Дар ин мақола чанд сухане дар бораи мақом ва арзишҳои ахлоқии инсон дар замони истиқлоли миллӣ ва мухтасаре зимни ин масоил аз бузургони тоҷику форс гуфта мешавад, ки он яке аз мубрамтарин ва муҳимтарин масоили замони муосир ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки дар таърихи инсоният шахсиятҳои бузург начандон зиёданд ва онҳо нотакроранд. Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат, аз он шахсиятҳои нотакроранд, ки тақдир насиби миллати мо – тоҷикон кардааст. Мақоми ин Инсон ва шахсияти бузург дар наҷот бахшидан аз бунбасту даргириҳо, бесару сомониҳои мардуми тоҷик ва ба назму низом даровардани сохтори ҷомеаи шаҳрвандӣ басо бузург буда, пайкору талошҳои ӯ дар заминаи рушди миллӣ ва давлатдории навини тоҷик сазовори таҳсину офарин аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Раҳбари хирадманду сиёсатмадор ва оқилу тавоно, балки як шахсияти бофазилат мебошанд, ки мушаххасоти шахсию инфиродии эшон дар муносибати рӯзмарра бо мардуми шарифи Тоҷикистон симои лидери миллӣ буданашонро ба намоиш мегузоранд. Магар то ҳанӯз ягон раҳбари давлат ва ё кишварро медонем, ки бо мадуми ҷомеаи хеш бо чунин меҳру вафо ва ахлоқи ҳасана наздик шуда, аз зиндагии онҳо огоҳ шуда бошад. Шахсан, ман чунин шахсият ва раҳбари бомаърифату қадршиносу хоксор ва ба мардум наздику пуротифаро надида будам ва нашунидам. Бинобар ин, мо шаҳрвандон бояд шукри Худовандро кунем, ки чунин Инсони дорои инсонияти баланд, ки дорандаи кулли арзишҳои ахлоқӣ мебошанд, насибамон кард. Ҳар қадар дар бораи фазилатҳои Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон гӯем ва нависем, боз ҳам кам аст.
Омӯзиши таърихи давлату давлатдорӣ ва омилҳои ахлоқӣ барои ҳувияту худшиносии миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти миллӣ мусоидат менамоянд. Қобили таъкид аст, ки таҳқиқи арзишҳои ахлоқӣ барои таҳаввулу ташаккули маърифати инсонӣ ва ба камолоти маънавӣ расидани он ёрӣ хоҳад намуд.
Арзишҳои ахлоқии инсонӣ, аз қабили хайру саховат, накукорӣ, амалҳои хуб, эҳсону бахшиш, сабру қаноатмандӣ, ростқавлию ҷавонмардӣ ва амсоли инҳо волотарин фаҳмиши фалсафӣ-маънавӣ мебошанд. Мафҳуми арзиш бо мақулаҳои иҷтимоӣ, ба монанди адлу адолат, меҳанпарастӣ, саодату хушбахтӣ, инсондӯстӣ, худшиносӣ ва амсоли инҳо комилу пурра мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар замони муосир тавассути Истиқлолу Ваҳдати миллӣ ва саъю талошҳои Пешвои хирадманду тавоно муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои ахлоқии мардуми кишвар, махсусан аҳли илму адаб побарҷо гардида, аз ин ҳисоб пешрафти фарҳангу тамаддун ва боло рафтани сатҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба назар мерасад. Зеро таҳкими арзишҳои ахлоқӣ асоси мустаҳкамӣ ва қудратмандии Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва ҳувияту осоиштагии иҷтимои кишвар гардида, заминаи эътимод ва боварии мардумро ба ояндаи дурахшони кишвар меафзоянд.
Рушди таърихи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки натиҷаи афкори донишмандону мутафаккирони замонҳои мухталиф аст, ба анъанаи бузурги ташаккули ақлонӣ такя мекунад. Дар инкишофу пешравии афкору ҷаҳонбинии ахлоқии ҷомеаи шаҳрвандӣ мардуми кишварҳо ва минтақаҳои гуногун саҳмгузорӣ намудаанд. Файласуфи классикии немис Ф. В. Гегел принсипҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандиро дар озодии иродаи шахсӣ, баробарии умумӣ, ташаккули озодонаи афкори иҷтимоӣ, риояти адолат ва ҷиддияти рафтору аъмоли ахлоқӣ медонист.
Бисёре аз мутафаккирони пешин низ доир ба инсон ва арзишҳои ахлоқӣ фикрҳои ҷолибе гуфтаанд, ки то имрӯз низ андешаҳои онҳоро ҳамчун ганҷинаи бепоён истифода менамоем. Ба қатори ин мутафаккирон Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Пури Сино, Умари Хайём, Абӯрайҳони Берунӣ, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Шамсуддин Муҳаммад Лоҳиҷӣ, Саъдии Шерозӣ, Имодуддини Фақеҳи Кирмонӣ, Файзи Кошонӣ, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ ва дигаронро метавон ном бурд. Ин бузургони фарҳангу тамаддуни тоҷику форс барои бунёд ва таҳкими адолати иҷтимоӣ ва фазилатҳои инсонӣ саъю кӯшиши фаровоне ба харҷ додаанд. Аз тарафи дигар, бузургони илму адаби мо барои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ инсонҳои бомаърифатеро тарбия намуда, ба камол расонданд, то ин ки бо афкори баланди ахлоқӣ, илмӣ-амалӣ ва назари нав баҳри расидан ба ҳадафҳои воло саъю талош намоянд. Маҳз ин ҳадафҳоро метавонем дар ҷомеаи шаҳрвандии имрӯза, ки шакли иттиҳоди одии одамон буда, он ҳаёти моддию маънавиро таъмин сохта, талаботу манфиатҳои онҳоро қонеъ мегардонад, низ амалӣ гардонем.
Мутафаккирони пешин на танҳо барои насли худ, балки барои рушду такомули наслҳои оянда низ фикру андешаҳои ноби худро тариқи хаттӣ пешниҳод намудаанд. Қатъи назар аз он ки онҳо дар асрҳои пешин зиндагӣ кардаанд ва фосилаи тӯлонии замонӣ моро аз онҳо ҷудо месозад, имрӯз ҳам ҷомеа аз гуфтаҳои онҳо масал мезанад ва панди мутафаккирони гузаштаро ҳамчун дарси таҷрибаи рӯзгор ва зиндагӣ пазируфта, бар асоси андарзҳои пешиниён рӯзгори хешро мечархонад.
Яке аз чунин мутафаккирони намоёни асри XIII Саъдии Шерозӣ мебошад, ки панду андарзҳои худро барои тамоми гуруҳҳои ҷамъиятӣ – аз шоҳ то гадо, аз вазир то раият пешниҳод кардааст. Зиндагии ҳақиқии одамон, бо тамоми мухолифатҳову мураккабиҳояш, бо ҳама фарозу нишебҳояш дар сатҳи донишу биниш ва таҷрибаи ҳаётии Саъдии ҷаҳондидаву одамшинос ба маърази баён омадааст. Ҳикмати инсонӣ дар «Гулистон» ба дараҷаест, ки ҳар кас метавонад дар маҷлису маҳфилҳо аз он иқтибос кунад ва ё аз номи Саъдӣ масал занад. Мардум ва қишрҳои гуногуни ҷомеа ҷумлаҳои кӯтоҳи пурмазмун, насри мусаҷҷаи ҳикматнок, назми ҳаётиву ибратомӯзи бисёр ҳикоёти «Гулистон» ва ҷузвҳои хулосавии онро ба амсолу ҳикмат табдил додаанд. Барои исботи ин андешаҳои хеш чанд намунае аз суханони ҳикматомӯзи Саъдиро ба унвони намуна меоварем: «Озурдани дӯстон ҷаҳл аст». «Ду чиз тираи ақл аст: дам фурӯ бастан ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомушӣ». «Андеша кардан, ки чӣ гӯям, беҳ аз пушаймонӣ хӯрдан, ки чаро гуфтам». «Дурӯғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез». «Кӯтоҳи хирадманд, беҳ ки нодони баланд». «Ҳар киро сабр нест, ҳикмат нест».
Панду андарз ва ҳикмати инсонӣ дар асарҳои ба насри мусаҷҷаъ навишташуда то замони Саъдӣ ҳам дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла зимни рисолаҳои фасафӣ, ирфонӣ, ахлоқӣ, динӣ, ҳуқуқӣ ва китобҳои таърихию тамсилӣ ифода ёфтаанд, аммо дар ин асарҳо ҳаёт ва рӯзгори гуруҳ ва табақаҳои мухталифи одамон, ахлоқу одоби ҷомеа бевосита аз рӯи тасвири рӯзгори воқеии онҳо ба инобат гирифта нашудааст. Панду андарзҳои «Бустон» ва «Гулистон» бошанд, комилан иҷтимоӣ буда, таълимоти ахлоқии Саъдӣ дар ин бобат аз ҳаёти воқеъӣ сарчашма гирифтааст. Масоили дунявӣ муҳимтарин воситаи ақидавии ин асарро ташкил медиҳад. Ба ин минвол, нақши инсон ва аъмоли неку бад дар осори Саъдӣ ҷои намоёнро ишғол кардааст. Саъдӣ наҷобат ва накуиҳои инсонӣ, ҳамчунин ахлоқи зишти онҳоро ба қалам додааст, ки ҳамчун як дарси панду ибрат барои башар боқӣ мондааст.
Ҳамин тариқ, Саъдӣ дар нақши қаҳрамонони ҳикоёти «Гулистон» на танҳо натиҷаи мушоҳидоти худро дар бораи арзишҳо, чигунагии феълу атвор, майлу хоҳишҳо ва фикру зикри муосирони худ иброз доштааст, балки умуман, сиришти навъҳои башариро таҳқиқ намудааст. Аз ин ҷо, тавассути суханҳои тунду тези хеш дар «Гулистон» арзиш ва берзишии табақаҳои иҷтимоиро рӯи об овардааст. Саъдӣ дар натиҷаи дидану омӯхтан ва шинохтани одамони замони худ гӯё образҳои ҷомеаеро тасвир кардааст, ки назиру монанди онҳо дар ҳар асру замон дида мешавад. Бо ин ҳама Саъдӣ мехост, ки инсонҳо оқилтару комилтар шаванд, ҷомеаи башарӣ аз назари ахлоқӣ пеш равад, мулк ободу мардум осудаву озод бошанд. Ин ният ва мақсади поку башардӯстона дар «Гулистон» абадияти ном ва таълимоти Саъдиро таъмин кардааст:
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият.
Имодуддин Фақеҳи Кирмонӣ (асри Х1V) аз ҷумлаи мутафаккироне буд, ки ба масоили давлату давлатдорӣ, ҳифзи ҳаққу ҳуқуқи мардум, баланд бардоштани сатҳи илму маърифат, ахлоқи давлатдорӣ ва сохтори марказҳои иршодӣ (фарҳангӣ) диққати махсус додааст. Осори гаронбаҳои ӯ, махсусан «Девони ашъор», маснавиҳои «Суҳбатнома», «Муҳаббатнома», «Китоб-ул-маориф», «Тариқатнома» ва «Сафонома» доир ба масоили дар боло номбурда ва дигар масъалаҳои ахлоқӣ-маънавӣ ва иҷтимоии замони ӯ бахшида шудаанд. Асари машҳури Имоди Фақеҳ «Суҳбатнома» масъалаҳои одоб, махсусан одоби аҳли ҳукм ва фармон, одоби устондорон (соҳибони марказҳои иршодӣ), толибони илм, одоби аҳли тариқат, одоби аҳли дунё, одоби мусофирон, одоби футувват ва амсоли инҳоро фаро гирифтааст.
«Суҳбатнома» ба номи яке аз ҳокимони давр Хоҷа Ғиёсиддин Муҳаммад, фарзанди Хоҷа Рашидаддин Фазлуллоҳ (вазир, табиб ва муаррих) бахшида шудааст:
Ҷаноби амири фақирони мулк,
Муроди замири фақирони мулк.
Вазири ҷавонбахш султоннишон,
Ки чархаш ниҳод рӯй бар остон.
Равише, ки Имоди Фақеҳ дар назми ин китоб риоят намудааст, ин аст, ки нахуст ӯ ба гуфторе дар бораи ҳаққу ҳуқуқи инсон ва одоби даҳгона мепардозад. Дар ибтидо доир ба бевафоии даврон ва ба эътибор нагирифтани адолату эҳтироми ахлоқӣ дар ҳаққу ҳуқуқи аҳли илму фарҳанг ва умуман, инсонҳои замонаш аз тарафи соҳибони давлат ва дастгоҳи он шикоят намуда менависад:
Ман он шодмонрӯй ғамгин дилам,
Ки аз ғусса хун гашт мискин дилам.
Ҷафо бурдаву бар наёварда оҳ,
Ситам дидаву карда дар худ нигоҳ.
Вале Имоди Фақеҳ баъдан аз шикваву шикояти замон ва шоҳу амирони замон даст кашида, ба таълиму тарбияти мардум ва амирону давлатдорон рӯй меовард. Ӯ бо дили худ нахуст ба машварат мепардозад ва аз қалби худ чунин ҷавоб мешунавад:
Ки бархез, эй кӯдаки худпараст,
Ки ҷоми майи ғафлатат карда маст.
Зи парвонае кам мабош, эй писар,
Ба даст ор шамъеву давлат бибар.
Назар бар сипеҳр афкану кори ӯ,
Ки аз меҳр гарм аст бозори ӯ.
Имоди Фақеҳ ҳангоми ба назм даровардани «Суҳбатнома»-и худ устондор буд ва ӯ яке аз мубаллиғони илму маърифат барои пешрафти фарҳанг ва баланд бардоштани сатҳи маърифати давлатдории давлатдорони замонаш ба ҳисоб мерафт. Вай зимни насиҳатҳое, ки дар нахустин боб ба аҳли ҳукму фармон ироа дошта, онҳоро ба равише, ки бояд аҳли суҳбат дар пеш гиранд, роҳнамоӣ мекунад, ба ин паҳлуи масъала равшанӣ меандозад, ки барои ин табақа аз мардум ҳиммат хостан аз пешвоёни тариқат зарур аст:
Ило, эй сазовори Тахти Каён,
Ба фармони ту бахт баста миён.
Ба инсофу эҳсон тавон ёфт мулк,
К-аз ин ҳар ду Нӯшервон ёфт мулк.
Шаҳ аз уҳдаи мулк н–ояд бурун,
Чу ҳиммат наҷӯяд зи аҳли дарун.
Имод подшоҳону давлатдоронро ба риояти ҳолу аҳволи бенавоёни мазлум даъват намуда, онҳоро аз оҳи гадоёну бечорагон ҳушдор дода, ба ин роҳ аз ҳаққи онҳо ҳимоят мекунад, ки ин панду ҳидоятҳои ӯ то имрӯз ҳам арзиши худро гум накардаанд:
Зи сӯзу ниёзи гадоён битарс,
Зи дарди дили бенавоён битарс.
Чу ойина равшандилӣ пеша кун,
Зи аҳли саҳаргоҳӣ андеша кун.
Равиши Имоди Фақеҳ дар «Суҳбатнома» чунин аст, ки аввал гуфторе дар одоб баён ироа медорад ва ҳикояти тамсилиеро оварда, сипас ба насиҳат мепардозад. Ӯ сиёсатмадорона хитоб ба хештан насоеҳро хотима медиҳад ва он гоҳ гуфторе аз одоби дигарро оғоз мекунад.
Имоди Фақеҳ ба амирону мақомдорони замони хеш маслиҳат дода, мефармояд, ки аввалан, бо хирадмандон машварат кунед ва сониян, нисбат ба аҳли илму фарҳанг дилҷӯиро пеша намоед. Ба ин маънӣ мефармояд:
Шаҳо, машварат бо хирадманд кун,
Бикуш хасму бадхоҳ дар банд кун.
Бар арбоби давлат шукуҳе талаб.
Сазовори суҳбат гуруҳе талаб.
Зи ҳар кишваре номдоре бихон,
Зи ҳар лашкаре шаҳсаворе бихон…
Имоди Фақеҳ донишмандонро, ки мушкилоти улум ва масоили душвор, ҳатто корҳои давлату давлатдорӣ ба нерӯи илми онҳо ҳал мешавад, ситоиш мекунад ва толибони илмро ба омӯхтани дониш даъвату ташвиқ менамояд. Аз ин ҷо, ӯ обрӯ ва иззатро дар талаби илму дониш дониста, аз илми беамал безорӣ меҷӯяд ва муътақид аст, ки олимон бояд дар тоат ва ҳамчунин корҳои давлатдорӣ ва ҳифзи ахлоқи суннатии мардум нисбат ба беилмон бештар бикушанд, то ки ёрие шавад ба равиши дурусти давлатдорӣ ва адолати иҷтимоӣ нисбат ба мардум.
Имоди Фақеҳ дар он ақида буд, ки илм ва тақво бояд ба ҳам тавъам бошанд ва ба назари ӯ, илму дониш омӯхтану олим шудан аз барои ҷадал кардан нест. Бинобар ин, Имод аз олими намоёни ғавғогар ва беимону худхоҳ башиддат безорӣ меҷӯяд ва ба аҳли илму фазл муроҷиат намуда, мефармояд:
Мабош аз фузулони гарданфароз,
Вазифаситонони коҳилнамоз.
Мадориснишинони тазвирҷӯй,
Мақомипарастони таъбиргӯй.
Амомадарозони кӯтаҳназар,
Дили оммаро бурда аз раҳ ба дар.
Ҳазар кун зи ноаҳли меҳробкӯб,
Ки кас дар намозаш наёрад ба чӯб.
Аз назари ӯ, барои он ки толиби илм гумроҳ нашавад, бояд ӯ соҳиби устоде бошад ва бо роҳнамоии ӯ ҳидоят бишавад. Ба андешаи Имод, хоҳ подшоҳу амирон ва хоҳ аҳли илму адаб бояд риояти ҳаққи устодро воҷиб донанд ва дар баробари ин, адаб доштанро ба онҳо ёдовар мешавад. Дар ин бора ӯ ҳикоятеро меоварад, ки чунин аст: “Ҷавоне муаддаб ва поксиришт, шабе барои вузӯ гирифтан ба сарчашмаи об меравад. Ҳамин ки аз вузӯ фароғат ёфт, яке ба ӯ гуфт, ки ҳангоми вузӯ гирифтан болотар аз устод нишаста будӣ ва ҷавон чун аз ин вазъият огаҳ шуд, зи хиҷолат чеҳрааш чун коҳ зард шуд ва:
Ба паҳлу биғалтид то пеши пир,
Ба гардун расонид оҳу нафир.
Ба инсофу шукрона узраш бихост,
Ки беҳурматӣ бо бузургон хатост”.
Бинобар ин, аз нигоҳи Имоди Фақеҳ, манзалат ва мартабаву арзиши устоди роҳнамо аз ҳар кию чӣ болотар аст, аммо дар ин замон, мутаассифона, обрӯ ва мақоми устод нисбатан моҳияти худро гум кардааст, ки чунин аҳвол на танҳо ба пешрафти илму фарҳанги ҷомеа, балки ба кори давлату давлатдорӣ ва ҳаққу ҳуқуқи ҷомеа низ таъсири манфӣ мерасонад. Зеро бидуни устод ва донишманди бомаърифат ва ҳидояту раҳбарии ӯ пешрафт дар ҳама корҳои зиндагӣ банудрат муяссар намегардад. Барои он ки чунин аҳвол рух надиҳад, ҳар як маъмур, хоҳ дар фарҳангу иршод ва хоҳ дар давлату давлатдорӣ ва муассисаҳои илмомӯзӣ мақоми хоссаи худро бояд дошта бошад. Имоди Фақеҳ дар кори давлатдорӣ арбобони ситамгару ҷоҳил ва тамаъкорро, ки зулму ситамро ба табақоти мухталифи ҷомеа раво медиданд, зери танқид гирифта мефармояд:
Тамаъ дар гаронии гандум макун,
Ба шамшери кин қасди мардум макун.
Маноли заифон даҳоқин баранд,
Аз он хуни эшон хавоқин хӯранд.
Ақидаҳои Имоди Фақеҳ дар бораи арзишҳои ахлоқии ойини кишвардорӣ ва риояти ҳаққу ҳуқуқ ва адолату иҷрои аҳкоми давлатдорӣ дар асари дигари ӯ «Китоб-ул-маориф» боз ҳам саҳеҳтар баён ёфтааст. Вай дар замони Амир Муборизиддин зиндагӣ мекард ва барои ҷамъ омадан ва муътақид сохтани аҳли илму фарҳанг аз Амир Муборизиддин дархости сохтори хонақоҳеро мекунад. Он вақтҳо хонақоҳ, аз як тараф, маркази иршодӣ буд, вале ҳадафи Имод, дар асл, дар он ҷо ҷамъ овардани аҳли илму адаб буд, ки тарки ватан накарда, дар он ҷо сарҷамъ гардида, ҷаласаву барномаҳои илмӣ-адабии худро доир намоянд. Ҳамин тариқ, хонақоҳ мақоми марказҳои илмӣ – фарҳангии замони муосирро дошт. Аз тарафи дигар, сохтани хонақоҳ як ҳушдор ва роҳу равише буд, ки шоҳу амиронро бо илму иршод наздик месохт, то ки онҳо низ соҳиби маърифату илм бошанд. Ва аз тарафи дигар, инҷо аз ҳуқуқи башари он замон ҳифз карда мешуд, ки онҳо тавонанд дар ин марказҳо ба омӯзиши илму дониш ва навиштани ашъору осори хеш машғул шаванд. Ҳол он ки дар он даврон ҳазорон ҳазор насли башар дар зери султаи амирони худхоҳ ва хунхору муқтадири муғул қарор доштанд ва бо як ишораи онҳо амволашон мусодира ва худашон ба зиндону қатл маҳкум мешуданд. Ин буд, ки дар замони истибдоди муғул аксари кулли донишмандон сарзамини хешро тарк намуда, ба кишварҳои дигар, махсусан Ҳиндустон сафар менамуданд.
Шахсиятҳое мутаннафиз ва мавриди эҳтироме чун Саъдии Шерозӣ ва Имоди Фақеҳ, ки манзури олитар аз шеър гуфтан доштанд, метавонистанд зимни изҳори роҳи адлу инсоф мардумнавозиву эҳсонро ба умарову султонҳо ва фармонравоён биёмӯзанд ва дар торикиҳои истибдоду худкомӣ чароғи ҳидоятеро барои онҳо пешниҳод кунанд. Имод дар насиҳатномаи хеш пандҳои ҳакимона ба Амир Муборизиддин, ки марди қудратманд ва дар баробари душманон бераҳм буд, дода ва ба қавли худаш, китобе навишт, ки ҳар фасл аз он китоб даре аз биҳишт аст:
Назар бигшой, эй шоҳи адубанд,
Худоро бандаву моро Худованд.
Ба чашми ақл дар ҳоли ҷаҳон бин,
Ки бодат то абад равшан ҷаҳонбин.
Имоди Фақеҳ барои бунёд ва таҳкими адолати иҷтимоӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар чаҳорчӯбаи қонуни ягонаи замонаш ақоиди худро тавассути асарҳои хеш иброз намудааст, ки порае аз назароти ӯро инҷо манзур намудем.
Ба таври куллӣ, андешаҳои Саъдии Шерозӣ ва Имоди Фақеҳ барои замони муосир муфид буда, корбасти назароти ахлоқии мутафаккирони мазкур дар зиндагии рӯзмарра сатҳи маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа, махсусан, насли наврасу ҷавонро боло мебарад. Ба ин маъно, мақолаи мазкур дар боло рафтани сатҳи тафаккури ахлоқӣ, фарҳангӣ, равонӣ, худшиносӣ ва сиёсии наслҳои наврасу ҷавон ва миёнсолу солманди ҷомеаи муосири тоҷик ва махсусан, дар бедории ахлоқӣ ва рафъи мушкилоти мавҷудаи иҷтимоӣ мусоидат мекунад.
Муродова ТОҶИНИСО,
номзади илми фалсафа, ходими пешбари Шуъбаи таърихи фалсафаи ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ