Онҳое, ки солҳои 1992 то 2000-ум таваллуд шудаанд, албатта, ёд надоранд, онҳое, ки баъди ин солҳо зода шудаанд умуман намедонанд, ки замоне дар Тоҷикистон ду радио буд. Яке радиои ба ном «мардумӣ», дигаре радиои ҷабҳаи халқӣ. Ин радиоҳо душмани воқеии ҳамдигар буданд. Ёддоштҳои камина асосан дар бораи ҳамин ду радио аст.

Камина шоҳиди бевоситаи воқеаҳои мудҳише ҳастам, ки ба сари халқу Ватанамон омада буд. Атрофи сабабҳои сарзании он воқеот, махсусан ҷанги бародаркушӣ, (худкушӣ гӯем, саҳеҳтар мешавад) ва дар натиҷаи он азобу машаққатҳои кашидаи мардум бисёр андеша меронам. Ҳатто дар замонаш як назарпурсии кӯчак ҳам карда будам. Аз он маълум шуда буд, ки сабабҳо хеле зиёданд. Вале яке азсабабҳояш гуфтору намоишҳои иғвоангезонаи садою симои ба ном мардумии онвақта буд, ки аз Душанбешаҳр пахш мегардид. Гуфтору намоишҳои онҳо ҳанӯз хеле пештар аз оғози ҷангҳо дар дили бародарони ҳамхуну ҳамтан нисбати ҳамдигар тухми кину адоват мекишт. Баъдтар курсию вазифаталабон ин ду нерӯи бузурги суханро хеле устокорона ба нафъи худ истифода бурданд. Ҳатто то андозае, ки барои бо ҳамтоёни ҷониби муқобил шӯронидани пайравону ҷонибдоронашон чун дастёрони беминнат ба кор бурданд. Натиҷа он шуд, ки майдоннишинию митингбозиҳо оғоз ёфтанд ва аз ҳисоби фарзандони як Модар – Тоҷикистон ду нерӯи бузурги ба ҳам муқобил ба вуҷуд омад. Дар ниҳоят, ин ду бародарро ба гумроҳӣ дароварда, байни ҳам ҷанг андохтанд. Яъне, ки ҷангро маҳз ҷоҳу ҷалолхоҳон оғоз карданд. Аммо дар ин амал садою симои бо ном мардумӣ саҳмгузори асосӣ шуд.

Баъдтар дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона хуни ҳазорон бегуноҳон рехт, ҳазорҳо одам қурбон шуд, даҳҳо ҳазор бехонаю дар, бемолу амвол монд, садҳо ҳазори дигар чӣ дар хориҷу чӣ дар дохили кишвар номи нангини гурезаро гирифт.

Садою симои «мардумӣ» одамонро ба ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ, ба сулҳу салоҳ ҳидоят намекард. Дар аксар мавридҳо ҳаққонияти воқеоту ҳодисоти баамаломадаро намегуфт, онҳоро таҳриф мекард ва аз ин тариқ байни одамон тафриқаю низоъ меангехт. Ин «мардумӣ»-ҳо, ки аксар вақт аз ҷониби ҳукумати гӯё мусолиҳаи миллӣ баромад мекарданд, мардумро, ҳатто қисман солимфикронро ҳам ба вартаи ноумедӣ бурданд. Бисёриҳо намедонистанд, ки чӣ гӯянду чӣ амалеро пеша кунанд. Фикри мардум риштаи дарози печидаю чигилшударо мемонд. Гуфтору намоишҳои таҳрифкоронаю тафриқаангезонаи садою симои «мардумӣ» сабабгори асосии аз асли воқеаҳо бехабар мондани мардум гардид, ки дар натиҷа қисме фирефта шуданду қисми дигар ба раҳгумӣ заданд. Агар садою симои ба ном мардумӣ ва дигар воситаҳои ахбори умум ҳақиқати воқеиро беғаразона ба мардум пешкаш мекарданд, ман бовар дорам, одамон он қадар саргарангу сарсону саргардон намешуданд.

Садою симои «мардумӣ» махсусан ба фирориёни иҷбории аз ёру диёр дур, ки аз асли воқеаҳо бехабар монда буданд, таъсири басо манфӣ расонд. Боварии онҳо ба ғалабаи қувваҳои ҳомии ҳақиқату адолат, ки аслан барои ҳифзи қонун хеста буданд, коста гашт. Ҳамагон рӯҳафтода шуданд, аз ояндаи нек қариб умедашонро канданд. Зиндагӣ барои бисёриҳо бефарқ гардид.

Боре, охирҳои октябри соли 1992 дар яке аз гуфторҳои хеш радиои «мардумӣ» хабар дод, ки аз куҷое як радиои «иғвоангез» гуфторҳои гӯё бардурӯғу таҳрифкорона паҳн мекунад. Радиои «мардумӣ» дар он гуфтораш одамонро ҳушдор дода, пеши онон як навъ талаб мегузошт, ки «ба хабарҳои радиои гӯё «иғвогар» бовар накунанд».

Ман кофта-кофта мавҷи он радиои «иғвогар»-ро ёфтам ва аз гуфтори аввалини шунидаам дарк кардам, ки ҳақиқату воқеиятро мегӯяд. Ин буд, ки аҳли оила ва ҳамсояҳоро ба шунидани гуфторҳои он даъват кардам. Худи ҳамон лаҳза ба назди гурезаҳои дигар ва ҷойҳои серодами деҳа омада, дар бораи ин радио хабар додам ва аз кадом нуқта доштани мавҷи онро гуфтам. Мо ҳама он радиоро мешунидему ба дурустии гуфторҳояш бовар мекардем. Зеро он гуфтаҳо ба ҳақиқати воқеӣ наздикӣ доштанд, ба дил ва майлу хоҳиши мо мувофиқ буданд. Ман эҳсос мекардам, ки баъди шунидани ҳар як гуфтори навбатии ин радиои «номаълум» дар чеҳраи сомеонаш як навъ оромию осудагӣ пайдо мешуд, дар лабонашон табассум ҳувайдо мегашт, дар дилашон аз нав шарораҳои умед шуъла мезад.

Шахсан худам аз ду радио истифода мебурдам. Якеаш дар мавҷи радиои «мардумӣ» кор мекарду дигараш дар мавҷи радиои «номаълум». Барои радиои «мардумӣ» неруҳои пуштибони ҳукумат ва қонуну адолат гӯё аз як кишвари тамоман бегонае буданд, ки ба хоки Тоҷикистон ҳуҷум овардаанд. Агар онҳо дар набарде дастболо мешуданд, эшонро ба фашистон, ғоратгарон, қотилону хунхорон ташбеҳ медод. Мурдагонашонро рост ба дӯзах мефиристод. Шаҳру деҳаҳои сӯхтаро маҳсули кори онон медонисту хуни қурбоншудагонро ба гарданашон бор мекард. Вале агар қувваҳои ба ном «демократ» дастболо мешуд, онҳоро чун қаҳрамонон, чун фарзандони ҳақиқии халқу миллат маънидод карда, барои қурбоншудагонашон дар биҳишт ҷо ҷудо менамуд. Радиои «мардумӣ» мардумро ба ҷиҳод алайҳи «душманони халқи тоҷик», ки дар симои неруҳои пуштибони Ҳукумати қонунӣ тасвир мешуд, ташвиқ мекард. Аммо кӯшише ба харҷ намедод, ки барои барқароршавии сулҳу амонӣ дар байни қувваҳои мухолиф мусоидат кунад. Баръакс, бо гуфтору хабарҳои худ ба лахчаи қаҳру ғазаби тарафайн доман мезад, то аланга бигирад. Ҳамин гуна кирдор аз ҷониби телевизиони ба ном мардумӣ, бо нишони «ТМТ» ҳам мушоҳида мешуд. Радиои «номаълум» бошад, баръакс, гуфторҳоеро ба эфир мебаровард, ки мардумро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу салоҳ даъват мекард. Воқеаҳоро боварибахш тавзеҳ медод, ба дилҳо умед мебахшид, қалбҳоро ба зиндагӣ гарм мекард.

Ҳоло дар замони шукр оромию осоиштагӣ гуфторҳои ҳамондавраи ин ду радиоро ба андозаи фаҳми худ таҳлил карда, ба хулоса меоям: Агар радиои барои мо гурезагон «номаълум» ҳамон вақтҳо ба эфир намебаромад, даҳҳо ҳазор одамон аз асли воқеаҳо бехабар мемонданд, фирефтаи «ширингуфториҳои» радио ва телевизиони ба ном мардумию дар асл зочагӣ мешуданд. Имконияти ба ноумедӣ, дудилагӣ, гумроҳӣ, дилсардӣ гирифторшавии бисёр касон ба вуҷуд меомад. Ҷаҳониён аз ҳақиқати воқеӣ ноогоҳ мемонданд. Дар ин сурат ғалабаи неруҳои пуштибони Ҳукумати қонунӣ бисёр мушкил мегардид ва ҳатто зери шубҳа мемонд. Аммо шукр, ки радиои «номаълум» ба эфир баромад, халқро, аз ҷумла гурезагонро дилпур кард ва ба роҳи дуруст ҳидоят намуда, аз гумроҳӣ боз дошт. Шукр, ки ин радио дар ғалабаи ҳақиқату адолат саҳм гирифта, нақши асосиро бозид ё шояд ҳалкунандаро. Шукри ин радиою кормандони шуҷоатпешааш. Шуҷоату ҷасорати онҳо дар ҳамон давра аз ягон корнамоию қаҳрамонӣ камӣ надошт. Махсусан, дар масъалаи баёни асл ва ҳақиқати воқеаҳо, ки мардумро дилгарму рӯҳбаланд мекард. Камина бар он назарам, ки ҳиссаи ин радио дар ғалабаи адолат бар разолат, ҳақиқат бар қабоҳат, хайр бар шар хеле бузург аст.

Вақте ки ҳақиқату адолат ғалаба кард, забони радиои «мардумӣ» хушк гардид. Радиои давлатӣ бо номи Радиои Тоҷикистон ба эфир баромад, ки он замон ягона радиои сартосарии кишвар буд. Ин радио аз соатҳои аввали фаъолияташ дар дили мардум тухми умеди рӯзҳои некро кишт. Бузургтарин, шуниданитарин ва ҷолибтарин барномааш «Хоки Ватан» ном дошт, ки маҳсули тадбирҳои андешидаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати баргардонии гурезаҳо ва ба ҳамоварии мардуми кишвар буд. Воқеан, дар баргардонии гурезаҳо нақши барномаи «Хоки Ватан» беченак, бесобиқа ва тасвирнопазир аст.

Гурезаҳо бевосита аз Афғонистон, ақрабонашон аз Тоҷикистон истода, тариқи ин барнома гуфтугӯ мекарданд ва ҳақиқати аслии воқеаҳоро аз ҳамдигар мефаҳмиданд. Аз суҳбати тарафайн мо хорию зорӣ, дарду алам, ҳақирӣ, ҷабру зулми кашида ва таҳқир диданҳои онҳоро мешунидему баробарашон мегиристем. Дар он замон шояд кам буданд, ё набуданд одамоне, ки аз ҳоли зори дар ғурбат будагон эҳсоси риққат накарда бошанд. Шахсан камина борҳо аз тариқи барномаи «Хоки Ватан» ва радиои вилояти Хатлон баромад намуда, вазъу ҳолати ҷумҳуриро фаҳмондам ва даъвати ба Ватан баргаштани гурезаҳоро кардам:

Эй ҳамватан, баргард бар Ватан,

Пазмони туем, аз ҷону аз тан,

Баргард бар Ватан, баргард бар Ватан!

Роҳбарияти олии кишвар ба ғайр аз барномаи «Хоки Ватан» боз як имконияти дигари ба ҳам гуфтугӯкунии гурезаҳоро бо ақрабонашон фароҳам овард. Бо дархости ҷониби Тоҷикистон САҲА – Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар баробари корҳои зиёди башардӯстонааш боз гуфтугӯи мустақими хешутаборонро ба воситаи ратсия, ки он ҳам як навъ радио аст, ташкил намуд. Ин тадбир ҳам барои баргардонидани гурезаҳо воситаи бас муҳим гардид.

Чун сухан аз радио аст, аз радиоҳои давлатии медонистагиам ман наметавонам нақши радиои вилояти Хатлонро алоҳида нишон надиҳам. Ин радио, ки ба сарҳад наздик буд, дар масъалаи баҳамоварии мардум, алалхусус баргардонии гурезаҳо корҳои шоёнро ба ҷо меовард. Масалан, ба онҳое, ки аз гурезагӣ омада буданд, имконият медод, то таассуроти хешро нисбати ҳолатҳои баъдиҷангии кишвар, нисбати ҷаҳду талошҳои роҳбарияти нави мамлакат барои устуворгардонии сулҳу осоиш, созишу баҳамоии ҷонибҳои муқобил ва баргардонии гурезаҳо иброз доранд. Ба хешу ақрабони ҳанӯз дар ғурбат будаашон бевосита ва ном ба ном муроҷиат карда, онҳоро барои бозгаштан ба Ватан даъват намоянд. Ҳамаи ин талошҳои радиоҳои давлатӣ ва радиои Фронти халқӣ яке аз сабабҳои асосии баргаштани гурезаҳои иҷборӣ ва ба ҳамоии мардумони кишвар шуд. Лек ҳамин суханро ман дар нисбати радиои ба ном мардумии он замона гуфта наметавонам.

Ана ҳамин буд нақши ду радио дар ҳаёти мардуми тоҷик ва Тоҷикистони навистиқлол.

ҲАСАН ЮСУФИ ФАЙЗБАХШ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь