Имрӯз зодрӯзи чеҳраи мунири сиёсии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемури Бадахшист. Дар пайванд аз монандиҳои зиндагӣ ва корномаи Шириншоҳ бо Абдураҳим Ҳоҷибоев меоварам.

…Байни шахсиятҳои равшанзамири раҳбарии миллати тоҷик дар солҳои 20-уми садаи бист мавзуъи пайвандҳои асили руҳониву маънавии Шириншоҳ Шоҳтемур (1899-1937) бо шахсияти ҳамнаслаш, яке аз бунёдгузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Ҳоҷибоев (1900-1938) шабоҳату умумият хеле зиёд мавҷуданд. Ин як таҳқиқи ҷиддист. Оид ба бархе аз нуктаҳои мавзуъ чанде аз аҳли таҳқиқ, аз ҷумла муаррих Шукур Султонов, публитситст Қурбон Аламшоев ҳам навиштаанд. Дар ин нигориш ба бархе аснод қиёсан диққат рабуданием. Чаро ки зиндагӣ ва корномаи ин ду чеҳраи мумтози сиёсӣ бахше аз таърихи навини халқи тоҷик дар замони набард барои бунёди ҷумҳуриҳои шаклан ва мазмунан нави иҷтимоӣ аст.

Аввалан, дар синну соли ин ду чеҳраи тоҷикон қариб тафовут нест, якумӣ соли 1899 ва дувумӣ соли 1900, яке дар Помир (Бадахшон), дигар дар Хуҷанд зода шуда, ҳар ду ҳам баробар умр дида ва ҳар ду ҳам дар 38 солагӣ ҷони ҷавонро аз даст дода, қурбони гирдоби шахспарастӣ гаштанд. Онҳо барои шуравиён Тоҷикистон сохтанд, аммо бар ивази чунин бунёдгароӣ номашон ба душмании шуравӣ баромад ва дастгоҳи одамкушу одамрабои шуравӣ сари ононро ба нобудӣ бурд.

Дигар монандии зиндагиномаи онон дарсхонии аввалин дар мактабҳои русии маҳаллист: хониши Шоҳтемур соли 1911 дар интернати назди омӯзишгоҳи русӣ-маҳаллии Хоруғ ва хониши А. Ҳоҷибоев аз соли 1910 дар мактаби русии маҳаллии Хуҷанд расмият ёфтааст. Ба ин маънӣ инҳо аз аввалҳои корашон ба дунёи русӣ ва андешаи русӣ ғарқ гаштанд, пайваста русӣ омӯхтанд, ба русӣ навиштанд, ба такмили тафаккури русӣ пардохтанд, байни раҳбарияти сиёсӣ аз русидонҳои сатҳи баланд шинохта шудаанд.

Дигар аз монандии ҷолиб ин ду он аст, ки таҳсили минбаъда ва фаъолияти меҳнатии Шоҳтемур дар шаҳрҳои Осиёи Миёна – Тошканд, Хӯқанд, Фарғона, Хуҷанд, Душанбе (Сталинобод) ва хондану кори А. Ҳоҷибоев дар шаҳрҳои Фарғона, Ҷалолобод, Тошканд, Самарқанд ва Душанбе ҷараён ёфтааст. Ин «тоҷикони пешқадам на танҳо дар Тошканд, балки дар Бухоро, Самарқанд, шаҳрҳои водии Фарғона ва ҳамчунин Бухорои шарқӣ низ буданд. Ва чунин лаҳзаи ҷолиб рӯй дод: Ин тоҷикони ҷавони нерӯманд, ки ҳамдигарро кам медонистанд, ҳамзамон дар минтақаҳои гуногуни Осиёи Миёна гӯё аҳд кардаанд, ба андешаи эҳёи давлатдории Тоҷикистон бархостанд. Инҳо Нусратуллоҳи Махсум (аз Ғарм), Шириншоҳ Шоҳтемур (аз Помир), Абдуқодир Муҳиддинов (аз Бухоро), Абдураҳим Ҳоҷибаев (аз Хуҷанд), Чинор Имомов (аз Панҷакент) ва дигаронанд. То соли 1924-уми асри гузашта онҳо аллакай чун як дастаи нерӯманд ҷамъ шуда ва сутунмуҳраи тавонову пуриқтидор, ҷонибдори давлатдории ҷавони тоҷик гаштанд» (Қ. Аламшоев).

Бубинед, иттиҳоди бузурги раҳбарии тоҷикистон аз маҳалҳои гуногуни тоҷикнишин дар он давра чӣ натиҷаи хуб доштааст. Ин амр сазовори баҳрамандист!…

Ин ду шахсияти арсаи сиёсат дар дарозои зиндагишон аз зинаҳои ташвиқгари одии ҳизбӣ то мансабҳои баланди давлатӣ расида ва дар паҳлӯи ҳам қарор доштанд: Ш. Шоҳтемур чун ҷонибдори ашадии бунёди ҷумҳурии миллӣ дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ва созмондеҳи ҳукумати аввалини ҶМШ Тоҷикистон аз вазифаи инструктори КМ ҲК(б) ҶМШ Тоҷикистон то раиси Президиуми КИМ Тоҷикистон, дар як вақт яке аз раисони КИМ ИҶШС, аъзои Шӯрои миллатҳои КИМ ИҶШС расидааст. А. Ҳоҷибоев низ ба сифати яке аз сарсупурдагони ҷонсахти таъсиси ҶМШ Тоҷикистон ва табдили он ба ҷумҳурии мустақили шуравӣ шуҳрат ёфт, заҳмат кашид, чун нозири халқи зироати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовини раиси Комиссияи ислоҳоти обу замини КМ ҲК(б) Ӯзбекистон, раиси Совети комиссарони халқи ҶМШ Тоҷикистон, аъзои президиуми КИМ ҶМШС Тоҷикистон иқдомҳои хубу ҷолибу назарраси сиёсиву иҷтимоӣ намудааст.

Ш. Шоҳтемур ва А. Ҳоҷибоев зимни тақсими милливу марзии Осиёи Миёна, таъсиси ҷумҳурии мухтор ва табдили он ба ҷумҳурии мустақили мо дар роҳи шинохти миллати тоҷик ҳам чун ҷавонтоҷики асил ва ҷонфидо заҳмати бедареғ ба харҷ дода, ба сифати лидерони воқеии сиёсии миллат дар солҳои 20-ум ва ибтидои солҳои 30-юми садаи бист маъруф шуданд.

Манобеъ ва пажуҳишҳои таърихӣ баёнгари онанд, ки бо саъйи узви комиссияи махсус – А. Ҳоҷибоев, Ч. Имомов, Ш. Шоҳтемур ва дигарон ба Бюрои сиёсии КМ ҲКР(б) (5-уми октябри соли 1924) оид ба таъсиси вилояти мухтор дар Помир ва пайвасти он ба ҶМШ Тоҷикистон руҷуъ шуд ва аз ин муаррихон ба хулосае омаданд, ки маҳз ҳамин санад сабаби таъсиси ҶМШ Тоҷикистон ба ҷойи вилоят гардид. Ҷаҳди беҳамтои ин фардони фидокор дар пайвасти яке аз марказҳои мутамаддини тоҷикон – Хуҷанд ба ҳудуди тоҷикон ва таъсиси ҶМШ Тоҷикистон (1929) ҳам бо ранги зарҳалин навишта шудааст…

Ҳамин тавр давраи бобаракат ва пурсамари рӯзгори ин ду шахсияти абармард ба сифати корманди зинаҳои давлатӣ тақрибан 15-17 соли умр будаву халос: давраи сабзиш, рушду нумуъ, камолоти раҳбарӣ ва ғуруби Ш. Шоҳтемур солҳои 1920-1937 ва А. Ҳоҷибоев солҳои 1918-1937 аст, ки давраи зуҳури селаи рӯйдодҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ буд: фирӯз шудани инқилоби рус, бархости инқилоби Бухоро, таъсиси Ҷумҳурии Бухоро, бунёди Ҷумҳурии мухтори шуравии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии шуравии Ӯзбекистон ва сипас Ҷумҳурии шуравии Тоҷикистон. Солҳои 30-юми садаи бист давраи навсозии Тоҷикстони шуравӣ буд ва корномаи раҳбарии ин ду бо маркази нави иҷтимоӣ-фарҳангии тоҷикон пайванди танготанг пайдо кард.

Як шабоҳати дигар ширкати ду раҳбари тоҷик дар тоҷикшиносӣ мебошад. Дар солҳои 20-уми садаи бист падидаи тоҷикшиносӣ аз ду сӯ қобили диққат буд: Роҳи аввал тоҷикшиносии сатҳи академӣ дар шахсияти ховаршиносону муаррихони маъруф, роҳи дувум дар сатҳи шахсиятҳои раҳбарии тоҷик. Тоҷикшиносии раҳбарони он замон баробари ҷадалҳои аҳли пажуҳиши рус падидаи муҳимми тоҷикшиносӣ аст. Яке аз сифатҳои асосӣ ва хоси мақомоти раҳбарии тоҷик аз замони таъсиси Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба таърихи халқ ва таълифи асарҳо оид ба таърихи тоҷикон мебошад: навиштаҳои Абдуқодир Муҳиддинов, Нусратуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Аббос Алиев аз рисола, фишурдаҳо ва номаҳо иборат буданд. Хоса, дар номаи Шоҳтемур ба И. В. Сталин (1926) қазияи тоҷикон ҷиддан таҳлил шудааст. Ба шаҳодати Муҳаммадҷони Шакурӣ «Ш. Шоҳтемур бо коргарони русу Ҳизби коммунист зиёд иртибот дошт, ба ин қарор омадаанд, ки нома танҳо бо имзои Шоҳтемур биравад» (дар ин бора ниг.: Равшангари бузург, Душанбе, 2006).

Барои дарки аҳаммияти А. Ҳоҷибоев дар заминаи тоҷикшиносӣ ду асар – «Тезисҳо оид ба вазъи тоҷикон» (1924) ва рисолаи «Тоҷикистон» (1929, 1930, ба тоҷикӣ ва русӣ) арзиши назаррас доранд, ки ҳангоми 24 ва 29-солагиаш падид омадаанд. «Тоҷикистон» назарияи шинохти таърихи миллати тоҷикро бар асоси ҳастии маънавии он дар пай дорад, ки ба дарки пояи илмӣ ва назарии пайдоиши қавми тоҷик то андозае мусоидат намуд. Бо ин рисола ва асарҳои ҳамному ҳаммонанди он исботи халқи тоҷик ва забони ғаноманди он муяссар гардид.

Ба ин маънӣ амали тоҷикшиносӣ ҳам моҳияту сифати ягонаи корҳои ин ду арбоби барҷастаи миллати тоҷикиро бозмегӯяд.

Хидматҳои Ш. Шоҳтемур ва А. Ҳоҷибоев дар он давраи ҳассос ба сифати намояндаи ҷараёни зидди пантуркия дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна низ арзиши баланд доштанд. Ин ду сарвари тоҷик хидмати муҳим ва шоиста дар қомат рост кардани кохи нави сиёсат, фарҳанг ва иҷтимоиёт ба ҷой оварда ва аммо дар ин роҳ сари ҷавонашонро ба тундбоди ҳодисаҳои замона бохтанд. Ва яке аз нишонаҳои раднопазири бадном шуданашон ҳам ҷонфидоияшон дар амри шинохти миллати тоҷик ва ҳайсият бахшидан ба миллати тоҷик дар замони нав ва билхоса талош барои арзишҳои миллӣ дар ҳаққи тоҷикон аст. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат ҳам авҷи ситезу ошӯб бар зидди фаъолият ва мақоми ин ду дар байни садҳо фидоиён хеле боло рафт: оқибат саркӯб шуданд.

Пас аз саркӯбии шадиди ҳизбиву давлатӣ Ҳоҷибоев се-чаҳор соли охири умр дар ихтиёри Комитаи марказии ҳизби коммунист дар Маскав монд (1934-1937), шунавандаи Институти иқтисодии Профессураи сурх шуд (макони зисташ дар Маскав кӯчаи Серафимович, бинои 2, хонаи 387 буд, он ҷо Н. Махсум низ будааст). Соли 1932 Ш. Шоҳтемурро низ барои таҳсил ба Институти Профессураи сурхи Маскав фиристоданд, аммо соли 1933 ӯро бозхонда, ба вазифаи раиси Президиуми КИМ Тоҷикистон баргузиданд.

Давраи гуноҳҷӯӣ аз ду шахсияти сиёсӣ низ монандӣ доранд: Ш. Шоҳтемурро вақти дар Маскав буданаш аз ҷониби НКВД дастгир карда ва ба сараш тамғаи иштирокчии ташкилоти зиддишуравии миллӣ задаанд. 21-уми октябри 1937 аз ҷониби Коллегияи ҳарбии СССР ба марг маҳкум ва 27-уми октябр дар полигони Коммунарка парронда шуд. 11-уми августи соли 1956 боз аз ҷониби ҳамон Коллегияи ҳарбии СССР комилан сафед гардид. А. Ҳоҷибоев пештар аз Ш. Шоҳтемур 8-уми июли соли 1937 ҳабс ва баъдтар аз ӯ 25-уми январи соли 1938 ба туҳмати ширкат дар корҳои зидди инқилоб ва терроризим дар ҳамон полигони Коммунарка ба қатл расид ва бегуноҳияш танҳо пас аз анҷумани ХХ-уми ҳизби коммунист 28-уми декабри соли 1957 таъйид гашт. Аз ин рӯ, инҳо чун ду намунаи раднопазири чеҳраи миллӣ дар «террори бузург» дар репрессияи сталинӣ нобуд шуданд.Сафед шудани Ш. Шоҳтемур ва А. Ҳоҷибоев намунаи фавқулодаи ҳифзи адолату ҳақиқати таърих дар ҷомеаи тоҷикон аст. Шинохти ҷойгоҳи онҳо бо ҳама мушкилу иштибоҳ дар дарки дирӯз ва имрӯзу фардои миллати тоҷик ҳамеша муҳим хоҳад буд…

Ҳамкорӣ ва ҳамназарии ду раҳбари матинирода боиси пешрафти соҳаҳои гуногун буданд. Инҳо барои таъсиси нашрияҳои тоҷикӣ саҳм ва дар бедории сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ибтидои солҳои 20 садаи бист нақши муҳим гузоштанд. Барои ошкор шудани моҳияти ин хидмати муҳимми фарҳангӣ изҳори Ш. Шоҳтемур дар пленуми IV КМ ҲК(б) Тоҷикистон (аз 14-уми феврали соли 1936) ҷолиби диққат аст. Дар он аз таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» дар Самарқанд (сентябри соли 1924) санад ҳаст: «Дар назди КМ ҲК(б) Туркистон сексияи коммунистии тоҷикон арзи вуҷуд мекард, ки вазифаи сардории онро дар ихтиёр доштам. Мо бояд нахустин рӯзномаро таъсис медодем, аммо маблағе надоштем. Ман бо Ҳоҷибоев ошно шудам ва ӯ чун раиси ояндаи облконцесскоми вилояти Фарғона барои таъсиси ин нашрия 2000 сӯм маблағ дод» (ин матлаб аз бойгонии Институти таърихи ҳизби КМ ҲКТ, з. 3, р. 248, п. 2627, в. 7, р. 3, п. 171, в. 454, 455 дар асарҳои И. Қаландаров, Қ. Аламшоев, К. Искандаров, М. Ҷӯраев ва дигарон ба кор рафтааст).

Гунаи дигари ин шаҳодати арзишманди таърихро арбоби номии матбуоти тоҷикии солҳои 30-юми садаи бист Алӣ Исмоилзода низ овардааст, ки гуфтаи Ш. Шириншоҳро аз хусуси талошҳои раднопазири Ҳоҷибоев дар айни тангии фурсат барои бунёди матбуоти тоҷик хуб ва равшан тасдиқ мекунад: «Дар ҳамин вақти танг буд, ки ба ёрии мо рафиқон Шоҳтемур, Дяков ва Ҳоҷибоев расиданд… Бо ташаббуси рафиқ Ҳоҷибоев аз Фарғона барои рӯзномаи «Овози тоҷик» панҷсад сӯм иона ҷамъ шуд… Таърихи матбуоти тоҷикии Осиёи Миёна номи ҳамин рафиқонро бояд алоҳида сабт кунад» (Алӣ Исмоилзода. Якчанд сатр аз дафтари ёддоштҳои худ, Самарқанд, 1932, с. 69, 73).

Таъкиди Ш. Шоҳтемур ва А. Исмоилзода оид ба мусоидати А. Ҳоҷибоев барои нашри рӯзнома ба забони форсии тоҷикӣ моҳияти амиқи равшангарӣ ва тоҷикпарастӣ дорад, аммо зикри ин нукта ҳам хеле бояд ҷолиб бошад, ки шаҳодати Шоҳтемур маҳз дар давраи саркӯбии сиёсии Ҳоҷибоев (1933-1936) нотарсона ва бо ҷасорати комил ба миён ниҳода шудааст. Бо ин таъкид майлу нияти Ш. Шоҳтемур аз ҳифзи А. Ҳоҷибоев ва бозтоби нақши ӯ дар ҳаллу фасли марзбандии миллии Осиёи Миёна ба манфиати тоҷикон дар он марҳалаи ҳассоси шахспарастӣ хеле равшан ошкор мешавад. Дарки чунин ҷасорати таърих низ барои мо, имрӯзиён муҳимму муфид аст.

Тадбирҳо ва ҳамкориҳои судбахш дар фаъолияти ин ду шахси сиёсӣ беш аз ин аст ва бозгӯйи он аст, ки онон ҳамеша аз пешрафтҳои Тоҷикистони азизашон пуштибониву истиқбол кардаанд…

Масъалаи аз ҳама муҳимтар ҷудо шудани Тоҷикистон аз Ӯзбекистон аст ва дар ин амр ҳам хидмати Ш. Шоҳтемур ва А. Ҳоҷибоев, давуғеҷи онон хеле зиёданд. Дар ин замина, аввал, маводу мадрак ва далелу бурҳон барои ҳалли масъала вобаста бар манфиати таърихии тоҷикон фароҳам оварда шуд. А. Ҳоҷибоев бо маводу мадрик ва аснод ба Маскав рафта, ба суҳбати И. Сталин комгор шуд ва бино ба қавли М. Шакурӣ имкон ба даст овард, ки «Сталинро розӣ кунад, то Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ҷудо шуда, ба ҳайъати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ, ба унвони як ҷумҳурии иттифоқӣ дохил бишавад». Ба гуфтаи М. Шакурӣ «ин ривоят то ҳол бо ҳуҷҷате тасдиқ нашуда буд, вале соли 2010 маълум шуд, ки асоси таърихӣ дорад».

Натиҷаи мулоқотро А. Ҳоҷибоев дар телеграммае ба Ш. Шоҳтемур аз 27-уми июли соли 1929 хабар дода, ки санади муҳим ва баёнгари раднопазири талошу ҷадали ҳамешагии ин мақомдорон дар ҳалли қазияи тоҷикон, давуғеҷи чандбора ба Маскав, гуфтугӯи пайваста бо аҳли Кремл, ниҳоят, мулоқоти бевосита бо Иосиф Сталин дар масъалаи таъсиси ҷумҳурии ҷудогонаи тоҷикон аст, ки дар забони асл ба аҳли хонанда мегузорем (онро бори аввал соли 2010 нашр карда будем ва М. Шакурӣ ҳам ба он ишора кардаанд):

«Здравствуй, дорогой Шотемур! Я хотел бы все тебе сообщить телеграфно, но это не вышло, ибо не все же можно передавать по телефону.

Сообщаю: 1) По узбекским вопросам здесь вермишель. Начала нет, конца тоже нет, т. к. полностью решение ЦИКа нам еще не известно… Был у товарища Рыкова, Ворошилова и вчера у тов. Сталина.

Тов. Сталин дал ряд директив о которых скажу: Тов. Сталин и все другие поддерживают вхождение в Союз непосредственно Таджикистана» (бойгонии Институти таърихи ҳизби КМ ҲКТ, р. 1, п. 1222, в. 73, п. 469, в. 43-45, п. 1299, в. 27. Ин санадро аввалин маротиба муаррих С. Эркаев пайдо кардааст. Ниг.: Абдураҳим Ҳоҷибоев. Осор ва пайкор. – Хуҷанд, 2010. – С. 46-47).

Ин санад боиси рӯйсурхии тоҷикон, исботи роҳи равон ва қомати рости тоҷикон, бунёди давлати нави Тоҷикистон дар асоси модели шуравӣ – ҷумҳурии ҳафтуми Шуроҳост!…

Субҳони Аъзамзод

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь