Дар маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо”, ки 19-уми декабр баргузор гардид, аллома Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шахсияти барҷастаи миллӣ ва ифтихори миллӣ ва асари безаволи ӯ – “Тоҷикон” арзишмандтарин китоби илмии халқи тоҷик ёд карда шуд. Дар ин маҳфил олимон, рӯзноманигорон, коршиносон ва намояндагони бархе сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон иштирок намуда ва ҳамчунин, дар бораи ин фарзанди бузурги халқи тоҷик андешаҳои ҷолиб иброз намуданд.
Иброҳим Усмонов раиси Фонди ҷамъиятии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар муаррифии маҳфили ёдбуд қайд намуд, ки дар бораи Бобоҷон Ғафуров андешаҳои зиёде гуфта ё навишта шудаанду аммо боз ҳам гуфта ё навиштаҳои зиёде мавҷуданд, ки дар бораи ин марди бузург ҳанӯз гуфта ё навишта нашудаанд. Дар зимн, профессор Иброҳим Усмонов нахуст суханро ба адабиётшинос ва донишманди шинохтаи тоҷик Абдунабӣ Сатторзода дод.
Профессор Абдунабӣ Сатторзода қайд намуд, ки пеш аз нашри китоби аллома Бобоҷон Ғафуров – “Тоҷикон” дар соли 1972 бо ҳамин ном чаҳор китоб ба нашр расидааст. Ӯ гуфт: “Пеш аз нашри китоби аллома Бобоҷон Ғафуров – “Тоҷикон” дар соли 1972, то ҷое, ки ба ман маълум аст, бо ҳамин ном чаҳор китоб ба чоп расида буд: 1. А. Гребенкин “Таджики” (С.-Пб.,1872); 2. А. Шишов “Таджики” (Тошканд, 1910); 3. В.В. Бартолд “Таджики” (1925); 4. Н.А.Кисляков “Таджики” (Маскав, 1960). Аммо ҳеч яке аз онҳоро наметавон бо “шоҳасари Бобоҷон Ғафуров” (ба таъбири проф. Аҳрор Мухторов) баробар кард. Он чор китоби пешина, тавре ки равшан аст, бештар хусусияти этнографӣ (мардумшиносӣ) доштанд. “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров сирф асари илмии бунёдӣ буда, таърихи халқи тоҷикро аз Даврони бостон ва Асрҳои миёна то Замони навро бо тамоми густурдагӣ дар бар мегирад.
Таърихшиноси маъруф профессор Б. Литвинский дар мавриде гуфта буд, ки аллома Бобоҷон Ғафуров бо таълифи китоби худ “Тоҷикон” “ба тоҷикон таърихи тоҷиконро бахшид”. Таълифи чунин асари илмии бунёдӣ бо чунин ном, тавре ки Чингиз Айтматов гуфта буд, “дар давраи интернатсионализми байналмилалӣ, бешак, қаҳрамонӣ буд”. Давраи сиёсати “интернатсионализми байналмилалӣ” даврае буд, ки котиби якуми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров маҷбур буд аз раҳбари аввали Иттиҳоди Шӯравӣ И.В. Сталин пурсад, ки “оё мумкин аст дараҷаи худогоҳии миллии халқро баланд бардорем?” ва ҷавоб бигирад, ки “мумкин аст ва ҳатмист. Аммо ба фавқулодагии миллӣ роҳ додан лозим нест” 23 январи 1948). Ва ин дар он замон ба ҳар кас муяссар намегардид. Ба таълифи чунин асари мондагор танҳо “одамони дорои ақли бузурге” (Темур Пӯлодов) фардҳои монанди аллома Бобоҷон Ғафуров қодир буданд.
Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухане, ки ба нашри охири китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров навиштаанд, онро “манбаи худогоҳиву худшиносӣ”, “мактаби бузурги худшиносӣ” ва “шиносномаи миллат” номидаанд.
Замони таълиф ва нашри китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар соли 1972 ба замоне рост омад, ки ҷомеаи тоҷик, хосса аҳли илму адаби он, қишри пешрави он барои расидан ба асли худ, дар ҷустуҷӯи пайдо намудани ҷавоб ба саволи мо, тоҷикон, кӣ ҳастем, аз куҷо омадаем ва ба куҷо рафтанием, машғул буданд, ба сухани дигар дар ибтидои шоҳроҳи худҷӯӣ, худрасӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ қарор доштанд.
Соли 1980 айёми Наврӯз буд. Дар Донишгоҳи Маскав давраи докториро мегузаронидам. Ҳамроҳи тоҷиконе, ки он вақт дар ин Донишгоҳ ба сифати шогирд, аспирант, докторант ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос буданд, нишасте дуруст кардем ва устоди зиндаёд Сотим Улуғзодаро, ки бар асари бӯқаламуниҳои зиндагӣ дур аз Тоҷикистон умр ба cap мебурданд, даъват намудем. Бо хоҳиши дӯстон ва барои хуш кардани табъи меҳмони азиз шеърҳои нави Лоиқ Шералӣ «Оли Сомон» ва Бозор Собир «Забони модарӣ»-ро қироат намудам. Устод Улуғзода аввал ба андеша фурӯрафтанду сипас арз карданд, ки мо солҳои пеш дар бораи он меандешидем, ки оё рӯзе фаро хоҳад расид, ки тоҷикон худро бишносанд. Ва шукр гуфтанд, ки чунин рӯз фарорасидааст.
Хидмати барҷастаи Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир, ин ду шоири миллигарои тоҷик дар он аст, ки онҳо аввалин шуда, мавзӯъи худҷуӣ, худрасӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллиро дар адабиёти тоҷик ба расмият дароварданд.
Драма ва филмномаҳои номии устод Сотим Улуғзода «Рӯдакӣ» (1958), «Қисмати шоир» (1957) ва «Ибни Сино» (1954), ки бидуни тардид дар парвариши эҳсоси худшиносии мардуми мо нуфузашон муассир аст, бештар хусусияти маърифатӣ доштанд. Аммо нақши китоби аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» (1972) дар боло рафтани ҳисси худшиносии мардуми тоҷик бағоят бузург мебошад. Гуфтан кофист, ки маҳз ҳамин китоби барои мардуми мо азизу муқаддас дар солҳои 70 ва 80-уми асри гузашта ангезаи азиме барои офаридани аксари шеърҳое гардид, ки дар онҳо мавзӯъи худшиносии миллӣ матраҳ шудааст.
Қувват гирифтани эҳсоси худшиносӣ ва миллигароӣ дар ҷомеаи тоҷик дар даврони Бозсозӣ (1985-1990), аз он ҷумла афзоиши майли бозгашт ба асолат дар забон, шеър, мусиқӣ, ҳунар, фалсафа, фарҳанг ва илм, пофишориҳо дар роҳи давлатӣ шудани забони тоҷикӣ (форсӣ), қабули «Қонуни забон», ба саҳнаи сиёсат омадани нерӯҳои миллии мардумӣ ва кӯшишҳои онҳо барои дарёфти истиқлол пайомади бевоситаи ҳамон равияи миллигароии охири солҳои 50 ва 60-70 буданд.
Диққати аҳли адаб ва илми тоҷикро аз таърихи беш аз дувунимҳазорсолаи Аҷам пеш ва беш аз ҳама даври Сомониён ба худ кашидааст. Саволе ба миён меояд, ки чаро маҳз ҳамин давр мавриди таваҷҷуҳи онҳо қарор гирифтааст, на замоне дигаре, барои мисол замони Сосониён ва Саффориён? Чаро онҳо даври Сомониёнро барояшон идеал қарор додаанд.
Гумон меравад, иллаташ дар он аст, ки Сомониён нахустин ва бузургтарин давлати мутамарказе дар Хуросони бузург бо пойтахте дар Мовароуннаҳр, яъне дар сарзамине буд, ки авлоди тоҷикон имрӯз дар он будубош доранд. Ва забони форсии дарӣ маҳз дар ҳамин давра забони расмӣ гардида, дар он сурудаҳои ҷовидонаи Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ офарида шудаанд. Таълифоти илмии Абӯнасри Форобӣ ва Ибни Сино ба забонҳои форсӣ ва арабӣ рӯйи дунёро гирифт. Ҳоло даври Сомониён ба ҳайси «асри тилоӣ»-и Аҷам шинохта шудааст. Ба як сухан, даври Сомониён барои мо тоҷикон «ормоншаҳр» ва «мадинаифозила» буд ва монд.
Ин алоқамандии хос ва фавқулодаи тоҷиконро ба замони Сомониён беҳтар аз ҳама ва гармтар аз ҳама зиндаёд Лоиқ ифода намудааст. Вай дар тавсифи Оли Сомон дар шеъре бо ҳамин ном аз пурҷилотарин ва волотарин тасвирҳо истифода бурдааст:
Маснаде дар ҳалқаи саҳронишинон,
Бӯстоне дар миёни шӯразорон,
Гулхане дар лобалои кӯрдуд,
Паҳлавоне дар миёни нотавонон.
Оли Сомон!
Махзани тилло ба дасти боддастон,
Шоире дар инҳисори худпарастон,
Уфтодаахтаре ногаҳ зи гардун
Дар муҳити золимону зулматистон,
Оли Сомон!
Ва мисли ҳар як тоҷики бедоре, ки худро шинохтаасту қавму ватанашро шинохтааст, афсӯс хӯрдааст, ки давлати Сомониён, ин «кӯдаки якрӯзаи таърихи тоҷик» аз беэҳтиётиҳои мо, аз ноӯҳдабароиҳои мо, аз нодониҳои мо ғӯрамарг шуд.
Даври Сомониён ва ҳамаи он чи ки ба он иртибот дорад, ба шарофати миллигароёни тоҷик ба тору пуди шеър, ҳунар ва илми тоҷик ворид гашт. Исмҳое чун Оли Сомон, Исмоили Сомонӣ, Бухоро, Самарқанд, Балх, Зарафшон, забони порсии дарӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, «Шоҳнома», Рустам, Суҳроб, Рахш, Таҳмина ва ғайра ба рамз, ба тасвирҳои шоирона табдил ёфтанд ва дар дилу дидаву гӯши ҳар тоҷики ватанпарасту миллатдӯст ҷой гирифтанд. Ва бо ҳамин сабабгори амиқ шудани тафаккури таърихӣ дар ҷомеаи тоҷик гардида, заминаро барои ташаккули андешаи миллӣ омода сохтанд.
Хонандагони огоҳ, албатта, аз баҳсу талошҳо ва монеа эҷод намуданҳо дар роҳи нашри китоби “Тоҷикон” хабар доранд. Аз номаҳои шикоятӣ ба КМ Иттиҳоди Шӯравӣ, тақризу мақолаҳои баъзе аз ба ном олимони вақти Шӯравӣ низ. Ва, албатта, аз дастгирию пуштибонии донишмандони номӣ ва шахсиятҳои адабию илмию сиёсии он замон, ки ҳама намояндагони миллатҳои бародари дигар буданд. Ва ҳамчунин аз хомӯшии роҳбарони вақти Тоҷикистон ва нигарониҳои онҳо, ки ”Тоҷикон”-и Бобоҷон нашуда балои ҷон шуд”, ки аз он рӯзноманигори номии тоҷик Шарифи Ҳамдампур дар навиштаҳояш дар асоси санадҳои муътамад ва дасти аввал ёд овардааст.
Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти он чи дар боло гуфта шуд, ба натиҷае расидаанд, ки “табиист, ки дар он замон интишор намудани китоб бо номи “Тоҷикон” кори осон набуд ва на ҳар шахсияти сиёсиву илмӣ ба чунин иқдом даст мезад. Вале мақоми илмиву ҷамъиятӣ ва ҷасорату матонати фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Бобоҷон Ғафуров имкон дод, ки ӯ асари худро бо ҳамин ном интишор кунад ва шуҳрати ҷаҳонӣ касб намояд”.
“Тоҷикон” арзиши аслӣ ва муаллифи он шуҳрати сазовори худро дар даврони Истиқлол ёфтанд. Он кас сазовори унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” гардиданд ва китобашон такрор ба такрор ба табъ расид ва ба чандин забонҳои дунё тарҷума шуд.
Мехоҳам ин навиштаамро бо як гуфтаи ёвари доимии аллома Бобоҷон Ғафуров дар Институти шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷаноби А.М. Гребнев ба охир расонам. Ӯ дар ёддоштҳояш дар бораи аллома Бобоҷон Ғафуров навиштааст: “Направляясь на торжественный прием или за рубеж, он всегда надевал таджикскую тюбетенку, а на работе у него всегда был таджикский халат, которым он накрывался во время отдыха. Тюбетенку, особенно за рубежом, он бережно хранил вместе с документами в левом внутреннем кармане пиджака – ближе к сердцу».
Аллома Бобоҷон Ғафуров дарвоқеъ, ҳам дар сурат ва ҳам дар сират писари арзандаи миллати бузурги тоҷик буданд ва бовар дорам, ки ҳамин тавр боқӣ хоҳанд монд.
Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигор: “Ман мехоҳам дар бораи баҳси профессор Б. Литвинский, ки гӯё гуфта бошад, китоби “Тоҷикон”-ро ӯ навишта буд, андешаи Шуморо бифаҳмам. Чаро ки ин баҳс ҳанӯз ҳам хомӯш нагардидааст.
Абдунабӣ Сатторзода: “Нахуст бояд гӯям, ки мутаассифона чунин мулоҳизаҳое, гуфтугӯҳое, суҳбатҳое ва навиштаҳое буданд. Аз ҷумла аз номи Литвинский, ки як мухбири Ӯзбекистон бо ӯ суҳбат кардааст ва дар он гӯё Литвинский ҳамин гуна як суханеро гуфта бошад. Дар ин бора ҷавоби бисёр хуб ва муфассали Акбар Турсунов аст. Акбар Турсунов аллома Бобоҷон Ғафуровро нағз мешинохт ва ҳамкориҳо низ дошт. Аммо агар худ қазоват кунем, аввал ин ки худи Б. Литвинский гуфтааст, ки ин сухани ӯ нест ва онро мухбир илова кардааст. Дигар ин ки дар навиштаҳояш Литвинский (ман махсус иқтибос овардам), гуфтааст: “Бобоҷон Ғафуров ба тоҷикон таърихи тоҷиконро бахшид” ва агар аз асли қазия бохабар бошед, Бобоҷон Ғафуров онҳоро (яъне Литвинский ва ҳамсарашро) ба Тоҷикистон оварда буданд. Яъне онҳоро оварданд, хона доданд, ҷой доданд ва ҳар мушкилиҳое, ки дар Маскаву инҷо доштанд, ҳал карданд. Дигар ин ки ӯ худ дар навиштаҳояш мегӯяд, ки ман муҳаррири ин китоб будам ва гилла ҳам кардааст, ки дар нашри тоҷикӣ номи ӯ ҳазф шудааст. Инҷо як нукта аст: Бобоҷон Ғафуров пеш аз он ки Литвинскийро шинохта бошанд, ба омӯхтани таърихи халқи тоҷик машғул буданд. Яъне солҳои 40-ум дар ин бора китобашон нашр шуда буд. Бобоҷон Ғафуров одами тасодуфӣ набуданд, ки аз номи он кас як нафаре асар нависад. Он кас муаррих, рӯзноманигор ва донишманди бузург буданд.
Бинобар ин, ин гапҳо ҳеч асосе надоранд. Аммо як акси садои ҳамон мулоҳиза ва андешаҳо аз забони баъзеи донишмандони русзабон ва кишвари ҳамсояамон – Ӯзбекистон шунида мешуд. Тарси онҳо аз чӣ буд? Тарси онҳо аз он буд, ки яъне худашонро шарики таърихи Мовароуннаҳру Осиёи Марказӣ созанд. Худашонро ба Суғд нисбат диҳанд ва ба тамоми мероси илмию фарҳангии гузаштаи мо дар Бухоро, Самарқанд, Хоразм ва ғайра шарик созанд. Бинобар ин, онҳо ин масъаларо доман заданд. Литвинский ин нуктаро худ рад карда гуфт, ки ин гуфтаҳоро он рӯзноманигори ӯзбекистонӣ ба номи ӯ таҳриф карда ва нисбат додааст.
Ман курси сеюми факултаи забон ва адабиёт мехондам ва замоне ҳамроҳи бостоншиносон дар тобистон ба ноҳияи Шаҳристон ва Ашт рафтам. Литвинскийро дар ҳамон ҷо дида будам. Дар ҳамон поёни Ашт қабристоне мавҷуд буд, ки дар кофтани ҳамон гурҳо ҳузур доштам, ки Литвинский сардорӣ мекард. Ҳамон вақт ин одам дар бораи Бобоҷон Ғафуров ва хизматҳое, ки он кас кардаанд, тамоман чизи дигар мегуфт. Биноан, ҳамон нафарони бадхоҳ ва ноҷавонмард ин гуна ҳарфҳои дурӯғро паҳн кардаанд.
Як нуктаи дигар, дар амалияи илм чунин аст, ки як нафар асар менависад ва ба шумо медиҳад, ки онро тасҳеҳ кунед, ё хонеду фикр ва назаратонро гӯед. Аз ин рӯ, шояд Литвинский ба ин китоб тасҳеҳе дохил карда бошад. Ӯ аслан бостоншинос аст ва мутахассиси дигар соҳае нест. Китоби “Тоҷикон” на танҳо бостоншиносӣ, балки дар он сиккашиносӣ, мардумшиносӣ, адабиёт ва ғайра низ мавҷуд аст.
Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос: – Литвинский кадом сол ба Тоҷикистон омадааст?
Абдунабӣ Сатторзода – Литвинскийро Бобоҷон Ғафуров соли 1948 ба Тоҷикистон оварда буданд.
Ҳамчунин, профессор Иброҳим Усмонов низ дар бораи ин шахсияти бузурги миллати тоҷик андешаронӣ карда, гуфт, ки Бобоҷон Ғафуров консепсияи асари худ “Тоҷикон”-ро ҳанӯз солҳои чилуми асри ХХ, вақте ки роҳбари давлати тоҷикон буд, муайян намуда, аввал “Таърихи мухтасари халқи тоҷик”-ро навишт. Ба назари устод Иброҳим Усмонов, зеро аллома Бобоҷон Ғафуров хатари ин навъ таърихнависиро амиқ дарк мекарданд:
“Сиёсатмадорон ва як гурӯҳ олимон дар солҳои бистуми асри ХХ халқи тоҷикро мардуми ғайримуқим ва бегона меҳисобиданд ва барои ташкили ҷумҳурии вай муқобил буданд. Дар ҳамон замон донишмандоне чун С. Ализода, А. Муҳиддинов, С. Айнӣ, В. Бартолд, Андреев дар муқобили душманони миллати тоҷик гуфтанду навиштанд: агар боварӣ дошта бошед, ки халқи тоҷик аз забони модариаш даст кашида, бо забони шумо китобу мактаб мехонад, исбот кунед, то давлати Шӯравӣ беҳуда барои онҳо ҳазорҳо нусха китоб чоп накунад; шумо душмани халқи тоҷик не, душмани давлати шӯро ҳастед; аҳолии шаҳри Бухоро ва атрофи он ҳама тоҷик ҳастанд; давлати шӯравӣ ҳар имтиёзе, ки барои зиндагӣ мавҷуд аст, ба халқи мо дод; халқи тоҷик бо ҳамин ном дар ҳамин мулк аз асри VIII инҷониб зиндагӣ мекунад; халқи тоҷик ба муқобилияту таҳқирҳо нигоҳ накарда, дар ин сарзамини бобоӣ умр ба сар мебарад; дар тақсимоти миллию марзӣ аҳолии асосии кишвар бе давлат монд.
Ҳамаи роҳбарони бумии 13 соли аввали давлати Тоҷикистон (Н. Махсум, Ш. Шотемур, А. Муҳиддинов, А. Ҳоҷибоев, Ч. Имомов, А. Раҳимбоев) аз ҷумла ба гуноҳи “миллатчии буржуазӣ”, “муборизони таъсис додани Ҷумҳурии Тоҷикистони бузург”, “ҷосуси империализм” муттаҳам ва кушта шуданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, дар хусуси академик Бобоҷон Ғафуров гуфтааст: “Академик Бобоҷон Ғафуров умри худро ба таҳқиқ ва эҷоди таърихи миллаташ бахшид” ва дар мавриди китоби “Тоҷикон” нигоштааст: “Тоҷикон” -шоҳасари бузург, як сарчашмаи нерубахшу пурсафо барои миллати тоҷик, тамоми форсизабонони олам, ҳаводорони тамаддуни Шарқ, сокинони Осиёи Марказӣ мебошад ва ин хидмати Рустамона аст”.
Ҳаёт ва фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуровро, аз ҷумла ин донишмандон таҳқиқ кардаанд: Акбар Турсун, Аҳрор Мухторов, Муҳаммад Осимӣ ва инчунин, Ғаффоров Усмонҷон, Шарифов Шавкат, Ҳамдампур Шарифҷон, Каримов О.Қ., Пирумшоев Ҳ., Холҷӯраев, Ҳайдаров С. ва дигарон.
Соли 1947 асари Бобоҷон Ғафуров “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” чоп шуд. Дар шумораҳои сеюм ва чоруми соли 1948-уми маҷаллаи “Шарқи сурх” устод Айнӣ дар мавриди ин китоб, аз ҷумла навишта буд: “Ин китоб оид ба гузаштагони халқи тоҷик як сарчашмаи асосӣ шуда метавонад. Инчунин, ба таърихи маданият, илм ва фарҳанги тоҷик ҳам як манбаи кифоякунанда аст. Хулоса, нашр ва паҳн шудани “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” дар давраи пешрафти маданияти советии тоҷик як ҳодисаи бузург аст”.
Идомаи ин таҳқиқ ва фаъолияти пурсамар дар Институти шарқшиносии АФ СССР ва нашри китоби “Тоҷикон” буд, ки консепсияаш чунин аст:
Бобоҷон Ғафуров дарк кард, ки акнун танҳо такя ба илм барои ҳосили мақсад кифоя нест: роҳбари ҲК Тоҷикистон барои дастгирӣ ба роҳбари давлати Шӯравӣ муроҷиат кард. Ин таваккал ба ҷони худ буд. Аммо Сталин ӯро бодиққат гӯш кард ва гуфт: “Гапат рост бошад барои аҳли илм исбот кун”. Ва барои ин кор имконият фароҳам сохт.
– ҳеч халқ ба мо душман нест;
– халқи тоҷик қадимтарин халқи Осиёи Миёна аст… Падару бобоҳои тоҷикони ҳозира сокинони мамлакатҳои Суғд ва Бохтар буданд;
– Суғд тоҷик шуд;
– Эрон номи қадимаи мулки имрӯзаи мост. Ва он Тоҷикистони таърихӣ аст;
– муҳоҷирати тоҷикон дар қадим аз шимолу шарқ ба ҷанубу ғарб буд;
– тоҷик дар тамоми қаламрави Эронзамин аст;
– системаи илми таърихро А. Муҳиддинов. ва С. Айнӣ дар китобҳое, ки дар бораи таърихи замони Сомониён ва баъд навиштаанд, муайян намуданд;
– аҳолии таҳҷоии Осиёи Миёна тоҷиконанд;
– маҳсули нашриёти “Наука”-куллиёти Бартолд, асарҳои Мейендорф, экспедисияи Негри ва сайёҳатномаҳое, ки дар солҳои шастуми асри ХХ чоп шуданд;
Аммо он чиро, ки тавассути талошҳои Бобоҷон Ғафуров ба халқи тоҷик дастрас шуд, душманони миллати мо имрӯз ҳам чунин маънидод кардан мехоҳанд: “Произошла капитуляция российской востоковедческой советской идеологии, и национальной политической элиты”.
Ҳамчунин, дар идомаи маҳфил мубоҳиса сурт гирифта, профессор Сайфулло Сафаров, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ниёзбадал Мирзоев, Муртазо Зайниддинов, Абдулло Юлдошев, Қироншоҳ Шарифзода, коршинос Фаридун Ҳодизода ва дигарон низ дар бараи ин шахсияти бузурги халқи тоҷик андешаронӣ намуданд.
Дар охири маҳфил донишманди тоҷик, раиси Фонди ҷамъиятии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” Иброҳим Усмонов умед бар он баст, ки Институти шарқшиносии Русия (дар гузашта – Институти шарқшиносии АФ СССР) рӯзе ба номи Бобоҷон Ғафуров гузошта хоҳад шуд: “Бобоҷон Ғафуров илми шарқшиносиро умуман дар дунё аз мурдан наҷот доданд. Бобоҷон Ғафуров яке аз бунёдгузорони илми шарқшиносии Русия ҳастанд. То имрӯз Институти шарқшиносии Русия ном надорад. Мо умед мекунем, ки шояд касе пайдо шаваду замоне гӯяд, ки ҳамин Институти шарқшиносии Русия бояд ба номи Бобоҷон Ғафуров гузошта шавад”.
Ӯ гуфт, дар таърих шахсиятҳое мавҷуданд, ки онҳо рамзи миллат мебошанд. “Қадр кардани инҳо ин қадр кардани миллат мебошад ва қадр кардани миллат қадр кардани худи мову шумо ҳам ҳаст, чунки мо низ ҷузъи ин миллат ҳастем. Ман умед мекунам, ки ҳар кас, ки аввалин ё камтарин имкониятро пайдо карда ва дар бораи миллат, дар бораи илм ва фарҳанг гап занад, албатта ин шахсияти бузургро ба ёд меоварад”.
Ҳамчунин, Иброҳим Усмонов ба Абдунабӣ Сатторзода барои суҳбати арзишманди илмӣ ва бисёр самимиашон ба ибораи Усмонов “тоҷиконаашон” дар мавриди академик Бобоҷон Ғафуров изҳори сипосгузорӣ намуданд.
М. Қосимов