Рӯзноманигор, равшанфикр, озодандеш, филмбардор ва аккоси маъруфи тоҷик устод Муҳиддин Олимпур аз чеҳраҳои мондагори миллии мо маҳсуб меёбад, ки хотираи неки ӯ дар қалбҳои мардум абадӣ нақш бастааст.
Муҳиддин Олимпур яке аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик аст, ки бар асари нақшаи тарроҳишудаи хиёнаткорон ва душманони миллат – собиқ Ҳизби наҳзати ислом кушта шудааст.
Устод Муҳиддин Олимпур 12-уми декабри соли 1995 дар назди бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дасти қотилони наҳзатӣ – Юсуфов Нозим Юсупович, Тоҳиров Атҳам Кабирович, Ҳамидов Муртазо Муҳаммадиевич, Шаропов Насрулло Нарзуллоевич, Давлатов Назрибек Бекназаров ба таври ниҳоят бераҳмона ва тарсуёна ба қатл расонида шудааст.
Террори устод Муҳиддин Олимпур бо мақсади ба вуҷуд овардани таниш ва нобоварӣ миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои давлатӣ, ҳамчунин барои тарсондани озодандешон ва бастани роҳи озодии баён дар қаламрави ҷумҳурӣ барномарезӣ шуда буд. То имрӯз дар бораи шахсияти журналист ва марги нобаҳангоми ӯ баҳсу мунозираҳо ба хатти ниҳоӣ нарасидаанд ва ҳанӯз ҳам гуфтугузорҳо дар ин замина давом доранд.
Устод М. Олимпур бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва андӯхтани донишу таҷрибаи рӯзгор тавонист аз як суратгири рӯзнома то ба дараҷаи як журналисти ҳирфаӣ камол ёбад ва миёни ҷомеаи маданӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи баланд касб намояд. Муҳимтар аз ҳама, аз хонадони як тоҷики музофотӣ баромадан ва рушд кардани М. Олимпур маънои онро дорад, ки миллати тоҷик дар ҳама давру замон метавонад кадрҳои баландихтисоси миллии сатҳи ҷаҳониро омода ва барои хидмат ба халқу ватан сафарбар намояд. Бад-ин тартиб метавон дар бораи шахсият ва ҳайсияти журналисти фақиди тоҷик зиёд гуфту навишт, аммо вақту имконоти маҳдуди замонӣ маҷол намедиҳад. Ба таври иҷмолӣ сафаҳоти зиндагиномаи устод Олимпурро варақгардон мекунем.
Муҳиддин Олимпур 2-юми марти соли 1946 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Дар имтидоди солҳои 1970-1979 вазифаи мудирии бахши Агентии давлатии иттилоотии Тоҷик ТА (имрӯза «Ховар»)-ро бар уҳда дошта, дар нашрияҳои бонуфузи вақти шӯравӣ «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Адабиёт ва санъат» (1983) фаъолият кардааст. Ҳамчунин чанд муддат минҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат карда, ба Тоҷикистон бармегардад ва шурӯъ аз соли 1990 то нафаси вопасинаш ба ҳайси мудири бахши Душанбегии радиои ВВС фаъолият менамояд. Мавсуф муаллифи силсилабарномаҳои радио-телевизионӣ ва ду китоб, барандаи Ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи устод Лоҳутӣ буд.
Устод Олимпур аз ҷумлаи нахустин рӯзноманигорони миллиест, ки ба Аврупою Амрико ва Эрону Афғонистон рафта, бо форсизабонони маъруфи дунё тамос ва равобити фарҳангию ҳунарӣ барқарор намудааст. Сафардидаҳояш дар қолаби силсилабарномаҳои радиоии “Аз Душанбе то Лос Анҷелос” мавриди истимоъи ихлосмандону ҳаводорони шеъру мусиқии Шарқу Ғарб қарор гирифтанд. Барномаҳои радиоии устод Олимпур шунавандагони зиёде пайдо карданд ва миёни ҷомеаи мадании тоҷикӣ ӯро соҳибнуфуз гардониданд. Ногуфта намонад, ки сарояндаҳои маъруфи эронӣ – Саттор ва Гугуш маҳз тавассути иқдомоти пайгиронаи ӯ ба тоҷикон ошно шуданд. Ин аст, ки барномаи “Ситораҳои Шарқ”-и устод Муҳиддин Олимпур дар муаррифии шоистаи ҳунармандони форсизабон дар муҳитҳои тоҷикӣ нақши бориз гузошт.
Қатл ва дақиқтараш, террори Муҳиддин Олимпур, қабл аз ҳама, ба фаъолиятҳои ӯ бастагӣ дошт. Вай ҳамчун рӯзноманигор ва журналисти ҳирфаӣ ва дар айни замон озодандеши миллӣ ба бисёр гурӯҳҳои манфиатхоҳ, ки дар пайи лағви барномаҳои рушди тафаккури миллӣ ва манофеи давлатӣ иқдом мекарданд, маъқул набуд. Аз ҷумла, ин чеҳраи озодандеши миллӣ ба муҷриён ва бозингарони тарҳ-барномаи исломи сиёсӣ дар минтақа сахт нописанд буд. Мурури муҳтавои гузоришот, интишорот ва барномаҳои ҷолиби телерадиоии устод Олимпур ин нуктаро собит месозад, ки ӯ як фарди миллӣ ва ватанпараст буд. Гузашта аз ин, бо ҷаҳонбинии миллӣ ва дунявие, ки дошт, ҳеҷ гоҳ наметавонист дар хидмати бегонапарастон қарор бигирад ва мавқеъгириҳои миллӣ ва дунявии ӯ чун устухон дар гулӯи ҳавохоҳони наҳзатӣ буд.
Аз ин рӯ, гурӯҳҳои манфиатдор бо фароҳам омадани шароити мусоид дар ҳазфи физикии ӯ кӯшиданд. Ҳамин тавр, устод Муҳиддин Олимпур аз дасти қотилони наҳзатӣ террор шуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои марбутаи давлатӣ ҳанӯз дар имтидоди солҳои 2003 ва 2007 омилони террори устод Олимпурро, ки ҳамагӣ аъзои гуруҳи террористии марбут ба ТТЭ ҲНИ буданд, пайдо карда, муҷозот таъйин намуд.
Албатта, қазияи террори журналисти фақид Муҳиддин Олимпур марбути наҳзат буд ва бо такя ба далелҳои шайъие, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ тайи солҳо ҷамъоварӣ шудаанд, муҷриёни тарҳҳои наҳзатӣ дар қатлу кушторҳои занҷираӣ ошкор мегарданд. Далели даст доштани наҳзат дар тарҳҳои террористии солҳои навадуми асри гузашта, аз ҷумла куштори рӯзноманигорону олимон дар филми мустанади телевизионӣ, ки 8-уми августи соли 2017 тавассути шабакаҳои телевизионии ватанӣ намоиш дода шуда буд, пурра инъикос ёфта буд.
Гунаҳкорони ин ҷинояти мудҳиш ва тарсуёна дар филми мустанади телевизионие, ки намоиш дода шуда буд, ошкоро аз ҳузури бевоситаи раёсати ТТЭ ҲНИ ва ҳомиёни пасипардагии он дар ибтидои солҳои навад сухан дар миён оварда, бар он ишора намуданд, ки дар таъсис додан, тамринҳои саривақтӣ гузаронидан ва билохира ба марҳилаи ниҳойӣ расонидани гурӯҳҳои махсуси диверсионӣ аз ҳисоби раҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони хориҷиашон даст доштанд.
Муҷриёни тарҳҳои дигарии террористӣ ба муқобили аҳли зиёи тоҷик Абдуқодир Абдуллоев, мулаққаб ба “Рустами Норакӣ”, Тағоймурод Ашрапов, мулаққаб ба “Алӣ” ва Саймуҳриддин Қудратов, мулаққаб ба “Авлиё” ва “Эшон” дар филми мустанад сареҳан иқрор карданд, ки якчанд олимону сиёсатмадорони тоҷикро ба қатл расондаанд.
Ҳамчунин изҳороте, ки моҳи ноябри соли 2017 аз ҷониби Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пахш гардида буд, хокӣ аз он аст, ки 10 журналист бо дастури бевоситаи ТТЭ ҲНИ ва хидматгори он Абдуҳалим Назарзода ба қатл расиданд. Аз ҷумла, дар изҳорот омада буд, ки Муродалӣ Шерализода, сардабири нашрияи “Садои мардум” ва вакили Шӯрои Олӣ рӯзи 5-уми майи соли 1992 дар саҳни ҳавлии Шӯрои Олӣ бо дастури яке аз раҳбарони ТТЭ ҲНИ домулло Абдуғаффор кушта шуда буд. Бад-ин минвол, куштори журналистони маъруф Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Хушбахт Ҳайдаршо, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Виктор Никулин, Сергей Ситковский ва адиби маъруф Сайф Раҳимзоди Афардӣ бар дӯши сардамдорони ТТЭ ҲНИ мебошад. Террорҳои наҳзатӣ, ки бар исми журналистони маъруф ихтисос ёфта буданд, ғолибан ба хотири парокандани тарс ва саранҷом дар ҷомеа тасаллут бахшидани ноамнию бесуботӣ анҷом дода шуданд.
Ба ин тартиб, терроризми динӣ-мазҳабӣ хашинтарин навъи терроризми байналмилалӣ аст ва ТТЭ ҲНИ дар ҳошияи ин навъи террор ба журналистони миллӣ, аз ҷумла М. Олимпур бархӯрд кардааст.
Миллати тоҷик устод Олимпур ва соири журналистони миллатпарастро, ки мавқеи миллӣ ва дидгоҳи дунявӣ доштанд, ҳеҷ гоҳ аз хотира фаромӯш намекунад.
С. ЗИЁЕВ,
номзади илмҳои филологӣ