Инак, чандест хабарҳо роҷеъ ба кӯчонидани қабри Устод Садриддин Айнӣ – адиб, олим, аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон дар нашрияҳову сомонаҳои зиёде чоп ва паҳн шуда, афкори гуногунро ба вуҷуд овардааст. Аз баҳсҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ байни шоирону нависандагон, олимон ва бахусус рӯзноманигорон ба назар мерасанд, алҳол тарафдорони кӯчонидани қабри Айнӣ мушоҳида намешаванд ва ин гувоҳ аз он аст, ки бузургон хилофи кӯчонидани қабри чунин абармарди як миллати куҳанбунёданд. Миллате, ки ҳамеша бузургони худро қадр мекунад ва хотираи уламову фузалои худро пос медорад.
Фаромӯш набояд кард, маҳз кӯшишҳои Айнӣ буд, ки тоҷикон ба пантуркистҳои замони Шӯравӣ ғолиб омада, давлатеро бо номи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бунёд карданд ва бо соҳиб шудан ба истиқлолияти воқеӣ, мо алъон маҳз дар ҳамон ҳудуд Тоҷикистони имрӯзаро дорем.
Инчунин, бояд қайд кард, ки таърихи пайдоиши «Боғи ба номи Айнӣ» низ маҳз аз ҳамин қабри Айнӣ сарчашма мегирад. Оё кӯчонидани қабри ӯ хат кашидан аз болои таърихи пойтахти давлати мо намешавад? Давлате, ки дар бунёди он Садриддин Айнӣ ҳам саҳмгузор аст.
Инқилоби Айнӣ бузургтар аз инқилоби Октябр
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Айнӣ фарзанди инқилоб ва зодаи инқилоб буд. Вале аз оғози инқилоби Октябр ва ба сари қудрат омадани давлати Шӯравӣ ин инқилоб ба фоидаи тоҷикон кор накард ва пантуркистон мавҷудияти давлати тоҷиконро дар Осиёи Миёна инкор мекарданд. Маҳз ҳамин даъвои пантуркистон буд, ки Садриддин Айнӣ бо навиштани асари бузурги худ – «Намунаи адабиёти тоҷик» як инқилоби дигареро дар Осиёи Миёна ба вуҷуд овард. Айнӣ дар ин китоб дар бораи зиёда аз сесад шоир, ки бо тахаллуси Бухороӣ, Самарқандӣ, Намангонӣ, Андиҷонӣ, Тирмизӣ, Хуҷандӣ ва садҳо тахаллуси дигар ҳазор сол қабл дар Мовароуннаҳр зиндагӣ доштанд, маълумот ҷамъ овард. Маҳз ҳамин китоб буд, ки таърихи миллати куҳанбунёди моро ба мақомоти баландпояи давлати Шӯро расонд ва ҳатто қадимтар аз миллатҳои дигари Осиё Миёна будани тоҷиконро собит кард. Чопи ин китоб пантуркистҳо ва душманони миллати тоҷикро чунон ба даҳшат овард, ки дар соли 1926 барои сӯзонидани он амр доданд ва ҳамаи нусхаҳои нашршудаи ин асари бузургро сӯзониданд, вале баъди кӯшишҳо ва муборизаҳои зиёд Айнӣ тавонист онро дубора нашр кунад. Айнӣ собит карда, гуфт, ки маҳз мо тоҷикон мардуми таҳҷоии Мовароуннаҳру Хуросон ҳастем ва маҳз мо забону фарҳанг ва адабиёти қадима дорем, на миллатҳои дигаре, ки дар ин сарзамин сукунат доранд. Айнӣ собит кард, ки чароғи илму маърифатро дар ин сарзамин дар давраҳои гуногуни таърихӣ маҳз намояндагони миллати тоҷик – Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Кисоии Марвазӣ, Абуҳафси Суғдӣ ва дигар адибон фурӯзон карда буданд.
Мегӯянд, ки маҳз шоҳасари «Намунаи адабиёти тоҷик» боис шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳайати Ӯзбекистон бароварда шуда, ҳамчун ҷумҳурии алоҳида эълон карда шавад.
Китобҳои дигари Садриддин Айнӣ низ қурби бузурге доранду миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаанд. «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Материалҳо оид ба таърихи Инқилоби Бухоро» аз намунаҳои беҳтаринест, ки мо ёд меорем. Асарҳои ӯ дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ, «Шайхурраис Абӯалии Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рӯдакӣ», «Камоли Хуҷандӣ», «Алишер Навоӣ», «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» аз бузургтарин дастовардҳои муаррифгари бузургони мояд, ки имрӯз низ олимону шоирон дар тадқиқотҳои худ аз онҳо истифода мекунанд.
Пешниҳод
Оё мо ҳақ дорем, ки қабри адиб, олим, асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик, аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистонро ба гӯшае кӯчонем? Ҳаргиз! Зеро Айнӣ на танҳо нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951-1954) ва Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, балки академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон низ буд. Ин худ гувоҳ аз он медиҳад, ки бузургии ӯро ҳатто дар ҳамон замони басо душвору мушкил, ки ӯро душмани халқ низ эълон карда буданд, на танҳо тоҷикон, балки миллатҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла ӯзбекҳо ва давлати Шӯравии сотсиалистии Ӯзбакистон низ қадр мекард ва эътироф.
Бинобар ин, бо назардошти он, ки Айнӣ шасияти басо бузургу қаҳрамони миллати мост, ман пешниҳод мекунам, ки қабри ӯ аз боғи Айнӣ кӯчонида нашавад. Биёед, баръакс, дар худи ҳамин боғ як мақбара, ё як зиёратгоҳи бузургеро бунёд намоем, ки имрӯзиёну ояндагон ҳар замон онро зиёрат карда, аз чунин қаҳрамони миллати тоҷик ёд кунанд. Дар гӯшае аз ин зиёратгоҳ музейеро таъсис дода, китобҳои навиштаи Айнӣ, қаҳрамониҳои ӯ ва ҳар китобу мақолае, ки роҷеъ ба Садриддин Айнӣ ва ҷоннисориҳои ӯ дар рушду равнақи таърихи тоҷикон навишта шудааст, ҷамъоварӣ кунем, то зиёраткунандагон бо он ошноӣ пайдо кунанд. Дар даромадгоҳи мақбара, музей ва ё худи боғ бошад, ин байтҳо навишта шаванд:
Ин боғ зи нахли куҳан оростаам,
В-он нахл ба теғи хона пиростаам.
Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо,
Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.
Иттиҳоди Шӯравӣ барои асосгузори адабиёти классикии тоҷик мақбарае дар зодгоҳи ӯ – Панҷрӯд бунёд кард ва имрӯз баъд аз бозсозӣ ин мақбара ба як зиёратгоҳи бузурге табдил ёфтааст, ки аз тамоми ҷаҳон сайёҳон онро зиёрат мекунанд. Пас чаро мо барои Айнӣ чунин хизмате накунем?
Муаррифии Айнӣ на танҳо муаррифии як шахсияти алоҳида, балки муаррифии таърих ва тамаддуни як миллати шарафманде бо номи тоҷик хоҳад буд.
Соли 2018 Садриддин Айнӣ 140-сола мешавад. Агар мо бахшида ба ин санаи муқаддас соли 2018-ро «Соли Айнӣ» эълон карда, ба ҷои кӯчонидани қабри ӯ, мақбара ва ё зиёратгоҳе дар ин боғ бунёд намоем, туҳфаи хубе барои Айнӣ ва хизматҳои ӯ дар назди насли имрӯзу фардои тоҷик хоҳад шуд.
80 сол пеш, дар соли 1937 Берия фармони қатли Айниро имзо карду Сталин шахсан онро бекор кард. Инак, баъди 80 сол вақте масъалаи кандан ва кӯчонидани қабри Айнӣ ба миён омад, бояд он, агар воқеан асос дорад, бекор карда шавад.
Холиқназар ҶУМЪАЕВ