Хотираҳои инсон гоҳо тира, беранг, берӯҳ ва гоҳо хеле рӯшану сабз мешаванд. Рӯзгоре, ки сарфи корҳои беҳуда, талошҳои беарзиш, рақобату фитна шудааст, бешубҳа дар хотира тираву беранг боқӣ мемонанд. Вале лаҳзаҳо, шояд лаҳзаҳои хеле кӯтоҳе, ки такони ҷиддие барои худсозӣ ва худшиносии инсон маҳсуб мешаванд, дар оинаи хотираҳо хеле рӯшан таҷаллӣ доранд. Ҳамин хотираҳои рӯшан ва сабз аз устоди раҳнамо ва зиндаёдам Абдулманнони Насриддин, ки дар ҳаёти банда нақши муассир дошт, ҳамеша бо ман аст.

Ӯ барои мо шогирдон чароғи раҳнамое буд, ки роҳи моро дар кӯчаҳои торик ва пурпечутоби зиндагӣ рӯшан мекард то ба манзили мақсуд бирасем. Ӯ барои мо шогирдон тимсоли маърифат, ақл, дониш ва виҷдон буд.

Устод ҳаргиз ба касе садо баланд намекарданд. Ҳасад, кина, бухл барояшон комилан бегона буд. Касеро дар ғайбаш носазо намегуфтанд. Мо борҳо шоҳиди он будем, ки хунсардиву оромии эшон бадхоҳонашонро сахт мунфаил карда буд. Боре як нафар аз «носеҳон», ки шахси шинохта буд, дар ҳузурашон ишораву кинояҳои бемантиқ ва беъманӣ мекард, то устодро нороҳат созад. Устод оромона рӯзнома мехонданду, мо шогирдон аз хомӯшии эшон дар шигифт будем: Чаро Устод таҳқири ин тезмағзи бефаросатро таҳаммул мекунанд?

Ниҳоят он марди ҳарзагӯй низ аз хомӯшии устод ба ғазаб омаду гуфт: -Абдулмаънон, чаро ба гуфтаҳои ман посух намедиҳед?! Устод оромона рӯзномаро канори миз гузоштанд:- Узр, ман иштибоҳ кардам. Гумон доштам, ки марди оқил ҳастеду аз рузномахонии ба фаросат дармеёбед, ки банда бо Шумо хоҳиши суҳбат ё сари баҳс надорам… Он мард, ки то ин дам худро ғолиби майдони баҳс эҳсос мекард, саросемавор кулоҳашро ба даст гирифту мағлубу шармсор аз кафедра берун шуд.

Устод ҷониби мо нигаристанду бо табассум гуфтанд: Гоҳо шарт нест, ки пешорӯи шумо оташи баланд бошад аз болои он биҷаҳеду домани худ сӯзед. Беҳтараш аз канори он гузаред, ки бе шикаст ба манзил бирасед. Ин моҷаро барои мо шогирдон як дарс буд. Мо ба хубӣ дарк кардем, ки бо шахси бефарҳанг ва ҷоҳил баҳсу пархош кардан аз оини фаросат нест.

Агар ҳангоми дарс иштибоҳ мекардем ва ё ба дарки маъние намерафтем устод ҳаргиз мазаммат намекарданд, балки оромона ва бо малоҳати хосе асли матлабро шарҳ медоданд.

Дар яке аз дарсҳои курси аввал, ки ҳанӯз парвози андешаҳо дар фазои мактаб буд, пораеро аз «Маснавии Маънавӣ» қироат кардем:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад,

К-аз найистон то маро бибридаанд,

Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Сина хохам шарҳашарҳа аз фироқ,

То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ,

Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш…

– Устод, ҳадаф аз «най» дар ин матлаб чист?- суол кардам аз эшон.

Ба андешаи худи шумо муроди Мавлоно аз «най» чӣ буд?- табассум карданд устод.

Чун ҷавон будему худнамоиву ман-мани бештар хоси насли мо буд, густохона гуфтам: – «Най» ишора ба инсон аст, ки аз ҷамъияти худ дур афтода ва дар ҳасрати фироқ менолад. Дар тақвияти фикри худ марди олмониеро мисол овардам, ки баъд аз ҷанг дар шаҳри мо зиндагӣ ихтиёр кард. Соҳиби зану фарзанд ва хонаву дар буд, вале дар поёни умр ҳамеша ёди Ватан ва ёру бародарон мекард ва бо ҳамин ҳасрат дунёро тарк кард.

Устод пас аз лаҳзае андеша гуфтанд: – Шарҳи хеле ҷолиб. Вале мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз соликони роҳи ҳақиқат ва аҳли ирфон буд. Бузургии Мавлоно низ дар он аст, ки ҳар касе дархури завқ ва маърифат аз ашъори ӯ бардоште дорад. Дар ашъори шуарои мутасаввиф «асл» ишора бар «Зоти мутлақ» аст, ки ҳастии «инсон» аз он сарчашма мегирад. Ва вақте Мавлоно мегӯяд:

Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш…

Манзури ӯ низ ҷудоии инсон аз ҳамон олами итлоқ ва фироқ аз ҷамоли Зоти зулҷалол аст.

Баъдтар, вақте ки дар курсҳои боло бо дастур ва раҳнамоии устод осори Мирзо Абдулқодири Бедилро меомӯхтам аз завқу ҷазаботи шоирони ориф иттилоъ ёфтам ва ҳамин «ҷустани рӯзгори васл»-ро дар ашъори Абулмаони пайдо кардам:

Субҳе ба гӯши ибратам аз дил садо расид,

К-ай бехабар ба мо бирасид, ҳар ки ворасид.

Дарёст, қатрае, ки ба дарё расидааст,

Ҷуз мо каси дигар натавонад ба мо расид.

Ин ҳамон нидои «Аналҳақ» буд, ки зоҳидони зоҳирпараст ва муллоҳои мутаассиб ба ҳақиқати он нарасиданд ва Мансури Ҳаллоҷро ба ҷурми куфр ба дор кашиданд. «Қатра» низ дар ин байт мисли «най» тадоии инсон аст, ки чун ба ҷавори Ҳақ расид, дигар дар ҳоли ҳулул аст. Яъне қатра вақте ба дарё расид, дигар қатра нест, балки дарёст…

Ҳиндуҳо масале доранд, ки агар меваи чормағз ба дарё афтод, дигар моли дарахт нест, балки моли дарёст. Дарё онро ба ҳар соҳиле афканад он ҷо реша мегирад ва дарахти дигаре сабз мешавад. Устод низ барои мо шогирдон тимсоли дарё буданд, ки ҳар яке аз дарахти хонавода ба оғӯши бекарони эшон меафтодем ва моро ба соҳили мақсуд роҳнамоӣ мекарданд, то реша бигирему сабз шавем.

Сарнавишт маро соли 2002 ба шаҳри Душанбе овард. Дигар аз файзи суҳбати устод низ андаке дур шудам. Солҳо мегузаштанд ва танҳо дар ҳоли сафар ба шаҳри Хуҷанд ва ё ҳангоми мураххасӣ аз кор ба дидорашон мерасидам. Агар устод ҳам ба Душанбе меомаданд аз мо суроғ мекарданд ва ҳатман зиёрат мекардем.

Мо шогирдон як бо вуҷуди дар вазифаҳои баланд ва гуногун кор кардан, як одатро тарк накардем. Дар ҳузури устод худро ҳанӯз донишҷӯ эҳсос мекадем ва ҷуръат надоштем, ки зиёд ҳарф занем. Мусаллам буд, ки устод ба дониш, маърифат, хирад ва ҷавонмардӣ садҳо раҳ аз мо муқаддамтар буданд. Ҳамин эҳсос моро аз зиёдравӣ ҳушдор медод.

Боре дар як сафар ҳамроҳи бародари арҷманди мо Саидумрон Саидов барои як шаб ба кулбаи хоксоронаи мо меҳмон шуданд. Чун моҳе қабл дар деҳа як амали хайр, тӯи суннатии фарзандонро баргузор карда будем, аз ҷумлаи бародарони Душанбегӣ гоҳо барои табрик ба хона меомаданд. Табиист, ки барои онҳо дастархон меоростем ва чун анъана аз шаробҳои тӯй болои он мениҳодем. Тифоқо писаронам Шаҳриёр ва Баҳманёр, ки устод онҳоро бо муҳабат набераҳоям мегуфтанд, фикр карданд, ки эшон низ барои табрики тӯй омадаанд  ва аз ошхона ду шаробро оварда болои дастархон гузоштанд. Устод чун шароб наменӯшиданду аз шаробхораҳо низ безор буданд, банда дар ҳолате афтодам, ки тасвирнопазир буд. Намедонистам аз хиҷолат сарамро ба куҷо занам. Вале устод бо завқ хандиданду шӯхиомез гуфтанд: – Мо насибаамонро дар тӯйи Шумо гирифта будем, инҳоро баред ҷони бобову як чойи кабуд биёред.

Рӯзи дигар пеш аз сафар таъкид карданд:- Мулло Бахтиёр, мабодо сирам фош шуд гуфта, баъд аз рафтани ман набераҳоямро наранҷонӣ. (Устод ҳангоми насиҳату дӯсторӣ бо банда ба унвони «ту» хитоб мекарданд ва ман аз ин амалашон назди дигар шогирдон ифтихор мекардам) Агар шароб нӯши шояд бахшам, вале агар Шаҳриёру Баҳманёрро ранҷонӣ ҳаргиз намебахшам… Оё ҳадде доштам, ки баъд аз ин ҳушдорӣ ба тифлакони худ садо баланд кунам?

Вале… Сафари охирини устод ба шаҳри Душанбе барои мо хеле гарон буд. Рӯзе телефон садо дод, бардоштам ва овози маъюси Саидумронро шунидам: – Устод барои ташхис ба Душанбе мераванд, имкон дорӣ, ки истиқбол гирӣ? Вақте фурудгоҳ омадам он ҷо устодро академик Носирҷон Салимов, устоди шодравон Фарҳод Зикриёев, муовини Директори маркази саратоншиносӣ Зафар Абдуллоев ва чанд нафари дигар интизор буданд.

Чанд рӯз шарафи хизмати устод ба зиммаи мо буд, вале кош устод бемор намешуданду мо низ аз шарафи чунин хизмат бенасиб мемондем. Дар рӯзҳои аввали ташхис маълум гашт, ки бемории устод хеле ҷиддист ва бояд барои ташхиси дубора ва табобат ба хориҷи кишвар раванд. Муддате чанд бо дастгирии дустон ва ихлосмандон дар Эрон табобат гирифтанд, вале боз барои ҷарроҳӣ ба Душанбе баргаштанд.

Як хислати умдаи устод ин буд, ки ҳаргиз ба дарди худ намерасиданд ва ҳамеша аз ҳоли дигарон хабар мегирифтанд. Рӯзҳои баъд аз ташхис, банда аз саломатии устоди бузургвор хеле нигарон будам, вале эшон дар ғами дигарон. Пайваста аз ман хоҳиш мекарданд, ки бо мошинат биё ба аёдати фалонӣ меравем ва аз ҳоли фалонӣ хабар мегирем. Ҳатто баъд аз ҷарроҳӣ, ки ҳолашон он қадар хуб набуд ба аёдати модари пирам ва Устод Аҳмадҷон Давронов, ки низ бемор буданд ба шаҳри Истаравшан рафтанд. Модар то ҳанӯз ашки надомат мерезанд, ки чаро ман пештар ба аёдати Абдулмаънон нарафтам…Эҳ модар, бузургии устод низ дар ҳамин буд, ки дар амали хайр ҳаргиз касе наметавонист аз ин бузургвор пешдастӣ кунад.

Устод дар вазнинтарин ҳолатҳо, ки дард ҷисмашонро афгор карда буд, аз марг ҳарф намезаданд. Баръакс атрофиёнро дилбардорӣ медоданд, ки иншоолоҳ, ки аз бистари беморӣ бархостам фалон корҳоро анҷом медиҳем. Нақшаи навбатии маҳфили «Ганҷи сухан»-ро мекашиданд, ки аҳли илму адаб, ҳунармандон ва шогирдон бесаброна интизор буданд.

Вале… Бори охирин вақте, ки ба аёдаташон рафтем, ба фарзандашон, доктори улуми филологӣ Фахриддин ишора карданд, ки чой биёрад ва бо чашмони маҳзун ба мо нигариста васият карданд:- Муҳим нест, ки ман ҳастам ё не, вале шумо бояд ҳамеша канори ҳамдигар бошед… Мо дарк кардем, ки устод фарзанди дилбандашонро бо баҳонаи чой аз суҳбат дур карда,  бо мо пардуд мегӯянд ва беихтиёр ашк аз чашмонамон равон шуд.

Соле пас аз марги устод сари турбаташон рафтам. Болои қабр зарфи об ва чанд гули тару тозаро дидам. Пас аз дуо хондану ёд кардани устод назди қабрбон рафтам ва пурсидам, ки оё ин гулҳоро кӣ овардааст. Мӯйсафеди қабрбон ашки чашмашро бо нуки рӯмолаш пок карду гуфт: – Синнам ба ҷое расидаасту марди бузургу покеро мисли марҳум надидаам. Ҳамарӯза шогирдонаш, духтаракону писаракони ҷавон сари қабр меоянд, ашк мерезанд, атрофи қабрро тоза мекунанду, гулҳои тару тоза гузошта мераванд. Эй кош Худованд як заррае аз эҳтироми ҳамин бузургворро баъд аз марг ба ман низ арзонӣ медошт,-бо ихлос даст ба дуо бардошт мӯйсафед.

Бахтиёр ҲАМДАМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь