Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлату миллати тоҷикон тарҳрезӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон   

Баъди барҳам хурдани Иттиҳоди шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро эълон намуда, ҳаёти нави сиёсӣ – ҳуқуқиро оғоз намуд. Бо тағйирёбии низоми сиёсӣ дар Тоҷикистон вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар заминаи таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ мураккаб гардид. Ин мураккабӣ боиси ба амал омадани ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат шуд. Дар муддати кӯтоҳ хисороти зиёди ҷонию молӣ ба амал омада, тамоми мақомоти давлатӣ фалаҷ гардид. Поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатхоҳу ҳукуматхоҳ ба дараҷаи олӣ расид. Дар баробари омилҳои дохилӣ, таъсири гурӯҳҳои манфиатҷӯи хориҷӣ раванди муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии ҷомеаро боз ҳам тезонид. Хатарҳои давлати ҷавону нав ба истиқлолрасида зиёд гардид. Хиёнати баъзе афроди нохалаф ва манфиатҷӯ вазъи душворро боз ҳам қувват мебахшид. Дар муддати кутоҳ вазъи иҷтимоӣ ба дараҷаи хеле паст рафта расид. Минтақаҳои ҷудогонаи кишварро аз боиси падидаҳои номатлубе ба мисли маҳалгароӣ, қаҳтӣ ва гуруснагӣ фаро гирифт. Дар аввалин фурсат баъзеҳо ба вазъи мавҷудаи таҳдидовар тоб наоварда, ба тарки хоки Ватан рӯ оварданд. Акнун дар чунин шароити вазнин шаҳрвандони кишвар, ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шӯрои Олӣ ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки ҷиҳати барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳу субот, 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад. Бояд қайд кард, ки дар он вақт Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди халқу Ватан ва ҷомеаи инсонӣ ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи XVI-ум муайян кард.

Ва ҳамин тавр ҳам шуд, дар чунин вазъияти ҳассос кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар қасри фарҳангии Арбоби хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Урунхӯҷаеви Хуҷанди бостонӣ гузаронида шуд. Аз 230 нафар вакилони халқ 193 нафар дар кори иҷлосия иштирок намуданд. Дар иҷлосия вакилони мардумӣ истеъфои ғайриқонунии Президент Р. Набиевро тасдиқ намуда, аризаи нави ӯро барои истеъфо қабул карданд. Аз сабаби оне, ки шакли идоракунии президентӣ аз байн бардошта шуда буд, раиси нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид.

Дар рӯзномаи иҷлосия асосан 23 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд:

– муроҷиати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

– дар бораи тартиби баргардонидани гурезаҳо ба ҷои истиқомати муқимиашон;

– дар бораи қабули Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон;

– дар бораи интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– дар бораи авфи умумӣ;

– дар бораи аз муҳосираи иқтисодӣ озод намудани минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ;

– дар бораи ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра буданд, ки аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

25-уми ноябри ҳамон сол вакилони мардумӣ бо қумандонҳои саҳроии тарафҳои муқобил вохурда, оид ба вазъи кунунӣ ва ояндаи миллату давлати тоҷикон суҳбат оростанд. Ба ҳамин минвол иҷлосияи мазкур низ дар Конститутсия баъзе тағйиротҳо ворид намуд. Аз ҷумла, оид ба якҷоя намудани вилояти Кӯлобу вилояти Қурғонтеппа қарор қабул карда шуд ва ин вилоят  номи вилояти Хатлонро гирифт. Пас аз ба охир расидани иҷлосия, Ҳукумати нави Тоҷикистон кори худро дар Душанбе оғоз кард. 12 декабри соли 1992 Ҳукумати  Тоҷикистон ба шаҳрвандон муроҷиат намуда, нақшаи асосии сохтмони ҷомеаи демократиро муайян кард.

Иҷлосияи  XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан падидаи муҳимтарини таърихи навини кишвар аст. Зеро он боиси гирифтани пеши роҳи нобудшавии кишвар, оғози ба эътидол овардани раванди сиёсӣ ва муайян намудани самтҳои инкишофи стратегии мамлакат гардид. Вазифаҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар дар ду самт ба таври барҷаста намудор гардидаанд. Аввало, аз ҳолати муқовимати мусаллаҳона баровардани кишвар ва ба оштии миллӣ расидан. Ба мураккабии масъала нигоҳ накарда, роҳбарияти нави мамлакат дар ҳамгироӣ бо неруҳои сулҳҷӯи ҳам дохилӣ ва ҳам беруна бо мадади кишварҳои хориҷию созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо имзои Созишномаи умумии барқарор намудани Сулҳ ва Ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мушарраф гардид. Тоҷикистон тавонист роҳу воситаҳои зарурии аз муқовимат баромаданро дарёбад ва ваҳдату якпорчагии кишварро таъмин намояд, истиқлолиятро нумуъ бахшад. Сипас, масъалаи таъмини ваҳдати ҷомеа пеш омад. Ин самти вазифаҳо бештар мушкилтар буда, заҳмати зиёди натанҳо ҳукумат, балки тамоми бошандагони кишвар ва махсусан, аҳли фарҳангро талаб менамуд.

Ҳамин тавр, агар истиқлолият барои мо мустақилияту озодиро оварда бошад, ваҳдати миллӣ барои пешрафту бунёдкорӣ заминаи воқеӣ эҷод кард. Барои ҳимояи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон хизматҳои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст, ки ҳатто аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ низ эътироф гардидааст. Имрӯз дар дунё бисёр кишварҳое мавҷуданд, ки аз надоштани сарвари сиёсӣ ва роҳбари хирадманд танқисӣ кашида, миллати худро сарҷамъ карда наметавонанд. Нақши роҳбари давлат – сарвари сиёсии тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва ҳамчунин тантанаи волоияти қонун чунон аст, ки дар зеҳн, тафаккур ва хотираи таърихии миллати тоҷик то абад боқӣ хоҳад монд. Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ нақши бузургеро бозид, ки барои муътадил гардонидани вазъи сиёсии Тоҷикистон роҳи наҷотро дар сулҳ дарёфт ва ҷомеаро ба самти он сафарбар намуд. Бояд гуфт, ки он замон танҳо Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона қувваи сиёсие гардид, ки тамоми масъулиятро дар назди таърих ва миллати тоҷик ба души худ гирифт. Ин иҷлосия исбот намуд, ки миллати тоҷик дорои қувваи солим ва иродаи қавиест, ки кишварро аз буҳрони сиёсӣ берун мебарорад.

Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо мушкил ва ҳассосу ноором, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омада буд, тавонист тамоми қувваҳои пешқадами сулҳпарварро дар гирду атрофи худ муттаҳид намояд. Дар нахустин баромади худ Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буд, ки: «Ман кори худро аз сулҳ  сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чи аз дастам меояд, дар ин  роҳ талош хоҳам кард». Ӯ бо иродаи қавӣ ва нияти нек халқро бовар кунонд, ки дар Тоҷикистони азиз сулҳ ва оромиро пурра пойдор мегардонад. Ин суханҳо дар қалби мардуми тоҷик ҷой гирифт. Он нишон аз боварии мардум ба сарвари давлат ва роҳбарияти кишвар буд. Зодаи Хатлонзамини бостонӣ, деҳқони асил, шахсияти комил ва марди бузург дар чунин вазъияти мураккаб ба сари қудрат омад ва ба ваъдааш вафо кард.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қабули рамзҳои нави  давлатӣ низ заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Ҳамин тариқ, 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 декабри соли 1993 Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва 7 сентябри соли 1994 Суруди миллии мамлакат қабул гардиданд. Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 1999 Низомнома дар бораи парчами давлатӣ, Низомнома дар бораи нишони давлатӣ ва Низомномаи суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки дар он волоияти рамзҳои давлатӣ танзим шудааст.

Қобили зикр аст, ки бо шарофати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули 23 сол мо ба дастовардҳои назаррас ноил шудем, ки қайд намудани баъзе аз онҳоро мақбул мешуморем:

– таъсиси низоми нави самараноки давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон баъди ҷанги шаҳрвандӣ;

– бунёду рушди давлатдории навин ҳамчун ҷомеаи  демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар Тоҷикистон;

– таъсиси  парламенти касбӣ ва дупалатагӣ – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон;

– таъсиси мақомоти судии назорати  конститутсионӣ;

– таҳия ва амалисозии барномаҳои рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ;

– эътирофи озодии сухан ва матбуот, гуногунандешӣ ва плюрализми сиёсӣ;

– ташкили Қувваҳои мусаллаҳ ва артиши миллӣ;

– ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

– муаррифии Тоҷикистон ба олами мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва миллати тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун;

– қарорҳои таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ гардонидани онҳо дар инкишофи мамлакат марҳилаи сифатан навро оғоз бахшида, бунёди ҷомеаи озоду мутамаддинро асос гузоштанд.

– Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист роҳу воситаҳои ҳалли муқовимати мусаллаҳонаро дуруст нишон дода, воситаҳои амалӣ намудани раванди сулҳофариниро муайян намуда, ба хотимаи ҷанги ҳамватанӣ ноил гардад;

– Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳи сулҳи кишварро таҳия намуда, ризоияти ҷомеаро мураттаб гардонид ва ваҳдати миллиро оғоз бахшида, давра ба давра онро тақвият бахшид ва масъалаҳои асосии марҳилаи таърихии инкишофро муайян намуд;

– тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба низоми муайян ворид гардида, ба рушду инкишофи муътадил ноил гардиданд.

Ҳамин тавр, бо ташаббуси сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва ба мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар бобати озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шудаанд.

Саъдуллозода Сафарбек Саъдулло, доктор PhD,

доктор аз рӯи ихтисоси молия,

муаллими калони кафедраи молия ва суғуртаи

факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь