шунида, оҳангу иҷрои ин тасниф шодонаю уфарист ва матнаш чунин аст:

Донӣ, ки ман зи олам ялғуз сени севарман,

Гар дар барам наёӣ, андар ғамат ӯларман.

Ман ёри бовафоям, бар ман ҷафо қилурсан,

Гар ту маро нахоҳӣ, ман худ сани деларман.

Рӯи чу моҳ дорӣ, ман содадил аз онам,

З-он шаккар (ин) лабонат бир иккина диларман.

Ту ҳамчу шери мастӣ, мани қонум ичарсан,

Ман чу сагони кӯят дунболи ту кезарман.

Фармой ғамзаатро, то хуни ман бирезад,

В-арна санинг ускунда мир язғурӣ ёзарман.

Ҳар дам ба хашм гӯӣ: нари манам қуюнда (қӯйинда),

Ман сахт карда, наздики ту д(т)урарман.

Рӯзе нишаста хоҳам ялғуз санинг қуюнда,

Ҳам сан чағӣ ичарман, ҳам ман Қайс буларман,

Моҳе чу Шамси Табрез ғайбат намуду гуфто:

Аз ман дигар мапурсед, ман сӯйладим, борарман.

Таснифи дигари Ҳоҷӣ Абдулазиз, ки бо номи«Дӯсхудоӣ» ғазали машҳури Мавлоно, яъне  сароғози он чунин аст:

Мо дар ду ҷаҳон ғайри Худо ёр надорем,
Мо ҷуз ғаму Ӯ ҳеч дигар кор надорем.

Ин таснифро Ҳоҷӣ Абдулазиз замони зиёрати аввалини турбати Мавлоно ( Қуния, 1887) эҷод карда,бинобар ба тавзеҳи шогирдаш Саидхони Ҳисорӣ (аз гузориши духтари Саидхон) бадоҳатан дар ҳузури зоирини Мавлоно эҷоду иҷро намудааст. Ин таснифро ӯ низ дар маҷлиси  самои Мавлоно бо ифодаҳои муассири иҷроии ҳамсон ба руҳияи иштирокдорони маҳфил сурудааст. Ин таснифи Ҳоҷӣ Абдулазиз бештар назди намояндагони ҳавзаи эҷодию иҷроии мусиқии водии Ҳисор Саидхони Ҳисорӣ, Азим Насим, Қорӣ Саид ва дигарон аз маъруфтарин таснифоти шеърию мусиқӣ эътиборманд аст. Нигорандаи ин сатрҳо «Дӯсхудоӣ»-ро дар ҳамовозии дутор дар иҷрои Саидхони Ҳисорӣ, ки сури деҳаро оро медод, шунидааст. Имрӯз дар анъанаи иҷроии ҳирфаии мо бо диду бардошти нав, иҷрои борҳунарона ин таснифи Ҳоҷӣ Абдулазизро дар талқини ранигу мусиқивори устоди камназири мусиқии кунунии тоҷик Ҷӯрабек Муродов моҳияту ифодаҳои рангомези иҷроию бадеӣ касб намудааст.

Дар эҷодиёти мусиқии Ҳоҷӣ Абдулазиз таснифи дигари ӯ ба ғазали Мавлоно сохтааш «Турки паричеҳра» на фақат дар ҳавзаҳои эчодию иҷроии Самарқанд, Бухоро, водии Ҳисор, инчунин Қафқозу Туркия шуҳрати зиёд доштааст. Ин тасниф низ раҳоварди сафарҳои устоди мусиқӣ ба Қафқозу Осиёи Сағир, хосатан баъди зиёратҳояш аз турбати Мавлоно ( Қуния, 1888) мебошад. Ғазали мазкур дар чандин рисола- баёзҳои «Шашмақом»- садаи Х1Х ва оғози садаи ХХ таҳияшуда (дар захираҳои хаттии Тошканд нигаҳдорӣ мешаванд, ворид шуда), аз ҷумла дар мақоми аввал «Рост», шохаи «Фурӯдошти Ушшоқ» ворид гардида ва дар анъанаи иҷроӣ саршор аз муассирияти мусиқию бадеӣ будааст.

Эй турки моҳчеҳра, чӣ гардад, ки субҳ ту

Оӣ ба ҳуҷраи ману гӯӣ, ки «галл барӯ».

Ту моҳи туркиву ман агар турк нестам,

Донам ман ин қадар, ки ба туркӣ обсув.

Оби ҳаёти ту гар аз ин банда тира шуд,

Туркӣ макун ба куштанам, эй турки туркхӯ!

Ризқи маро фарохӣ аз он чашми танги туст,

Эй ту ҳазор давлату иқболи ту ба ту,

Эй Арслон, қилич макаш аз баҳри хуни ман,

Ишқат гирифт ҷумлаи аҷзом мӯ ба мӯ.

Захми қилич мабод, ки бар ишқи ту расад,

Аз бухли ҷон намекунам, эй турк, гуфтугӯ,

Номи турк гуфтам аз баҳри мағлата,

Зеро ишқ дорад сад ҳосиду адӯ.

«Мавлономаи мусиқӣ»-и Ҳоҷӣ Абдулазиз на фақат хоси рангомезии эҷодию иҷроии устоди мусиқӣ, инчунин намунаи ҳирфаии эҷоду иҷроии ӯ нисбат ба мероси бузурги адабии дар масири таърих андӯхтаи  намояндагони  баноми таъриху фарҳанги мо мебошад. Таронаи дигар аз  «Мавлономаи мусиқӣ»-и Ҳоҷӣ Абдулазиз ба ғазали дигари Мавлоно, ки онро «Чеҳраҳои гулварди»( чеҳраҳои рангину чашмбин) номида ва ин тасниф ҳам маҳсули сафаргуфтаҳои ӯ ба Осиёи Сағир, Шарқи Миёнаю Наздик буда ва бинобар ба тавсифи шогирдонаш Шариф Акрамов (сарояндаи мумтози театри мусиқии Самарқанд), Исмоил Акрам (драматург, нависандаи самарқандӣ) дар фазои мусиқии солҳои 20-и садаи ХХ- Самарқанд ва бурун аз он шуҳрати зиёд дошта, аз таснифоти  баргузидаю машҳури барномаи иҷроии устоди мусиқӣ Саидхони Ҳисорӣ ҳам будааст (бо такя ба маводи бойгонии хонаводаии духтари устоди мусиқӣ) ва ҳамнаво ба зарбу авзони «Дугоҳи Ҳусайнӣ» буда), матлаъи  ин тасниф чунин аст:

Расид туркам бо чеҳраҳои гулвардӣ,

Бигуфтамаш: Чӣ шуд он аҳд? Гуфт: Улвардӣ.

Таснифи дигари Ҳоҷӣ Абдулазиз бар ғазалм Мавлоно, ки онро  бо бардошти эҷодкорона аз оҳангҳои шодиёнаи мусиқии устодона (мақомҳо) бо номи «Мутриби ғамат» ин сохтааш низ аз раҳоварду сафартаснифоташ буда, ба эътирофи Шариф Акрам (шогирди устод) аз таснифоти пуровозаи устод мебошанд. Матни ин ғазал дар аксари рисола- манзумаҳои доир ба «Шашмақом» (садаи Х1Х, оғози садаи ХХ таҳияшуда ) дар «Намуди Рост»-и  мақоми «Рост» ворид шуда(аммо дар нашри «Шашмақом», ки устодони мусиқӣ Б. Файзуллоев, Ш. Соҳибов, Ф. Шаҳобов ва сабти Академияи мақом, ин ғазал мавриди истифода нашудааст.Таъкид ба ёдоварист, ки дар сабтҳои «Шашмақом» аз манзумаҳои нисбатан комили мусиқӣ бояду шояд кам истифода шудааст, махсусан аз нусхаи дар замони амир Насрулло, ки онро Аҳмад Махдуми Дониш таҳияю китобороӣ намуда). Инак, чанд байти «Мутриби ғамат»-ро меоварем:

Эй зада мутриби ғамат дар дили мо таронае,

Дар сару дар димоғи мо ҷон ҷуста зи ту фасонае.

Зӯҳраи ишқ чун бизад панҷаи худ дар обу гил,

Қомати мо чу чанг шуд, синаи мо чу чағонае.

Оҳуи ланг чун ҷаҳад аз кафи шери шарзае,

Чун бираҳад зи бози ҷон қолаби чун самонае?

Лутфу атову раҳматат табли висол мезанад,

Гар накунад висоли ту бори дигар баҳонае.

Ҳоҷӣ Абдулазиз дар ҷараёни сафарҳояш ба расму оин, зиндагии  мардум, пешаҳо, эҷодиёти шеърию мусиқии шаҳру маҳалҳои кишварҳои Шарқи Миёнаю Наздик, Осиёи Сағир таваҷҷуҳ намуда, қисме аз таснифоташро мутобиқ ба дидаю шунидаҳояш ҳамсон намуда, аз ҷумла оҳангҳои «Мисрӣ», «Ҷазоирӣ», «Ироқӣ», «Ҳиҷозӣ», «Гадоӣ», «Ғарибӣ», «Аёз», «Пардаи чарх» ва ғайра баёнгари ин сафаргуфтаҳояш мебошанд. Ӯ тасвири ин сафаргуфтаҳояшро аз шеъри ғиноӣ, орифонаи Мавлоно ҷустуҷӯ менамояд ва комёб ҳам мешавад. Аз ҷумла, таснифи «Пардаи чарх» аз таснифоти шодонаи ӯст, ки матни он аз мусаввадаи шогирдаш Саидхони Ҳисорӣ пайдо шуд:

Чашми ту хоб меравад, ё ки ту ноз мекунӣ?

Не, ба Худо, ки аз дағал чашм фароз мекунӣ.

Чашм бубастаӣ, ки то хоб кунӣ ҳарифро,

Чун-к бихуфт, барзарараш даст дароз мекунӣ.

Силсилаи кушодаӣ, доми абад ниҳодаӣ,

Бандагӣ сахт мекунӣ, бандагӣ боз мекунӣ.

Ошиқи бегуноҳро баҳри савоб мекушӣ,
Бар сари гӯри куштагон бонги намоз мекунӣ.
..

Аз ғазалҳои сохторан зарбӣ- ритмикии Мавлоно, ки дар «Насри Сегоҳ» ҷойгоҳи хос дорад ва устоди номвари мусиқӣ Наҷмиддини Кавкабӣ (1468- 1532) дар матни «Куллиёти Дувоздаҳмақом» ворид намуда, дар як вақт вазифаи жанри шеърию мусиқии «куллиёт» -ро иҷро мекунад. Ин ғазали зарбӣ дар анъанаи эҷодию иҷроии санъати мақом ва мақомсароӣ (садаҳои XV1-X1X) хеле муассир будааст. Ин ғазали Мавлоно дар матни (поэтикаи) «Шашмақом»-и  имрӯз ба сабт расида ҳам, мавриди истифода нашуда ва ин ғазал ва чанд ғазали Мавлоно аз дафтари манзумаи  шогирди овозадори Ҳоҷӣ Абдулазиз Саидхони Ҳисорӣ низ пайдо шуданд:

Мезан сето, ки якто гаштам, макун дутоӣ,

Ё пардаи «Раҳовӣ», ё пардаи «Раҳоӣ».

Бе зеру бе бами ту моем дар ғами ту,

Дар нои ин «Наво» зан, к-афғон зи бенавоӣ

Гар ёри росткорӣ, в-ар қавли «Рост» дорӣ,

Дар «Рост» қавл баргӯ, то дар «Ҳиҷоз» оӣ

Аз ту «Дугоҳ» хоҳанд, ту «Чоргоҳ» баргӯ,

Ту шамъи ин сароӣ, эй хуш, ки месароӣ.

Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пир Садиров (Пир Садир,1911-1994) аз дӯсту ҳамкори Саидхони Ҳисорӣ дар дастаи мутрибони Хонаи Радиои тоҷик (Ҳомид Маҳмудов (1900-1977) мураттаб намуда), баъдан Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1938-1941), иштирокдори даҳаи  якуми адабиёт ва санъати тоҷик (Москва ,1941) соли 1989 бо нигорандаи ин сатрҳо доир ба ҷараёни омодагиии даҳа чунин иброз дошт: «Саидхони Ҳисорӣ аз таъсисдиҳандаю роҳбари дастаи яккачини сарояндагони Радио тоҷик ва Филармония буд ва дар ҳайати он ман, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Абдумаҷид Ҳомидов, Темур Ҷалолов,Чол Сулама, Шариф Ҷӯра дохил буданд, Саидхон санъаткори дорои овози  пуриқтидору марди босавод, овозадор, таҷрибаи бои эҷодӣ дошт, шогирди санъаткори бузург Ҳоҷӣ Абдулазиз буд ва бо санъати иҷроияш дар водии Ҳисор, берун аз он шуҳрат ёфта… Барои барномаи консертии декада ду суруд, яке «Гуфт: Ба мо чӣ» (ба ғазали Саҳбо), дигаре бо номи «Чӣ гавҳарӣ» (ба ғазали Мавлонои Балх) эҷод карда буд. Номераи мо ва иҷрояш, ки оҳанги бисёр хубу сатҳи иҷрояш баланд буд, ба Сталин хеле хуш омада ва аз ҷой бархоста кафкӯбию истиқбол намуд… Ман матни  суруди Саидхон сохтаро то кунун хотир дорам ва бо дутори калон дар вақти танҳоӣ барои таскини дил ва ёди он рӯзҳои фаромӯш ношуданӣ замзама мекунам. Суруд дорои оҳанги хеле баланду хотирмон аст… Матнаш чунин аст:

Эй дили беқарори ман, рост бигӯ, чӣ гавҳарӣ?

Оташиӣ, ту обиӣ, одамиӣ ту ё парӣ?

Аз чӣ тараф расидаӣ в-аз чи ғизо чаридаӣ?

Сӯи фано чӣ дидаӣ, сӯи фано чӣ мепарӣ?

Бехи маро чӣ меканӣ, қасди фано чӣ мекунӣ?

Роҳи хирад чӣ мезанӣ, пардаи худ чӣ медарӣ?

Гарму шитоб меравӣ, масту хароб меравӣ,

Гӯш ба панд кай ниҳӣ, ишваи халқ кай хурӣ?

Боғу баҳори хирасар, аз чӣ насим мевазӣ?

Савсану сарви масти ту, то чӣ гулӣ, чӣ абҳарӣ?

Бонги дафе, ки санҷи ӯ нест ҳарифи чанбараш,

Дарнаравад ба гӯши мо, чун ҳазаёни кофарӣ.

Гар ду ҳазор бор зар наъра занад, ки ман зарам,

То наравад зи кон бурун, нест касеш муштарӣ…».

Дар ҷараёни шиносоӣ ба дафтари мусаввадаи Саидхони Ҳисорӣ равшан шуд, ки ин дафтар бевосита замони дар Самарқанд таҳти сарварии устодаш Ҳоҷӣ Абдулазиз андӯхтани асосҳои мусиқӣ мураттаб шудааст. Дар дафтари мусаввадаи Саидхони Ҳисорӣ аз осори Мавлоно ғазалу рубоиҳои ворид шуда дар рангомезии санъати эҷодию иҷрои мусиқии ин симои камназири мусиқӣ шеъри ин суханвари бузург ҷойгоҳи хос доштааст.

Дар маҷмӯъ метавон чунин натиҷа гирифт, ки шеърияти Мавлоно дар рангомезии эҷодию иҷроии мусиқӣ, инчунин чун устоди бузурги мусиқӣ ташаккул ёфтани Ҳоҷӣ Абдулазиз, мактаби устодонааш хеле муассир будааст. Зимни ин меросбарони эҷодиёти мусиқии устодонаи замони ин симои баноми мусиқӣ Қорӣ Каромати Дилкаши Танбӯрӣ (1851-1906), Ҳомидхоҷаи Савтӣ (1849-1918), Ҳоҷӣ Абдукарими Хонанда (1848-1910), Қорӣ Наҷмиддини Хонанда (1854-1910), Абдусамадбеки Ҳофиз (1857-1914), Шаробхони Дуторӣ (1867-1922), Махдум Ҳофизи Самарқандӣ (1868-1919), Бобомуллои Хонанда (ваф. 1875), Раҳими Танбӯрии Самарқандӣ (1820-1897),Содирхон (1847-1931) ва дигарон дар фаъолияти эҷодию иҷроии хеш низ аз шеърияти Мавлоно истифода намуда ва таснифоти рангине низ сохтаанд. Аз ин рӯ, Мавлонономаи мусиқии Ҳоҷӣ Абдулазиз намунаи камназири шеърию мусиқӣ дар таърихи мусиқии устодонаи тоҷик аст.

Адабиёт:

  1. Абёти Дувоздаҳмақом (1271 ҳ Бухоро), Р: 4544-1,ИВАН Узб.ССР;Абёти Шашмақом (1287 ҳ) , Р:4632-1, ИВАН Узб.ССР; Абёти Шашмақом (1896, Бухоро), Р:3059-4, ИВАН Узб. ССР; Ашъори Шашмақом (1296 ҳ Бухоро), Р:302-VI, ИВАН Узб. ССР; Айнӣ С., Санъаткори бузург, БАС, №8,1936; Обид Исматӣ, Дар бораи мусиқӣ ва кадрҳои мусиқӣ, БАС,1935,№10; ; Сам. госархив, ф.7.оп. 1.д .46; «Шӯълаи инқилоб»,1920, №57; Ҳожи Абдулазиз, «Маориф ва ӯқитувчи», 1927,№7-8; Ҳожи Абдулазиз «Фан ва турмуш»,1968, №8; Дафтари мусаввадаи Саидхони Ҳисорӣ( бойгонии хонаводаӣ).
  2. Баёзи Шашмақом, таҳияи Исо Раҳматулло, Мубашшир Акбарзода ва

Баҳриддин Мирзоев, муқаддимаи Аскаралӣ Раҷабов, Абдувалӣ Абдурашидов, Душанбе, 2008; Хоразм мусиқӣ нотасӣ. Р:1149, ИВАН, Узб. ССР; Сам.госархив,ф.7.оп.1.д.46; «Шӯълаи инқилоб»,1920, №57. Дафтари мусаввадаи Саидхони Ҳисорӣ (бойгонии хонаводаӣ).

  1. Фурсатулдавлаи Шерозӣ. Буҳур ал-алҳон…., Теҳрон, 1367.

Дар баёни 12-мақому 6-овоза, Р: 209-XIX, ИВАН Узб. ССР; Мақомоти мусиқӣ, Р:3842-XI, ИВАН Узб.ССР; Мақомоти илми мусиқӣ, Р: 9688: 11, ИВАН Узб. ССР; Мақомоти мусиқӣ, Р: 7406,ИВАН Узб. ССР; Мақомоти мусиқӣ, Р: 7435, ИВАН Узб. ССР; Мусохоҷаи Туркистонӣ, Рисолаи Шашмақом Р: 7074, ИВАН  Узб. ССР; Рисолаи мусиқӣ, Р:3842, ИВАН Узб. ССР; Рисолаи мусиқӣ, Р: 8739, ИВАН Узб.ССР; Рисолаи мусиқӣ, Р: 9044-11,ИВАН  Узб. ССР; Рисолаи мусиқӣ Р: 8739-11, ИВАН Узб.ССР; Рисола дар баёни Шашмақоми мусиқӣ, Р:1428-11, ИВАН Узб. ССР. Рисолаи Шашмақоми мусиқӣ, Р: 5734-1, ИВАН  Узб. ССР; Рисолаи Шашмақоми мусиқӣ, Р: 3920-1 ИВАН Узб. ССР; Рисолаи Шашмақом, Р: 1109-11,ИВАН Узб. ССР; Рисолаи Шашмақом, Р:  4632-1, ИВАН Узб. ССР; Рисолаи Шашмақом, Р: 8827-11, ИВАН Узб. ССР; Сам. госархив, ф.7.оп. 1.д .46; Ҳожи Абдулазиз,«Маориф ва ӯқитувчи», 1927, №7-8; Ҳожи Абдулазиз «Фан ва турмуш», 1968, №8; М. Аҳмедов, Ҳожи Абдулазиз, Тошкент,1983; Дафтари мусаввадаи Саидхони Ҳисорӣ (бойгонии хонаводаӣ).

  1. Рисолаи Шашмақом, Р: 5734-11, ИВАН Узб. ССР; Рисолаи Шашмақом, Р: 3920-1, ИВАН Узб. ССР; Рисолаи Шашмақом, М3, Б-94 № 434, НИИ им. Хамзы Узб. ССР; Рисолаи Шашмақом, Ш: 12928, Китобхонаи Остони Қудси Разавӣ; Рисолаи Шашмақом, Р: 132/1 ИВАН, Тадж.ССР; Рузномаи «Овози тоҷики камбағал», 1928; Рӯзномаи «Овози тоҷик», 1928; Ҳожи Абдулазиз, «Маориф ва ӯқитувчи» ,1927, №7-8; Ҳожи Абдулазиз «Фан ва турмуш»,1968, №8;

5.Рисолаи Шашмақом, Р:1310 ИВАН, Узб. ССР; Рисолаи Шашмақом, Р: 4982/1, ИВАН, Тадж. ССР; Рисолаи Шашмақом, Р: 8000, ИВАН, Узб. ССР: Сам. госархив, ф.7.оп. 1.д .46; Ҳожи Абдулазиз,«Маориф ва ӯқитувчи»,1927,№7-8; Ҳожи Абдулазиз «Фан ва турмуш»,1968, №8; Аҳмедов, Ҳожи Абдулазиз,Тошкент,1983; Дафтари мусаввадаи Саидхони Ҳисорӣ( бойгонии хонаводаӣ); Ҷалолиддини Румӣ, Девони кабир, Душанбе,1993; Дафтари мусаввадаи Саидхони Ҳисорӣ (бойгонии хонаводаӣ).

  1. Рисолаи Шашмақоми мусиқӣ , Р: 5734-1, ИВАН Узб. ССР; Рисолаи Шашмақоми мусиқӣ, Р: 3920-1 ИВАН Узб. ССР; Рисолаи Шашмақом, Р:1109-11, ИВАН Узб. ССР; Рисолаи Шашмақом, Р: 4632-1, ИВАН Узб. ССР; Рисолаи Шашмақом, Р: 8827-11, ИВАН Узб.ССР; МаҳмудАҳмедов, Ҳожи Абдулазиз,Тошкент, 1983; Дафтари мусаввадаи Саидхони Ҳисорӣ (бойгонии хонаводаӣ); Ҷалолиддини Румӣ, Девони кабир, Душанбе,1993.

7.Мақомоти мусиқӣ, Р: 7406,ИВАН Узб. ССР; Мақомоти мусиқӣ, Р: 7435, ИВАН Узб. ССР; Мусохоҷаи Туркистонӣ, Рисолаи Шашмақом Р: 7074, ИВАН Узб. ССР; Рисолаи мусиқӣ, Р:3842, ИВАН Узб. ССР; Рисолаи мусиқӣ, Р: 8739; Дафтари мусаввадаи Саидхони Ҳисорӣ (бойгонии хонаводаӣ); Ҷалолиддини Румӣ, Девони кабир, Душанбе, 1993; Озяшар Юджел. Духовная и творческая личность Мавлана Джалаладдина Балхи в “Валад-наме” Султон Валад: диссертация… кандидата филологических наук:  / Озяшар Юджел; [Место защиты: Таджикский национальный университет].- Душанбе, 2015.

Аскаралӣ Раҷабов,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь