(Сухане чанд дар бораи адиб ва ҳуқуқшиноси маъруф А.Ф.Кони, ки имсол 180 сола шуд)
Анатолий Фёдoрович Кони санаи 19 -уми январи соли 1844 дар шаҳри Санкт -Петербург дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушод. Факултаи ҳуқуқшиносии шаҳри Москваро соли 1865 бо дараҷаи номзади ҳуқуқ ба итмом расонадааст. Фёдoрович дар тамоми вазифаҳои ба зимааш гузошташуда аз қабили прокурор ва судя танҳо дар доираи қонун амал намуда, бо ғалабаҳояш дар мурофиаҳои судӣ худро шӯҳратёр намуда, дар Русияи охири асри ХIХ бо ибораи мардум ба ӯ чун «худои ҳақиқат ва адолат» менигаристанд ва дар ҳақиқат фаъолияти фавқуллода бузурги ӯ далолатгари ин ибора низ ҳаст.
Шахсияти ӯ дар тамоми ҷабҳаҳои ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва давлатии Русияи тоинқилоби нақши муассиреро гузоштааст. Аз мероси бойи боқимондаи ин ҳуқуқшиноси бузург қисмати зиёдашро нутқҳои айбдоркунӣ дар мурофиаи судӣ ташкил медиҳанд.
Анатолий Фёдoрович, ки худ марди фарҳангӣ буду бо адабиёту таърих алоқаи ногусустанӣ дошт, дар нутқҳои худ аз ибораҳои халқӣ, афоризм ва зарбулмасалҳо, намунаҳои матнҳои адабӣ хуб истифода намуда, бо ин амалаш ҳусни нутқу сухангӯии оташбори худро бамаротиб боло бурдааст.
Анатолий Фёдoрович Кони бо дониши васеъ ва истеъдод ба адабиёт, таърих ва адибон низ шавқи беандоза дошта, бо бисёре аз адибони маъруфи асри ХIХ- и рус мукотибаи қавӣ ва дӯстона дошт, бо иборае дар доираи адабии «асри тиллоии адабиёти рус- асри ХIХ» ҷӯшидааст. Дар хусуси муносибат бо адабиёт ва шоиру нависандагон ӯ аз худ китоби ёддоштҳои адабиро ба ёдгор гузоштааст, ки ин ёддоштҳояш бахусус барои доираи мутахассисони соҳаи адабиёти рус ва мухлисони ин адабиёти бузург бағоят аҳамиятнок мебошанд.
Аз осорҳои ёддоштии ӯ мо дар хусуси адибон –Д.В.Григорович, И.А.Гончаров, И.С.Тургенев, А.Ф.Писемский, А.Н Островский, Ф.М. Достоевский, Л.Н. Толстой, А.Н. Чехов, Некрасов Н.Л. Панаев А.Л, Дружинин А.В. Горький А.М. ва ғайраҳо маълумот гирифта метавонем. Навиштаҳои ёддоштии Анатолий Фёдoрович дар хусуси ин нависандаҳои бузург бо як санъати баланди адабӣ, назари шахсии нависанда иншо гардида, барҳақ ин ҳуқуқшиноси нобиғаро дар қатори адибони маъруф ҷой намудаанд.
Анатолий Фёдoрович Кони соли 1890 аз тарафи Донишгоҳи Харков бо унвони илмии доктори ҳуқуқ шарафёб гашта, соли 1896 академики фахрӣ, соли 1898 аъзои фахрии Академияи илмҳо аз рӯи санъати нутқ интихоб мегардад. Соли 1918 бошад ӯ ба ҳайси профессори кафедраи мурофиаи ҷиноию судии Донишгоҳи Санкт – Петербург (Петербург) интихоб мешавад.
Барои хизматхои бузурги ҳуқуқӣ, адабӣ А.Ф. Кони бо бештар аз 12 мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ гаштааст. Аз ҷумла солҳои 1901 ва 1907 барои тақризҳои асарҳои бадеӣ ва тақризи «Очеркҳо ва ҳикояҳо»-и А.П.Чехов ду маротиба бо медали тиллоии ба номи А.С.Пушкини Академияи илмҳо қадршиносӣ мешавад.
Соли 1909 бошад барои танқиди адабии асарҳои бадеӣ маротибаи саввум бо ин медали тиллоӣ, мукофоти олии Академияи илмҳои Русия қадршиносӣ мегардад.
А.Ф.Кони соли 1927 дар сини 83 солагиаш вафот кардааст. Аз худ номи неку кори нек, асарҳои зиёде боқӣ гузошт, ки то абад равшангари роҳи ҳуқуқшиносон ва мардуми адолатпешаи ҷаҳон хоҳанд буд. Бо ибораи дигар яке аз андешахои барҷастаи ӯ «Танҳо дар эҷод шодӣ ҳаст, дигар ҳама корҳо ғубор ва ботил ҳастанд» ӯро то абад бо асарҳои хонданбобаш зинда нигоҳ медоранд.
Дар асарҳои мунтахаби ӯ ба байти машҳури Шайх Саъдии Шерозӣ:
Ёд дорӣ, ки вақти зодани ту,
Ҳама хандон буданду ту гирён,
Ончунон зӣ, ки баъди мурдани ту,
Ҳама гирён шаванду ту хандон.
дучор омадан мумкин аст, ки мазмуни баланди ахлоқии ин байти шоири мо ҳуқуқшиноси адолатпарвари русро сахт ба ҳаяҷон овардааст!
Эҷодиёти ин адиб ва ҳуқуқшиноси бузург барои мактабҳои ҳуқуқшиносони ҷавони тоҷик нақши муҳиме хоҳад бозид. Аз ин рӯ тарҷумаи асарҳои ӯ, ки дар зарфи 74 соли вуҷуддошти Ҳукумати Шӯравӣ бо забони тоҷикӣ тарҷума нашудаанд, айни ҳол ҳатмист.
Тарҷумаи хуб ва хушсифати ин асарҳо барои ҳуқуқшиносони ҷавону ояндаи кишвар, бархурдор гаштани онҳо аз ин мактаби бузурги «ҳуқуқӣ – адабӣ» аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.
Шиносоӣ бо асарҳои ин нобиғаи ҳуқуқ ва адабиёт дар роҳи тарбияи ҳуқуқшиносони боистеъдод нақши бузург аз худ ба ҷой хоҳад гузошт.
Варқа Зайниддин,
ёвари калони прокурори вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 1,
«АЗ ХОТИРАҲОИ ҚАЗОНӢ»
Агар олими ҷурмшиноси маъруф Ламброзо зинда мебуд ва ҷинояткореро бо насаби Нечаев, ки ман дар мурофиаи судӣ ӯро айбдор мекардам, медид, он гоҳ дар симои ӯ намояндаи хело намоёни назарияи олимони италиявӣ оиди намуди ҷинояткорон ва ҷинояткорӣ модарзодро дармеёфт. Қомати кӯтоҳи пакана, бо пешонаи хурд, чашмони хунгирифта, бинии паҳни калони ӯ ба ҳама навиштаҳои профессори Болонӣ (шаҳре дар Италия), ки симои ҷинояткоронро дар асарҳояш тасвир карданро дӯст медошт, монанд буд. Бо ин симои нозеб, ӯ сири равонии худро бо омезиши сангдилӣ, худсарӣ ва ҳиссиёти амалаш ботинан ниҳон медошт.
Соли 1871 амали неке кардан ба рӯзи ҷумъа, ҳафтаи омурзиш рост омад. “Анъанаҳои қадимаи халқи русро мӯйсафеди кӯҳнадӯз Чернов сахт риоя намуда, ба дари зиндон рафт. Ӯ мехост дар ин ҳафтаи муқаддас ба ҷои озод кардани парранда, инсонеро аз зиндон озод намояд. Дар зиндон фаҳмид, ки он ҷо Нечаев ном шахс, собиқ котиби ҳарбии баистеъфобаромада барои дуздӣ ҷазо гирифта, паси панҷара бинобар надоштани васӣ ба маблағи 50 сӯм истодааст. Чернов дар ин ҳол ба сардори зиндон муроҷиат намуда, маҳбус Нечаевро ба васигӣ, барои тарбия гирифта, ба ӯ ду куртаи сатин ва 1 сӯми нуқрагин тӯҳфа мекунад. Нечаев бо ин тӯҳфаҳо якбора ғайб зада, баъди вуқӯъи ноништаи идона ба он ҷо ва албатта бе пулу курта бармегардад.
Пагоҳирӯзӣ, рӯзи муқаддаси якшанбеи идона боз аз мӯйсафед пул талаб мекунад, лекин Чернов ин талаби ӯро рад менамояд.
Соати 4-и рӯз Чернов аллакай кушта шуда, дар рӯйи баданаш хун паҳн гашта, гарданаш қариб пурра бурида, сараш дар пӯст овезон буд. Ин куштор бо табар иҷро гашта, кисаҳои ӯ чаппа карда шуда, аз девор палтои нави дӯхтаи ӯ нопадид гашта буд. Нечаев низ ба куҷое ғайб зада буд.
Ӯро баъди ҷустуҷӯ аз хонаи ошиқон дарёфтанд. Дар пушташ ва куртааш доғи калони хушкшуда ёфтанд. Ҳамчунин дар дарун ва пушти палто низ манзараи доғи хун пайдо гашт. Нечаев худро худсарона ба нодонӣ зада, изҳор медошт, ки Черновро намешиносад ва ба хонааш нарафтааст.
Вақте ки ӯро бо роҳбаладӣ ба хонаи Чернов барои иштирок ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса мебурданд, ӯ ба губернатор, ки аз он наздикӣ мегузашт, густохона иброз дошт: “Алоҳазрат, ман чӣ гуна пулро нишон медиҳам? Агар пул калон мешуд, дигар гап буд?!”
Пеш аз азназаргузаронӣ ва кушодани ҷасад дар театри анатомии Донишгоҳ Нечаев ба ман ариза ирсол намуда, хоҳиши иштирок дар онро кард. Ҳангоми хондани хулосаи ташхиси тиббӣ, ки аз тарафи профессор Гвоздев садо дод, Нечаев ба таври ғайриоддӣ худро ором нигоҳ дошта, бо диққат гӯш кард. Вақте ки профессор хулосаро хонда ба охир расонд, Нечаев аз ман пурсид “Хунравӣ аз пешонаро чӣ гуна фаҳмам?”. Ман аз профессор хоҳиш кардам, ки онро шарҳ диҳад. Гвоздев изҳор дошт, ки ин хунравиро бояд баъди марг донист. Шояд Чернов баъди афтидан аз харак ва баъди афтида мурданаш аз олоти кунде ва сахте зарба хӯрда бошад.
Нечаев бо ғазаб писханд зада, ба ман ва муфаттиш гуфт: “Ҳм, баъди марг?!, ин аҳмақ фиреб мекунад, вайро ман бо табар задам, шахси зиндаро ман задам, вай баъди зарбаи ман дод мезад”. Дар ин ҳолат Нечаев оиди ҳодиса ба нақл сар кард, ки чӣ тавр баъди ба ӯ пул надодани Чернов ӯро интизор шуда, ба ғазаб омада буд ва чӣ тавр Чернов, ки каме нӯшида будааст, ба ӯ изҳор доштааст, ки ким чи дили ӯро зер карда истодаасту аниқан соати маргаш наздик ҳаст”. Ман ҳис кардам, ки ҳақиқатан соати маргаш наздик аст. Бо мукӣ ба фуки ӯ зада, аз харак афтондам, табарро гирифта ба пешонааш фуровардам. Ӯ дод зад “Ту роҳзан чӣ кор мекунӣ?!” баъдан ким чизе гуфта, баъд хомӯш гашт. Ман ба кофтани кисаҳои ӯ сар кардам. Дидам, ки ҳанӯз зинда аст, бо табар ба пушти гарданаш фуровардам, ки хунаш фаввора зада пош хӯрда ба палто афтид.
Ман дарзашро, ки нав буд, чаппа гардонида, онро пӯшидам. Ҳангоми пӯшидани палто хунро надидам. Мана бо ҳамин сабаб дар пушти ман доғҳои хун пайдо шуданд. Шумо бошед, бовар кардед, ки ин доғҳои хун аз биниям ҳастанд, писхандомез гуфт ӯ ба муфаттиш.
Дар зиндон ӯ худро ором нигоҳ дошта, хоҳиш намуд, ки китоб хонад, лекин вақте ки ман боре ба камера наздаш даромадам, ӯ аз болои назоратчии зиндон кадом як арзи ноҷоеро кард ва чун арзаш қонеъ нагашт, иброз дошт, ки аз болои ман шикоят хоҳад кард. Гуфтам ба прокурори палатаи судӣ ва ё вазири адлия, ки баъди як ҳафта меояд муроҷиат кунад. Нечаев суол дод, ки пас дар қазияи ман вазир иштирок мекунад? Бале, гуфтам, баъд иброз дошт, ки прокурор кист? Гуфтам, ки ман. Илтимос кард, ки ҷаноби прокурор ғами маро хӯред, ба каторга рафтан он қадар хубӣ надорад. Изҳор доштам, ки дар вақташ фикр мекардӣ, одам намекуштӣ. Иброз дошт, ки чаро Чернов ба ӯ пул надод? Ӯ низ одам аст, дар идҳо хурсандӣ кардан мехоҳад! Баъдан хоҳиш кард, ки ба ӯ гурбаро, ки он ҷо мегаштанд диҳанд, аз китоб онҳо хубтаранд изҳор дошт ӯ. Ин хоҳиши ӯро иҷро кардем. Дар мурофиаи судӣ бошад, вазири адлия Пален (вазири адлияи вақти Русия, шарҳи мутарҷим), ки ба Қазон барои санҷиш омада буд, иштирок намуд. Нечаев дар суд иброз дошт, ки куштор ба таври таъҷилӣ, фавран рух дод. Суд ба ӯ гузашт накарда, 10 сол ҷазои каторга дод. Ҳамон рӯз дворянҳои қазонӣ ва ҷамъияти шаҳрӣ ба шарофати омадани вазири адлия зиёфат оростанд. Дар нисфи зиёфат, ба ман гуфтанд, ки назоратчии зиндон бо кори таъҷилӣ ба назди ман омадааст. Ман ба назди ӯ омадам. Назоратчӣ иброз дошт, ки Нечаев баъди мурофиаи судӣ ҷанҷол бардошта, аз муҳофизон яроқро гирифта, корди онро қатъ намуда, хиштеро аз печкаи камера канда, иброз медорад, ки касе наздаш ояд, сарашро майда хоҳад кард. Аз дасташ яроқро гирифтанд. Аз ман бошад назоратчӣ чун прокурори губерния розигиямро оиди ба дасту пояи Нечаев ишкел задан гирифтан мехост. Ман ба ин амали охирин розӣ нашуда, гуфтам, ки дигар чораҳоро барои оромияш андешанд. Пурсидам, ки гурбаҳо ҳамроҳаш ҳастанд. Гуфт, ки ҳамроҳашанд. Охирин дороияшро дода, онҳоро шир мехӯронад.
Супориш додам, ки онҳоро аз ӯ гиранд. Назоратчӣ чун корманди замони кӯҳна, ба ман аҷоибона назар дӯхта, итоат гуфту рафт. Аз байн 3 рӯз гузашт. Назоратчӣ ба наздам омад. “Ҷаноби прокурор иҷозат диҳед гурбаҳоро ба Нечаев диҳем” иброз дошт ӯ. Ҳамчунин нақл намуд, ки баъди гурбаҳоро аз дасташ гирифтан, ӯ чизе нахӯрда, дар камера гиря мекунад ва талаби гурбаҳоро дорад, ки ором мегираду лекин онҳоро ба ӯ баргардонем, ҳатто диламон сӯхт. Вай худро хуб нишон хоҳад дод.
Баъдан гурбаҳоро бо розигии ман-прокурори губерния ба Нечаев баргардонданд ва дарзамон ӯ ором гирифт.
«АЗ ТАҲЛИЛҲОИ ПРОКУРОРӢ»
Ҳангоми прокурори округи судӣ буданам дар Петербург ба ман баъзан лозим меомад, ки аз тартиби расмии фаъолият баромада, дар бархе аз ҳолатҳо барои оғози кори ҷиноятӣ саросема нашавам. Дар дигар ҳолат бошад, баръакс огоҳ намоям, ки чунин чора имкон дорад ва бо ҳамин роҳ ахирон амалҳои носавобро бартараф ва нодаркор гардонам.
Дар ҳолати аввал лозим донистам, ки вақт диҳам, то андеша ва фикри некро ба худ моя қарор диҳад, дуввумин бошад, бе ягон муҳокимаи судӣ сабаби арзро аз байн барам.
Мана ду ҳолат аз лавҳаи хотираи прокурории ман:
Дар нимаи аввали солҳои 70-ум (асри Х1Х, шарҳи мутарҷим) ба утоқи прокурории ман афсаре бо либоси ҳарбӣ ворид гашт, ки салиби георгевӣ дар либоси ӯ ҷой дошт.
Рангу рӯи хира ва қатъӣ, чашмонаш ба дурӣ назар мекарданд. «Ман писари машваратчии махфӣ И.И. мебошам. Шумо шояд донед, поручики қушуни дар Округи ҳарбии Туркистон воқеъ буда ҳастам. Вақти хурдиям модарам барои ман моликияти зиёдеро мерос гузошта, падарамро васӣ интихоб намуда буд. Ҳангоми дар корпуси кадетӣ ва дар кишвари дурдаст дар хизмат буданам, падарам тамоман дороии маро аз худ карда фурӯхтааст. Ҳангоми пурсиданаш саркашӣ карда, ба ман лозим омад, ки муқобили ӯ даъво пешниҳод намоям. Суд талаби маро қонеъ гардонд, лекин ба қарори суд падарам эътиборе надода, мегӯяд, ки ҳеҷ пуле нагирифтааст ва аз додани маблағ сарпечӣ карда истодааст. Ин изҳороти ӯ расмӣ кунонида шуда, ман гуфтам, ки корро ин гуна боқӣ нахоҳам гузошт. Ҳамчунин маро сардори жандармҳо ҷеғ зада, ба назди харитаи Русия бурда, Калъаи Арханггелскро нишон дода гуфт, ки агар ман даъвоҳои худамро аз болои падари шарафмандам бас накунам, пас ман метавонам, ки ба ин шаҳр аз наздик шинос шавам, яъне тариқи маъмурӣ бадарға шавам”. Бо ин суханҳо ӯ аризаашро, ки аз тарафи шахси огоҳ аз корои ҷиноятӣ иншо гашта буд ба ман дароз кард.
– “Хуб, изҳор доштам ман, муфаттишро супориш медиҳам, ки санҷиш гузаронад”.
– “Оё айбдоршаванда ҳабс мешавад?”, гуфт афсар бо лабханди хунукаш. “Ман маълумоте дорам, ки ӯ ба миқдори зиёд тилло харида истодааст. Шояд ӯ ба хориҷа гурехтанӣ бошад. Хоҳишмандам, фаҳмам, ки кай ба муфаттиш супориш медиҳед: Оё имрӯз мумкин нест? “Не, аз як ҳафта пеш ман чунин супориш нахоҳам дод”. “Чаро чунин? Қазия равшан аст. Санҷиши шикояти ҷабрдида бо моддаҳои 303 ва 307-и Оинномаи истеҳсолоти судӣ ҷиноӣ ҳатмист”. Ба ҳаяҷон омада, сурх шуд вай, – “Шумо оинномаи судиро медонед, ки барои думболагириро оғоз кардан муҳлати ҳатмӣ муқаррар намудааст. Ин маълум аст, зеро ки прокурор ва муфаттиш бояд имкониятеро дошта бошанд, ки бо роҳи таҳқиқ тартиби ҷой доштани ҷиноятро муайян кунанд”.
“Ҳа! Фарёд кард ӯ, лекин гунаҳгор то шумо мавод ҷамъ карда ба муфаттиш медиҳед, ки ба хориҷа гурехта меравад!»
– Дар ин хусус хавотир нашавед, дар асоси шикояти шумо ба шаҳрдорӣ муроҷиат намуда, додани шиносномаи хориҷиро ба муҳлати чанд рӯз бозмедорем”. – “Ин тавр бошад давоми як ҳафта?” тез гуфт ҷавон ва ба сӯи дар равона гашт.
“Хоҳиш менамоям, Шуморо бозмедорам, марҳамат шинед. Метавонам, ки аз Шумо пурсам, ки Шумо бо чӣ рӯз мегузаронед, бе он моликияти азонихуд намудаи падаратон?”. “Бо маошам”.
– Дар зиндагиатон мерасад? “Бале!. Талаботи ман зиёд нест». – Ин тавр бошад, чаро Шумо барои моликияти азонихудкардани падаратон розӣ нестед? Ҳоло он, ки ба он низ мӯҳтоҷ нестед?
– Не мӯҳтоҷ нестам, лекин ӯ ба ин ҳуқуқ надошт! Ман ба ин роҳ намедиҳам!
– Оё Шумо манзараи суди ояндаро нисбати падаратон тасаввур мекунед? Мӯйсафедро лозим меояд, ки ба ҳабс гирем, ҳатто Шумо инро талаб доред. Вайро лозим меояд, ки назди издиҳом истад, байни ду жандарм. Манзараи ҳузнангезе. Ба Шумо лозим меояд, ки нисбати ӯ нишондод диҳед. Адвокатхо низ дар мурофиа Шуморо ором нахоҳанд гузошт. Баъдан падари Шумо мумкин аз дороияш маҳрум ва ба Сибир бадарға шавад. Шумо чун даъвогари гражданӣ баъдан соҳиби тамоми дороӣ мегардед, мумкин баъди 1 ё 2 соли вафоти падаратон ин дороӣ бе ин ҳам насибатон шавад. “Ман медонам, ба ҳама чиз тайёрам, кор қатъиян тааллуқдори ман аст”- бо зарба гуфт ҳамсӯҳбатам. “Баъди 1 ҳафта хоҳиши Шумо иҷро мешавад. Шумо зиндагиро бо кару фар метавонед оғоз намоед. Ҳамроҳ бо рафиқон ва ё занҳое, ки гирди мардони пулдор мегарданд. Шумо дар ресторанҳои беҳтарин хӯрок хоҳед хӯрд ва шампон хоҳед нӯшид. Дар кӯча бошад, гирдбоди хунук ва беодам хоҳад вазид. Гирдоб барфро ба тиреза хоҳад пошид. Ҳамин вақт шояд ба сари Шумо фикре ояд: “Мӯйсафеди падари ман дар чунин ҳавои хунук, танҳо, бе қувват, бекор дар губернияи Ёқутистон аст, ӯро ман фиристодам, писараш” … Шуморо ман ба тааҷҷуб овардани нестам, дар чунун ҳолат, корро дигар тарз намешавад фикр кард.
Ҳамчунон, ки ман наметавонам, ки супориши худро оиди коркарди тафтишотӣ қафо гардонам. Бо чунин қазияи қарори қатъии судӣ гуфтам, ки таҳқиқ лозим аст ва аз ваколатҳоям истифода хоҳам бурд. Мумкин Шумо дар ин муҳлат хулоса бароред. Лекин баъди як ҳафта агар Шумо арзе накунед, ба муфаттиш супориш медиҳам, ки тафтишро сар карда, падаратро ҳабс кунад, поручик норозиёна, дастонашро ба ҳам соиш дода баромада рафт.
Аз байн як ҳафта гузашт, рӯз ва соати муайянгашта наздик меомад, лекин аз шикояткунанда на пай буду на ҳайдар.
Ман аз ғаладони миз аризаро гирифта, дар гӯшааш имзои худро гузошта, хостам муфаттишро ба гузаронидани тафтишот водор намоям, ҳамин вақт афсари ҷавон вориди утоқи ман гашт. Ба мизи ман наздик шуда, бо афти ҷиддӣ ба ман нигоҳ карда иброз дошт:
“Ман омадам, ки шикояти маро бардоред”. – “Шуморо падаратон қонеъ кард?”. – “Не, ман ӯро надидам, лекин намехоҳам, ки ӯро пайгирӣ намоянд!” “Гӯш мекунам, хоҳиши Шумо иҷро хоҳад шуд” иброз доштам ман. Дар гӯшаи ариза навиштам: “Бе санҷиш аз рӯи хоҳиши даҳонии шикоятдор аз коркард бардошта шавад”. Ӯ аз мизи ман дур нарафта, бо чашмони ҳайратовар аз ман илтимос кард, ки аризаро ба ӯ диҳам. “Ба Шумо чӣ лозим бо навиштаи ман он аллакай ғайриқонунист”. – “Ман сурх шуда гуфт ӯ, шарм медорам”.
Ман хомӯшона коғазро ба ӯ додам. Ӯ онро маҷақ карда, ба кисааш андохта, тез аз дар берун шуд. Баъди чанде дарро кушода даромад ва иброз дошт:
Ҷаноби прокурор ба Шумо гуфтан мехоҳам, ки аз Шумо бисёр миннатдорам: Шумо ба ман ёрӣ додед, ки ман инсони бомаъни боқӣ монам!
Ӯ дарро сахт пӯшида, нопадид гашт!
– Бо бархе аз парвандаҳои махсус, аз чумла оиди таҳқири шаъну шараф ва таҷовуз ба номуси занҳо ман чандин маротиба бо доктори тиб, ташхисгари судию тибии моҳир вохӯрдаам. Ӯ ҷавони зебое буда, доимо либоси зебо мепӯшид, ки момодояҳо ва гинекологҳоро ба худ ҷалб мекард. Мӯяш доимо шона задашуда бӯи атр мекард.
Боре хабарнигор ба ман иттилоъ дод, ки ташхисгар омада, щуморо ҷустуҷӯ дорад. Ӯ тамоман хафа ва асабист хабар дод ӯ. Баъди чанде ман ӯро дар идораи кориям қабул кардам. Худоё, ӯ чӣ гуна намуде дошт! Рангу рӯяш канда, мӯйлабҳояш болою поён, галстукаш каҷ, костюмаш дар танаш номувофиқ, чеҳрааш сафед, дастонаш меларзиданд. “Ба ту чӣ шуд”- пурсидам ман? Ӯ беқувватона ба кресло нишаста, гуфт, ки кайфияташ паридааст. “Бо ман бадбахтие аз тарафи шахси аблаҳе рӯй додаст, назди Шумо барои ёрӣ омадаам”. Ӯ бо ҳаяҷон сухан мекард. “Ман хостам чиптаи заёми дохилиро харам. Барои ин рӯзи 3-юм ба нуқтаи пуливазкунии назди қасри меҳмонон рафтам. Интихобан яке аз чиптаҳоро, ки пешхизмат пешниҳод намуд гирифтам. Пурсидам, ки баромад, ҷавоб доданд, ки не, ман ба шубҳа афтодам. Дар ин ҳолат хӯҷаини ин нуқта изҳор дошт: “Мо чиптаҳои дар тираж мебаромадаро намефурӯшем ҷаноб, агар шубҳа доред ба дигар нуқта равед?! Ӯ ба пешхизмат гуфт, ки руйхатро диҳед худаш бинад. Ман бо диққат назар дӯхта дидам, ки дар чиптае, ки пулашро пешниҳод карда будам ва дар пештахта мехобиду хӯҷаин онро нагирифта буд 75 ҳазор сӯм бурд баромадааст. “Мана шумо мегӯед, ки ҷадвалро месанҷед, лекин…”. “Ҷаноб, пулатонро гиреду аз дигар нуқта пул гиред. Шумо ҳуқуқдонҳо танҳо ба дил мезанед!”.
“Не, мана нигоҳ кунед, билети ман 75 ҳазор буридааст”.
Хӯҷаини нуқта ба ҷадвал нигоҳ карда, сурх шуд ва гуфт: “Худоё, худоё, ғайриоддӣ”. Вақте ки ӯ каме ором шуд, ба ӯ гуфтам, ки ман аз бадбахтии ӯ истифода намекунам, чиптаро намегирам, лекин аз ин амалам, мукофот нисфи пулро мехоҳам, ӯ розӣ шуд, лекин гуфт, ки ҳоло асабӣ ҳаст пагоҳӣ биёям. Ман розӣ шудам. Рӯзи дигараш ду бор рафта ӯро наёфтам, маротибаи 3-юм соатҳои вақти нисфирӯзӣ ӯро дарёфтам. Вақте, ки ман ба ӯ гуфтам, ки ман омадам. Ӯ ба ман бо суол назар дӯхта, баъд гӯё чизеро ба ёд овард: “Аҳа, мо тайёр кардаем гуфта, ба ман лифофаеро дод.
Дар он 300 сӯм мехобид. Аз ин амали ӯ нохост хун ба сарам зад. Ба ӯ иброз доштам, ки аз 75 ҳазор ваъда буд, ки нисфашро мегирам. Ин чӣ гап аст? Ман лифофаро партофтам. Ӯ пулҳоро аз замин чида гирифта, иброз дошт, ки ӯ ба ман чизеро вазифадор ба додан нест, дар дафтар навишта шудааст, ки ба ман чипта фурӯхта шуд. Намегиред, ба худатон бадтар аст.
Ман аз он ҷо чун ваҳшӣ баромадам, зеро ки чиптаро саросемавор ба онҳо дода будам. Онҳо бошанд, аллакай рақамро дар руйхат дигар кардаанд. “Ман бегоҳӣ назди онҳо омада гуфтам, ки ба прокурор муроҷиат хоҳам кард”.
Ӯ аз ман илтимос кард, ки барои тафтиши ин кор супориш диҳам, зеро танҳо ман метавонам, ки ин ҳаннотонро ба ларза оварам. Чашмони ӯ ба ман бо таманно менигаристанд. Аз табиби тавоно ӯ якбора ба шахси ба худаш номаълум, ба шахси ваҳшии хунхори пул пеши назараш омада монанд гашта буд.
Ман иброз доштам, ки амалиёт пурра анҷом наёфтааст, нодуруст аст, ба ӯ ёрие расонида наметавонам. Баръакс, агар шумо рӯирост худро аз ӯ пинҳон дошта, чиптаро истифода мекардед, ӯ метавонист ба суди ҷиноӣ муроҷиат намояд.
“Наход ҳамааш аз даст рафта бошад”- изҳор дошт ӯ. Ӯ бисёр ғамолуд буд, маълум буд, ки шаби бехобиро барои 75 ҳазор сӯм аз сар гузаронидааст. Ҳоло он, ки ӯ ҷавон, бо қувваи тавоное буд, натанҳо ба чизе эҳтиёҷ надошт, балки таҷрибаи бисёр хуби ҳаёти низ дошт.
Баъди рафтани ӯ ба ман хабар расид, ки ба назди ман соҳиби нуқтаи пуливазкунӣ омадааст.
Марди миёнсол иброз дошт, ки таҳдиди “ҷаноби доктор” оё дуруст аст. Барои ин амал оё намешавад, ки чунун корро ба роҳи оштӣ қатъ намоем.
Ман иброз доштам, ки шахси гуфтааш дар ҳақиқат омада буд, лекин тибқи гуфтаҳои ӯ ман таркиби ҷиноятро наёфтам. Оиди додани тӯҳфа бошад ман чизе намегӯям. Ӯ иброз дошт, ки ҷаноби доктор дар бораи ин гуфт, лекин нашавад, ки ҳама чиз бо пул баҳо дода шавад.
Ман метавонам, ки ба ӯ чанди дигар пул диҳам, ба он хотир, ки онҳо бурди маро аз худ накарданд. Иҷозат медиҳед, ки ба ӯ пул диҳам. Ман иброз доштам, ки ин амалаш ба ман дахле надорад.
Баъдан дар ҳаётам на ину на онро дигар надидам.
Тарҷумаи Варқа ЗАЙНИДДИН
аз мунтахаботи А.Ф.Конӣ