Ҷалол Икромӣ яке аз адибони бузурги миллати мо буда, аз зумраи он нависандагонест, ки бо сабку услуби хоси нависандагӣ ва осори гаронбаҳои худ дар адабиёти муосири тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Адиб фаъолияти эҷодии худро аз айёми ҷавонӣ бо назм шурӯъ намуда, ҳангоми таҳсил намудан дар Дорулмуаллимин нахустин шеъри худро «Эй духтари ранҷбари тоҷик» соли 1927 ба табъ мерасонад.

Вобаста ба давру замони фаъолият ва эҷодиёти нависанда, ки даврони пас аз Инқилоби Октябрро дар бар мегирифт, ба мисли устод Садриддин Айнӣ барои тасвири афкору андеша ва густариши ҳодисаву воқеоти қаҳрамонони ҷамъияти сотсиалистӣ ва эҷоди образҳои нави адабӣ насрро қолаби мувофиқ дониста, ҷиддан ба насрнависӣ машғул мегардад. Пас аз он ки ҳикояи аввалини нависанда «Шабе дар Регистони Бухоро» дар маҷаллаи «Роҳбари Дониш» нашр мешавад, беҳад шод гардида, чунин менигорад: «Он хурсандӣ, шодмонӣ ва ифтихореро, ки бо дидани аввалин ҳикояи худ дар маҷалла ба ман рух дода буд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам». Ин хурсандӣ, шодмонӣ ва ифтихор рӯҳияи нависандаро болида месозад ва нерӯи нав мебахшад ва боиси он мегардад, ки дар эҷодиёти минбаъдаи худ устуворона қадам гузорад.

Ҷалол Икромӣ ба аксари ноҳияву шаҳрҳои ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Олмон, Венгрия, Туркия ва ғайра сафар карда, бо ҳаёти мардуми он кишварҳо аз наздик шинос мешавад. Натиҷаи сафарҳои адиб дар маҷмӯаи очеркҳою ҳикояҳояш ҷамъбасти худро меёбад ва минбаъд бисёр қаҳрамонҳои очеркҳои нависанда асоси повесту романҳои ӯро ташкил медиҳанд.

Ҷалол Икромӣ дар корҳои ҷамъиятӣ, маъракаҳои сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, ҳамчун шогирд ва идомадиҳандаи фаъолияти устод Садриддин Айнӣ барои ваҳдату дӯстии халқҳои кишварамон хизмати шоиста кардааст. Ҳамзамон бо асарҳои офаридаи худ дар рушду инкишофи забони адабии ҳозираи тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Дар баробари ин, адиб дар асари «Тори анкабут» вазъияти замони худро дар асоси мушоҳидаҳо ва вохӯрӣ бо иштирокчиёни фаъоли ҳодисаву воқеаҳои замони пас аз инқилоб воқеъбинона тасвир мекунад. «Тори анкабут» дарбаргирандаи таърихи як давраи муайяни халқи тоҷик буда, дар баробари асарҳои илмию адабии устод Айнӣ ва дигар адибон, ки бо осори худ бар зидди душманону бадхоҳони миллат муборизаи шадид мебурданд, меистад. Аз ин лиҳоз, асари «Тори анкабут»-ро асари таърихӣ низ меноманд. Нависанда дар ин асар тамоми рафтори разилонаи бадхоҳони миллатро фош намудааст. Он замон бадхоҳон дар Бухоро вазъияти кишварро ба ҳолати ногувор оварда, барои сарнагун кардани давлати навташкил тамоми роҳу воситаҳоро истифода мебурданд. Онҳо бевосита дар вазифаҳои масъули сохторҳои давлатӣ ҷой гирифта, нафарони ба ҳукумат содиқро ба таври ваҳшиёна ба қатл мерасонданд ва боқимондаро ё ҳабс мекарданд ва ё бо баҳонаи бемории рӯҳӣ доштан ба табобатхонаҳо мефиристониданд. Ҳадаф ва мақсади чунин афрод аз он иборат буд, ки онҳо намехостанд халқи заҳматкаш озод бошад. Дар амалӣ сохтани ҳадафҳои аксулинқилобчиён кишварҳои хориҷӣ саҳмгузорӣ ва сармоягузорӣ мекарданд.

Асари дигари Ҷалол Икромӣ, ки ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст, повести «Тирмор» ба шумор меравад. Нависанда ҳаёти воқеии халқ ва кишварро дар солҳои бистум ва сиюми асри гузашта инъикос намуда, муборизаи ду қувваи ба ҳам зидро нишон додааст. Яке аз асарҳои ҷолиби  нависанда, ки низ ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст, романи «Зоғҳои бадмур» маҳсуб меёбад. Ҷалол Икромӣ ҳақиқати воқеии зиндагиро зимни амалиёти персонажҳои асараш нишон дода, дар нақши Мулло Хокироҳ хислатҳои бади инсон, аз қабили маккорӣ, ҷаҳолат, дуздӣ ва хиёнатро инъикос намудааст. Мулло Хокироҳ бо саводи ночизаш шуури ҷавононро вайрон намуда, онҳоро ба роҳи ғалат ҳидоят мекунад. Мисоли равшани инро метавон дар ҳаёти Додоҷон мушоҳида намуд. Ӯ нафарест, ки ҳатто наметавонад дуруст тасмим бигирад. Шахси сода ва зудбовар мебошад. Додоҷон ба суханҳои бародараш Мулло Хокироҳ эътимод мекунад ва натиҷаи ин эътимод оқибат Додоҷонро ба нокомиҳо ва мушкилиҳо дучор менамояд. Умуман дар асар нависанда муборизаи оштинопазири ду қувва некиву бадиро гузоштааст. Муборизаи ин ду қувваи ба ҳам зидро дар симои Бобо Амон ва Мулло Хокироҳ таҷассум намуда, асарро бо ғалабаи қувваи некӣ ба поён мерасонад.

Асари дигари Ҷалол Икромӣ, ки дар он ҳаёти воқеии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии халқи тоҷик пурра инъикос ва таърихан баррасӣ гардидааст, асари «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» мебошад. Адиб дар эҷоди ин асар аз маводҳои таърихӣ, асарҳои илмӣ ва мусоҳиба бо нафароне, ки дар ин ҳодисаву воқеаҳо иштирокчии фаъол буданд, истифода кардааст. Асари мазкур дар бораи ҳаёти халқи Бухоро дар солҳои охирини ҳукумати амирӣ, муборизаи занони шарқ барои озодӣ ва барқарор гардидани ҳокимияти нав дар Осиёи Миёна нақл мекунад.

Дар муқоисаи осори эҷоднамудаи Ҷалол Икромӣ агар фаъолияти тахрибкорона ва террористонаи ҳизби наҳзатиёнро дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон муқоиса намоем, айнан ҳамон фаъолиятҳоеро мушоҳида мекунем, ки ифротиёни мазҳабӣ бар зидди халқ ва миллати худ дар он замон карда буданд. Масалан, пас аз имзо гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ як давраи муайян наҳзатиҳо ҳам ба мисли аксулинқилобчиёни аввали асри бист вориди саҳнаи сиёсат гардида, фаъолияти ҳизбии худро роҳандозӣ намуданд.   Бо истифода аз чунин имконият ақидаҳои ифротгароёна ва хурофотро дар ҷомеа паҳн намуданд. Дар натиҷаи чунин фаъолият як қисми ҷавонони сода ва гумроҳ тавассути наҳзатиҳо аъзои ташкилоти террористиву экстремистии ДИИШ гардиданд. Бо ин хиёнат қаноат накарда, ҳизби террористии наҳзатиён ба хотири ҳокимиятро тасарруф кардан, соли 2015 даст ба табаддулот зада, чандин нафарони бегуноҳро ба қатл расониданд ва ба хориҷи кишвар фирор карданд.

Фаъолияти имрӯзаи наҳзатиҳои террорист айнан ҳамон бозиҳои пешгирифтаи солҳои бистум ва сиюми асри гузаштаи аксулинқилобчиён ва босмачиён мебошад, ки аз ҷониби Ҷалол Икромӣ дар асараш воқеъбинона инъикос гардидааст. Илова бар ин, наҳзатиҳои террорист аз босмачиён ҳимоя карда, худро пайрав ва идомадиҳандаи фаъолияти онҳо меҳисобанд.

Ҷалол Икромӣ тӯли фаъолияти худ узви раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Помир», нависандаи халқии Тоҷикистон буда, чандин маротиба вакили Шӯрои намояндагони халқии шаҳри Душанбе интихоб шудааст. Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад. Барои хизматҳои шоён бо орденҳои «Байрақи сурхи меҳнат», «Дӯстии халқҳо», «Нишони ифтихор», медалҳо ва ифтихорномаҳои раёсати Шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ҷалол Икромӣ соли 1993 аз олам чашм пӯшида, дар гӯристони Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супорида мешавад. Моҳи сентябри соли 2009 дар Тоҷикистон 100 солагии зодрӯзи Ҷалол Икромӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.

Хулоса Ҷалол Икромӣ нависандаи забардасти миллати тоҷик ба шумор рафта, дар жанрҳои гуногуни адабӣ аз қабили ҳикояву очеркҳои таърихӣ, драмаҳо, ки дар саҳнаҳои театрҳои тоҷик ба намоиш гузошта мешуданд ва повесту роман доди суханро додааст. Дар баробари ин, дар таҳия ва нашри намунаҳои насри ривоятии ниёгонамон ва тарҷумаи осори адибони машҳури хориҷӣ саҳми сазовор гузоштааст. Аксари асарҳои Ҷалол Икромӣ ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, туркӣ, озарӣ, олмонӣ, англисӣ ва ғайра тарҷума шудаанд, ки ин бори дигар аз соҳибмаҳоратӣ ва забардастии нависанда шаҳодат медиҳад.

Ҳамин тавр, Ҷалол Икромӣ дар асарҳои худ бештар ба мавзӯъҳои Ватан, дӯстиву рафоқат, поквиҷдонӣ, ростқавлӣ диққати махсус медиҳад. Барои насли ҷавон мутолиаи осори ӯ намунаи ибрат мебошад. Мутолиаи осори адиб, диловарӣ, ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ, ростқавлӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонро меомӯзонад.

Абдухолиқ ЗУҲУРОВ,

адабиётшинос

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь