(Хотира аз мухлиси ашадии футбол  амаки Абдуғаффор)

Ман мухлиси футбол нестам, вале мухлиси натиҷааш ҳастам. Дар умрам се ё чаҳор бор барои тамошои футбол ба варзишгоҳи шаҳри Душанбе рафтаам. Як дафъа маро бо “гардани баста” дӯстонам Муҳаммадраҳими Сайдар, Ҳафиз Маҷидов ва Ширин Шумқоров (Худо ҳамаи онҳоро раҳмат кунад) бурда буданд. Нахуст аз ман хостанд, ки дар чойхонаи “Кӯли комсомол” палав омода кунам ва пасон кашон-кашон ба варзишгоҳ барои тамошои футбол бурданд. Азбаски ҳам палав ва ҳам арақҷон сахт таъсир карда будааст, чаҳор нафар он қадар дар “мухлисӣ” садо ба роҳ андохтем, ки се-чор сафи пешорӯйи мо нишастагон роҳи фирорро пеш гирифтанд.

Ду бори дигар ба варзишгоҳ барои тамошои футбол маро амаки Абдуғаффор бо худ ҳамроҳ бурданд. Амаки Абдуғаффор ҳамгузар ва ҳамдеҳаи мо буданд ва аз баччагӣ дар Душанбе бузург шуда, пас аз панҷоҳсолагӣ хонаву хонаводаро раҳо карда, танҳо мухлисии футболро пеша карда буданд ва вазифаи асосиашон “хабарчӣ”-гии ӯротеппагиҳо буд. Мухлисони синну соли ман ва аз ман бузургтар ин шахсро шояд ёд дошта бошанд, зеро ҳамавақт дар оғози бозиҳо ду нафар бо дастагул ба майдони футбол мебаромаданд, ки яке бо асо ва дигаре доимо бардаму саломат буд. Шахсеро, ки ҳамеша бардам ва синнаш болотар аз шаст буд, амаки Абдуғаффор ном мебурданд. Ҳамаи футболбозони дастаи “Энергетик”, ки пасон “Помир” ном гирифт, амаки Абдуғаффорро мешинохтаанд. Ривоятҳо ҳастанд, ки ҳатто дар сафарҳо футболбозонро ҳамроҳӣ мекардааст.

Шаби 28-уми январ бозии мунтахаби миллӣ бар тими футболи Аморати Муттаҳидаи Арабро саривақт тамошо карда натавонистам ва аз натиҷааш пагоҳии барвақти рӯзи дигар огоҳ шуда, ашки шодӣ рехтам ва беихтиёр амаки Абдуғаффор ва дӯстони дигарамро, ки мухлисони ашаддии футбол буданд, ба ёд овардам.

Лаҳзаҳои охири умри амаки Абдуғаффорро дар гузари “Қалъаи боло”-и деҳи Қалъаи Баланд хуб дар ёд дорам. Тобистон буд ва аз қазо тими “Помир” дар шаҳри Ҷиззах бо тими “Звезда”-и он шаҳр мусобиқа дошт. Як рӯз пеш бачаҳои бедори деҳаро ба манзили ҷиянашон, ки аз хонаи мо ҳамагӣ дусад метр ҳам дур набуд, даъват карданд ва супориш доданд:

– Бояд барои дастгирии командаи “Помир” ҳамаатон ба шаҳри Ҷиззах равед. Ин пули бензини мошинҳо (аз зери болишт як баста пулро бароварда ба яке аз бачаҳо доданд). Ду автобус одам шавед, се-чортои дигар мошинҳои майда ҳам бошанд. Агар милисаҳои Ӯзбекистон (БДА, ГАИ дар назар аст) дар роҳ монеа пеш оваранд, “гулӯяшонро рӯған кунед”, онҳо пулро нағз мебинанд. Асади карнайчӣ (яке аз ҳунармандон ва карнайнавозони маъруфи Ӯротеппа буд, ки гоҳе бо ду ва ҳатто се карнай ҳунарнамоӣ мекард) ва боз ду нафари дигари доиранавозро низ ҳамроҳ баред. Аз нӯги ин пулҳо ҳаққи хизмати онҳоро диҳед. Ёдатон бошад, ҳамин ки дастаи “Помир” гол зад, карнайчиву дойрадастҳо зуд даст ба кор шаванд ва як даст (навбат) садо бароранд. Бачаҳои дастаи “Помир” хоҳанд донист, ки ин ман ҳастам, ки аз онҳо дастгирӣ мекунам. Танҳо ӯротеппагиҳо бо карнай ва дойра ба тамошои футбол мераванд.

Амаки Абдуғаффор баъди дастур додан рӯйи кӯрпача ба пушт дароз кашида бо як хандаи дурудароз гуфтанд:

– Ман медонам, ки барои ту, Мирбобо рафтан ба Ҷиззах сахт аст. Мисли ман ба деҳа “меҳмон” омадаӣ, вале ин таърихро фаромӯш накун ва ягон вақт ҳавсалаи навиштанат ояд, бе каму кост навис, ки аз гӯр баланд мешавам. Вақте карнай ва доираҳо садои сурур баланд кунанд, дар дили ҳариф воҳима меафтад ва рӯҳияашро аз даст медиҳад. Ман як бор ин корро таҷриба кардам. Асади карнайчӣ бо дастааш барои тӯйи як одам ба Душанбе омада буд. Рӯзи дигар мусобиқаи футбол буд. Ман онҳоро ба варзишгоҳ бурдам ва ба бачаҳои “Помир” хабар додам, ки имрӯз агар гол зананд, ман карнай менавозам. Онҳо бовар накарданд. Вақте тӯби нахусти бачаҳои “Помир” дохили дарвозаи ҳариф шуд, Асад карнайнавозиро сар кард ва садои карнай баланд шуд. Ду доирадаст аз ду тараф чунон ҳунарнамоӣ карданд, ки дар варзишгоҳ шӯру валвала бархост ва ҳама моту маҳбут шуданд.

Бозор Сайфӣ бо савории “Жигули” (барориши якум) ва боз се мошини сабукрави дигар, ду автобус ва ду “Буханка” аз деҳаи мо ба тарафи Ҷиззах роҳ пеш гирифт. Мо дар ҳавлие, ки амаки Абдуғаффор иқомат доштанд, мунтазири бозгашти бачаҳо нишастем ва “аз эҳтиёт” як дег шӯрбо ҳам андохтем. Шаб ба нисф наздик мешуд, ки аз поёни деҳа садои карнай ва доираҳо баланд шуд ва тамоми мардуми деҳаро ба по хезонд. Амаки Абдуғаффор ҳадс заданд:

– “Помир” бурд, “Помир” бурдааст…

Мо ҳайрон будем. Ниҳоят бачаҳо аз роҳ расиданд ва нақл карданд:

– Мусобиқаи футбол дар авҷ буд, ки дастаи “Помир” гол зад. Мо аввал тарсидем, ки дар шаҳри бегона чӣ кор кунем, карнай ва доира ба кор сар кунад ё на. Аммо ако Асад дасту по нахӯрданд ва ҷасурона карнайро аз ғилофаш берун оварда, аввал як пуф карданд ва пас аз ҷояшон хеста “ба хотири амаки Абдуғаффор” гуфтанду кор сар шуд. Гумон доштем, ки мо танҳоем, вале ин фикр иштибоҳ будааст. Аксари тамошобинон дар варзишгоҳи Ҷиззах тарафдори “Помир” будаанд. Хулоса, ҳар бор, ки “Помир” ба ҳуҷум мегузашт, садои карнай ва доира онҳоро ҳамроҳӣ мекард. Асад-ако ҳарифро сеҳр карданд ва “Звезда” шикаст хӯрд. Дар бозгашт нозирони роҳи вилояти Ҷиззах то марзи Тоҷикистон моро ҳамроҳӣ карда омаданд ва як тин ҳам нагирифтанд.

Амаки Абдуғаффор аз шодӣ ашк мерехтанд:

– Акнун мурам ҳам, дар дилам армон намемонад. Танҳо як корро накардед, бачаҳо. Яке аз шумо бояд мерафт ва ба мураббӣ мегуфт, ки “амаки Адуғаффор хоҳиш карданд, ки ҳамон тӯби футболеро, ки ба дарвозаи ҳариф даромад, бо соядасти бачаҳо барояшон тӯҳфа кунед. Агар мурда монанд, болои гӯрашон мегузоранд”. Ба ин кор ақлатон нарасид.

Се рӯз пас аз ин ҳодиса амаки Абдуғаффор дунёи фониро падруд гуфт. Яке аз бачаҳо пас аз адои намози ҷаноза бо оҳу афсӯс мегуфт:

– Кош як тӯби футболро сари гӯрашон мегузоштем…

Шукр, ки он замонҳо мамлакат аз мутаассибон пок буд, вагарна барои чунин густохӣ кофираш мебароварданд.

Баъд аз пирӯзии тими миллӣ пешниҳоди амаки Абдуғаффор дар мавриди ҳузури карнайнавозон ва доирадастҳо ҳангоми бозии футбол ба ёдам расид ва он таърихи пурифтихори пирӯзии “Помир” бар “Звезда” дар зеҳнам зинда шуд. Кош дар Доҳа ду карнайнавоз ва чаҳор дойрадаст ҳам дар бозиҳо тими миллиро ҳамроҳӣ мекарданд. Шояд ин пешниҳод ба гӯши дастандаркорони соҳаи футбол ё мураббии дӯстдоштаи он бирасад ва дар бозиҳои оянда аз он истифода кунанд. Ба умеди пирӯзиҳои дигар!

Мирбобои МИРРАҲИМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь